БИНОҲОИ ПАНҶАРАДОРИ ҲУКУМАТҲО ФОСИЛА МИЁНИ МАРДУМ ВА ҲУКУМАТ

Иҷтимоъ 12.11.2009 16:37

Ё … зи паси панҷара дидам туро…

Панҷарабандии атрофи биноҳои маъмурӣ дар собиқ давлатҳои пасошуравӣ ба як оддати маъмулӣ табдил шудааст, ки аксарият онро ҳамчун амри зарурӣ қабул кардаанд. Ин дар ҳолест, ки шаҳрвандони кишварҳои рӯ ба ҷомеаи маданӣ паноҳбарии масъулини ҳукуматҳои маҳалиро дар паси деворҳои баланду панҷараҳои оҳанин қабул надоранд. Дар диёри мо, ки мардум барои дифоъ аз оддитарин ҳуқуқҳои худ аз қабили ҳаққи истифодаи замин соҳибирода нестанд, куҷо дар бораи панҷараҳои атрофи ҳукуматҳои маҳал фикр кунанд, ки ин деворҳои сӯзанадор дастрасии онҳоро ба масъулин монеъ мешаванд ё на?

ВАҚТИ ГУФТАН ОМАД?

Воқеан панҷараҳо, ки биноҳои маъмурӣ ва одамони даруни онро аз атрофиён ҳифз мекунад, як мавзӯи баҳс ҳам шуда метавонад, ки дар атрофи он афкори умумро ошкор кунем.

Сӯҳбати нахустини мо оид ба ин мавзӯъ бо Абубакри Файзалӣ, як сокини огоҳи Қӯрғонтеппа доир гардид, ки эшон ба тозагӣ аз кишварҳои мутараққии дунё баргаштаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷамъияти мо панҷарабандии атрофи биноҳо ба як ҳуми анъана даромада, роҳбарони бархе аз идораҳои маъмурӣ онро ҳамчун як воситаи ороишӣ қабул доранд. Ин аст, ки ҳар нафаре, ки ба ҳайси роҳбар таъин мешавад, нахуст ба сифати атрофи бинои идораи худ диққат медиҳад. Аммо ин аз нигоҳи ҷомеаи маданӣ ё шаҳрвандӣ як масрафи зиёдатие аз ҳисоби буҷаи ҳамон корхона аст. Раиси ҷумҳури кишвар низ борҳо дар бораи масрафҳои беҳудаи корхонаю ташкилотҳо интиқод карда буд. Аммо мутаассифона ин анъанаҳои шахшуда то ҳанӯз идома доранд,- мегӯяд Абубакр.

Дар бештари шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон панҷараҳои гирди биноҳои ҳукуматҳои маҳалӣ мероси аз сохти ҳукумати коммунистӣ боқимонда аст. Аммо ба гуфтаи Шодӣ Мусоев, раиси ноҳияи Вахш, гарчанде атрофи мақомоти маҳаллиро деворҳои оҳанин маҳкам карда бошанд ҳам, аммо дару дарвозаҳои ҳукумат барои мардум ҳамеша кушода аст. Дар даромадгоҳи ҳукумат барои ворид шудани шаҳрвандон ба дохили ҳукумат ягон нафар монеъ намешавад. Мо рӯзҳои душанбеи ҳар ҳафта рӯзи қабули шаҳрвандон дорем, ки ин вохӯрии мо дар якҷоягӣ доир гардида, ҳар хоҳишманд метавонад дар он иштирок намуда, сухани худро озодона ба раиси ноҳия ироа намояд,- мегӯяд раиси ноҳияи Вахш.

Аммо Лоиқ, сокини ҳамин ноҳия зимни як пурсиши мо иброз дошт, ки лаҳзаи гузаштан аз назди биноҳои панҷарапеч ба ҷуз як ваҳм дигар чизе эҳсос намешавад. Ба гуфтаи Лоиқ, агар ҳамин панҷараҳо намебуданд шояд омори муроҷиаткунандагон ба мақомотҳои маҳалӣ дучанд зиёд буд. Зеро, ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, бештари мардум барои муроҷиат кардан то назди ҳукумати маҳал меоянду аз дидани панҷараҳои оҳанин дар онҳо кадом як тарс ё эҳсосе пайдо мешавад, ки аз райъи худ баргашта, бозпас мегарданд. Ин далели воқеӣ аст ва ман низ вақте бори аввал ба ҳукумати маҳал омадам, дар чунин ҳолат афтода будам. Фикр мекунам, ки агар ҳамин панҷараҳо набошанд робитаи мардуми оддӣ бо роҳбарон озодтар мешавад, - бо боварӣ мегӯяд Лоиқ.

