"ПЕТУХ ЗАПЕВАЛ"; САДДОМ ҲУСЕЙН ИМОМ ШУД ё Симпозиуми байналмилалӣ ва тарҷумонҳои сатҳи маҳаллӣ

Иҷтимоъ 13.10.2009 13:18

СИМПОЗИУМИ БЕСОБИҚА ВА ШИНОХТИ

ВОҚЕИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Дар рӯзҳои баргузории Симпозиуми байналмилалии "Мероси Имоми Аъзам ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо", Душанбеҳр мизбони беш аз 500 нафар аз донишмандону чеҳраҳои саршиноси ҷаҳони Ислом гардид. Бешубҳа, ин сарбаландӣ барои миллати тоҷик ва ин сарзамин, ки меҳмонони гиромӣ низ муқаддасу муборакаш хонданд, бо ибтикори Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва баракати Соли бузургдошти Имоми Аъзам насиб гашт. Дар воқеъ, дар рӯзҳои мубораки баргузории Симпозиум васоити ахбори умуми кишвар, ба хусус шабакаи аввали телевизиони ҷумҳурӣ бисёр фаол буданд ва тавонистанд, ки мубоҳасаҳои саривақтӣ ва барномаҳои ҷолибро барои тамошобинон пешкаш кунанд.

Дар умум, Симпозиум ба таври бесобиқа баргузор гардид ва боиси он гардид, ки тоҷикон ва Тоҷикистон аз нав шинохта шаванд ва иншоаллоҳ, меҳмононе ки дар он ширкат карданд, пас аз бозгашт тоҷиконро ҳамчун мардуми бофарҳанг ва Тоҷикистонро ҳамчун сарзамини муқаддас муаррифӣ хоҳанд кард.

ПРЕЗИДЕНТ ЧЕҲРАИ МИЛЛАТИ ТОҶИКРО

ШОИСТАВУ БОИСТА НИШОН ДОД!

Яке аз дӯстони араб, ки дар Симпозиум ширкат дошт, пас аз баргузории он гуфт, ки ба бародарони араб ва умуман касоне, ки сӯҳбат доштам, ҳамагӣ аз суханронии Президенти кишваратон қадрдонӣ намуданд ва гуфтанд, ки дар воқеъ ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури арзанда ҳаст ва Тоҷикистон бо чунин Президент иншоаллоҳ ба дастовардҳои бесобиқаву ҳаётан муҳим ноил хоҳад гашт. Дигар гуфт, ки тоҷикон бо сифатҳои хуби инсониву исломие, ки ороставу перостааанд, воқеан пайравони ростини Имоми Аъзам ҳастанд. Ростӣ, ки бо шунидани ин ҷумлаҳо ба ниҳоят сарбаланд гаштам ва ба чанде аз дӯстон занг зада гуфтам, ки бо сиёҳ нишон додани чеҳраи тоҷик аз ҷониби душманони миллат ва бахусус фашистҳои рус мо беобрӯ намешавем ва номи бузургони зиндаёди сарфарози тоҷик, аз қабили Имоми Аъзаму Бухориву Муслиму Мавлонову Синову Хайём ва ҳиммати фарзандони барӯманди имрӯзи миллат чеҳраи воқеӣ ва озодаи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррафӣ хоҳанд кард.

ТАРҶУМАИ СУХАНРОНИҲО

Бо вуҷуди он, ки Симпозиуми байналмилалӣ дар сатҳи олӣ баргузор гардид, костагиҳое ҷой доштанд, ки ба зарурати тамом бидуни таъхир дар ҷашнҳои оянда бояд ва бояд ислоҳ шаванд. Ин ҳам бошад тарҷумаи суханрониҳо ба забони тоҷикӣ ва баръакс мебошад. Бо тақозои кор ва масъулиятҳое, ки дар рӯзҳои симпозиум доштам, танҳо фурсат даст дод, то соатҳои баргузории Симпозиум дар Кохи Борбадро тамошо намоям. Ҳама чиз олӣ ба назар мерасид. Пас аз суханронии Президенти кишвар, ки ба ниҳоят ҷолибу фарогир буд, навбат ба меҳмонон расид.

