МАКТАБИ АСРИ Х ДАР АСРИ ХХI ё вазорате, ки дар ҳалли мушкилоти як мактаб оҷиз аст

Иҷтимоъ 26.09.2009 14:50

ҶАВОНИ ДЕҲОТӢ АЗ ШАҲРӢ ЧӢ КАМӢ ДОРАД?

Кӯдакон ё худ ҷавонон ояндаи миллатанд. Ин аксиомае мебошад, ки на танҳо солимақлон, ки камақлон низ онро дарк мекунанд. Сар аз роҳрӯб то вазирону шоҳонро мебояд сари ин мавзӯъ, яъне пешравии миллату ҷомеа новобаста аз кадом қавму миллат буданашон, пайваста андеша намоянд. Аммо Президенти Тоҷикистон чун нек медонист, ки на ҳама саритахтнишастагон ба дарки ин маънӣ мерасанд, аз ин хотир ин аксиомаро шиор кард.

Ҳамакнун ҳамин шиор дар ҳама ҷойҳои намоёни ҷамъиятӣ ва ҳатто роҳҳову роҳраву долонҳо овеза гаштаанд. Вале чӣ мегӯед, ки он ба ҷуз овеза гаштан, дигар тақрибан дар амал ҷорӣ нест. "Ҷавонон ояндаи миллатанд", аммо президент шояд фаромӯш карда бигӯяд, ки "кадом ҷавонон" ояндаи миллатанд. Ҷавонони шаҳрӣ ва ё рустоӣ ва ё умуман ҳамаи ҷавонон дар маҷмӯъ? Аммо раванди ҷо ба ҷогузорӣ ва ҳаёту зиндагонии худи ҷавонон, гузашта аз ин муносибату муоширати амалдорони давлатӣ бо эшон муайян менамояд, ки ояндаи миллат ва рушди давлат танҳову танҳо ҷавонони шаҳрӣ буда метавонанду бас. Инсоф кунед, пас ҷавони рустоӣ дар мадии назари кӣ бояд бошад? Оё ба назар намерасад, ки ҳамин ноадолатӣ, яъне ҷавони деҳотиро дуввумдараҷа донистану шинохтан барои пешрафти давлату миллат халал ворид месозад?! Бубинед, ҷавонони рустоӣ дар ҳама донишгоҳҳо агарчӣ шумораи хеле камро ташкил ҳам диҳанд, вале дар нисбати ҳамтоҳои шаҳрии худ донишу тарбияи хубтар доранд. Хуб, ин мавзӯи баҳси дигар аст, ки шояд баъдтар ба он пас мегардем. Аммо дар ин мақола мехоҳем нисбати кӯдакони деҳотие, ки дар давлати демокративу дунявӣ ба сар бурда, ба ҷуз худашон дигар ғамгусоре надоранду надоштанд. Мехоҳем дар бораи таълиму тарбия на, ки дар мавриди бепарвогии як Вазорати бузурге, ки мебояд мунтазам барои ин миллату ин давлат кадр тайёр намояд, Вазорати Маориф ва ҳам ҳукуматҳое, ки бо сад умед Президенти кишвар сарварии онҳоро ба шахсони бовариноки худ, ки воқеан дар ҳама маврид худашонро "бо камоли эҳтиром" намояндаи Президент муаррифӣ мекунанд ва ҳамин тавр ҳам ҳаст, сухан гӯем.

МАКТАБИ АСРИ Х ДАР АСРИ ХХ1

Гап сари як мактаби 60-солае меравад дар як рустои ба ном Саричашмаи ҷамоати Пахтакори ноҳияи Восеи вилояти Хатлон. Хонандаи закӣ ва мухлиси "Миллат" аллакай пай бурдааст, ки ин ҳамон ҷамоате мебошад, ки бо иллати силкасал будани сокинонаш дар ҳамаи кишвар, балки берун аз он ҳам ба истилоҳ машҳур гаштааст. Аммо ин маротиба мо тасмим дорем на дар бораи силу гирифторони он, ки дар мавриди аз гӯшаи хаёли вазирону вакилон, роҳбарони ҳукуматҳои маҳаллӣ ва вилоятӣ дур мондани ояндасозони миллат ҳарф занем. Вале пешакӣ гуфтанием, ки агар ба андешаи ҷанобон амалдорон ва давлатмардони миллат ояндаи миллат аз ҷавонону наврасони рустоӣ вобастагӣ надошта бошад, пас эшон ва ҳам хонанда метавонад дигар ба навиштаи мо назар наандозад. Аммо агар рустоиву деҳотӣ ҳам ояндаи миллат бошанд, пас…

