НАСЛИ "ЁШЛАР" ВА ДОҒЕ ДАР ҲАРИМИ "ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!"

Иҷтимоъ 17.08.2009 14:32

Ё мафҳуми "Тоҷикистони азиз!" аз маҳалаи

"Сементзавод" то бозори Корвон бошад?

Раиси вилояти Хатлон дар ҷамъи фаъолони ин вилоят иброз медорад, ки вазъи матбуоти вилоят дар ҳоли табоҳ қарор дошта, бархе аз ҳафтаномаҳои маҳаллӣ ба моҳномаю ҷашнномаҳо табдил ёфтаанд. Холмурод Раҳмонов, муваффақтарин аз раисони ноҳияҳои вилоят ва раиси ноҳияи Шаҳритус эрод мегирад, ки пахши барномаҳои телевизиони вилоятии ТВ-Хатлон дар ноҳияи Шаҳритус қатъ гардида, мардум аз ҳаводиси вилоят ва пешрафту тараққиёти дигар ноҳияҳо бехабар мондаанд.

Сокинони рустои ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон шикоят аз он доранд, ки сифати пахши барномаҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон паст буда, мардум ба тамошои шабакаҳои телевизионии Ҷумҳурии Узбакистон бештар майл ва одат кардаанд ва онҳо аз таблиғоти идеологияи давлатии кишвари ҳамсоя об мехӯранд.

МУШКИЛОТИ МУЗОФОТ

ВА ЗАЪФИ ҲУКУМАТ

Чунин ба назар мерасад, ки дар марказ барои таъмини фазои иттилоотӣ ва ҳифзи маънавиёти мардум аз идеологияи бегона дарку ҳалли масъалаҳои воқифгардонии аҳолии дурдасти кишвар аз рӯйдоду воқеаҳои кишвар, ақлу иродаи созандае мавҷуд нест.

Аммо баъди инъикоси як хабар оид ба муваққатан қатъ гардидани пахши барномаҳои ТВ-Хатлон, ки рӯзи 4-уми август соати 16:32 дар расонаҳои интернетӣ пахш гардид, маълум шуд, ки "агар дастгоҳ ба кор дарояд" ҳар гуна мушкилӣ дар кутоҳтарин муҳлат ҳалли худро меёбад. Яъне ҳамон шом барои пахши барномаҳои ТВ- "Хатлон" аз нав иҷозат дода шуд. Пас, оё метавон хулоса баровард, ки ин масъулин хотири халқ не, балки аз нанги худхоҳӣ ҳамагуна мушкили иҷтимоиро ҳаллу фасл карда метавонанд.

ДАР ФАЗОИ КӮҲСОРОН…

Холигии фазои иттилооотии навоҳии дурдасти вилояти Хатлон як масъалаи ҳалталабе маҳсуб меёбад, ки солиёни дароз боз мавриди баҳсу мунозираи зиёиёну рӯшанфикрон қарор дорад. Ва имрӯз то одитарин фарди навоҳии ҷанубии кишвар, ки асолати худро гум накардааст, аз таъсири идеологияи бегона ба мафкураи мардуми минтақа изҳори ташвиш доранд.

Доир ба таъмини фазои иттилоотии вилоят бо барномаҳои радио ва телевизионҳои кишвар Саидшо Пиров, сардори Маркази интиқоли мавҷҳои радио ва телевизионии №4-и вилояти Хатлон иброз медорад: "Бинобар он ки водиҳои аҳолинишини вилояти Хатлон дар байни кӯҳпораҳо ҷойгиранд, барои таъмини пурраи аҳолии вилоят дастгоҳҳои бешумори мавҷпахшкунанда лозиманд. Айни замон дар тамоми минтақаҳои Хатлонзамин 129 адад фиристандаҳои мавҷҳои радио телевизионӣ насб карда шудаанд, ки тавассути онҳо 97,7 % аҳолии вилоят барномаҳои шабакаи аввали Тоҷикистонро тамошо карда метавонанд. Телевизиони "Сафина"-ро 89,4% аҳолӣ, ТВ-"Баҳористон"-ро 89,8% ва ТВ "Ҷаҳоннамо"-ро бошад 60% аҳолии вилояти Хатлон метавонанд тамошо кунанд.

