ХАТЛОНИҲО АЗ "ПУЛЧИНАК"-ҲО ХАЛОС МЕШАВАНД!

Иҷтимоъ 14.11.2009 18:48

Пардохти ҳаққи хидматрасониҳои коммуналӣ, аз қабили пардохти ҳаққи истифодаи барқ, гази табиӣ, об ва дигар хидматрасониҳои коммуналӣ дар ҷомеаи мо бо роҳи ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ мешаванд. Дар ин бора Умеда Собирова, сардори департаменти давлатии почтаи вилояти Хатлон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа хабар дод. Ба гуфтаи ӯ мутобиқи моддаи №13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқа ва почта" бояд ҳаққи хидматрасониҳои коммуналӣ тариқи почта пардохт шаванд.

Аммо баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Почтаи тоҷик муддате аз фаъолият бозмонда буд, пас аз шурӯъи дубораи фаъолият ин ваколатҳоро дигар соҳиб шуда натавонист. Ин аст, ки имрӯз намояндагони соҳаҳои барқу газ ва кормандони соҳаи коммуналӣ худ хона ба хона гашта, маблағи ҳаққи истифодаи барқу газ ва дигар хидматрасониҳоро нақдӣ ҷамъоварӣ мекунанд.

Бино ба гуфтаи ҳамин манбаъ, то имрӯз Департаменти давлатии Почтаи вилояти Хатлон барои ҳамкорӣ ва дар доираи қонунҳои мавҷуда ҷамъоварӣ кардани ҳаққи истифодаи нeруи барқ мактуб ба шабакаҳои барқӯ шаҳри Қӯрғонтеппа ирсол намудааст. Аммо ҷониби дигар то ҳол ба ин мактуб расман ҷавоб нагардонидааст.

Назарсанҷиҳо собит месозанд, ки баъзе аз сокинони маркази вилояти Хатлон ба фаъолияти шаффофи кормандони, ба истилоҳ "пулчинак"-ҳои соҳаҳои мазкур шубҳа доранд. Агар пардохти ҳаққи истифодаи обу барқ, гази табиӣ ва дигар хидматрасониҳои коммуналӣ тариқи почта пардохт шаванд, таққалубкорӣ дар ҷамъоварии пардохтпулиҳо аз байн меравад - мегӯянд, сокинони маркази вилояти Хатлон.

Аммо Мирзовалӣ Ашӯров, сардори Корхонаи Давлатии Фаръии Хоҷагии Манзилию Коммуналии вилояти Хатлон мегӯяд, баъди аз байн рафтани шакли пардохти ҳаққи хидматрасониҳои коммуналӣ тариқи почта сокинони шаҳрҳои вилоят маблағҳои хидматрасонии соҳаи онҳоро тариқи кормандони махсуси онҳо пардохт мекунанд, ки ин бо қонун ва қоидаҳои сохторҳои марказии соҳа роҳандозӣ шудааст. Ба гуфтаи мавсуф, иддаъои масъулини Департаменти давлатии почтаи Хатлон асос дорад, аммо дар ҳоли ҳозир ҷомеаи мо ба ин тарзи пардохти ҳаққи хидмати коммуналӣ омода нест. Мирзовалӣ Ашӯров ҳамчунин мегӯяд, имрӯзҳо кормандони соҳаи коммуналӣ ҳаққи хидматрасониҳоро аз сокинон бо мушкилӣ ҷамъоварӣ мекунанд, агар ин тарзи пардохти хидматрасониҳои коммуналӣ дар ҳамин шабу рӯз тариқи почтаҳои маҳалӣ амалӣ шавад, масъалаи ҷамъоварии маблағҳо дучанд мушкил мешавад. Ӯ мӯътақид аст, ки барои гузаштан ба шакли пардохти хидматрасониҳо тариқи почта пеш аз ҳама маданияти шаҳрвандонро дар ин самт бояд баланд бурд.

Дар ҳамин ҳол Умеда Собирова, сардори Департаменти давлатии Почтаи Хатлон иброз медорад, ки айни замон Хоҷагии обу корези минтақа барои ҷамъоварии ҳаққи истифодаи оби нӯшиданӣ тариқи почтаҳои маҳалӣ изҳори омодагӣ кардааст.

Аммо соҳаҳои барқу газ кай ба ин шакли пардохти хидматрасонӣ мегузаранд, ҳанӯз маълум нест.


Ҷамолиддини Усмониён
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97