"ИЛОҶ НАДОРӢ, ХУДАТРО БИКУШ"

Иҷтимоъ 18.08.2009 14:34

Дар пойтахти кишварамон, шаҳри Душанбе рӯзи 11 август дар як нишасти мақомот ва коршиносон масъалаи пайдо кардани роҳҳои ҷилавгирӣ аз худкушӣ баррасӣ шуд. Дар ин нишаст гуфта шуд, ки танҳо ҳалли масоили иқтисодӣ дар Тоҷикистон шароит барои ҷилавгирӣ аз афзоиши мавридҳои худкушӣ дар кишварро фароҳам хоҳад кард. Муҳаммади Ҳадязода, раиси Маркази тоҷикшиносии Тоҷикистон зимни суханрониаш дар ин нишаст гуфт, ҳарчанд хушунати хонаводагӣ, сатҳи пойини донишҳои ҳуқуқӣ ва густариши бемориҳои рӯҳӣ дар миёни мардум аз омилҳои аслии даст задани сокинон ба худкушӣ аст, вале бештари ин омилҳо ба масоили молӣ ё иқтисодӣ вобаста мебошанд.

М. Ҳадязода эътиқод дорад, ки афзоиши назарраси мавридҳои худкушӣ дар соли ҷорӣ дар миёни сокинони кишвар бо паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ва густариши фақр вобастагӣ дорад.

Дар ҳамин ҷойи нишаст расида будем, ки як ҳодисаи аҷиб ба хотирам омад, чун дар ин нишаст имкон надоштам онро изҳор кунам, мехоҳам онро бо хонандаи гиромӣ дар миён бигузорам. Ҳамроҳи як ҷавондухтари хешамон машғули тамошои сериоли ҳиндии "Замоне хушдоман ҳам арӯс буд" будем ва яке аз қаҳрамонҳои филм бону Тониё дар чаҳорсӯйи зиндагӣ ноилоҷу бечора ба он меандешид, ки чӣ гуна аз мушкил берун ояд. Ҳамин вақт хешдухтари мо ба кӯмаки қаҳрамони филм, ки дигар ҳузураш дар ин хонавода боиси хонавайронии дӯст ва ҳамсараш мешуд, шитофт ва қабл аз он ки қаҳрамон тасмим бигирад, ки чӣ бояд бикунад, нидо дардод: "Худта бикуш!" Гуфтам: Тоҷик танҳо як роҳро медонад: Худкушӣ!

Ҳамингуна қаҳрамони филм ба "маслиҳати" хеши мо гӯш накард ва "худша накушт" ва тасмим гирифт, то аз зиндагии дӯсташ канор биравад ва дар гӯшае аз ин шаҳр маскан бигирад...

Аммо тасмими хешдухтари донишҷӯямон маро ором намегузошт: "Худта бикуш!" Гуфтамаш: Чаро фикр кардӣ, ки илоҷи воқеа танҳо худкушист?! Гуфт: Аввалин чизе ки ба зеҳнам омад, ҳамин буд...

Фикр кардам, ки чун аксарияти мардуми мо дар фақру нодорӣ зиндагӣ мекунад ва васила ё маблағе барои тағйири шароити зиндагӣ надорад, аввалин андешае, ки бар зеҳнаш меояд; худкушист! Ва шояд ҳам омилҳои дигари торихии таъсиргузор дорад, ки гиреҳи онро бояд равоншиносон бикушоянд, ки мутаассифона чунин кадрҳоро кишвари мо надорад ва ё ҳам агар ки дорад хеле кам. Аз ин рӯ қабл аз он ки тасмим гирифта бишавад, ки реша ва омилҳои пайдоиши қасд ба ҷони ширин кардан кадом аст; равонӣ ё иқтисодӣ(?), бояд омилҳои равонии ин раванд мавриди омӯзиш қарор бигирад.

Мутаассифона, дар ин нишасте, ки ба хотири пайдо кардани роҳҳои ҷилавгирӣ аз афзоиши худкушӣ дар Тоҷикистон баргузор шуд, бештари намояндагони ниҳодҳои марбута ширкат надоштанд. Аз ин рӯ, фикр мекунам, бетаваҷҷӯҳии масъулон ва ҷомеа боис гаштааст, ки ин нишаст ва даҳҳо ҳамчунин нишастҳои баргузоршуда натиҷаи дилхоҳе намедиҳанд.