МУШКИЛИ МОЛӢ ДАР ТВ-"ХАТЛОН"

Дар мавриди фаъолияти телевизиони вилоятии "Хатлон" Саидшо Пиров гуфт, ки баъди дастраст намудани фиристандаи мавҷҳои телевизионӣ ва таъмини ТВ-"Хатлон" бо шабакаи мустақил ҳамагӣ 15 шаҳру ноҳияи вилоят барномаҳои онро тамошо карда метавонанду халос. Барои пахши мавҷҳои телевизиони мазкур дар тамоми қаламрави Хатлонзамин 12 фиристандаи телевизионӣ ва ҳамин миқдор хатҳои радио - реле лозим аст, ки маблағи умумии ин таҷҳизот 2 млн 13 ҳазору 829 сомониро ташкил медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки қарзҳои ТВ- "Хатлон" дар назди Маркази интиқоли мавҷҳои радио ва телевизионии №4-и вилояти Хатлон ҳудуди 170 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Зимни сӯҳбат бо Шералӣ Саидов, иҷрокунандаи вазифаи директори Раёсати телевизион ва радиои вилояти Хатлон маълум гардид, ки баъди як шабонарӯз қатъ гардидани пахши барномаҳои телевизиони мазкур онҳо бо масъулини Маркази интиқоли мавҷҳои радио ва телевизионии №4 (МИМРТ) ба мувофиқа омада, пахши барномаҳои телевизиони мазкурро аз нав оғоз кардаанд. Мавсуф иброз дошт, ки роҳҳои дарёб ва пардохти маблағҳои қарзӣ омӯхта шуда истодаанд ва телевизиони вилоятӣ аз фаъолият боз нахоҳад монд.

Ба гуфтаи Саидшо Пиров ТВ- "Хатлон" ӯҳдадор шудааст, ки қарзҳои дар назди МИМРТ №4 доштаашро дар давоми аз моҳи августи соли ҷорӣ то декабри соли 2010-ум пурра падохт намояд. Қарзи асосии телевизиони вилоят аз ҳисоби 1 хати радио- реле мебошад, ки маблағи он 86 ҳазор сомонӣ буда, барои пахши мавҷҳои телевизиони "Хатлон" дар қаламрави вилоят аз ҷониби маркази мо насб карда шуда буд.

ИДЕОЛОГИЯИ БЕГОНА ВА ТАШВИШҲОИ МАРДУМӢ

Ҳамин тавр, дар даврони мушкили молӣ фазои иттилоотии Хатлонзамин қисман холӣ боқӣ мемонад ва дар навоҳие бо тақозои замон мардум аз барномаҳои телевизионҳои кишварҳои ҳамсоя ғизои маънавӣ мегиранд. Ҳанӯз ду сол пеш Сайфиддин Садриддинов, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус изҳори нигаронӣ дошт, ки аз ғизои фарҳангии маркази ҷумҳурӣ бебаҳра мондаем ва дар зери таъсири фарҳанги бегона қарор дорем. Ба гуфтаи ӯ, дар ноҳияи Шаҳритус бештар мавҷҳои радио ва телевизионҳои Ҷумҳурии Узбакистон минтақаро фарогир буда, мардумро зери таъсири фарҳанги бегона тарбият доранд.

Дар ноҳияи Носири Хусрав ҳамин сол фиристандаи мавҷҳои телевизионӣ насб карда шуд, ки акнун аҳолии ноҳия метавонанд лоақал шабакаи аввали Тоҷикистонро тамошо кунанд. Ба гуфтаи Ҳаким Каримов, раиси ноҳия бидуни таъмини фазои иттилоотӣ рушду тараққиёти ноҳия ва баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа имконнопазир аст. Аммо барои расонидани мавҷҳои дигар телевизионҳои ҷумҳурӣ, аз қабили, "Сафина", "Ҷаҳоннамо" ва телевизиони "Баҳористон" ба ноҳияи Носири Хусрав вақт ва маблағҳои дигар лозиманд. Ин аст, ки имрӯз фазои иттилоотии ноҳияро дар қатори як телевизиони ватанӣ 3 шабакаи телевизионҳои ҷумҳурии Узбакистон пурра мекунанд. Қурбонмат, як сокини ҷамоати "Фирӯза"-и ин ноҳия бо таассуф мегӯяд, ки "мо дар Тоҷикистон зиндагӣ кунем ҳам, бисёртар шабакаҳои дигар кишварро тамошо мекунем, баъд ин ба зиндагии мо таъсир намерасонад?