ТАРҶУМАИ ДУРУСТ

ВА ПАЗИРОӢ АЗ ОН

Суханронии Шайхи ал-Азҳар Муҳаммад Сайид Тантовӣ ба таври хело хуб тарҷума гардид ва шунавандагон аз он лаззат ҳам бурданд. Дар воқеъ мутарҷим хеле боҳушона ва дақиқ масъулияти тарҷумонии худро адо кард ва шунавандагоне, ки бо арабӣ ошноӣ доштанд, барои тарҷумон сипос гуфта, "ҳалолаш бод" гуфтанд. Офарин бар мутарҷим, ки кори худро ба некӣ анҷом дод ва гуфтаи паёмбари акрам (с)-ро ба ҷо овард, ки гуфта: "Ҳар гоҳ кадоме аз шумо кореро анҷом медиҳад, бояд он корашро ба некӣ иҷро кунад".

ТАРҶУМАҲОИ СИФАТАН ПАСТ

Ё ТАРҶУМОНҲОИ БЕТАҶРИБА

Ба истиснои тарҷумаи суханронии Шайхи ал- Азҳар, ҳар тарҷумае, ки он соатҳо дар Симпозиум амалӣ гардид, аз нигоҳи касбият дар сатҳи хело поин ва аслан гӯшхарош буд. Ду рӯз боз мехостам инро нагӯям, аммо ҳар гоҳ бо дӯстоне, ки ба тарҷума сарукор доранд, рӯ ба рӯ мешудам, ҳамагӣ шикоят мекарданд, ки наход "тарҷумонҳои касбӣ" чунин бошанд. Наход забондонҳои мо то ин ҳадд бетаҷрибаву бемасъулият бошанд. Наход онҳо шарм надошта, дар Симпозиуми байналмилалӣ, бо чунин сатҳи паст аз худ "тарҷумон" метарошанд. Наход ва находҳои дигар.

Аз онҷо, ки кори илмиам ба осори Имоми Аъзам бастагӣ дорад, то ҳадди имкон суханрониҳои дар Кохи Борбад тақдимшударо дар компутар сабт кардам ва мондам то ҳангоми навиштани рисола аз он дар мавқеъҳои лозим истифода намоям. Зеро ҳар суханроние дар ин симпозиум аз ҷониби донишмандону огоҳона садо медод. Пас аз норизоиятиҳои паёпайи дӯстон ва устодоне, ки пайваста ба тарҷума сарукор доштаанд ва ба қавли дигар аз тарҷумонӣ луқмаи ҳалоли худро пайдо мекунанд, тасмим гирифтам, ин навиштаро рӯйи сафҳа биёрам.

Дар зер якчанд лаҳзаро, ки тарҷумонҳои "синхронӣ" анҷом доданд ва гӯши шунавадагонро харошиданд, меоварем:

Мутарҷиме, ки тарҷумаи суханронии намояндаи Арабистони Саудиро дар Кохи Борбад анҷом медод, ҷумлаи зеринро барои иштирокчиёни Симпозиум ва беш аз 6 миллион бинандаи Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон ҳамчун "тарҷумаи тоҷикӣ" расонд: "Шукри неъматро гуфтан куфр аст ва онро ногуфтан куфр аст. Халқи тоҷикиро ман як муборакбод мегӯям". Шояд ҷаноби мутарҷим узр оварад, ки "дар шитоб" шудааст ва маслиҳати инҷониб он аст, ки агар худ онро "шитобзадагӣ" бидонад, шитобкорӣ аз сифоти мутарҷим нест ва агар аз мактаби тарҷумонӣ гузашта бошад, дар "Назария ва амалияи тарҷума" инро омӯхтааст. Мутаассифона, тарҷумае ки аз ҷониби он мутарҷим амалӣ шуд, ба ҳеч гуна меъёри забонӣ ва мантиқӣ ҷавобгӯ нест.