РАИСИ МАРДУМИИ НОҲИЯИ ПАНҶ

Сокинони яке аз дурдасттарин ноҳияҳои сарҳадии вилояти Хатлон ноҳияи Панҷ бошанд, дар мавриди панҷарабандии гирди мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ қариб, ки андешаи яксон доранд. Ба гуфти мардуми ин ноҳия, ин ҷо назди сарҳад аст ва атрофи идораи мақомоти маҳалӣ бояд мустаҳкам пушида бошад. Аммо дар ҳукумати маҳалии ин ноҳия гуфтанд, ки раис рақами телефони мобилиашро ба ҳама ифшо намудааст ва ҳар сокини ноҳия метавонад, ки тариқи телефон бо раис ҳамсӯҳбат шавад.

Мирзодавлат Сабуров, раиси ин ноҳия, ташрифи ҳар сокини ноҳияро ба қабулгоҳи худ далели эътиқоди мардум ба мақомоти маҳалӣ мешуморад. Аз ин рӯ ба гуфтаи ӯ, новобаста ба рӯзҳои ҳафта ҳар нафар аз сокинони ноҳия, ки то назди дарвозаи ҳукумат омад, аз ин даргоҳ ноумед барнагаштааст.

ОЁ МАРДУМ ҲУКУМАТДОРОНУ

ВАКИЛОНИ ХУДРО МЕШИНОСАНД?

Аммо Абдулмӯъмин Улфатов, раиси ноҳияи Қубодиён, ки ҳамзамон намояндаи Маҷлиси Миллии МО ҶТ мебошад, ҷиҳати ҳамкориҳои мақомоти маҳалӣ ва намояндагони мардум дар маҷлисҳои вакилони халқ бо мардуми оддӣ ва бунёди ҷомеаи воқеан ҳам шаҳрвандӣ андешаи дигар дорад. Ӯ гуфт: "Пеш аз ҳама қонунҳоро бояд нисбати одамон осон кард. Агар росташро гӯем, баъзе аз мардуми мо намефаҳманд, ки вазифаи намояндаи халқ чӣ аст. Ҳамин ҳозир бисёри одамон мантиқан намефаҳманд, ки маънии вакил чӣ аст. Аз ин рӯ масъулини мақомоти маҳалӣ ва вакилони маҳалиро мебояд, ки бо мардум бештар кор кунанд. Дар ҳамин шабу рӯз дар ноҳияи Қубодиён ҳар рӯзи панҷшанбе, ки мо аз 30 то 40 нафарро қабул мекунем, одамон асосан бо масъалаи хоҷагиҳои деҳқонӣ, масъалаи ин ки саҳмашон нодуруст тақсим карда шудааст ва мушкилоти дастрасӣ ба заминҳои назди хавлигӣ ба мо муроҷиат мекунанд".

МАРДУМ… ГАЗОНҲОИ САБЗ… ИДОРАҲОИ МАЪМУРӢ,

ПАНҶАРАҲОРО АЗ КУҶО ГИРИФТ?

Дар мавриди зарурати панҷарабандии гирду атрофи биноҳои маъмурӣ Абдураҳим Раҳимов, додситони вилояти Хатлон мегӯяд, ки "бо тақозои замон панҷараҳо бардошта мешаванд. Пеш атрофи идораҳои ҳукуматиро девор мебардоштанд, ин барои он буд, ки дар назди ин биноҳо ягон бетартибию беинтизомӣ нашавад. Дар мисоли прокуратураи Хатлон агар ҳамин панҷараҳо набошад дар назди даромадгоҳи прокуратура дарахту газон (сабза) сабзонидаанд, роҳгузарҳо онҳоро поймол мекунанд". Ба гуфтаи прокурори Хатлон бо мурури замон вақте ки маданияти ҷомеа баланд мешавад ва сатҳи шуурнокии мардум боло меравад, дигар эҳтиёҷ ба панҷараҳо намемонад.