Зеро баргузоркунандагони ин нишаст, ҳатто, натавонистанд омори дақиқеро дар бораи теъдоди афроде, ки даст ба худкушӣ задаанд, дар ихтиёри ширкаткунандагон бигузоранд. Яъне набудани омори дақиқ дар ин маврид ва дар ҳамаи масъалаҳои дигар аз мушкилоти аслии Тоҷикистони азиз аст, ки бидуни ин омор хулоса кардан дар масоиле бар мушкил меафзояд.

Аммо Маърифат Шокирова, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи кишварамон, ки дар ин нишаст ширкат дошт, гуфт, ки раванди худкушӣ дар ҳоли афзоиш аст ва ниҳодҳои давлатӣ барои ҷилавгирӣ аз он чораҳое анҷом медиҳанд. Барои мисол М. Шокирова гуфт, ки Кумитаи кор бо занон ва оила дар бисёре аз ноҳияҳои кишвар марказҳои кӯмакҳои равонӣ таъсис додааст. Бино ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар миёни афроде, ки даст ба худкушӣ мезананд, теъдоди занон бештар аст, ҳарчанд то ду сол қабл дар ин омор шумори мардҳо бештар будаанд. Ин масъули Кумитаи кор бо занон ва оила афзуд, ки ҳоло ба марказҳои кӯмакҳои равонии ин ниҳод теъдоди зиёде аз мардҳо низ муроҷиат мекунанд, ки мавриди хушунат аз сӯйи занони худ қарор мегиранд.

Дар ин нишаст гуфта шуд, ки соле қабл дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон 540 нафар худкушӣ кардаанд, аммо дар панҷ моҳи имсол танҳо дар вилояти Суғд 153 нафар ва дар вилояти Бадахшон ҳудуди 15 нафар худкушӣ кардаанд.

Дар ҳамин маврид Даврон Муҳаммадиев, як пажӯҳишгари масоили худкушӣ дар кишвар, иддаои бархе аз соҳибназарон мабнӣ бар баланд будани мизони худкушӣ дар вилояти Суғдро рад кард. Ба гуфтаи вай, дар тамоми кишварҳои ҷаҳон мизони худкушӣ дар пойтахтҳо дар муқоиса бо манотиқи дигар бештар аст. Вай гуфт: "Душанбе дар миёни пойтахтҳои кишварҳои дигар наметавонад истисно бошад. Мушкил ин аст, ки иттилоъ дар бораи мизони худкушӣ дар шаҳри Душанбе пахш намешавад." Ӯ афзуд, ки дар Тоҷикистон дарёфти иттилоъ дар бораи теъдоди воқеии афроде, ки даст ба худкушӣ мезананд, ғайримумкин аст.

Ӯ мисол овард, ки ҳар моҳ ба Маркази осебдидагон аз сӯхтагӣ дар шаҳри Душанбе ҳудуди 15-20 нафар бонувоне ворид мешаванд, ки аз тариқи худсӯзӣ даст ба худкушӣ задаанд, вале онҳо маъмулан ба унвони афроди осебдида аз оташсӯзӣ сабт мешаванд. Ба гуфтаи Д. Муҳаммадиев теъдоди аслии шахсоне, ки дар Тоҷикистон даст ба худкушӣ мезананд, 4-5 маротиба бештар аз омори расмӣ аст. Вай мегӯяд, ки худкушӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои пешрафта, ба мушкили доғе дар ҷомеа табдил шудааст. Масалан, дар Русия ва Финландия мизони худкушӣ ҳудуди 60 нафар дар миёни сад ҳазор аз аҳолии ин кишварҳо аст. Вале дар Тоҷикистон, тибқи омори расмӣ, ин рақам ҳудуди 6 нафар барои ҳар сад ҳазор нафар ҷамъият аст. Ҳамчунин дар ин кишварҳо барномаҳои вижаи давлатӣ барои коҳиши худкушӣ дар даст гирифта шудааст. Ҳатто, дар Узбакистон дар ҳар ноҳияе марказҳои ироаи хадамоти ҷилавгирӣ аз худкушӣ таъсис дода шудааст, ки дар онҳо маъмулан равоншиносон фаъолият мекунанд. Ӯ мегӯяд, ки Тоҷикистон аз чунин шароит бархурдор нест, зеро дар кишвар танҳо ҳудуди 45 нафар равоншинос боқӣ мондааст. Гузашта аз ин, то ҳол дар Тоҷикистон дар заминаи таҳқиқи омилҳои худкушӣ пажӯҳиши вижае анҷом наёфтааст.