Дигар чиз, ки дар тарҷумаҳои он ҷаноби "мутарҷими синхронӣ" гӯшхарош буд, гӯиши ғайри тоҷикии Калимаҳои оқил, охират ва хотир буд, ки ба таври ОҚЛ, ОХРАТ ва ХОТР садо медод. Ҷумлаҳои зеринро низ ҷаноби мутарҷими мазкур аз арабӣ ба тоҷикӣ тарҷума намуданд:

"Имом Абӯҳанифа бо хусусияте фарқ мекарданд, ки нисбат дигар фақеҳони чоргона фарқ мекарданд, чунки Имом Абӯҳанифа ба аҳли паёмбар наздик буданд. … бар дасти чор ҳазор омӯхта буданд. Онҳое, ки зиёд медонистанд, кам медонистанд. Шогирд буданд дар назди саҳобагон ва ҳафт навъ саҳобагонро дида буданд. Аз ҷумлаи тобеъгон, аз ин рӯ аз ҷумлаи тобео шуморда мешаванд… дар назди наваду се тобеъ омӯхта буданд. ….Ва Имом Абӯҳанифа дунёю динро ҷамъ карданд. Чӣ тавре, ки дидем уно савдогар буданд. … чӣ тавр ин суратро ҷамъ карда тавонистанд: ҳам дин ҳам дунёро. Дар ин шахсият ҳар ду муқиф ба ҳамомад. Ин дунёю дин дар эшон ҷамъ омад".

Лутфан ҷаноби мутарҷими синхронӣ барои шунаванда тавассути ягон воситаи ахбори омма бифаҳмонад, ки ҳафт навъи саҳоба кадомҳоянд? Аз шогирд будан дар назди саҳобагон ҳоло чизе пурсиданӣ нестем.

Тарҷумони гиромиқадр, ки сатҳи забондониаш барои шунаванда маълум буд ва ба хонандаи закӣ маълум гардид, дар идомаи ҷараёни тарҷума боз гуфт: "Чӣ тавре бародарони аз ман пеш гуфта гузаштанд, Қуръонро дар як сот! мехонданд. Ва гоҳо пеш дар се сот(!) мехонданд".

Шояд "сот" ё "сол"-и ин мутарҷим барои мардуми як маҳал фаҳмо бошад, вале он дар забони адабии тоҷик, ки ҳамафаҳм бошад, қабулу роиҷ нест. Ба илова боз нуктаҳое дар тарҷума ҷой дошт, вале барои оқил як ишора бас аст.

Дар тарҷумаи суханҳои намояндаи патриархи Русия ба ҷойи тарҷумаи хуб зикри "ӯ" ё худ у-и дароз возеҳу фаҳмотар садо медод ва мутарҷим хело шитобзада буд. Рӯз, дӯстӣ, имрӯза, нӯҳ ва ин рӯз гуфта, мутарҷим идома дод: Тоҷикистони имрӯза ин давлатест, ки барои умуман муколамаи ҳамдигарфаҳмии мардум кӯшиш карда истодааст. Охир агар мавқеи ҳиссаҳои нутқ дар ҷумла дар ҳар забон муайян намебуд, пас грамматика ё худ сарфу наҳви забонеро омӯхтан чӣ зарурат доштааст?

"ҲАҚИҚАТ"-ҲОИ НАВИ ТАЪРИХӢ

Суханронии Алӣ ал-Хатиб - муовини роҳбари вақфи исломии Ироқ. Ҷаноби ал-Хатиб суханронии худро шурӯъ карда, пас аз паноҳ талабидан ба Худо аз шарри шайтони рондашуда, ҳамду санои Худоро гуфт ва бар паёмбару олу асҳоби ӯ дуруд фиристод. Сипас ба Ҷаноби олӣ президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳозирин салом гуфт. Дар ин муддат садои мутарҷим шунида намешуд. Танҳо дар баробари овози ҷаноби ал-Хатиб садои "мутарҷимҳои баргузида" тавассути телевизиони давлатӣ ба гӯш мерасид, ки мутарҷим мекофтанду яке аз онҳо "ҳамин дарундай" мегуфт. Шояд он лаҳза "арабидон" мекофтанд. Сипас шунида шуд; " … олимон, бародарон ва хоҳароне, ки дар ин ҷо ҳузур доранд, саломи моро лутфан пазиред". Ҷаноби мутарҷим пас аз ин сухани анъанавӣ, ки онро донишҷӯи соли аввал ҳам бояд бидонад, ба тарҷума идома дода гуфт: "Худои таоло гуфсодай гуфтааст дар китоби худ, ки эй касоне, ки имон овардаед ва онҳоро эҳтиром гузоред, ки ӯ ба онҳо илми бузург додаст".

