ҚОСИМ ҚОСИМОВ ПАХТАРО ИМСОЛ БЕ ДОНИШҶӮЁН МЕҒУНДОРАД

Иҷтимоъ 20.08.2009 15:18

Вазорати кишоварзӣ дар остонаи оғози маросими ҷамъоварии ҳосили пахта эълом кардааст, ки имсол ин амр бидуни ҷалби донишҷӯён сурат хоҳад гирифт. Масъулони Вазорати маориф низ изҳор доштаанд, ки фиристодани донишҷӯён ва устодони макотиб барои ҷамъоварии ҳосили пахта ба саҳроҳоро иҷоза нахоҳанд дод. Нарзулло Додобоев, сухангӯйи Вазорати кишоварзӣ гуфтааст, ки қарор аст, имсол ҳосили пахта бидуни кӯмаки донишҷӯён ҷамъоварӣ шавад. Вай афзудааст, ки Қосим Қосимов, вазири кишоварзӣ, ба масъулони ин вазоратхона дастур додааст, ки барои ҷамъоварии ҳосили пахта бидуни ҷалби донишҷӯён тайёрӣ бинанд.

Ба эътиқоди Додобоев, иҷрои ин амр дар бисёре аз навоҳии кишвар имконпазир аст. Вале ҷамъоварии ҳосили пахта бидуни нирӯи изофӣ дар Мастчоҳ ва Зафаробод, ду ноҳияи камҷамъият дар вилояти Суғд, душвор хоҳад буд.

Ба гуфтаи Додобоев, ин ду ноҳия дар муқоиса бо миқдори пахтае, ки парвариш мекунанд, ҷамъияти камтаре доранд ва ҳамасола танҳо дар сурати ҷалби донишҷӯён шароит барои ҷамъоварии ҳосили пахта фароҳам мешуд. Нарзулло Додобоев афзуд, ки дар ҳар сурат масъулони марбута роҳҳои ҳалли ин мушкилро пайдо хоҳанд кард.

Ноилшо Нуралиев, сухангӯйи Вазорати маориф, ба навбаи худ изҳор дошт, ки ин вазоратхона низ тасмим гирифтааст, дар соли ҷорӣ "ба ҳеҷ ваҷҳ" ҷалби донишҷӯён ба ҷамъоварии ҳосили пахтаро иҷоза надиҳад. Вай афзуд: "Тайи се соли ахир масъулони ин вазоратхона барои манъи ширкати донишҷӯён ва шогирдони мадорис дар корҳои саҳроӣ талош мекард, вале чандон муваффақ набуд." Ба гуфтаи Нуралиев, дар соли гузашта танҳо донишҷӯёни донишгоҳҳо дар вилояти Суғд ва Хатлон ба ҷамъоварии ҳосили пахта ҷалб шуда буданд, вале масъулони вазорати маориф тавонистаанд аз бурдани шогирдони мактабҳо ба заминҳои пахта ҷилавгирӣ кунанд.

Бо ин ҳол, дар як соли ахир аз мавориди гуногуни муҳокимаи афроди масъул ба ҷалби шогирдони мактабҳо ба "корҳои саҳроӣ" гузориш шуда буд.

Раиси ҷумҳури кишвар аз чанд сол пеш ба ин сӯ бар зарурати манъи ҷалби донишҷӯён ва шогирдони мактабҳо ба ҷамъоварии ҳосили пахта таъкид кардааст. Вале дар ниҳоят дастурҳои вай комилан иҷро намешуданд.

Дар оғози соли ҷорӣ низ Президент эълом карда буд, ки "аз ин ба баъд дар Тоҷикистон ҷалби донишҷӯён ба ҷамъоварии пахта бояд мамнӯъ шавад."

Ҷалби донишҷӯён ва шогирдони мактабҳо барои ҷамъоварии ҳосили киштзорҳо дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа аз замони Шӯравӣ ба ин сӯ амре маъмулӣ маҳсуб мешуд. Донишҷӯён ва шогирдони мактабҳо дар се моҳи тирамоҳ ба навоҳии мухталиф барои "кумаки довталабона ба кишоварзон" эъзом мешуданд.

Дар замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон солиёна то як миллион тон ҳосили пахта фароҳам мешуд ва ба ҷамъоварии он на танҳо донишҷӯёну шогирдони мактабҳо, балки кормандони корхонаҳо ва муассисоти дигари давлатӣ низ ҷалб мешуданд.

Вале баъд аз касби истиқлол ин рақам ба тадриҷ коҳиш ёфта ва дар соли гузашта кишоварзони тоҷик тавонистаанд танҳо ҳудуди 330 ҳазор тон пахта тавлид кунанд.

Ин дар ҳолест, ки аҳолии кишвар, бахусус дар деҳот рӯ ба афзоиш аст ва камбуди ҷойи кор дар кишвар аз мушкилоти аслӣ маҳсуб мешавад. Ва ба иттилои манобеи мухталиф, ҳамасола беш аз як миллион нафар аз мардуми Тоҷикистон барои ҷустуҷӯйи кор ба хориҷ аз кишвар, асосан, ба Русия, сафар мекунанд. Баъзеҳо муътақиданд, ки ҷамъоварии ҳосили пахта аз ин пас бештар ба дӯши занҳо вогузор хоҳад шуд.

Коршиносон мегӯянд, маоши каме, ки кишоварзон барои ҷамъоварии пахта дарёфт мекунанд, боиси камтаваҷҷӯҳии сокинон ба кор дар ин бахши кишоварзӣ шудааст.

Ба унвони мисол, порсол барои ҷамъоварии як килограм пахта кишоварзон 15 дирам дарёфт мекарданд. Дар соли ҷорӣ ҳанӯз арзиши пахтае, ки ҷамъоварӣ мешавад, эълом нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, давлати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, заминҳои кишти пахта дар кишварро коҳиш бидиҳад. Агар соле қабл дар Тоҷикистон дар масоҳати 237 ҳазор гектор пахта кишт шуда бошад, имсол ин рақам 70 ҳазор гектор камтар аз он шудааст.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97