Ба гуфтаи Д. Муҳаммадиев, соли 2004 раиси ҷумҳури кишварамон, ҳатто, дар бораи аз саргирии тадбирҳое барои ҷилавгирӣ аз афзоиши худкушӣ дар кишвар фармоне содир карда буд, вале то ҳол дар мавриди иҷрои он ҳеҷ талоши ҷиддие сурат нагирифтааст.

Маърифат Шокирова, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оила гуфт, ки соли 2007 дар ин замина аз сӯйи як созмони ғайридавлатӣ дар панҷ ноҳия пажӯҳише анҷом шуда буд. Ҳамакнун Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон ният дорад, бо кумаки молии созмонҳои байналмилалӣ дубора чунин як пажӯҳише анҷом бидиҳад.

Аммо тибқи иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ дар соли 2008, 540 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 56% онро аз ҷумлаи бонувон ташкил медиҳад. Соли 2007 шумораи мардҳои ба худкушӣ даст зада аз бонувон бештар будааст.

Дар ҳамин нишаст зикр гардид, ки яке аз омилҳои фош нашудани сабабҳои ҳодисоти худкушӣ, ҳамкорӣ надоштани наздикону пайвандони қурбониёни ин амал бо мақомоти интизомӣ ҳангоми таҳқиқи ҳодиса мебошад.

Ба ҳар сурат худкушӣ як падидаи наву имрӯзӣ нест, аммо дар асри мудерн, дар ҳоле ки инсоният ба арш роҳ пайдо кардааст, пайдо кардани омилҳои худкушӣ як гоми гӯшношунид нест. Дар нишасти рӯзи 11 август низ бештари ширкаткунандагон яке аз омилҳои аслии даст ба худкушӣ задани мардум, ба хусус, занонро марбути масоили иқтисодӣ донистанд.

Ва ман ҳам вақте ин матлабро мехостам ба поён расонам, боз ба хотирам хешдухтари донишҷӯям расид ва дубора ба ӯ рӯ оварда пурсидамаш, ба ҳар ҳол хулосаат чист, вақте қаҳрамони филм ба гуфтаи ту амал накард. Гуфт: Тоҷик, ки пул надорад, ҷуз худкушӣ дигар чӣ чора дошта метавонад...

Аз ин метавон хулоса кард, ки агар омилҳои равонӣ яке аз сабабҳои худкушист, аммо омили иқтисодӣ низ дар ин замина нақши умда дорад. Ва шояд ҳам онҳое, ки барои илоҷи воқеа сармояе дар ихтиёр дошта бошанд ва битавонанд аз мушкил фосила бигиранд аз ҷумлаи муҳимтарин омил аст, ки метавонад ҷони чандин касонро бираҳонад. Ҳамчунин, аксарияти низоъҳои хонаводагӣ бар асари ҳамин мушкилоти молист, ки чанд хонавода дар як хона истиқомат мекунанд ва табиист, ки на ҳамаи узви он бо ҳамдигар созиш карда метавонанд. Ва дар натиҷа оне, ки аз ҷиҳати молӣ камбуд дорад, аз сӯйи дигар узви хонавода мавриди хушунат қарор мегирад.

Ба баррасии ин мавзӯъ мо бархоҳем гашт.

Ситораи Саъдон

Ин матлаб бо дастгирии Бунёди ҷамъиятии "Перспектива+" нашр шудааст



Ситораи Саъдон
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97