Оре, ифодаи ҷаноби мутарҷим фаҳмида мешавад, аммо оё ҷоиз ва қобили қабул буда метавонад, ки тавассути телевизиони давлатӣ дар муҳимтарин маъракаи сиёсӣ бигӯем, ки ГУФСОДАЙ! Инсоф мебояд, инсоф. Аз нахустин матнҳои мавҷуд ба забони форсӣ, аз шеъри Рӯдакӣ то имрӯз чунин калимаҳо дар забон дохил нашуда буданд ва аслан дар қолиби вожасозии забони Рӯдакиву Фирдавсиву Айнӣ рост намеояд.

Ҷаноби мутарҷим дар давоми тарҷума илова намуд: "Барои мо бисёр фахр ва ҷиҳати ташаккур аст, ки ин чорабинӣ баргузор гардидааст. Ва мо бояд ба муқобили, ба муқобили, ба муқобили шахсиятҳое, ки мисли Абӯҳанифа ва бани Аббос буданд ва Абӯҳанифаҳоро куштанд, ба муқобили онҳо мубориза барем".

"Ҷиҳати ташаккур" аз ихтирооти ҷаноби мутарҷим ҳаст ва агар дар ояндаи наздик аҳли забон онро ба фонди забони тоҷикӣ ворид намоянд, қаблан мутарҷим-соҳибро ташаккур мегӯем. Кадом Абӯҳанифа кадом Абӯҳанифаҳоро куштааст(?), лутфан ҷаноби мутарҷим бояд ҳарчӣ зудтар инро исбот карда, дар китобҳои таърихи тоҷикӣ бинависад. Ё чунин як "ҳақиқат"-и таърихиро танҳо шумо медонед. Зиҳӣ забондони ихтироъкори таърихофар!

Дар идома мутарҷим мегӯяд; …ва дар он вақт Куфа пойтахти хилофати исломӣ дар даврони Умар Алӣ ибни Абитолиб буд. … Ва мо аз Абӯҳанифа таманнои онро дорем".

Кашфи шахсияти нав ҳатман аз ҷониби ҷаноби ал-Хатиб набуд ва мутарҷими мӯҳтарам онро ба бинандагон гуфт. Ҳамчунин мутарҷими ширинзабон аз Абӯҳанифа "таманно"-и чизеро дошт, ки агар худаш нафаҳмида бошад, банда ба ҳайси як шунаванда онро дарк накардам.

"ИМОМ САДДОМ"

ва "обод шудани рафтуомад" аз забони мутарҷим

Баъд аз муддате ҷаноби мутарҷими синхронӣ якбора нафасашро кашида, каме хомӯш монд ва гуфт: "Раҳмати мо ба ҳамаи онҳо бод"! Сипас боз каме хомӯш монда, ба такрор се бор мегӯяд: "Ҳозирини мӯҳтарам ва боз "дамаш" дарун меафтад. Боз мегӯяд: "Бародарон дар андӯхтани илм шарм накунед". Мутарҷим мегӯяд: "Мо бояд ҳамаи он чиро кунем, ки…. Номи факултеторе(!), ки номи Имом Саддомро дошт, факултети Имом Абӯҳанифа номидем. Имом Саддом! Ӯ дар кадом аср Имом буда, танҳо ҷаноби мутарҷим медонад. Вақте ироқии имрӯз тағйири чизеро аз номи Саддом мегӯяд, ҳатман Саддом Ҳусайн - президенти мақтули Ироқ дар назар аст, ки ҳаргиз Имом набуда!

"Ва ҳоло ҳукумати мо бисёр корҳоеро анҷом додаст, ки бародариву рафтуомад байни мо ва кишварҳои дигар обод шавад", - мегӯяд ҷаноби тарҷумон. Мӯҳтарам тарҷумон бояд бидонад, ки бародариву рафтуомад дар забони тоҷикии мо таҳким меёбаду тақвият. Ватан обод мешавад, замин обод мешавад, бародариву рафтуомад "обод" намешавад. Ростӣ, ки дигар шунидани тарҷумаи мутарҷимони баргузида аз ҷониби Кумитаи тадорукот хастакунанда буд. Як тарҷумони дигар, ки ба русӣ тарҷума мекардааст, фарёд кардани хурӯсро "петух запевал" тарҷума кардааст, ки аввал ханда меорад ва сипас ҳар миллатдӯстро ба хиҷолат мебарад…

