БА ЗАМИН НИГОҲ КУНЕДУ РОҲ РАВЕД...

Иҷтимоъ 12.10.2009 13:49

Амри воқеист, ки ҳар фарди солим, ватанхоҳу ватанпарвар ва баору номус Тоҷикистони азизро кишвари озоду пешрафта ва босубот аз назари сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ дидан мехоҳад. Алъон ба ин мақсад заминаи ҳуқуқию воқеӣ ҷиҳати эъмори давлати демократӣ, дунявию ҳуқуқбунёд гузошта шуда, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолият менамоянд. Дар ин раванд ислоҳоти соҳаи маориф, ҳадафи стратегии сиёсати давлат қарор дошта, ба рушди он афзалият дода шудааст.Ҷиҳати баланд бардоштани таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба меъёру талаботи стандарти таҳсилоти ҷаҳони муосир тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

Вобаста ба беҳдошти сатҳи сифати таълиму тарбия зина ба зина чораҳо андешида заминаи моддию техникии таълимгоҳҳо рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, дастгирию кӯмак, корҳои ободонию созандагӣ ва ғамхорӣ ба ин рукни пойдории давлату миллат аз ҷониби шахсони воқеӣ, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти дахлдор афзуда, рушду такомули он дар мадди назари Сарвари давлат қарор дорад.

Аз ин рӯ тарбияи насли оянда дар рӯҳияи арзишҳои меҳанпарастию миллӣ, вазифашиносу масъулиятпазир, дорои одобу хислатҳои ҳамида, маълумоти мукаммали касбӣ ва интиқодпазир, тарбия ёфтан аз оила то ба камол расидан, соҳиби маълумот гардидан, масъулияти бештарро тақозо дорад.

Боиси ифтихор аст, ки мактаббачагони тоҷик дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷоизаю ҷой мегарданд. Муассисаҳои таълимии сохти нав аз ҷумлаи гимназияю методҳо бо барномаю нақшаҳои мукаммали таълимӣ бо фарогирии кӯдакони болаёқат, омӯзгорони варзида фаъолият доранд. Мусаллам аст, ки на дар ҳамаи гӯшаю канори кишварамон шароит ва сифати таълиму тарбия ба талаботи имрӯза дар таълимгоҳҳо ба роҳ монда шудааст. Нарасидани омӯзгорони мутахассис, вазни иҷтимоии оила ба донишандӯзии хонандагон бетаъсир намемонад. Аз ин ҷост, ки сатҳи хониш ва маърифати хонандагон дар ҳамаи макотиб якхела нест.

Ноҳияи Дарвоз аз қадимулайём дорои мактаби хоси таълиму тадрисро доро буд. Аз ин сарзамин садҳо соҳибназарону соҳибдилон ба камол расидаанд. Алъон дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи кишвар, дастпарварони ин диёр, фаъолият менамоянд. Аз сарчашмаҳои хаттӣ маълум аст, ки дар ин сарзамин, илму фарҳанг ва касбу ҳунари мухталиф роиҷ буданд. Оҳану қоғаз ва дигар маҳсулоти рӯзгор тавлид мегардид.То кунун маҳсули косибони чирадасти ин диёр дар осорхонаҳои мактабҳо маҳфузанд.

Мақсади ёдоварӣ аз гузаштаи мардуми ин сарзамин ба хотири он аст, ки то кунун ҷанбаҳои неки педагогикаи илмӣ дар тарбияи озодагони оянда истифода мегарданд. Хоси мардуми кӯҳистон аст, ки ба тарбияи фарзанд, мактабу омӯзгор ва шогирду устод таваҷҷуҳи хос доранд. Ба вусъат бахшидани соҳаи маориф тамоми мардум назари нек дошта, бо ҷиддияти том муносибат менамоянд. Бинобар сабаб омӯзгорони варзидаю сарварони фидоию ғамхори соҳаи маориф эҳтироми умумиро соҳибанд. Дар як суханрониаш Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қайд карда буд: "Обрӯ, эътибор ва нуфузи ягон роҳбарро тавассути амру фармон баланд бардоштан нашояд, дар сурате, ки худи ӯ дилу нияти пок надошта бошад". Устодони соҳибэҳтиром, донандаи касби хуби омӯзгорӣ бе унвону гумном дар соҳаи маорифи ноҳия хеле зиёданд. Дар ноҳия дар давраи солҳои 2008-2009 аз мактаби таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 6115 (с.2009) нафар муҳассилин фаъолият намуданд. Теъдоди зиёди муассисаҳои таълимӣ ба хотири дурии масофаи байни деҳаҳои аҳолинишин ташкил карда шудаанд, то мушкили рафтуои талабагон ҳал шавад. Ин сарзамини рӯҳафзо бо таваҷҷуҳи хосаю дастгирии Сарвари давлатамон рӯз аз рӯз ободтару симояш зеботар мегардад.

