ИСЁНИ НАВРАСОН Фелетон – таъзия

Иҷтимоъ 16.10.2009 17:56

Расонаҳои ҷаҳон хабар пахш карданд, ки миёни гурӯҳи толибон дар шаҳри Душанбе задухӯрди шадид ба вуқӯъ пайваста ду нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд. Сипас чанд дақиқа пас аниқ шуд, ки ин задухӯрдро толиб-ул-илмони мактабҳои рақамҳои 89 ва 82 ба зимма гирифтанд. Алҳол баъди дахолати саривақтии сохторҳои ҳифзи тартибот миёни ду мактаб оташбас эълон шудаст… Чанд сол қабл писари хурдсолам аз ман суол кард, ки чаро ҳамаи мардум орзуи президенту вакили порлумон шудан доранду кӯдакон президентбозию порлумонбозӣ намекунанд. Ҷангбозӣ ба диламон зад.

Байни бозичаҳоям фақат танку тӯп аст!!!?

- Писарам, аввалан ин сафсатаро аз куҷо ёд гирифтӣ? Дуввум президентбозӣ шуғли дӯстдоштаи Туркманбошиву Назарбоев аст. Лекин порлумонбозӣ бозии мавсимии ҳизбҳо мебошад.

Ин баҳс баъди шунидани даргирҳои тифлони ду мактаб ёдам омад. Воқеан ҳам дар равони тифлони мо бозии ҷанг сахт нақш бастааст. Ва ба тадриҷ мо ин бозиро бо мурури сол ба сатҳи кӯча, маҳалла, вилоят мебарорем. Набарди тифлон аз дари ҳамсояҳо сар мезанад. Волидон баъзан бо тарафгирии беақлона аз тифли хеш авбоши кӯча тайёр мекунанд. Назар ба тадқиқи олим-педагоги рус Макаренко волидон 1 сентябр тифлакони 7 соларо ба саҳни мактаб оварда, бехабар аз он ки онҳо Шекспир, Суворов, Достоевский, Наполеон, Чингизро ба дасти омӯзгор супоридаанд. Мактаб қудрат надорад, ки хишти пухтаи волидонро аз нав коркард кунад. Мактаб заиф аст, ки аз Наполеон Достоевскийро созад.

Тибқи педогогикаи Шӯравӣ имрӯз низ ҳамаи ӯҳдадории тарбияи тифлро ба 6-7 соати кори мактаб вогузор мекунем. Қариб ҳар ҳафта расонаҳо фақат Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифро сари ҳар иқдомаш мазамат мекунанд. Лекин касе ба барномаи ташаккули мактаби миллӣ, боғчаи тоҷикии Вазир таваҷҷуҳ зоҳир намекунад. Бо ин барнома дар шаҳри Хуҷанд тадбирҳои ҷолиб амалӣ мекунанд. Омӯзгори тоҷик имрӯз дар паҳлӯи фарзанди тоҷики нав, дипломат, вазир бояд бо нишонаи риш, либос ва қувваи ҷисмонӣ бартарӣ дошта бошад. Ман мушоҳида кардам, ки дар мактабе падари талаба ба директор телефонӣ амр кард, ки ба писари ӯ рафта китоб харида диҳад…

Маҳз аз чунин бетавофутии волидон аз тифлон лидери мактабу кӯча тайёр мешавад.

Ҷанги тифлони кӯча ва мактаб дар тамоми дунё ривоҷ ёфтааст. Аммо барои мо он хатари ҷиддӣ аст. Аз ғолибону мағлубони ҷанги мактабӣ мо авбошони ояндаро омода мекунем.

Ин воқеа ба тафсил на дар парвандаи ҷиноӣ, балки дар нишасти ҷиддии ду мактаб бо иштироки волидон, раисони маҳалла, рӯҳониён баррасӣ шавад. Ба қавли устод Азиз Несин, агар сабаби кушта шудани Шоҳзодаи Австрия дар ҷанги якуми ҷаҳон аниқ баррасӣ мешуд, ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сар намезад.

Ва ахиран ба саволи - оё дар таърихи ин ду мактаб ягон мусобиқаи варзишӣ, ҳунарӣ доир шуда бошад - беҷавоб монд. Агар мо 20 фоизи нируи ҷисмонии наврасро ба варзиш, ҳунар банд мекардем, куллан муштзӯрии наврасон аз байн мерафт. Равони зӯроварӣ, ғолиб омадани тифлон, лидер будан ба қавли В. Сухомлинский танҳо бо иттиллот андармон кардани тифлон аз байн меравад.

Мутаассифона, ба равони тифлон бозиҳои даҳшатноки компутерӣ, филмномаҳои зӯрпарастии хориҷӣ чун заҳр хатарнок аст.

Ба қавли иддае аз коршиносон задухӯрди мактабиён мӯъҷиза нест. Аз ин пашша фил сохтан лозим нест. Баръакс аз фили сабақ пашшаи авбошии тифлонро бояд сохт. Ва табиист, ки мубориза бо пашша осонтар аст.


Наҷмиддини Шоҳинбод
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97