РАҚОБАТИ НОСОЛИМИ БОЗОРИ ОРД ВА НОТАВОНӢ БАРОИ ЗАХИРАИ ГАНДУМ

Иҷтимоъ 25.08.2009 15:01

Дар анбор чӣ дорӣ деҳқон?

Бештари аҳолии вилояти Хатлон, ки ризқу рӯзии худро аз замин меёбанд, дар ҳамин шабу рӯз алаккай медонанд, ки ҳосили ғаллаи ба даст овардаашон то кадом моҳи соли оянда барои таъмини оилаи онҳо кифоят мекунад. Мардуми тоҷик, ки паёми зарурияти барои ду сол захира намудани ғалладона акнун, барояш мерасад, баъди ҷамъоварии ҳосили гандум, пушти сар мехоранд, ки чӣ бояд кард? Оё ҳосили имсолаи ғалладона барои таъмини як соли ояндаи оила бо нон кифоят аст? Оё пешниҳоди Президент оид ба захира намудани маводи ғизоӣ барои ду сол айни муддаост ё ин ки баръакс деҳқони тоҷик мусофири аз қатор қафомондаро мемонад.

Бо назардошти 2 млн 400 ҳазор нафар сокини вилояти Хатлон эҳтиёҷоти солонаи аҳолии вилоят ба маҳсулоти орд 360 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки бо истиснои заминҳои назди ҳавлигӣ ва секторҳои хусусӣ то 16-уми август аз 92,2 % заминҳои кишти гандуми сектори ҷамъиятӣ 345 721 тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ шудааст.

Тибқи иттилои Файзалӣ Маҳмадиев, сармутахассиси идораи кишоварзии вилоят имсол дар қаламрави Хатлон дар майдони 155115 гектар ғалладона кишт шудааст, ки 136 608 гектари онро заминҳои кишти гандум ташкил медиҳад. Кишоварзон мегӯянд, ки ин мавсим ҳосили ғалладона, ба хусус, гандум хуб шудааст. То имрӯз дар ҳудуди вилоят 368 041 тонна ғалладона ҷамъоварӣ шудааст. Ҳамчунин, имсол тибқи нақша дар майдони 100 ҳазор гектар заминҳои баъди дарави гандуми кишти такрорӣ роҳандозӣ шудааст. Кишоварзон тасмим гирифтаанд, ки имсол аз заминҳои ҳудуди Хатлонзамин 800 ҳазор тонна ғалладона ҷамъоварӣ намоянд.

ЗАХИРАИ ГАНДУМ ДАР ХОНА ИМКОН НАДОРАД

Дар ҳоле ки дар қатори сектори ҷамъиятӣ дар сектори хусусӣ низ ҳамин миқдор гандум ҷамъоварӣ мешавад, пас, метавон ҳосили аз ҳисоби сектори ҷамъиятӣ ҷамъоварӣ шударо дар анборҳо захира намуд. Оид ба захираҳои давлатии маҳсулоти ғалладонагӣ иттилое дар даст надорем, аммо дар вилоят ҳастанд анборҳое, ки метавон дар онҳо маҳсулоти ғалладонаро барои эҳтиёҷоти яксолаи аҳолии вилоят захира намуд.

Аҳолӣ имкони дар шароити хона захира кардани ҳосили гандумро доранд, аммо на барои ду соли оянда. Зеро дар ҳиссаи қитъаҳои замине, ки имрӯз дар ихтиёри деҳқонон ҳаст, ҳамон масоҳат гандум кишт карда шудааст, ки барои таъмини оилаҳо барои як сол кифоят мекунаду халос.