Мактаби таҳсилоти умумии № 31-и ноҳияи Восеъ дар рустои Саричашмаи ҷамоати Пахтакор, воқеъ дар 30-километр аз маркази ноҳия, вале ҳамагӣ дар масофаи камтар аз 4-километр аз маркази шаҳри Кӯлоб, қарор дорад. Бояд гуфт, ки мактаб бо шумули наздики 30-тан аз муаллимон ва 1000-нафар хонандагон аз мадди назари масъулини ноҳия ва ҳам вилояти Хатлону гузашта аз ин, Вазорати Маориф тамоман барканор мондаанд. Бинои мактаб агарчӣ солҳои 50-уми асри гузашта бунёд гашта бошад ҳам, аммо ба назар мерасад, ки он бинои асрҳои 10 - 12 буда, танҳо барои осорхона нигаҳдорӣ мешавад. Вале дар асл, даруни хонаҳои гилину бӯйгин, ки фаршу бомашон ҳамагӣ андоваи тоҷикӣ доранд, пуропури мизу курсиҳои шикаставу фарсуда буда, болои он кӯдакони деҳот дарс мехонанд. Воқеан, хонандагони хуштолеъ дар ин биноҳо, ё худ синфхонаҳо ҷой мегиранд. Кӯдакони бетолеъ бошанд дар ҳавои кушод дарс мегузаранд. Ба иқрори муаллимон, ягон маротиба дар ин дарсҳои "ҳавои кушод" талабагон мавзӯи дарсиро аз худ накардаанд. Балки худи муаллимон ҳам ба якдигар халал расонида, дар баъзе маврид аз мавзуи фаннӣ берун гашта, аз мавзӯи ҳамтои ҳамсояи худ дарс мегӯяд.

Хонандагони 12 синфи ҳаштум ва даҳум бо шумули беш аз 300-нафар хонанда бо иллати нарасидани синфхонаҳо иҷборан мавсими таҳсилро дар майдони мактаб оғоз намуданд.

БӮҲРОНӢ ШУДАНИ ВАЪДАИ ВАЗИР

Ба шаҳодати Раҷабалӣ Қувватов, мудири қисми илмии ҳамин мактаб, бинои мактаб ҳанӯз солҳои панҷоҳуми асри гузашта бино ёфта, то ба имрӯз бо мушкилоти зиёде аз қабили чакидани бом, харобу чаппагардон шудани деворҳо, вайрону валангор гаштани фаршу бом ва ғайра, муҳассилинро ба дарс фаро гирифта меояд. Ба иқрори устод Қувватов, тақрибан ҳар сол деворҳои синфхонаҳо чаппа мешаванд ва хатари дарсгузаронӣ дар онҳо рӯз ба рӯз афзудан дорад. Дар мавриди вайрон ва қобили истифода набудани мактаб даҳҳо маротиба хативу даҳонӣ ба сарони ноҳия ва шӯъбаи маориф муроҷиат кардаем, аммо ҳамоно бенатиҷа. Ҷаноби Қувватов гуфт, раиси пештара Алимурод Тағоймуродов, ки ҳамакнун муовини раиси вилоят интихоб гаштаву фаъолият мекунад, аз ин мушкилот огаҳӣ дошт ва ҳар сол домонамонро бо ваъдаҳои фардо пур мекард. Раиси тозаинтихоби ноҳия Султон Валиев низ, ҳанӯз тобистон аз мактаб дидан карда, бо проблемаву мушкилоти мактаб аз наздик ошно гашт ва ваъдаи кӯмак намуд. Дар ҳақиқат ба харобии буҷаи маҳаллӣ нигоҳ накарда, раиси ноҳия севу ним ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷа барои таъмири мактаб ҷудо намуд. Бояд гуфт, ки ин маблағ хеле ночиз аст, аммо ба ҳар ҳол устодони мактаб аз иқдоми раиси ноҳия миннатгузоранд. Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Сайдалӣ Ҷалилов, мудири қисми илмӣ-тарбиявӣ, вазири Маорифи кишвар ҷаноби Абдуҷаббор Раҳмонов низ аз ҳоли зори устодону хонандагони мактаб ба пуррагӣ огаҳӣ дорад. Зеро баҳори ҳамин сол аз вазъи сохтмон ва биноҳои фарсудаи мактаб дидан карда, низ ваъда дода буд, ки ҳатман барои бунёди 8-синфхона маблағи пулӣ ҷудо хоҳад кард. Аммо баъди ду адад аз мактуби шикоятиву зораву илтиҷои маъмурияти мактаб, аз вазорати Маориф бо имзои вазир Раҳмонов ҷавобе омад, ки бо сабаби бӯҳрони иқтисодӣ ва камбуди маблағ, вазорат қудрати кӯмак ба ин мактабро надорад. Ҳол он, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва Президент Раҳмон ба бӯҳрони иқтисодиву молиявӣ нигоҳ накарда, барои маориф беш аз 65-фисад маблағгузориро зиёд намуданд. Яъне умеди устодон ва хонандагон аз вазорати ҷониашон ба якбор канд.