Аммо сокини шаҳри Қурғонтеппа Абубакри Файзалӣ иброз медорад, ки; "дар ду се моҳи охир дар баъзе аз идораҳои маъмурӣ - низомӣ воридшавӣ бисёр мураккаб шудааст. Ҳол он ки баъзе тартиботи маъмулӣ пеш ҳам буданд, аммо ҳозир маҳдудиятҳо эҷод кардаанд ва ҳар нафаре, ки ба ин идораҳо ворид мешаванд, ҳатман аз қайди махсус мегузаранд. Намедонам, ки ба кадом хотир бошад, дар даромадгоҳ шахсони корафтода пурсида (допрос) мешаванд: Пеши кӣ меравӣ? Ба роҳбар чӣ кор дорӣ?... Аммо пештар ингуна пурсишҳои бемаврид набуд. Охир мардум шояд гуфтание доранд, ки дарди худро танҳо ба нафари масъул ва барои худ боваринок гуфтаниянд. Фикр мекунам, ки панҷарабандии ҳокимиятҳои маҳал умуман маъмуриятҳо хеле ва хеле ҳам роҳбариятро барои мардум дастнорас кардааст"

МЕРОСИ "РАЙКОМ" ВА ИҚДОМИ

ҚОЛАБШИКАНИҲО ДАР НОҲИЯИ РУМӢ

Ҳабибулло Саъдуллоев, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ низ зимни як нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки панҷараҳои атрофи ҳукумати ноҳияро дар замони ба истифода додани "Райком"-и ҳамон вақта насб кардаанд. Аммо мо дар оянда кӯшиш дорем, ки ҳамин панҷараҳоро бигирем. Ба гуфтаи ӯ, раиси ноҳия ва ҳар сиёсатмадори дигар ҳар чи қадар зиёдтар бо мардум аз наздик сӯҳбат намояд, бештар дар ҷомеа нуфузи сиёсӣ пайдо мекунад.

ПАНҶАРАҲО ЗИНДОН ВА "ЗООПАРК"-РО

БА ЁД МЕОРАНД

Боре ҳангоми гузаштан аз назди як бинои панҷарапечи маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа шоҳиди гуфтугузори роҳгузарон шудем:

-Бово, ин хунаи базеби гирдаш панҷара гирифтагӣ чи аст?- бо тааҷҷуб аз волидайнаш суол кард, писарбачаи тақрибан 4-5 сола.

-Инҷо зоопарк аст,- ҳозирҷавобӣ кард бародари кӯчактари ӯ,- ҳо як бор рафта будем ку.

- Бачаҳо, инҷо ҳукумат аст, ҳукумат! - кӯдаки нодонашро зуд ислоҳ кард падар.

-Чаро гирди ҳукумат маҳкам аст, ё одамоша берун баромадан намемонанд? - суол кард писари ҳозирҷавобаш

-Не бачам, ин панҷараҳо барои он аст, ки ҳар роҳакию рӯякӣ баҳудаю беҳуда дарун надароянд. Дар дарун раисҳо кор карда истодаанд, - гуфт падар ва диққати кӯдаконро ба харидани ширинӣ ("пирожный") ҷалб намуда, аз сӯҳбат канораҷӯйи кард падар.

Мо, ки пешопеши ин падару писарон роҳ мерафтем, акнун суръати қадаммониро тезтар кардем, зеро онҳо бо сӯҳбати сарироҳии худ ба мавзӯе, ки мо пайгираш будем, нуқта гузоштанд.

БА ҶОИ ОХИРСУХАН

Хулоса, зарурияти панҷарабандии атрофи биноҳои маъмурӣ дар музофотҳои кишвар як мавзӯи кушода боқӣ мемонад. Зеро гарчанде дар ҷомеаи кишварҳои пешрафтаи дунё панҷарабандии атрофи мақомотҳои маҳалиро қабул надоранд, аммо дар кишварҳои пасошӯравие мисли Тоҷикистон омилҳои воқеие то ҳанӯз вуҷуд доранд, ки бешак будани панҷараи оҳанинро дар ноҳияҳои сарҳадӣ қобили қабул меҳисобанд. Аммо на дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ.

Шахсан мо кормандони расонаҳои хабарӣ барои дастрасӣ ба масъулини мақомотҳои маҳалӣ аз дарбони даромадгоҳҳои оҳанину навбатдори мақомотҳои маҳалӣ ва котибаҳои қабулгоҳҳо бо шарофати нишони "пресса" доштанамон осон ҳам гузарем, аммо мушоҳидаҳое дорем, ки барои мардуми оддӣ дастрасӣ ба масъулини ҳукуматҳои маҳалӣ кори содае нест.

Пас меҳмонони хориҷӣ, ки зимни ташрифи худ аз музофотҳои кишвар чун аз назди биноҳои панҷарапеч мегузаранд, дар бораи сатҳи идоракунии давлатӣ дар минтақаҳои Тоҷикистони мо чи андеша дошта бошанд? Ё худ институтҳои вобаста ба рушду инкишофи ҷомеаи маданӣ ва аҳзоби сиёсию довталабони оянда ба маҷлисҳои маҳаллии кишвар оё дар ин мавзӯъ гуфтаниҳое доранд?


Ҷамолиддини УСМОНИЁН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97