СОЛИ БУЗУРГДОШТИ ГУРУСНАГОН

Иҷтимоъ 28.10.2009 13:50

Назар ба иттилои BBC Созмони Миллали Мутаҳид соли оянда дар бархе манотиқи ҷаҳон гуруснагиро пешгӯӣ кардааст. Табиист, ки аз бало дида, бими бало хатарноктар аст. Аз ин рӯ «Миллат» назар ва ақоиди шаҳрвандонро ба пешвози ин «маърака» гирд овардааст.

Боғшо Иматшоев - соҳибкор, сокини ш.Хуҷанд:

-Ман хеле ҳайронам, ки чаро СММ бӯҳрони молиявӣ, ҷангу садамаҳо, ҳуҷуми Амрикоро ба кишварҳои мусулмонӣ пешгӯӣ ва пешгирӣ намекунаду гуруснагиро ин қадар воҳима мекунад.

Ман итминони комил дорам, ки мардуми Тоҷикистон аз шадидтарин гуруснагӣ, хушксолӣ наметарсад. Зеро мо як муддати кӯтоҳ дар солҳои 1992-93 хатари онро эҳсос кардем. Мардум имрӯз ба умеди Маскав, мақомоти ҳукумат ва СММ нашуда, бо мардикорӣ, соҳибкорӣ, деҳқонӣ хурҷини меъёрии ғизоашонро пур мекунанд. Баъзан аз муқоисакуниҳои ташкилотҳои байналмилалӣ хашмгин мешавам. Масалан, дар рӯзномаи «Незавасымая газета» соли гузашта хондам, ки мардуми Осиёи Марказӣ се баробар камтар аз аврупоиён ғизо мехӯранд. Агар миқдори қуввати оши палав, равғани думба ва гӯшти тозаро ҳисоб кунем, аврупоиҳо дар муқоисаи мо гурусна мемонанд. Ман чун соҳибкор шоҳид будам, ки даҳ сол пеш, сокинони вилояти Суғд маҳсулоти хӯрокии равған, орд, биринҷ, гӯшти мурғро аз Узбакистон ворид мекарданд. Ҳоло баръакс 14 намуди маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳудуди Тоҷикистон ба Узбакистон содир мешавад. Нархи ҳамаи маҳсулоти ғайриполезӣ дар Тоҷикистон ду баробар арзонтар аст. Мо аз гуруснагӣ биме надорем! Фақат ба ақидаам зарур аст, ки давлат монополияи хариди сӯзишворӣ ва маводҳои стратегиро аз тиҷорати хусусӣ гирад. То нархи сӯзишворӣ танзим нашавад, бозори хӯрокворӣ инкишоф намеёбад.

Дилором Атобоева - директори Маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии «Консортсиуми ташаббусҳо»:

-Пешгӯӣ ва ҳушдор додани СММ оид ба хатари гуруснагӣ асос дорад. Бӯҳрони молиявӣ ва офатҳои табиӣ дар кишварҳои истеҳсолкунандаи маводи хӯрока нишонаи камбудии ғизо аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон шомили Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ мебошад. Кам хӯрдани ғизо, нарасидани ҳиссаҳои зарурӣ дар маводи хӯрока, камхунӣ низ шомили офати гурусгнагӣ мебошанд. Чунин омилҳо дар Намибия, Ангола, Замбия, Покистон, Афғонистон ба хатари калони фоҷиаи башарӣ ба бор оварданд. Аз ин рӯ барои пешгирии ин офат бештар ҳамдастии ташкилотҳои байналмилалӣ, истифодаи захираҳои дохилӣ зарур аст. Ба ин офат сохторҳои махсуси СММ машғуланд. Мо имкониятҳои зиёд дорем. Имсол истеҳсоли ғалла ва дигар растаниҳои ғизоӣ зиёд гардид. Аҳолӣ шароити захираи маводи хӯрокии дусоларо дорад. Инро Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон низ таъкид кард.

Хадича Бобобекова - фурӯшандаи шир дар маҳалла, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе:

-Як сол боз воҳима мекунанд, ки бӯҳрони молиявӣ ҳамаро қашшоқ мекунад. Ман 5 сар модагов дорам. Баръакс дар замони кризис бозорам авҷ гирифт. Касе, ки кор мекунад, гурусна намемонад. Бо маблағи фурӯши шир ман тамоми озуқавориро аз бозор мегирам. Алаф имсол фаровон рӯид. Хӯрокиҳои омехта арзон шуд. Ман ҳар субҳ соати 5 ба дари ҳар хона шир оварда медиҳам. Аз хонаҳо ва ҳавлиҳо пасмондаи хӯрокаро барои чорво мегирам. Ҳамроҳи 5 фарзанд мо 8 касро мехӯронем. Вале дар ҳамсоягии ман марди тануманд бо се фарзандаш «кризис» гуфта то соати даҳ хоб мераванд. Гуруснагӣ аз танбалии мо сар мезанад.

Аюбҷон Юсупов - номзади илми иқтисод:

-Аз ҷаҳони таъғирпазири имрӯз ҳар мӯъҷизаи ногаҳониро интизор шудан мумкин аст. Аммо офати гуруснагӣ қариб ҳазор сол боз дар камини инсонҳо аст. Ба бӯҳрони молиявӣ дучор гардидани кишварҳои абарқудрат мизони захираҳои сузишворӣ ва ғизоиро низ тағйир дод. Паст гардидани нархи нафт ва шикасти ширкатҳои бузурги шабакавии Амрико, хараҷу мараҷ дар системаи бонкӣ ба гуруснагӣ оварда мерасонад. Вале офати гуруснагӣ ба ҷумҳурии мо хатарнок нест. Имсол истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ эҳтиёҷоти моро таъмин мекунад. Танҳо аз ҳисоби кишти такрорӣ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8 фоиз афзуд. Вале бозори маводи озуқа ҳифз намегардад. Аз расонаҳо ва аз мушоҳадаҳо айён аст, ки маводи озуқаворӣ бо роҳи ғайрирасмӣ аз ҳудуди ҷумҳурӣ мебарояд. Ҳамзамон дар бозорҳои мо себи чинӣ ва иронӣ себи хубонии Раштро беқурб кард. Ҳукумат бояд барномаи дарозмуддати ҳифзи моли худиро матраҳ кунад.

Мастон Раҳимзода-коршиноси ширкати «Анир мадад»:

-Дастурхони зиёфатии мо-гуруснагии шайхи Араб аст. Имрӯз аз ним зиёди ғизои ҷаҳонро арабу амрикоӣ мехӯранд. Боз онҳо моро ба хатари гуруснагӣ метарсонанд. Тоҷик дар муқобили Искандар, Чингиз, Гитлар бо шиками гӯрусна мубориза мебурд. Имрӯз ҳам ҳар гуна қаҳтӣ, хушксолӣ, гуруснагӣ моро шикаста наметавонад. Ман аз гуруснагии табиӣ ҳарос надорам. Даҳшат дар он аст, ки бо ғаразҳои сиёсӣ барои мо гуруснагиро душманони мо ташкил мекунанд. Бе сабаб ҳар замон қатъ кардани газ, муқобилият барои сохтмони ниругоҳҳои обӣ ба касоддии бозори ғизоӣ оварда мерасонад. ҳамзамон мо бояд аз гуруснагии шикам не-аз гуруснагии Имон эҳтиёт кунем. Худованд ба ҳазрати Мӯсо нишон дод, ки ҳатто ризқи кирми даруни хоросанг низ пешбинӣ шудааст. Аммо гурусначашмӣ ва қаҳтии имон Фиръавн Намрӯдро дӯзахӣ кард.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97