"ЁШЛАР" НАСЛИ НАВ "ТАРБИЯТ" МЕКУНАД

Дар ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав мардум шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистонро тамошо карда метавонанд, аммо дар баъзе аз деҳот мардум барои баланд бардоштани маънавиёти кӯдакону наврасон, ба тамошои барномаҳои телевизионҳои "Сафина" ва "Баҳористон" ниёз доранд. Падару модаронро бештар тарбияи маънавии кӯдакони хеш ба ташвиш меоварад. Зеро шабакаи аввал барои тамошогарони хурдсол барномае надорад ва кӯдакон бештар телевизиони "Ёшлар"-и Узбакистонро тамошо мекунанд.

Тоҷикистон сарзаминест, ки дар байни кӯҳсорон ҷойгир аст.

ХАТЛОН УРУПО НЕСТ

Агар як фиристандаи мавҷҳои телевизионӣ ними Урупоро бо барномаҳои як шабакаи телевизионӣ таъмин намояд, пас дар ҳар водии аҳолинишини вилояти Хатлон як фиристандаи мавҷҳои телевизионӣ лозим аст, то ин ки мардум барномаҳои як шабакаи телевизиониро тамошо карда тавонад. Дар минтақаҳои дурдасти кишвар таъсиси шабакаҳои радио ва телевизионҳои маҳаллӣ ба мақсад мувофиқ аст. Айни замон дар баробари ТВ- "Хатлон" дар минтақаҳои алоҳида телевизионҳои "Мавҷи Озод" Ширкати телевизион ва радиои мустақили "Қурғонтеппа", ТВ-"Кӯлоб" фаъолият мекунанд. Аммо мавҷҳои ин телевизионҳо фарогири тамоми ҳудуди вилоят нестанд. Мутаассифона, нируҳои тиҷории минтақа то ба ҳанӯз моҳияти таъсиси ВАО-и мустақили маҳаллиро дарк накардаанд.

Ҳанӯз чанд сол пеш сару садоҳо дар мавриди таъсиси радиоҳои маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилоят баланд садо медоданд. Аммо бо гузашти вақт мушкили гирифтани иҷозатномаи пахш ҳавсалаи ташабускоронро пир карду мавзӯйи таъмини амнияти иттилоотии минтақаҳои ҷанубии Хатлон ба умқи фаромӯшӣ рафт.

ТАДБИР ЧИСТ?

Бо муҳити маънавии ноҳия¬ҳои дурдасти вилояти Хатлон ошно шуда, суханҳои чанд сол пеш гуфтаи як муҳоҷири кории рӯшанфикру босавод ба хотир меояд, ки гуфта буд: "Мо бештар ба рушди иқтисодиёт диққат додему, ба баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа аҳамият намедиҳем. Ин хатои бузург дар пешрафти ҷомеаи шаҳрвандии мо таъсири манфии худро мерасонад. Ва то замоне, ки мо маънавиёти ҷомеаро баланд набардорем, дар рушди иқтисоди кишвар ба комёбӣ ноил нахоҳем гашт".

Воқеан, холигии фазои иттилоотӣ дар қисмате аз ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон дар баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёту маънавиёти ҷомеа таъсири манфии худро дошту дорад. Инҷо бо як суол матлаби худро ба анҷом мерасонем:

Мӯҳтарам масъулин, чӣ бояд кард, то дар дурдастарини деҳаи кишвар ҳам, чун рустоие нуқтаи "пулт"-и телевизионашро пахш намояд, аз он садои барномаҳои тоҷикӣ танинандоз бошад?

Ё дар фаҳми мо ҳам ибораи "Тоҷикистони азиз" маънои аз маҳали "Сементзавод" то бозори Корвонро дошта бошад?


Ҷамолиддини САЙФИДДИН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97