БОНУВОНИ ҶИНОЯТКОР ДАР ХАТЛОН

Иҷтимоъ 23.10.2009 14:54

Оё вазъи ҷинояткорӣ миёни занону

кӯдакони ноболиғ ташвишовар нест?

Тибқи иттилои сардори Раёсати корҳои дохилаи вилояти Хатлон дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 313 ҷинояткорӣ аз ҷониби занону духтарон ошкор шудааст. Ба гуфтаи ӯ аз ҷумлаи ҷиноятҳои ошкоргардида 47 ҳодисаи дуздӣ, 130 ҳодисаи қаллобӣ, 60 амали лату кӯб, 4 ҳодисаи куштор, 6 ҳолати ташкил намудани фоҳишахона, 11 ҳодисаи тӯҳматгарӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин аз сӯйи бонувон дар Хатлон дар ин давра ду ҷиноят вобаста ба садамаи нақлиётӣ, 9 ҳолати авбошӣ- ғоратгарӣ, 1 ҳодисаи кӯдакфурӯшӣ, 4 ҳодисаи азхудкунии замин, 1 ҳодисаи вобаста ба нашъамандӣ ва 38 ҳодиса марбут ба дигар намуд ҷиноятҳо содир шудааст.

Ба гуфтаи Абдураҳмон Бузмаков дар ин давра дар ҳудуди вилояти Хатлон 113 ҳодисаи ба худкушӣ даст задани шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 67 ҳодиса марбут ба бонувон мебошад. Аз ҳисоби бонувоне, ки ба худкушӣ даст задаанд, 9 нафари онҳоро духтарони ноболиғ ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ сабаби бештари ба худкушӣ даст задани шаҳрвандон ин хуруҷи бемориҳои рӯҳӣ, муноқишаҳои оилавӣ ва шароити вазнини модии шаҳрвандон арзёбӣ мегардад.

Бино ба иттилои ҳамин манбаъ дар ин давра аз ҷониби кӯдакони ноболиғ 76 ҳодисаи ҷинояткорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 226 ҷиноят бештар мебошад.

Дар маҷмӯъ дар ҳудуди Хатлонзамин 2 258 ҳодисаи ҷиноӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 249 ҷиноят зиёд мебошад. Сабаби афзоиши сатҳи ҷинояткориро Сардори РКД Хатлон чунин шарҳ медиҳад, ки бинобар мушкили молии ҷаҳонӣ бештари муҳоҷирони корӣ ба ватан баргаштаанд ва аз ҳисоби онҳо содир шудани ҷиноят афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи манбаъ аз содиршавии ҷиноятҳое, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон мавриди тадқиқот қарор гирифтаанд, чунин хулоса бароварда мешавад, ки ҳолати содиркунии қисме аз ин ҷиноятҳо "специфика"-и хориҷӣ аст. Яъне ба эътиқоди манбаъ, содиркунии ҷиноятҳо ба усулҳои ҷиноии кишварҳои хориҷӣ шабоҳат дорад (инҷо тактикаи ҷинояткорӣ дар назар аст).

Вале ба ҳар ҳол хоҳ ин омили хориҷист ва хоҳ дохилӣ бояд боиси нигаронии ҷомеа ва мақомоти дахлдор бошад, зеро вақте модар ва духтар, ки номуси хонавода маҳсуб мешаванд, даст ба ҷиноят мезананд, чӣ насле аз онҳо ба ҷомеа ба ёдгор хоҳад монд?!


Ҷамолиддини Усмониён
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97