ҲУШ АЗ САРИ АФЗАЛОВ ПАРИД

Аммо ба бахти эшон, рӯзи 2-и сентябр раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов ба ҳамин мактаб сафар намуд ва баробари дидани ҳолати воқеии мактаб ба гумоне, "ҳуш аз сараш парид". Ҷаноби Афзалов супориш додааст, то ҳар чӣ зудтар барои таъмир ва барқароркунии мактаби мазкур чораҳои фаврӣ дида шавад. Аммо бо гузашти муддати зиёд кӯмаки раиси вилоят низ дар ҳаво чун абр боқӣ монд.

БА ДИҚҚАТИ ҶАНОБИ ВАЗИРИ МАОРИФ!

Муаллим Ҷалилов мегӯяд, ба ростӣ кас метарсад ки кӯдаконро ба синфхонаҳои дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, дароварда, дарс гузаронад. Ба иқрори ӯ, соли гузашта 4-синфхона ҳангоми гузаштани дарс чаппагардон гаштаанд ва хушбахтона нафаре осеб надида буд. Дар маҷмӯъ, 12-синфхона дигар ба талаботи дарсгузаронӣ ҷавобгӯ нест. Ҳангоме ки мо аз ин синфхонаҳо дидан кардем, ба ростӣ одам чӣ, ки ҳатто ҳайвонро дар он нигаҳ доштан нашояд. Аммо он чӣ ки кӯдаконро дар майдони мактаб субҳи барвақт дар ҳавои хунуки тирамаҳ нигаҳ дошта дарс мегузаронданд, аз ноилоҷӣ буд. Қисмате аз кӯдакон аллакай месулфиданду бо дастони ларзон аз хунукии саҳарӣ кӯшиши навиштан доштанд. Дар ҳамин ҳол, ба диққати ҷаноби Вазири Маориф расониданием, ки аҳолии зиёди рустои ин ҷамоат бо шумули Саричашмаву Раҳмонбердӣ, ки кӯдаконашон дар ана ҳамин мактаб дар ҳавои кушод дарсомӯзӣ доранд, гирифторони бемории силанд. Ва агар ин ҳолат ҳар чӣ тезтар пешгирӣ нагардад, хатари сирояти сил барои қисмати зиёди хонандагони "мактаби ҳавои кушод" таҳдид хоҳад кард.

МУАЛЛИМОН ДИГАР БА КАСЕ БОВАР НАДОРАНД!

Ҳанифамоҳ Каримова, муаллимаи синфҳои ибтидоӣ мегӯяд, вазири маориф ҳангоми аз ин мактаб дидан кардан, аз дониши хонандагон қаноатманд шуд, вале барои бунёд ва ё таъмири мактаб кӯмак кардан намехоҳад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи синфхонаҳо дар фаслҳои боришот мечаканд ва дар бисёр маврид хонандагонро рост монда дарс мегузаронанд. Воқеан, мо низ аз синфхонаҳо дидан кардем. Ман намедонам, ки ҷаноби Раҳмонов онҳоро бо кадом забон синфхона меномад, аммо ман онҳоро ҷуз оғилхона чизи дигаре наёфтам. Бону Каримова мегӯяд, дар фасли гармо даруни синфхонаҳо он чунон гардолуву пурчанг мешавад, ки кӯдаки бечораро лозим меояд қариб ҳар рӯз сару рӯву либос бишӯяд. Рӯзҳои боронӣ бошад, боми синфхонаҳо, ки мечакад, сару либоси бачаҳо пур аз лою хок мегардад. Аз ин хотир, мо муаллимон дигар аз талабагон талаби либоси тозаву озода карда наметавонем.

Дар охир, устодони мактаб гуфтанд, ки дигар ба касе бовар надоранд. Ду маротиба ба унвони Президент мактуб навиштаанд, вале, мегӯянд эшон, медонем ки онҳо то ба ҷаноби Олӣ нарасидаанд. Ба андешаи онҳо, ба ҷуз Эмомалӣ Раҳмон дигар касе ба доди тифлакону кӯдакони ин мавзеи силзада нахоҳад расид.


Аслиддин Достиев
махсус барои " Миллат"
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97