ИМТИҲОНОТИ ҶОРӢ ТЕСТӢ ШУД; ХУБ АСТ Ё БАД?!

Иҷтимоъ 29.10.2009 16:07

Суоли матраҳ ин аст, ки "Оё мо бо чунин низоми таълим метавонем савияи дониши донишҷӯёнро баланд бардорем?!" Барои посух ёфтан ба ин суол дар пайи ҷустуҷӯи устодону донишҷӯёни як донишгоҳи бонуфузи кишвар рафтем. Назрулло Сангинов, муовини (проректор) раиси Донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон оид ба таълим дар посух ба суоли мо, ки "низоми имтиҳони тестӣ чӣ паёмад дорад?", гуфт: -Гузаштан ба низоми кридитӣ барои болоравии сифати таълим чунин тақозо менамояд, ки устод ҳатман донишҷӯро бо китобҳои дарсӣ таъмин намояд.

Низоми кӯҳнашудаи таълим ба он оварда расонда буд, ки баъзан вақт донишҷӯён аз баҳои гирифтаи худ изҳори норозигӣ мекарданд. Акнун имтиҳони тестӣ хаттӣ гузаронида мешавад ва донишҷӯ ҳар вақт метавонад ба натиҷаи супурдаи имтиҳонаш ошно бишавад, ки устод ба ӯ баҳои дуруст гузоштааст ё на. Мо тестҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо намудаем; тестҳои якҷояшуда, ки дар он тестҳо саволҳои одӣ ҷой доранд ва танҳо ҷавоби дурустро пайдо кардан лозим аст. Дар ин намуди тест донишҷӯ метавонад тахминан тестро пур карда, баҳо бигирад. Ва гурӯҳи дуюми тестҳо ба чунин шакл аст, ки донишҷӯ худ саволи дурустро менависад ва ба онҳо холи зиёд гузошта мешавад. Аз ин рӯ ин равиш ду ҷиҳати бартарӣ дорад, ки агар имтиҳон хаттӣ, яъне тестӣ бошад, устод бо хотирбинӣ ба донишҷӯ баҳои баланд ва ҳам қасдан баҳои паст гузошта наметавонад, чунки он чизе донишҷӯ менависад, дар ҳуҷҷати шахсии ӯ нигоҳ дошта мешавад. То он замоне, ки мо ба ин низом дарс намегузаштем, китобхонаҳо пур аз китоб буду касе ба он ҷо намерафт, имрӯз мо натиҷаҳои назаррасро мушоҳида кардаем, ки китобхонаҳои донишгоҳи мо пур аз донишҷӯ шудааст. Зеро донишҷӯ акнун маҷбур аст, ба дарсҳо бо тайёрӣ ҳозир шавад, ҳамчунин аксарияти донишҷӯён имрӯзҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз рӯйи холи миёна не, балки бо баҳои хубу аъло донишгоҳро хатм намоянд.

Устод Назрулло Сангинов дар идомаи сӯҳбат ҳамчунин қайд кард, ки баъд аз гузаштан ба низоми кридитӣ шумораи донишҷӯён аз дигар кишварҳо афзудааст, чунки ин низом дар дигар давлатҳо низ тасдиқ шудааст ва дипломе, ки мо медиҳем, дар давлатҳои дигар низ эътироф мешавад.

Манбаъ меафзояд, замоне ки ин низоми таълим дар донишгоҳҳои мо қабул нашуда буд, донишҷӯён аз хориҷи кишвар ангуштшумор буданд, чунки баъд аз 5-соли таҳсил дар Донишгоҳ ба ватанашон мерафтанд ва танҳо баъд аз 5 соли хатми мактаби олӣ дониши онҳоро муайян менамуданд. Тайи 4-сол аст, ки дар ДДТТ низоми кридитӣ ҷорӣ шудааст ва донишҷӯёни хориҷӣ метавонанд баъд аз 4-соли таҳсил дар донишгоҳ дар ватани худ бе ягон мамониат вобаста ба касбу ихтисоси худ ба кор қабул карда шаванд.

Аммо Мубориз Фозилов, донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи Давлатии Тиҷорат дар мавриди ҷорӣ шудани низоми нави таълим мегӯяд: - Соли сеюм аст, ки ман бо низоми нави таълим таҳсил карда, мушкилиҳои зиёде кашидам, ки аз соати ҳашти субҳ то шонздаҳу бист дарс мехонем. Баъд аз он ки аз дарс мебароем, дар хона на китоб хонда метавонему на дарс тайёр мекунем, чунки асабҳоямон монда мешавад ва дигар чизеро қабул карда наметавонад. Давомнокии ҳар дарс 50-дақиқа муайян шудааст ва дар як рӯз 7 соат дарс мехонем. Хуб мебуд, ки соати дарсҳо кам карда мешуд, чунки фанҳое ҳастанд, ки ба ихтисоси мо иртибот надоранд, вале барои омӯзиши онҳо моро маҷбур месозанд.