Ба хусус баъди кушода шудани шоҳроҳи Кӯлоб-Зиғар корҳои созандагию бунёдкорӣ зиёд гардиданд. Тибқи барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз навсозии таъмиру тармими иншоотҳои соҳаи маорифи ноҳия идома доранд. Дар соли хониши 2008 ду мактаб ба истифода дода шуда, 6 бинои таълимӣ дар соли хониши 2009 бояд ба истифода дода шаванд. Инчунин сохтмони ягона кӯдакистони маркази ноҳия ба анҷом расонида мешавад. Бо дастгирии Вазорати маориф тайи ду соли охир хонандагони минтақаи Сағирдашт, имконияти иштирок карданро дар озмунҳои минтақаҳои Рашт ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ пайдо намуданд. Инчунин бо дастгирии Раиси ВМКБ мӯҳтарам Қодири Қосим лагери берун аз шаҳрӣ ташкил карда шуд.

Аз ҷумлаи 396 нафар хатмкунандагони мактаби таҳсилоти умумӣ дар соли 2008, 144 нафар ба мактабҳои олӣ ва 50 нафар ба коллеҷу омӯзишгоҳҳо дохил шуданд. Агар дар соли хониши 2007, 110 омӯзгор дар мактабҳои ноҳия намерасид, дар соли хониши 2008, ин теъдод ба 79 нафар коҳиш дода шуд. Зиёда аз 40 нафар омӯзгори тарки касб карда, вопас ба пешаи худ баргаштанд. Бояд тазаккур дод, ки нарасидани омӯзгорони соҳибмаълумот ба ҳаҷми барномаҳои таълимӣ бетаъсир намемонад.

Ҳамзамон пойгоҳи моддиву техникии на ҳамаи таълимгоҳҳо бо таҷҳизоту лавозимоти таълимӣ таъминанд. Кулли маводҳои таълимӣ, дар лабораторияҳои мактабӣ боқимондаи замони шӯравианд, ки корношоям гаштаанд. Мактабҳои ноҳия ба 32 омӯзгори фанни забони хориҷӣ, бахусус англисӣ ниёз доранд. Дар айни замон ҷиҳати ғанӣ гардонидани фонди ғайрибуҷавии таълимгоҳҳо чораҳои муассир андешида шудаанд. Истифодаи мақсадноки заминҳои назди мактабӣ ба роҳ монда шудааст. Таъмири ҷории биноҳои таълимӣ пурра бо дастгирии волидон дар зарфи 2 сол гузаронида шуд.

Шаффофият дар идоракунии мактаб ба роҳ монда шуда, робитаи волидон бо мактаб густариш ёфт. Назорати дохили мактабӣ пурзӯр карда шуда, иҷрои сифатии қарору фармонҳои соҳавӣ таъмин карда мешуд. Ҳолати санитарӣ- гигении таълимгоҳҳо беҳтар ба роҳ монда шуд. Тадбирҳои судманд ҷиҳати иҷрои қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон "дар бораи Маориф" Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар амру фармон ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ андешида шудаанд.

Дар мактабҳои ноҳия 21 синфи компутарӣ ва истифодаи 213 компутер ва 32 принтер мавҷуданд. Дар алоҳидагӣ таълимгоҳҳо омӯзиши фанҳои алоҳида пулакӣ ташкил карда шуданд. Қонуншиканӣ, зуҳуроти номатлуб аз байн бурда шуд. Потенсиали зеҳниро ба ҳисоб гирифта, машғулиятҳои иловагӣ ташкил карда шуданд, ки натиҷаи бебаҳс аст. Тайи 2 соли охир (2008-2009) мактаббачагони ноҳия, соҳиби медали тилло (аввалин бор), нуқра, биринҷӣ ва бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф сазовор гаштанд. Агар дар соли хониши 2008, 5 нафар хонанда дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ иштирок карда бошад дар соли 2009, 7 нафар иштирок намуд, ки ин далели ташкили машғулиятҳои иловагӣ бо кӯдакони шоиста мебошад. Сифати иштироки мактаббачагон дар чорабиниҳо, ҷалби духтарон барои идомаи таҳсил баъди гирифтани маълумоти асосӣ беҳбудӣ ёфт.

