ҒОСИБОНИ МАҒЗ Юсуф Нуралӣ кашф мекунад дигарон сӯйистеъмол

Иҷтимоъ 26.10.2009 15:00

Кашфиёти олими амрикоӣ Майкл Ситковский дар мавриди пешгирии касалии саратон тавассути қаҳва ва чой дар илми тиб таркиши бузург ба амал овард. Аслан профессори Донишгоҳи Гарвард Майкл Ситковский исбот мекунад, ки пайваста нӯшидани қаҳваи сиёҳ ва чой хатари ин маризиро маҳдуд мекунад. Ӯ собит менамояд, ки кафеин, ки дар таркиби қаҳва ва чой фаровон аст, ҳуҷайраҳои тавлидкунандаи саратонро заиф месозад. Вале ин пешгӯии нав нест. Соли 1985 олими ҷавони тоҷик-ходими илмии Пажӯҳишгоҳи биологии

Помир, шодравон Мунак Одилбеков ҳадси илмӣ баровард, ки чойи сиёҳ, қаҳва, шираи растании нашъаовар хатари маризии саратонро кам мекунанд. Аммо ин фарзияи илмии ӯ аз ҷониби империяи илмии Шӯравӣ пазируфта нашуд. Банда шахсан дар сӯҳбати олим ширкат варзида, аз пешгӯиҳои ӯ огоҳӣ доштам. Ӯ 19 сол пеш аз Геснер, Ситковский гуфта буд, ки никотини сигор ба афзоиши ҳуҷайраҳои барангезонандаи саратон роҳ намедиҳанд. Моҳи феврали соли равон профессор Ахмедов, яке аз бузургтарин саратоншиносони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ низ тасдиқ кард, ки никатин сабаби хурӯҷи ин беморӣ нест.

Собиқ сардухтури Маркази саратоншиносии вилоят шодравон Юсуф Нурматов низ дар чанд мушоҳидаҳои илмиаш аз қаҳва сохтани сипар ба муқобили ҳуҷайраҳои хатарнокро имконпазир шуморид.

Амрикоро Колумбия кашф карда бошад ҳам, Америго Виспучи онро бо номи худ шӯҳратманд намуд. Мутаассифона колумбияҳои илми моро Виспучиҳои ғарб бо номи хеш сабт карданд. Имрӯз даҳҳо кашфиёти Абуалӣ Сино, Берунӣ, Насриддини Тӯсӣ, Форобӣ, Шоҳзодамуҳамади Бадахшонӣ, Абдулназари Порсӣ бо номи олимони ғарб номнавис шудаанд. Олимони рус дар кӯҳистони Бадахшон ба вуҷуд овардани гандуми пешпазро ба академик Вавилов нисбат медиҳанд. Аммо худи Вавилов дар китобаш "Панҷ китъа" ("Пять континентов" Москва. 1956) мақолае бо номи "Памирский селекционер" Абдулло Назаровро муаллифи ин навъи ғаладона шуморидааст.(Номи аслии ӯ Абдулназар, дар деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнон зода шудааст. Аз Афғонистон, Покистон қариб даҳ намуди растаниро ба Бадахшон оварда, парвариш кардааст.)

Илм низ дифоъ мехоҳад! Бояд таърихи дастовардҳои илмии мо, ки бо ҳар восита рабуда шудаанд, ба муаллифони воқеӣ баргардонда шаванд.

Аламовар аст, ки олими маъруф, профессор Юсуф Нуралиев 14 сол пеш нӯшобаи мумиёӣ, чойи садалафии зидди маризии қанд ихтироъ кард ва имрӯз аз рӯи ин тавсияҳо дорӯсозони Бишкек ва Санкт-Петербург даҳ намуд доруи шифоӣ ба фурӯш мебароранд.

Дуздии моликияти зеҳнӣ ҳазор сол боз вуҷуд дорад. Имрӯз барои пешгирии он тамоми имкониятҳо рӯи кор ҳастанд. Барои ҳифзи ин моликият сарбоз ва силоҳ лозим нест. Бо технологияи навтарин паҳн ва расмӣ кардани ихтироъот ва кашфиётҳо метавонад моликияти зеҳнии моро ҳифз кунад. Не, масъулини мӯҳтарам?!


Ш. Наҷмиддин Суғд
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97