"ТАРАКА"-И ТАҶҲИЗОТИ КОМБИНАТИ ОРД

Дар қаламрави вилояти Хатлон якчанд комбинати истеҳсоли орд арзи вуҷуд дорад. Калонтарини комбинати орд дар миқёси Осиёи Миёна - Комбинати орди ба номи Абдумаҷид Ҳафизови ноҳияи Румӣ дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳар шабонарӯз 450-480 тонна орд истеҳсол мекард. Дар солҳои баъди нобасомониҳо дар кишвар таҷҳизоти комбинати мазкурро, ки қобили истифода буд, дастандаркорони вақт чун моли аз падар мерос монда "тарака" карданд. Баъдан шурӯъ аз солҳои 2000-ум корхона ба Ҷамъияти саҳомӣ табдил ёфт ва то имрӯз соҳибони кунунии он чунин корхонаи калонро бо иқтидори доштааш, кор фармуда наметавонанд. Дар анборҳои ин корхона барои захира намудани беш аз 100 ҳазор тонна гандум шароит муҳайё кардан мумкин аст. Аммо на ба мӯҳлати дарозо, зеро дар анборҳои табиати намноки мо баъди як соли нигоҳдории ғалладона, ҳатман бояд аз он орд истеҳсол намуд, зеро эҳтимол дорад, ки дар ин шароит ғалладона сифати худро гум кунад. Ҳамин тавр, аз куҷо беш аз 300 ҳазор тонна гандумро дастрас намудан ва чӣ гуна онро дар шароити мутобиқ барои ду сол нигоҳ доштан суолест, ки матраҳ мешавад.

ҲАМСОЯ АЗ ҲАМСОЯ РАНГ МЕГИРАД, МО ҲАМ АЗ УЗБАКИСТОН

Тибқи маълумоти оморӣ аз ҳосили имсолаи гандум эҳтиёҷоти яксолаи аҳолии вилоятро таъмин намудан мумкин аст. Оид ба эҳтимоли аз қаламрави вилоят содир намудани гандум ба берун аз вилоят ва хориҷи кишвар фарзияҳо гуногунанд. Ба гуфтаи Ҷумъахон Ашӯров, сардори раёсати иқтисодии идораи омори вилояти Хатлон гандуми дохилӣ дар хориҷ аз кишвар харидор надорад. Зеро деҳқонони хатлонӣ гандумро аз меъёр зиёд пазонида, баъд онро дарав мекунанд, ки дар ин ҳолат мағзи гандум хушк шуда, сифати орди аз он истеҳсолшуда ҷавобгӯйи меъёри бозори орд нест. Дар дигар кишварҳои Осиё гандумро дунбул медараванд, аз ин рӯ, орди он сафеду ширадор аст ва дар бозор чунин маҳсулот харидори зиёд дорад, - мегӯяд Ҷумъахон Ашӯров.

Аммо бештари мусоҳибони мо бовар доранд, ки дар баробари баланд шудани нархи гандум дар кишвари ҳамсоя - Ҷумҳурии Узбакистон арзиши орду гандум дар кишвари мо ҳам боло хоҳад рафт. Таҷрибаи соли гузашта дар хотирҳо нақш бастааст, вақте ки дар Узбакистон нархи равғани истеъмолӣ боло рафт, соҳибкорони ватанӣ низ нархи равғани маҳаллиро бечуну чаро баланд бардоштанд. Пас, оё метавон бовар кард, ки дар зимистони пешомад, агар нархи орду гандум дар кишвари ҳамсоя баланд шавад, ба бозори Тоҷикистон бетаъсир мемонад?

БОЗОРИ ОРДУ ШАКАР ДАР РАМАЗОН "ГАРМ" АСТ

Айни замон дар бозори маркази вилояти Хатлон як халта орд аз 90 то 105 сомонӣ ва 1кг гандум бо арзиши аз 90 дирам то 1 сомонӣ дар фурӯш аст. Қобили зикр аст, ки дар бозори Қурғонтеппа бо ташаббуси Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мағозаҳои кушодае низ арзи вуҷуд доранд, ки дар онҳо 1 халта орди истеҳсоли комбинати орди Кофарниҳон ба нархи 80 сомонӣ ба фурӯш бароварда шудааст. Иддае аз ордфурӯшҳои бозори шаҳри Қурғонтеппа шикоят ҳам доранд, ки агентии мазкур нарху навои бозори онҳоро "зада"-аст.