Алҳол150 нафар занони бомаълумот омӯзгор шуда кор мекунанд. Аз ин ҳафт нафар ба сифати директор ва 8 нафар ба ҳайси ҷонишини директорони мактабҳо кору фаъолият доранд. Бояд тазаккур дод, ки ҳанӯз ҳам проблемаҳо дар соҳаи маорифи ноҳия кам нестанд. То кунун маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон сохти мактабҳои нав бо набудани имконияти маблағӣ ва ҷой ташкил карда нашудаанд. Шароити китобхонаҳо ба талабот ҷавобгӯ набуда ҳамагӣ 2 толори варзиши мавҷуд мебошад. Дигар норасоиҳо ислоҳпазиранд. Маҳз ба мақсади беҳбудӣ бахшидан ба ҷараёни таълиму тарбия дар ин мӯҳлат дар (2008-2009) зиёда аз 45 фоизи сарварони таълимгоҳҳо иваз карда шудаанд,ки дар аксарияти онҳо тағиротҳо мусбӣ баамал омадаанд. Назорати доиммактабӣ беҳтар ҷараён гирифт. Талабот нисбати иҷрои Консепсияи миллии тарбия вазифаҳои хизматии омӯзгорон пурзӯр карда шуд. Умуман аз тарафи шӯъбаи маориф вобаста ба имкониятҳои мавҷуда, давра ба давра тадбирҳои муассир андешида шудаанд.

Мақсади нигоштани ин сатрҳо оид ба бурду бохти соҳаи маорифи ноҳия аз он иборат аст, ки дар нашрияи соҳавии рӯзномаи "Омӯзгор", ки баромади Вазири маориф, мӯҳтарам А. Раҳмоновро дар бораи ҷамъбасти фаъолияти соҳаи маориф дар соли 2008 ва вазифаҳо дар соли 2009 қайд гардида буд, ки фаъолияти шӯъбаи маорифи ин ноҳияро ба талаботи замон ҷавобгӯ набудан арзёбӣ намуд.

Баъдан ду бор аз тарафи масъулин вазорати маориф бадеҳатан назорат ва рафти таълиму тарбияро дар як таълимгоҳ ва шӯъбаи маориф санҷида, баъзе тавсияҳо ҷиҳати вусъат бахшидан ба кори таълиму тарбия ва ҷараёни иҷрои амру фармонҳои марбутаи соҳаро ба тариқи шифоҳӣ доданд, ки дар асоси онҳо шӯъбаи маориф чорабиниҳо таҳия намуда, ба таълимгоҳҳо фиристанд. Гузашта аз ин натиҷаи олимпиадаи мактаббачагон дар даври сеюм (ш. Хогуғ) изҳори нигаронии доварон ва роҳбарони гурӯҳи иштирокдорон (омӯзгорон) гашт. Ба хусус аз фанҳои математика ва таърих ва ҳуқуқ. Тариқи телефон ман ба роҳбари гурӯҳ (Атабеков Б.-омӯзгори мактаби №1) маслиҳат додам, ки апеллатсия навишта аз раёсати маорифи вилоят хоҳиш намояд, ки ақалан кори ҳамаи иштирокдоронро ба ӯ нишон диҳанд, аммо натиҷа ин шуд, ки ба хонандаи синфи 9 Ҳамидов Ш. А. бо 21 хол аз ҳама баландтар хол гирифта, ҷойи аввалро сазовор донистанд, аммо бо кадом асос корҳои ду нафар (синфи 10-11) хонандаро ба намояндаи шӯъбаи маориф нишон надода, ба қатъият шифоҳӣ изҳор карданд, ки манъ аст.

Ба хонандаи довталаб (синфи11) аз фанни таърих ва ҳуқуқ ҷой надода, тавсия доданд, ки омада дар Донишгоҳи ш. Хоруғ таҳсил намояд. Баъдан дар рӯзномаи "Омӯзгор" дарҷ гардид, ки хонандагони ноҳия дар олимпиадаи вилоятӣ дар ҷойи охирон қарор гирифтанд. Худ қазоват кунед, ки натиҷагирӣ аз иштироки мактаббачагони минтақаҳои Сағирдашт то ин давра ҷамъбаст нагардида буд.

Ба замми ин раёсати маорифи вилоят ҷараёни иҷрои Консепсияи миллии тарбияро дар муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳия бо қарори худ ғайриқаноатбахш баҳо дод. Дар ҳолате ки ман итминони комил дорам ва бо қатъият гуфта метавонам, ки ин ҳуҷҷати муҳим дар муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳия, нафақат дар вилоят, балки ҷумҳурӣ дар сатҳи намоён меистад. Ин муносибат ва ингуна арзёбии фаъолияти шӯъбаи маорифи ноҳия маро ба ёди ин мисраҳои нуктадоне андохт, ки:

Чун ғараз омад ҳунар пӯшида шуд,

Сад ҳиҷоб аз дил ба сӯйи дида шуд.

Ин тамоюл аз ҷониби мақомоти тарбияи ҳокимияти давлатии ноҳия барвақтар оғоз гардида буд, аммо ман аз Вазорати маориф умед ва боварӣ доштам, ки дар ҳимматгузорӣ ба фаъолияти дусолаи ман ба саҳву хато , ҳасаду ғараз роҳ намедиҳад, аммо ҳайҳот,об аз таги ях гузашта буд. Анқариб ҳар моҳ мақомоти ичроияи ноҳия ягон масъаларо оид ба кори соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор дода бештар аз нуқсону камбудиҳое, ки ҳалли он, кӯмаки сохтори иҷроияро тақозо доранд,ба души мудир зам менамуд.

