ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТЛ МУТТАҲАМ АСТ

Иҷтимоъ 30.10.2009 18:01

Шаҳрванди Тоҷикистон Мақсудҷон Исматов дар қатли собиқ қумандони баталони "Восток", қаҳрамони Русия, Сулим Ямадаев, ки баҳори соли ҷорӣ дар Аморати муттаҳидаи Араб рух дода буд, гумонбар дониста мешавад. Догоҳи вобаста ба ин қатл дар Дубай рӯзи 26 октябр баргузор шуд. Қаблан мурофиаи мазкур бо сабабҳои номаълум мавқуф гузошта шуда буд. Аз нӯҳ гумонбаршуда дар содир намудани ин ҷиноят ду нафар дар курсии айбдоршаванда бояд биншинанд.

Ин шахсон шаҳрванди Ҷумҳурии исломии Ирон Маҳдӣ Лорнӣ, ки ба ҳайси аспбони шахсии президенти Чумҳурии Чеченистон Рамазон Қодиров фаъолият дошт ва Мақсудҷон Исматови тоҷикистонӣ мебошанд. Пулиси Аморати муттаҳидаи Араб шахсони мазкурро дар даст доштан қатли Сулим Ямадаев гумонбар медонад.

Қаблан додситонии Дубай ҳафт шаҳрванди Русияро, ки дар ҳамроҳӣ намудан ба қатли Сулим Ямадаев гумонбар дониста мешуданд, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ эълон дошта буд. Аз ҷониби пулиси аморат Адам Делимханов, Зелимхан Мазаев, Салман, Турпал ва Марван Кимаевҳо, Рамазон Мусиев ва Элимпаша Хатсуев дар кофтуков қарор доранд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии кишварамон ба хабарнигори "Миллат" иттилоъ доданд, намояндаи консулгарии Тоҷикистон дар Аморати муттаҳидаи Араб қазияи мазкурро пайгирӣ дорад ва барои поймол нагаштани ҳуқуқи инсонии шаҳрванди Ҷумҳуриамон ҷаҳд менамояд.

Ёдовар мешавем, Сулим Ямадаев моҳи марти ҳамин сол мавриди тирпаронӣ қарор гирифта буд. Аммо бародари ӯ Исо таъкид бар он дошта, ки собиқ қумандони баталони "Восток" дар қайди ҳаёт аст ва бо мақсади ҳифзи ҷони худ ва эҳтиёткорӣ айни ҳол пинҳон мегардад. Баъдтар ба рӯзномаи "Комерсант" маълум гаштааст, ки Сулим Ямадаев (расман вафоткардашуда ҳисоб ёфтааст) кӯшиши эълони қасоси хунинро нисбати президенти Чеченистон Рамазон Қодиров ва писармаки ӯ, намояндаи Думаи давлатӣ Адам Делимханов кардааст.


Муҳаммадсодиқи ПИРУМШОҲ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97