МУСОФИР: АКСИ ФАЙЗАЛӢ САИДОВ ХОТИРОТИ НОХУШРО БА ЁД МЕОРАД

Иҷтимоъ 16.10.2009 17:58

Аз шаҳри Душанбе сафари мо ба Бадахшон тавассути маркази вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа сурат гирифт. Маро духтарам, ки толибаи мактаби миёна ҳаст, ҳамроҳӣ мекард. Ин бори аввал аст, ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ аз ин шаҳр гузар мекардам. Дар қуллаи ағбаи Фахробод навиштаҷоти " ноҳияи Хуросон" ба чашм бархӯрд. Пештар агар иштибоҳ накунам, ин ноҳияро "Иличовский" мегуфтанд. Шукри истиқлоли кишвар кардам. Зеро барқарор кардани номҳои таърихӣ барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол ҳам фарз ҳасту ҳам суннат.

Аммо агарчи дар ин ҷанг мушорикати шахсӣ надошта бошам ҳам, аз чӣ сабаб буд, ки хаёлам ба он солҳои пурфоҷиаи миллат рафт. Тасаввур мекардам, ки мардуми ноҳия дар он солҳои пурдаҳшаттарин чи рӯзҳои сахту сангинеро паси сар карданд. Аз садои тири силоҳбадастон гуруснаю побараҳна тифлакони худро дар оғӯш гирифта, ин минтақаро тарк мекарданд. Кадоме ҷон ба саломат бурду кадоме ҳадафи тири нохалафон гашт. Кӯшиш мекардам, ки ин хаёлоти ҳузнангезро аз сар дур созам ва бо марди ҳампаҳлӯям оид ба мавзӯъи дигар сӯҳбат оростам. Саргарми сӯҳбат ба шаҳри Қурғонтеппа наздик мешудем.

Дар роҳ чашм ба навиштаҷоти дигар - "ноҳияи Бохтар" бархурд. Замони шӯравӣ онро ноҳияи Коммунистӣ мегуфтанд. Бохтар, яке аз номҳои қадимаи таърихи миллати мо аст ва аз нав зинда кардани ин ном дар сарзамини аҷдодӣ ҳар як фарди миллатро хушҳол мекунад. Агар мардум дар бораи таърихи ин номҳо тасаввуроти кофӣ ҳосил кунад, ҳисси худшиносию хештаншиносӣ ва ифтихор аз гузаштаи миллат ва тоҷик будан новобаста аз маҳаллу минтақа боло мегирад.

Ногаҳон дар роҳ автомошинаи моро кормандони Бехатарии Давлатии Автомобилӣ манъ карданд. Аз тарафи дасти ростамон расми калони роҳбари собиқ фронти халқӣ Файзалӣ Саидов овезон буд. Аввал расмро нашинохта, чун бештар мутавваҷеҳ шудам, донистам, ки расми Файзалист. Дар ҳамин ҳол духтарам, ки зодаи даврони истиқлол аст, аз ман суол кард?

- Падар, ин расми кист?

Ман худамро гум кардам ва намедонистам чӣ ҷавобе ба ӯ бидиҳам. Ӯ боз суханашро такрор кард. Ин даъфа кутоҳ ҷавоб гуфтам; "намедонам".

Ин суоле, ки маро дар ҳолати ногувор мононд, шояд ҳазорон нафар мусофирони дигарро ҳам дар чунин ҳолат гузошта бошад. Аммо онҳо дар чунин ҳолат чи посухе ба фарзандони худ дода бошанд, намедонам. Лекин агар ҳақиқатро ба ин зодагони замони истиқлол гӯем, чи таассуроте аз ин расм мебардошта бошанд. Каме дуртар аз расм дидем, ки ҳамчунин хоҷагии кишоварзие ба номи ӯ гузошта шудааст.

Барқарор намудани номҳои таърихӣ албатта, тақозои замон ва яке аз нишонаҳои истиқлолияти воқеъӣ мебошад. Аммо магар гузоштани расми шахсе, ки дар тороҷгарӣ ва тоҷиккушӣ ҳатто барои скинхедҳо ба рамз табдил шудааст, дар сари роҳ боиси ифтихор аст?!

Ба фикрам агар мақомоти Бохтар ба ҷойи ин расм расми Темурмалик ва ё Спитаменро меовехтанд ва падарон боифтихор ба фарзандон дар бораи корнамоии ин шахсиятҳои бузурги таърихӣ сухан мекарданд, насли наврас дар рӯҳияи воқеан ватанпарастӣ камол меёфт.

Ҳукумати Тоҷикистон барои барқарор намудани номҳои таърихӣ иқдоми некеро анҷом додааст. Мақомоти ноҳияҳоро зарур меояд, ки хоҷагию кӯчаҳоро аз номҳои навбаромад тоза намуда, номҳои мувофиқ, зебо, ки аз фарҳангу таърихи ин марзу бум бармеоянд, барояшон гузорад.


Рустам Содиқов
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97