НАСИҲАТИ ҲАМВАТАН БА МУТАРҶИМ

Агар касе ба дини мубини ислом эътиқод дошта бошад, мебояд гуфтаҳои паёмбари гиромӣ Муҳаммади Мустафо (с)-ро ба ҷой биорад. Яке аз аҳодиси сарвари коинотро дар аввали мақола ҳам зикр кардам ва ин ҷо ба такрор меоварам: Ҳар гоҳ касе аз шумо коре бикунад, бояд онро ба тамоми некӯӣ анҷом бидиҳад! Тарҷума кардан аз ҷумлаи корҳост ва ба некӣ анҷом додани он масъулияти мусулмонӣ ҳам ҳаст. Агар дар коре қудрат надошта бошӣ, лутфан масъулияти онро бар дӯш нагир ва бо соддагӣ бигӯй, ки ин кор аз дастам намеояд. Вассалом.

БА ҶОЙИ ОХИРСУХАН

Зиёд гуфтем, вале зарур мешуморам, ки якчанд ҷумлаи дигарро илова намоям. Шояд ин гуфтаҳо масъулини тадорукоти симпозиумро хуш наоянд, вале инҷониб аз ҳаққи мусаллами хеш медонад, ки дар ислоҳи хатоҳои нобахшиданӣ, ки ба имиҷи миллату давлати Тоҷикистони азиз зарба мезананду ҷубронпазир нестанд, саҳим бошам. Агар чунин иштибоҳҳо дар оянда ислоҳ нашаванд, ба гумон аст, ки дар симпозиумҳои дигар тарҷумаҳо ба чӣ наҳве хоҳанд буд. Агар тарҷума кардани "тарҷумонҳои моҳир"-и кишвар ба забони модарӣ, ки тоҷикӣ мебошад, дар ин сатҳи поин аст, пас тарҷумааашон ба забонҳои дигар чӣ гуна бошад? Худо аз он рӯз нигаҳ дорад, ки тарҷумонҳои мутахассисро ҳам аз беруни марзу кишваре дигар биорем.

Дар баробари ин бояд Кумитаи тадорукоти Симпозиуми байналмилалӣ бояд барои мардум бигӯяд, ки тарҷумонҳои баргузидаашро аз куҷо овардаву ба кадом роҳ онҳоро интихоб кардааст ва оё дастандаркорони он инро бемасъулиятӣ намедонанд? Оё онҳо намедонистанд, ки Симпозиум дар сатҳи байналмилалӣ ҳаст ва тарҷума ҳам бояд дар сатҳи олӣ сурат бигирад? Оё масъулини Кумитаи тадорукот намедонист, ки бештари мутарҷимҳо аз кишварҳои исломӣ ҳастанд ва бояд мутарҷимҳои арабӣ ҷалб шаванд? Ва дар ниҳоят чаро аз кормандони арабшиноси факултаи Шарқшиносӣ, ки муҳимтарин маркази таълиму омӯзиши арабӣ дар ҷумҳурист ва ҳатто китобҳои дарсии забони арабӣ аз мактаби миёна то сатҳи донишгоҳ дар онҷо таҳия ва таълиф мешавад, сарфи назар шуд ва ҳеч кадоме аз онҳо ҳатто барои волонтёрӣ ҳам даъват нашуд?

P.S. Пеш аз навиштани ин мақола як нафар аз дӯстонам дар бораи тарҷумаи баъзе суханрониҳо сӯҳбат мекарду гуфт, ки аз тоҷикии тарҷумашуда дида, ҳамон забонҳои хориҷӣ бароям фаҳмотар буданд. Як латифаи воқеӣ бо ин мазмун ба ёдам омад, ки як нафар тоҷикистониеро, ки аз тоҷикӣ хуб огаҳӣ надоштааст, дар Афғонистони ҳамсоя дар сӯҳбати ду генерал; яке афғонӣ ва дигаре рус мутарҷим мондаанд. Азбаски забони омехтаи ӯ ба афғон нофаҳмо буда, пас аз тарҷумаи ду-се ҷумла генерали афғон ба ӯ мегӯяд: "Ватандор, аз ин тарҷумаи тоҷикӣ, ки ту кардӣ, воллоҳ ки русишро беҳтар фаҳмидам".


Зоҳири ДАВЛАТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97