ЧӢ КУНАМ? ИН САНАМ МОЛИ МАРДУМ АСТ

Иҷтимоъ 18.11.2009 15:45

ВОЛИДАЙН ВА ИНТИХОБИ ФАРЗАНД

Чаро аксарият аз таваллуди духтар озурдаю аз писар шод мешаванд? Ё сабаб дар чист, ки дар ҷомеаи мо мардум дар нисбати духтарони хеш бештар ба таълиму тарбияи писар диққати бештар медиҳанд? Ё иллат чист, ки духтарон дар нисбати писарон дар оила ва ҷомеа ҷойгоҳи баробарро соҳиб нестанд? Дар ҷамъияти мо фарқгузорӣ байни фарзандони духтару писар ҳанӯз аз аёми дар батни модар пайдо шудани тифл оғоз мегардад. Бубинед аз замоне, ки технологияи ташхисӣ рӯйи кор омад, бештари оилаҳо барои ҳарчи зудтар муайян кардани ҷинсияти тифли дар батни модар пайдо шуда, сӯйи марказҳои бо ном "УЗИ" мешитобанд.

Пушида нест, ки бештари оилаҳо орзу менамоянд, ки тифли ояндаи онҳо писар бошад. Чаро?

Тафаккури мардуми мо тайи садсолаҳо чунин шакл гирифтааст, ки бештари волидайн таманнои доштани писарро доранд то ин ки духтарро. Дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо мисолҳое кам нестанд, ки чун оилаҳои нав соҳиби фарзанд мешаванд, агар тифл духтар бошад боиси норозигии бештари падарони ҷавон аст. Ё худ агар зани ҷавоне се чаҳор маротиба пай дар пай духтар тавваллуд кунад, ӯро хатари ҷудошавии оила ҳатто таҳдид ҳам мекунад.

Муносибати носолим нисбати фарзанд-духтар дар мардуми мо дарди қадима аст, мегӯянд пиронсолон. Ба гуфтаи Боймаҳмад Мирзоев сокини куҳансоли Вахшонзамин якчанд сабабҳое мавҷуданд, ки падарон бештар мехоҳанд, ки писар дошта бошанд на духтар. Аввалан писардорӣ дарди нангии мо аст. Дуввум, писар меросхӯри волидайн ба ҳисоб меравад. Севвум, гӯё танҳо писар номи падарро зинда медоштааст. Ҳамин тавр дар ҷомеаи мо агар мард писар надошта бошад, гӯё дар зиндагӣ аз ӯ ному нишон боқӣ намемондааст. Ҳатто дар деҳот мардоне, ки фарзанди писар надоранд, худро дар байни ҳамсояҳо нороҳат ҳис мекунанд. Мутаассифона фаҳмишҳои мо чунин аст, ки ҳатто агар марде, ки духтарони бисёр дошта бошаду писар не, умри худро бо ғаму ғусса сипарӣ мекунад. Мисолҳое зиёданд, ки дар оилаҳои беписар волидайни гирифтори бемориҳои дилу асаб зиёданд.

Ҳамин тавр калонсолони бо ақлу фаросат аз овони хурдии фарзандон нисбати ҷинсияти фарзандон бартариҳоеро ба ҷинси мард бештар медиҳанд ва духтарон дар рӯҳияи дуюмдараҷа ба воя мерасанд.

ЧАРО ДУХТАРОНИ ШУМО МОЛИ МАРДУМ БОШАНД?