Кор ба дараҷае шуд, ки дар ҳар як ҷаласа, Раиси ноҳия С. Мусофиров талабгори ягон "бозсозӣ, навсозӣ" гардида, норасоию нуқсонҳоеро ҷӯё мешуд, ки ин ба дили иштироккунандагон ва масъулини шӯъбаи маорифи ноҳия зада буд.

Инчунин изҳори нигаронии ман боз аз он афзуд, ки дар гузориши Вазири маориф дар маҷлиси Ҳукумати ҶТ (27.04.2009) қайд гардид, ки "сифати таълиму тарбия дар ноҳияҳои… (бисту се навоҳӣ) ба талабот ҷавобгу нест... Сатҳи азхудкунии дониш 47-49%-ро ташкил медиҳад…".

Бояд тазаккур дод, ки баъди фаъолияти ҳаштмоҳаи ман ба ҳайси мудири шӯъба Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, сифати таълиму тарбияро санҷида, азхудкунии дониши хонандагони мактабҳои ноҳияро 35-37% арзёбӣ намуда буд. Ҳол он ки ба ин баҳодиҳӣ ман розӣ шуда наметавонистам. Қобили қайд аст, ки дар мактаби ноҳия кам хонандагоне ёфт мешаванд, ки хондану навиштанро натавонанд.

Дар воқеъ дигар эътимодам ба баҳои воқеъӣ намонд, аммо шукронаи Аллоҳ, ки ман ҳеҷ мансабро тасодуфӣ ва бо василаю воситаи ҳеҷ "маъбуди тасодуфӣ" соҳиб нашудам. Мардум дар кадом вазифае, ки набудам, эътироф намуданд, ҷавобгӯи давру замона шинохтанд. Афсус, ки ҳаводиси замона корро ба ин сурат анҷом дод.

Ман ниёз ба таърифу муаррифӣ дар ноҳия надорам. Ба ҳар ҳол аз ибтидои сохтори давлатамон то ба имрӯз вобаста ба имконияту фаросатам дар вазифаҳои мухталиф сидқан фаъолият намудам. Сурату сиратамро мисли дигарон вобаста ба мурури вақт дар ҳар ранг ҷилло надодам. Итминони комил дорам, ки сохторҳои марбута муйро аз хамир зарур шавад, ҷудо менамояд. Сипеҳри баланду пасти ба ҳаркас давлат насиб мегардонад ва аз ин хотир ба ҳар амалу фаъолият бе манфиату хусумат арҷгузорӣ намудан фаросати олист.

Дар тули 33-солаи фаъолияти меҳнатиям дар ҷоддаҳои мухталиф ба ҳархел тоифа одамон сару кор доштам, аммо доимо аз мавқеъи ҳувияти миллӣ, арзишҳои давлат, роҳҳои ба даст омадани ваҳдату ягонагӣ ва таҳаммулпазирӣ муносибату рафтор намудам. Зиёд не, андаке ҳам бошад, хизматам дар таҳкими давлати қонунӣ ва рушди хоҷагии халқи ноҳия, бояд ба шумор рафта бошад. Фақат намояндагии тулонӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва имрӯз дар ВМКБ, баҳое ҳам бошад, аммо ин маънии онро надорад, ки ман аз нуқсону камбудиҳои шахсӣ ва дар фаъолияти хизматӣ ориям не, аммо ба ин матлаб лағжишро интизор набудам, чунки баҳодиҳӣ ба ман ҳадафмонанд шуд, лекин одамият аз норасоиҳо холӣ нест:

Вуҷуди хок аз санге ҷудо нест,

Вуҷуди оҳан аз занге ҷудо нест.

Хатоҷӯён хатои худ биҷӯянд.

Ба олам бехато ғайри Худо нест.

Мусаллам аст, ки "бозори меҳнат" қобилияти тоб овардан ба "зарба" ва мутобиқ шуданро ба нав пеш овардааст, аммо фаъолияти ман ба зарбаи корфармоён тоб оварда натавонист.

Манзурам ин аст, ба ҳидояти Сарвари давлатамон дар рузҳои иди Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд (н.Зафаробод) ба ваколатдорон: "боваратон кардам, ваколатҳоятон додам эҳтиёткор бошед, ба замин кадам монеду заминро нигаред…".

Мирзоалиев Мирзовалӣ, Собиқ мудири шӯъбаи маорифи

ноҳияи Дарвоз, мушовири хизмати давлатии дараҷаи 3


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97