Ӯ афзуд: - Имтиҳонҳоро бо тарзи тестӣ месупорем, агар ба қонуну қоидаҳо риоя намоянд, имтиҳон ё санҷишро ба тарзи тестӣ супоридан хеле хуб аст. Аммо мо ҳанӯз ба гузаштан ба чунин низоми таълим омода нестем.

Мусоҳиби мо як паҳлӯи хуби ин низомро дар он мебинад, ки донишҷӯ ба устод пора дода наметавонад. Вақте ки донишҷӯ имтиҳонро супорида натавонад, ӯ ҳатман аз фанҳои ҳатмӣ 35 доллар ва аз фанҳои иловагӣ 20 доллар ба хазинаи донишгоҳ месупорад. Дар таътили тобистона 3-моҳ аз фанҳое, ки имтиҳонро насупоридааст, дарси иловагӣ мехонад ва имтиҳони насупоридаашро барқарор карда, аз моҳи сентябр омада таҳсилашро идома медиҳад.

Ҷ. Шералиев, донишҷӯйи дигари ҳамин донишгоҳ арз мекунад, ки дар низоми кридитӣ таҳсил намудан барои онҳо мушкилиҳои зиёдеро эҷод менамояд. Ӯ дар ин бора афзуд: -Мо дар як рӯз 6-7 соат дарс мехонем, беҳтар мешуд, ки ба мисли солҳои пешин то нисфирӯзӣ дарс мехондем ва баъд аз дарс ба китобхонаҳо рафта, худомӯзӣ мекардем ё ин ки ба корҳои хонавода машғул мешудем. Барои ин мо ҳар нисфирӯзӣ маҷбур мешавем, ки ба маблағи 5-6 сомонӣ хӯрок хӯрем. Бо вуҷуди ин мушкилиҳо баъзе донишҷӯёне ҳастанд, ки аз ноҳияҳои тобеъ ба дарс меоянд. Устодоне ҳастанд, ки барои 5-дақиқа дер омада расиданашон ё аз пушти як "латта", яъне напӯшидани "галстук" ё гарданбанд онҳоро ба дарс роҳ намедиҳанд. Барои ин қабил донишҷӯён дар як рӯз ҳади ақал 8-10 сомонӣ лозим аст.

Як гурӯҳ донишҷӯёни факултаи "Иқтисод ва менеҷмент"-и Донишгоҳи Давлатии Тиҷоратии Тоҷикистон, ки аз гуфтани номашон худдорӣ карданд, эътироз доштанд, ки дар чунин низом ба онҳо таҳсил кардану илм омӯхтан душвор аст. Онҳо мегӯянд, ки мо аз саҳар то шом дарс мехонем ва соатҳои дарсӣ бениҳоят зиёд муайян шудааст.

Дар посух ба эътирози ин донишҷӯён Назрулло Сангинов, муовини раиси ДДТТ мегӯяд: - Дар низоми кридитӣ донишҷӯён дар як рӯз 6-соат дарс мехонанд, ки 3-соату 50-дақиқаи аввал дарсҳои лексикиву амалӣ мехонанд ва 2-соату 50 дақиқаи дигар банд мешаванд ба кори мустақилона, тесткоркунию бозиҳои касбӣ бо раҳбарии устод гузаронида мешаванд. Донишҷӯён аз он баҳо мегиранд, як дарси охирон барои ҳама ҳатмӣ нест. Устод муайян мекунад донишҷӯёнеро, ки дониши кам доранд, ҳамон гуна ки дар мактаби миёна талабагони камдонишро баъд аз дарс нигоҳ медоштанд ба ҳамин монанд. Ва онҳое ҳам ки шикоят кардаанд, ки то соати 3 - 4 дарс мехонанд, ҳамон донишҷӯёне ҳастанд, ки сатҳи донишашон пойин аст. Устод онҳоро маҷбур намудааст, баъд аз дарс як соати охир ҳамроҳи устод бимонанд ва ин фанро аз худ намоянд.

Аз гуфтаҳои муовини ректори ДДТТ бармеояд, ки низоми кридитӣ беҳтарин роҳи ҷалби донишҷӯён ба илмомӯзист, аммо донишҷӯёни ин даргоҳ аз он норозӣ ҳастанд, ки барои ин мушкилоти иқтисодӣ ва фароҳам набудани шароит имкон намедиҳад, ки донишҷӯён вақти зиёди худро пушти дарсхонаҳо сипарӣ кунанд ва ҳам барои китобхонӣ фурсати каме дар ихтиёри онон гузошта шудааст. Дар ин маврид устодону донишҷӯёни дигар донишгоҳҳо чӣ мегӯянд?! Ба суроғи онҳо хоҳем рафт. Аммо хонандаи закии мо дар ин маврид чӣ андеша дорад, мехостем, онро бифаҳмем. Мо мунтазири фикру андешаҳои шумо ҳастем!


Ибодуллои РАҲМАТУЛЛО
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97