То замоне, ки ҳукумат масъалаи ҷалби духтарони аз таҳсил дурмондаи деҳотро ба мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ пеш гузошт, дар оилаҳои деҳот муносибати бештари волидайн нисбати духтарони худ чи гуна буд, барои ҳамаи мо маълум аст. Афсӯс айни ҳол ҳам муносибат ба духтарон на дар он сатҳ қарор дорад, ки ояндаи зан-духтари тоҷикро дурахшон бубинем. Волидайн бинобар мушкили иҷтимоии оилаҳо духтаронро баъди синфи 8-9 аз мактаб мегирифтанд. Ҳатто агар дар як оила духтар синфи 11 ва бародари ӯ синфи 10 бошад, дурнамои оила ин буд: "Хайр духтар моли мардум аст, ягон соли дигар кори саҳро ва хонаводаро кардан гирад, бахташ, ки хандид, шавҳар карда меравад, аммо писарро хонондан лозим". Албатта ин баръакси орзую омоли духтарони деҳот аст, ки аз шунидани ин суханони волидайн як ҳақиқати талхро дарк мекунанд. Ҳамсӯҳбати мо, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, нақл мекунад, ки вақте аз сӯҳбати волидайнаш мафҳуми "духтар моли мардум аст"-ро шунидааст, то ҳол дар дил нисбати падар кудурат дорад. Ҳамин тавр духтар дар хонаи волидайни хеш "меҳмон"-еро мемонад, ки падару модарон орзуи ҳарчи тезтар ба шавҳар доданашро мекунанд. Ва Худо накунад, агар ба духтари шармгини деҳот, ки ба ҷуз кори саҳро мактаби деҳа ва хонаи волидайн дигар ҷойеро надидааст, дар баробари ҳамсолонаш ҳамон "бахт"-и волидайнашон мегуфтагӣ дертар ояд. Онгоҳ чи фикру андеша ва андӯҳи гароне аз домони онҳо мегирад, инро худ медонанду Худо.

БА ДУХТАР ХОСТГОР ОМАД; БАХТИ Ӯ ХАНДИД Ё АЗ ВОЛИДАЙН?

Агар фарзанд писар бошад волидайн нахуст ҳаваси соҳиби диплому ҷойи кор шуданашро мекунанд, баъдан мехоҳанд, ки ӯро хонадор кунанд. Аммо фарзанди духтарро баръакс, интизор мешаванд, ки кай хостгор дарвозаи онҳоро мекӯбаду духтарро хонадор карда, гӯё як масъулияти вазнинро аз сар соқит кунанд.

Сабо як бонуи хатлонӣ зимни суҳбат дар ин мавзӯъ иброз дошт, ки то сини 25 солагӣ аз он ки ҷинси зан ба дунё омадааст, бисёр афсӯс мехӯрд. Зеро дар оилаи онҳо волидайн таваҷҷуҳи бештар ба таълиму тарбияи писарон дода, нисбати духтаронашон, танҳо як орзу доштанд, яъне бо сари баланд духтаронро ба шавҳар додан.

Саборо баъди хатми мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, ки ба ҷуз либосшӯйи ва пухтупази хӯрок дигар ҳунаре надошт, хонанишин намуданд. Ва чун хостгорҳо аз оилаи бонуфузе ба хонаи онҳо омаданд, волидайн бо боварию ифтихор иброз доштанд, ки Сабо ба куҷое, ки афтад, он хонаро обод мекунад. Бехабар аз он ки дар ҳаёти мустақилона чи рӯзҳое фарзанди онҳоро интизор аст. Ҳамин тавр волидайн бо ихтиёри худ духтарро ба шавҳар доданд.

Ба гуфтаи Сабо чун хостгорон омаданд, волидайнам ончунон хурсанд буданд, ки ман онҳоро танҳо дар шабу рӯзҳои ба дунё омадани додаронам чунин хурсанд дида будам. Ҳамин тавр бо хурсандии беинтиҳои волидайн ва сад фикру хаёлҳои нобоварона ба ояндаи худ маро тӯй карда, ба хонаи бароям тамоман бегона гусел карданд. Аммо дар оилаи шавҳар, ки кулли аъзои оила ба касбу кори гуногун машғул буданд, ман то як сол худро ноҳинҷор ҳис мекардам. Зеро модарарӯс ҳар сари вақт як суханро такрор ба такрор мегуфтанд: "Ҳа¬мин келин-ояи мо маълумот медоштанду дар ягон ҷой кор мекарданд, ин хел як умр дасти шавҳара нигоҳ карда наменишастанд-дия".