Дар ҳамин шабу рӯз бозори орду шакарфурӯшҳо гарм аст. Зеро мардуми навоҳии Хатлон аз рӯйи одати маъмулӣ дар арафаи моҳи шарифи рамазон ба хариди яклухти маводи ғизоӣ оғоз кардаанд. Аз ин рӯ, мардум ҳадс мезананд, ки охири ҳафтаи равон нархи бархе аз маводи ғизоӣ аз қабили ширу шакару равған боло меравад ва ин ба нархи орд низ бетаъсир нахоҳад монд. Дар таърихи 18-уми августи соли ҷорӣ дар бозори Қурғонтеппа нархи нон вобаста ба ҳаҷми он аз 60 дирам то 2 сомониро ташкил медод.

РАҚОБАТИ НОСОЛИМИ БОЗОРИ ОРД

Ҳамин тавр роҳи асосии захира намудани гандум ин дар ҳамин мавсим аз хориҷи кишвар ворид намудани маҳсулоти ғалладонагӣ ба хусус, гандум мебошад. Мутаассифона, дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар мо ҳаҷми воридоти гандумро ба дохили кишвар коста гардонидем. Албатта, сабаби асосии он камбуди молӣ мебошад, ки барои хариду ворид намудани гандум аз хориҷи кишвар маблағи зиёд лозиманд ва соҳибкорони ватании мо то ҳол чунин таҷрибаро аз худ накардаанд. Мушкили дуюм дар ин ҷода рақобати носолим аз ҷониби воридкунандагони орд ба қаламрави кишвар мебошад. Зеро ба ҳамагон маълум аст, ки воридоти орд ба дохили кишвар аз ҷониби гурӯҳҳои маҳдуд амалӣ гардида, на ҳар соҳибкори маҳаллӣ ба ин бозор ворид шуда метавонад.

ОМОРҲОИ ШАШРАҚАМА ВА АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

Ҳамин тавр, маҳдудияти дастрасӣ ба иттилоот оид ба воридоту содироти маводи асосии ғизоӣ, аз қабили орду гандум мавзӯйи таъмину захираи гандумро дар вилоят боз ҳам печидатар мегардонад. Зеро агар талаботи солонаи аҳолии вилояти Хатлон ба орду гандум 360 ҳазор тоннаро ташкил намояд, пас ҳосили ҷамъовардаи гандум дар вилояти Хатлон то нимаи дуюми моҳи август дар якҷоягии сектори ҷамъиятӣ ва аҳолӣ аз 500 ҳазор тонна зиёд аст. Дар баробари ин соле даҳҳо ҳазор тонна орду гандум тариқи нуқтаҳои гумрукӣ ба қаламрави вилояти Хатлон ворид мешаванд. Аммо боз ҳам дар шабу рӯзҳои тангдастӣ нархи орду гандум бесобиқа боло меравад. Ва боз шикоятҳо оғоз мешаванд, ки мо захираи кифояи гандум надорем. Шояд мо оид ба омори содироти маҳсулоти ғалладонагӣ аз қаламрави вилояти Хатлон иттилои дақиқро надорем.

ГАНДУМ ДАР РУСИЯ КАМ ВА ДАР ХАТЛОН ЗИЁД ШУД

Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ имсол Русия аз нақшаи содир намудани 23 млн тонна гандум ҳамагӣ имкони содир намудани 15-19 млн тонна гандумро дорад. Зеро ниёзи солонаи ин кишвар 75 млн тонна гандумро ташкил намуда, кишоварзони рус аз 107 млн тоннаи пешбинишуда, ҳамагӣ 87-92 млн тонна ҳосил ба даст оварда метавонанду халос.

Дар вилояти Хатлон имсол нишондиҳандаҳо зиёд мебошанд. Агар дар нимаи аввали моҳи август 368 041 тонна ҳосили ғалладона ҷамъоварӣ шудааст, ки ин 118% -и нақшаи солонаро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 153 809 тонна зиёд мебошад. Ҳамчунин, то имрӯз нисбати ҳамин давраи соли гузашта 148 836 тонна зиёд гандум ҷамъоварӣ шудааст. Пас, бо назардошти ҳосили баланди ғалладонагӣ ва воридотӣ метавон бовар кард, ки то ҳосили соли оянда нархи орду гандум, ба хусус, нархи нон дар бозорҳои вилоят боло нахоҳад рафт? Довари ҳақ вақт ҳаст!


Ҷамолиддини САЙФИДДИН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97