ХОҶА БОҒ ДОРӢ?

Иҷтимоъ 11.09.2009 16:21

Кишварҳои мутараққии дунё пеш аз ҳама таваҷҷӯҳи асосиро ба масоили таълим ва тарбияи насли ҷавон равона карда, дар ин маврид маблағхои калонеро масраф менамоянд. Ин кор ба он хотир карда мешавад, ки заминаи собит дар таълиму тарбияи толибилмон фароҳам биоваранд ва дар оянда битавонанд шахсиятҳоеро тарбия намоянд, ки ба дарди ҷомеъа ва мардум бихурад. Сохтмони макотиб, муҳайё намудани васоити таълимӣ яке аз рукнҳои асосии фарогирии толибилмон бо илм маҳсуб меёбад. Мутаассифона, аксари макотиби ҳамагонии деҳоти кишварамон ба ягон талаботе ҷавобгӯ буда наметавонад.

Имрӯз, ки соли нави таҳсил дар саросари кишвар оғоз ёфтааст, қисмате аз макотиби деҳот бо сабаби таъмир нагардидан ва ё сар-сарӣ иҷро шудани он, ҳолати риққатборе доранд. Махсусан мактабҳои деҳоти ноҳияи Балҷувон гуфтаҳои болоро тасдиқ мекунад. Агар нафаре ногоҳ аз назди бинои мактаби № 7 деҳаи Шаҳиди Бобохон, ҷамоати деҳоти "Тоҷикистон" гузарад, онро дидан замон фикр мекунад, ки ин ҷо ҳатман оғиле ва ё сарое ҳаст, ки барои нигоҳдории чорво сохта шудааст, ки онро ба ҳеҷ ваҷҳе наметавон мактаб гуфт. Мактаб аслан соли 1947 сохта шудааст, ки он вақтҳо ҳамагӣ даҳ синфхона дошт ва аз 60 нафар то 80 нафар хонандагонро ҷой дода метавонисту халос. Бинои мактаб хеле фарсуда буда, пойдевори сементӣ надорад ва наздик ба фурӯ рафтан аст. Ҳар як синфхона аз 15 то 18 метри мураббаъ масоҳат дошта, барои 8-10 нафар толибилмон пешбинӣ гардидааст. Имрӯз дар ҳар як синфхона аз 15 то 25 нафар хонандагон машғули таҳсиланд, ки рӯи ҳам дар синфхонаҳои тангу торик таълим мегиранд. Мизу курсиҳои мактаб ғайриқобили истифода буда, аз солҳои 1970 дастрас гардида буданд. Дар мактаби мазкур 220 нафар хонанда, 10 нафар омӯзгорон ва 8 нафар коркунони хоҷагӣ кор мекунанд. Боми бино бо шиферҳои солҳои 60-ум пӯшонида шуда, хеле кӯҳнаву фарсуда шудаанд ва ҷо-ҷо сурох гардида рехта истодаанд. Дар рӯзҳои борониву барфӣ ҳамаи синфхонаҳо мечаканд. Деворҳо қариб ҳамааш гаштагӣ ва дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Умуман мактаб дар шароити хеле бад қарор дошта ба ягон талаботи беҳдоштӣ ва бехатарӣ ҷавобгӯ буда наметавонад.

Бо супориши Президенти кишвар тамоми макотиби таҳсилоти умумии кишвар бо компутар таъмин гардида, махсус синфхонаҳои компутарӣ ихтисос дода шудааст, ки минбаъд толибилмон бо истифода аз технологияи муассир дарс биомӯзанд ва аз дастовардҳои тозаи дунё бохабар бошанд. Мутаассифона, синфхонаҳои компутарӣ бо ном вуҷуд доранд ва талабаҳо аслан аз истифодабарии компутар фарсахҳо дур мондаанд. Гузаронидани дарс дар синфхонаҳои компутарӣ ғайриимкон аст, зеро синфхонаи мазкур дар ҳолате қарор дорад, ки болои бомаш кандагӣ ва чӯбҳояш шикастагӣ мебошанд. Баъдан мутахассиси касбие дар таълиму омӯзондани барномаҳои компутар вуҷуд надорад ва агар бошад ҳам онро сарсарӣ медонаду халос. Роҳбарияти мактаб аз рӯи мақоли "Хоҷа боғ дорӣ?" амал менамоянд, ки дар шароити рӯз нобахшиданӣ аст.