Инак 7 сол мешавад, ки Сабо ҳаёти мустақилона ба сар дорад, аммо аз надоштани маълумоти касбӣ як умр таънасори шавҳару модарарӯс аст. Ҳатто фарзандонаш чун ба сини се чаҳорсолагӣ мерасанд, онҳоро ба боғчаи бачагона медиҳанд. Ба гуфтаи шавҳарам ва волидайни ӯ кӯдакон ва умуман ҳар инсон дар кунҷи хона нишаста оқибат "манкурт" мешаванд. Шояд онҳо рост мегӯянд,- оҳи пурдард кашида мегӯяд, Сабо. Ба гуфтаи ӯ аз хонадор шудани ӯ падару аммабачаҳояш соҳиби ба гуфте "дову дастгоҳ" шудаанд. Аммо "каҳрамон"-и асосӣ, ки бар ивази қалинг ба шавҳар дода шудааст, аз "мол"-и чунин мардум шуданаш ҳатто пушаймон ҳам аст. Аммо роҳи бозгашт надорад, зеро дар хонаи волидайн барои ӯ ҷой нест. Моли падар - хаққи писарон аллакай тақсим шудааст.

ТАЪСИРИ ОИЛА ВА

МАВҚЕИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

Поймолкунии ҳуқуқи духтарон ҳанӯз дар хонаи волийн аз ҷониби худи падару модарон оғоз гардида, баъдан ин ходисаҳо дар тамоми давраҳои ҳаёти инсон идома меёбанд. Бубинед ҳатто агар дар хона байни ду тифли ноболиғ муноқишаи кӯчаке сар занад, ҳатто модарон ҳам духтарро сарзаниш карда мегӯянд: "Хайр бародарат бача, ту духтар шарм доштанат лозим. Бародар, ки сахт рафт ту бояд вазнинтар шавӣ"

Ҳамин тавр духтарон аз овони тифлӣ дар рӯҳияи ғуломӣ тарбият ёфта, ҳатто аз рӯйи одоби шарқиёна ҳуқуқ ба молу амволи волидайнро ҳам надоранд. Падарон дар тамоми ҳаёт фикру хаёлашон барои соҳиби хонаву манзил намудани писаронашон мебошанд. Ба истиснои иддае аз камтарини онҳо.

Дар умум дар ҳаёти воқеии мо таъмини ҳуқуқи занон як масъалаи мушкилу пурпечу тобест, ки амалӣ гардидани он имконнопазир менамояд. Зеро барои ҳифзи одитарин ҳуқуқҳои занону духтарон дар доираи як оила қолабҳои ҳазорсолаи мардумиро шикастан лозим асту урфу одатҳои хурофотиро решакан.

Вагарана духтарбачае, ки дар домони модар беҳуқуқ тарбият меёбаду аз овони наврасӣ дарк мекунад, ки ӯ моли мардум аст, чи гуна битвонад дар муҳити бегона соҳиби илму дониш ва ҳуқуқҳои инсонии худ гардад. Ва оянда аз чунин духтарони маълумоти миёнаи нопурра дошта ва беирода чи гуна фарзандони барӯманди миллатро интизор шуд? Модоме, ки зани тоҷик дар оилаи худ соҳибҳуқуқ нест, пас чи гуна метавон мавқеи занонро дар ҷомеа таъмин кард?

Муҳимтар аз ҳама тарбияти тифли маъсум дар домони модари бесавод чи паёмаде барои ҷомеа хоҳад дошт, суолест ки барои масъулони фардои мо дода мешавад?! Ин фоҷиа нест?!

Ин гӯша бо дастгирии бунёди ҷамъиятии "Перспектива+" нашр мешавад.


Ҷамолиддин УСМОНИЁН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97