АБДУҶАББОР РАҲМОНОВ: ИМКОН ДАСТ ДОД, КАМБУДҲОРО БАРТАРАФ МЕКУНЕМ!

Иҷтимоъ 08.10.2009 19:20

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маориф дар посух ба суоли хабарнигори "Миллат", ки чаро китобҳои дарсии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дорои хатоҳои зиёди имлоию услубианд ва оё шахсони масъул (муҳарирон ва муаллифон) барои ин иштибоҳот ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ё не(?), гуфт: "Нашриётҳо ҳангоми қабули дархост ба саросемагӣ роҳ дода, дар натиҷа китобҳои дорои хатоиҳои зиёди имлоиро нашр мекунанд. Ҳол он ки ҳар як нашриёт мебояд, ки муҳаррирони худро дошта бошанд ва чандин маротиба ҳар як китоби ба нашр мерасидаро мавриди таҳрир қарор диҳанд".

Агарчӣ вазири маориф гуфт, ки нашри китобҳои дарсӣ аз ҷониби вазорат назорат мешаванд, аммо мутаассифона ин камбудҳо ҷо доранд. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки пас чаро вазорати маориф, ки дархостдиҳандаю маблағгузор аст ва ҳуқуқи аз нашриётҳо талаб кардани сифати хуби китобҳоро дорад, ин амалро ба иҷро намеорад ва китобҳои пур аз хато дар истифода қарор доранд?

Ба ҳар ҳол вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов қайд намуд, ки дар нашри китобҳои дарсӣ камбудиҳо зиёданд ва дар ҳоли пайдоиши имконият он камбудҳо бартараф мешаванд.

Роҷеъ ба ҳолати ногувори мактабе дар ноҳияи Восеъ, ки дар нашрияи "Миллат" матраҳ шуда буд, вазир гуфт; "шахсан аз ҳолати ин мактаб огоҳ ҳастам, аммо бинобар нарасидани маблағҳои буҷа айни замон ҳали ин масъала имконнопазир аст". Вазир афзуд, ин ягона мактаб дар ҷумҳурӣ нест, ки дар чунин аҳвол аст ва ба ин монанд мактабҳо вуҷуд доранд.

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маориф, ки дар як нишасти матбуотӣ дар ҷамъи хабарнигорон ба суолоти онҳо посух мегуфт, аз зарурати танзими либоси омӯзгорон ҳимоят кард. Вазорати маориф қаблан чунин пешниҳодеро ба ҳукумат дар бораи ҷорӣ кардани либоси ягона ва риши кӯтоҳи омӯзгорон ироъа карда буд.

Абдуҷаббор Раҳмонов гуфт, то ҳанӯз ин масъала расмӣ нашудааст, вале замоне ки он пазируфта шуд, иҷрои он ҳатмӣ хоҳад буд. Вазири маориф афзуд, ки сару либоси ягонаи омӯзгорон дар асоси арзишҳои миллӣ ва исломӣ таҳия шудааст. Вазир гуфт; "чун мо мусулмонем, ришро иҷоза додем, риши икромиро. Риш бояд кӯтоҳ, тоза ва зебо бошад. Ман беш аз 50 ҳадиси паёмбарро дар мавриди риш, ҳиҷоб, хондам ва ҳангоми таҳияи ҳуҷҷати дастурамали сарулибоси ягона риши икромиро, ки паёмбари Худо гуфтааст, иҷоза додем".

Вазири маориф гуфт, ки ба занҳои омӯзгор ҳам истифодаи зиёди ҷавоҳирот ва пӯшидани матои ҷилодор маслиҳат нест. Ба қавли ӯ, дар аксари мактабҳои таҳсилоти миёна омӯзгорон ба сару либоси хеш чандон аҳамият намедиҳанд, ки ин ба фарҳанги омӯзгорӣ рост намеояд. Вазир дар ҳамин маврид бо ошуфтагӣ гуфт, дар минтақаҳо омӯзгорон ҳатто бо халат ба дарс меоянд ва бархе омӯзгорон бо баҳонаи он, ки об нест ва ғайра ба тозагӣ риоя намекунанд.

Вазорати маориф феълан интизори хулосаи ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар мақомоти зирабт дар мавриди муқаррароти сару либос ва риши кӯтоҳи омӯзгорон аст.


Муҳаммадсодиқи ПИРУМШОҲ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97