Оид ба вазъи нобасомони мактаб ба раиси ҷамоъати деҳоти "Тоҷикистон", шӯъбаи маорифи ноҳия, ҷонишини раиси ҳукумати ноҳия мӯҳтарама Зоирова муроҷиат шуда бошад ҳам, то имрӯз тағйироте дар беҳбудии вазъи мактаб ба чашм намерасад ва чораи лозимие андешида нашудааст. Мактаб ба ҳамон мактаби кӯҳнаи замони аморати Бухоро монанд аст ва оддитарин шароите барои хонандагон вуҷуд надорад. Суоле пеш меояд, ки наход дар асри бисту як, ки замони кашфиётҳо ва технологияи пешрафта аст, мактабҳои мо ба чунин ҳол гирифтор бошанд? Чаро масъулини ноҳия, шӯъбаи маориф дар беҳбудии вазъи мактаби мазкур то ҳол чорае намебинанд? Тақдири фарзандони халқро ба дасти кӣ супоридаанд?

Вақте ки дар мактаб шароити оддитарини таҳсил вуҷуд надорад, толибилмро дилаш ҳаргиз ба таълим ҷӯш намезанад. Тасаввур кунед, ки вақте бача ба саҳнаи мактаб дохил мешавад ва аввалан бинои харобу валангорро мебинад, бешубҳа табъаш хира мегардад ва дарс хондан аз майнааш дур мешавад. Таассуроти равоние, ки бо дидани манзараҳои ҳузнангези мактаб бачаро фаро мегирад, ӯро ба мактаббезорӣ водор месозад ва мекӯшад, ки беҳтараш ба мактаб наояд ва кору бори хонаводагиашро анҷом диҳад. Аз ҳамин ҷо дарсгурезӣ ва бесаводии бача оғоз меёбад ва дар интиҳо сафи бекорон аз ҳисоби бачаҳое, ки ихтисосе ба даст наовардаанд, меафзояд. Аксари бачаҳое, ки бо айби роҳбарону масъулон ва дастандаркорони ноҳия пас аз хатми мактаб саводи комил гирифта наметавонанд ва ба макотиби олӣ ва ё касбие дохил шуда наметавонанд, бештар даст ба аъмоли номатлуб мезананд ва бо ҳамин сабабҳо теъдоди ҷиноёт меафзояд. Бадтар аз ҳама он аст, ки бо ин шаклу шева мо миллати солим тарбия ва ба воя расонида наметавонем.

Набояд фаромӯш кард, ки пойдевори пешрафту тараққии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар сурате агар мо онҳоро дуруст тарбия карда тавонем ва ба маҷрои дуруст раҳнамун созем, умед ба ояндаи дурахшон дошта метавонем. Мутаассифона, ба тарбия ва фарогирии таълими дурусти бача дар деҳот вақтҳои ахир аҳамияти кам дода мешавад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки аксари хатмкунандагони мактабҳо пас аз фориғ шудан аз таълим бо сабабҳои зикр гардида бесавод мемонанд ва ин худ як фоҷиаи миллат аст. Зеро бесавод кӯрест, ки тамоми умр ба роҳнамо зарурат дорад ва мисли ҳамон манқуртест, ки аз тарафи касе роҳбарӣ мегардад ва ихтиёраш дар дасти худаш нест.

Аз ин рӯ роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ, шӯъбаи маъорифи ноҳияи Балҷувон ва Вазорати маориф дар ҳалли ин масъалаи ниҳоят ҷиддӣ бояд аз паи тадбир шаванд. Бесавод гузоштани бача ҷинояти бузург аст ва мо ҳама баробар бояд дар ин масъала ҷавобгар бошем. Саводнок намудани мардум боиси пешрафту тараққии миллату ҷомеъа мегардад. Набояд ба саҳлангорӣ роҳ дод.

Ҷумъахон Достиев, Бошандаи деҳаи

Шаҳиди Бобохон


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97