ГУМОН ГУНОҲ АСТ

Иҷтимоъ 29.10.2009 16:03

Вокуниш ба як сӯҳбати Сайфуллозода перомуни ифтитоҳи

Маркази Исмоилиён дар шаҳри Душанбе

Чун гумонро гуноҳ эълон доштам, бегумон оқои Сайфуллозода дар як Ҳизби маъруф одами тасодуфӣ аст. Тамоми самимият ва дилгармии ман нисбат ба ин ҳизб ва Шумо чун сиёсатмадори дурназар бо як сӯҳбати иғвоангези Шумо дар мавриди маркази Исмоилиён нобуд гардид. Айб аст, ки дар паҳлӯи устод Муҳиддин Кабирӣ чун шумое кор кунад. Маҳз чунин гумонҳо 17 сол пеш одамонро ба сангарҳо ҷудо кард. Акнун сари гумонҳои Шумо баҳс мекунем.

Шумо дар фаъолияти ташкилотҳои Бунёди Оғохон ва муассисаҳои динии Исмоилиён дар Тоҷикистон ғараз мебинед. Одатан ва усулан равияҳо, мазҳабҳо як ғараз доранд; ба даст овардани қудрат ва ҷалби бештари пайравон ба мазҳаб. Таърих гувоҳ аст, ки беш аз 1300 сол дар ҳудуди Осиё Исмоилиён танҳо бо Ҳанафиён дар мусолимат ва ҳамфикрӣ мезистанд. Мазҳаби Исмоилия қариб 1000 сол дар Бадахшон нуфуз дорад. Вале ягон маротиба барои ғасби ҳукумат ва ҷазби пайравон аз дигар мазҳабҳо кӯшиш накардааст. Дар 17 сол ягон нафар аҳли суннат ба Исмоилия ҷазб нагардидааст. Вале дар пеши назари Шумо дар 5 сол қариб 180 000 нафар мусалмонони ҷумҳурӣ мазҳабҳои Масеҳият, Сунбогим ва Сонминро қабул карданд. Ва Шумо чун лидери ҳизби Исломӣ ягон бор ин хатарро эҳсос накардед.

Ба иттилои Шумо мерасонам, ки Бунёди Оғохон ташкилоти динӣ нест. Шумо чун сиёсатмадор ҳанӯз байни Бунёд ва Роҳбари мазҳабӣ фарқ намегузоред. Кӯмакҳои Бунёди Оғохон ва фаолияти хайриявии ӯ ба Осиёи Марказӣ фақат кӯмак дар чавкоти мадад ба мамолики рӯ ба инкишоф буда, як бахши барномаи кӯмаки башарии СММ маҳсуб мешавад. Ва ин барнома, боз ба Шумо ёдрас мекунам, ки соли 1995 дар қарордоди расмӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон амалӣ гардид.

Исмоилиёни Бадахшон ҳатто дар замони даврони атеизми Шӯравӣ низ анъана ва русуми мазҳабии худро риоя мекарданд, ки ба ягон мазҳаб ва равияи дигар халал намерасонд.

Воқеан Мавлоно Шоҳкарим Ал-Ҳусайнӣ вориси хунии Паёмбар (с), дар фаромин ва ҳидоятҳои хеш, ки барои пайравонаш қонун аст, доимо эҳтироми хоса, дилгармӣ, хайркорӣ нисбати дигар мазҳабҳо дастур медиҳад ва таъкид мекунад. Борҳо дар маҳфилҳо ва маросимҳо эълон дошт, ки муридони ман дар ақсои олам дар давлатҳои мухталиф зиндагӣ мекунанд ва тақозо мекунам, ки ҳар яки онҳо давлат ва ватани хешро дӯст доранд ва аз сиёсати он пайравӣ кунанд. Банда шоҳид будам, ки соли 1995 Имоми Замон дар шаҳри Хоруғ ба як гурӯҳ силоҳбадастон вохӯрда хоҳиш кард, ки силоҳро бо ақлу идроки инсонӣ иваз кунанд.

Мӯҳтарам Сайфуллозода дар сӯҳбати шумо бӯи низоъ аст. Агар исломшиносе мисли шумо нисбати Исмоилиён шаки бад оварда, ғараз дар кӯмак бинад, пас аз фарди одие, ки "Наҳҷ-ул-балоға", "Би ҳидоят-ул-мӯъминин" ва "Ваҷҳи дин"-ро нахондааст, чӣ гила.

Шумо аз ҷониби Оғохон дар сатҳи ҳукумат маҳбубият пайдо карданро сабаби бунёди Маркази Исмоилиён медонед. Расман ба иттилои Шумо мерасонам, ки Аълоҳазрат Мавлоно Шоҳкарим Ал-Ҳусайнӣ соли 1994 аз ҷониби Президент ба Тоҷикистон даъват шуда, барномаҳои таълимии мазҳабӣ низ ҳамон вақт матраҳ шуданд. Чунки ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ақлу идрок дорад. Ва имрӯз маҳз бо тадвину танзим ва ташкили Исломи муосир дар ҷаҳон машҳур аст. Ва мо шаҳрвандон-мусулмонони шиъаи Исмоилии Тоҷикистон барои сохтани Ҷамоатхонаҳо, марказҳо ҳаққи комил дорем. Ва агар шумо ҳам аз маблағҳои худ дар Бадахшон масҷид бунёд кунед, ҳеҷ кас гумони бад намекунад. Имоми 48-уми Исмоилиён Султонмуҳаммадшоҳро як лорди Инглис фарқияти Ислому Исмоилия пурсид.

Ӯ дархти азими мевадорро нишон дод ва гуфт:

- Дарахтро ба ман тасвир кунед!

Лорд гуфт:

- Дарахти калон, як тан, чанд шоха ва меваи фаровон дорад.

- Ташаккур! Шумо ба саволатон ҷавоб пайдо кардед. Ислом тана ва решаи пурқувати дарахт аст. Шохаҳо тавассути ин тана ва реша ғизо гирифта, мева медиҳанд. Исмоилия як шохаи пурбори Ислом аст.

Чанд сол пеш ҳангоме, ки Сарвари католикҳои ҷаҳон Венедикти 16 Пайғамбари мусулмононро таҳқир кард, Мавлоно Ҳозиримом тамоми Урупоро ба по хезонда, Попи Римро ба маъзарати оммавӣ маҷбур кард. Имрӯз низ Ҳазрати Оғохони 4 барои ҳифзи арзишҳои Ислом ва маърифати поки Ислом кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад.

Мушаххасан Маркази нав тӯҳфа ба мардуми Тоҷикистон буда, моли тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон аст.

Айб аст, агар чунин сиёсатмадори аз маърифати Исломӣ огоҳ ба бародарони рӯҳонии худ гумони бад ва ҳатто ғараз бор кунад.


Шерафгани Пулод
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97