ТАФАККУРИ ИСТЕЪМОРЗАДА

Иҷтимоъ 08.07.2009 14:17

Дар даҳсолаҳои баъдӣ насли дуввуму сеюми Шӯравӣ худро бо ҳуввияти советӣ дарёфта, СССР-ро барои худ чизе бегона намедонистанд, вале барои нухбагоне, ки ҳанӯз ба арзишҳои миллӣ ва динӣ пойбанд буданд, СССР ҳамоно бегона боқӣ мемонд. Аз ин сабаб, дастгоҳи амниятии он низ барои онҳо ҳамчун дастгоҳи амниятии бегона боқӣ мемонд, зеро онҳоро барои доштани ақидаи миллӣ ва диниашон таъқиб менамуд. Ҳатто, дар солҳои 60-80-ум, ки гӯё СССР комилан собиту устувор шуда буду дигар касе мухолифи он набуд, КГБ-и СССР садҳо нафар аз зиёиёну рӯҳониёни дигарандеш, аз ҷумла, тоҷиконро ё зери таъқиби худ дошта ва ё "кашф" намуда ба ҷазо кашида буд.

Ҳамин тариқ, КГБ-и СССР, хусусан, барои миллатҳои маҳаллии Шӯравӣ, ҳамчун дастгоҳи бегонаи таъқибкунандаи арзишҳои миллӣ ва динии онҳо боқӣ мемонд. Аз ин сабаб, ҳамкорӣ бо он навъе ҳамкорӣ бо бегонагон фаҳмида шуда, ҳамеша тобиши манфӣ мегирифт.

Сониян, худи КГБ-и Шӯравӣ низ барои тасаллути комил бар ҷомеа ва саркӯби ҳамагуна рӯҳияи дигарандешӣ аз равишҳои тарсафкане истифода менамуд, ки ин амал навъе тасаввури қудрати қоҳиру ҷобирро дар зеҳни ҷомеа бар ҷой мегузошт. Аз як сӯ, истифодаи равишҳои таъқибу шиканҷаву муҷозоти бераҳмона ва тарсафкании психологӣ боис шуда буд, ки навъе ҳароси умумӣ дар баробари ин ниҳод ба вуҷуд ояд, аз сӯйи дигар, истифода аз шабакаи васеи ҷосусию хабарчинӣ боис шуда буд, ки дар зеҳни ҷомеа тасаввури ҳамадонӣ ва ҳузури ҳамаҷоии КГБ ташаккул ёбад. Аз баски шабакаи пинҳони хабарчинии ин ниҳод дар умқи ҷомеа реша давонда буд, мардум ҳамеша эҳтимол медоданд, ки дӯсташон, ҳамсояашон, ҳамкорашон ҷосуси хабарчини КГБ-и Шӯравӣ бошад.

Албатта, инсофан бояд гуфт, ки бо вуҷуди дар ҷомеаи мо ва умуман, дар сатҳи ҷаҳонӣ вуҷуд доштани як тасаввури бисёр даҳшатнок дар бораи КГБ-и СССР, ҳамаи воқеияти ин ниҳоди машҳур чунин манфӣ набудааст. Масалан, КГБ бисёр вақт ҳамчун намунаи касбияти баланд, вафодорӣ ба вазифаи хидматӣ, тартибу интизоми олӣ ва огоҳию тавоноиҳои фавқулодда низ шинохта мешуд. Бисёре аз кормандони он ба шиори машҳури ин ниҳод, яъне "дасти пок, дили гарм ва сари сард" дар ҳақиқат содиқ буданд ва умуман, КГБ яке аз ниҳодҳое буд, ки дар он беҳтарин мағзҳо ва истеъдодҳои кишвари Шӯравӣ ҷамъ омада буданд. Баъзан, ҳатто дар мавридҳои содир шудани беадолатӣ аз сӯйи ниҳодҳои ҳизбию давлатии Шӯравӣ ҷабрдидагон ба КГБ ҳамчун охирин даргоҳи адолат умед мебастанд. Дар кул, тибқи навиштаи муаллифи китоби машҳури "Даҳ афсона дар бораи КГБ" (А.Север, "Десять мифов о КГБ", Москва: Эксмо-2009), ки худ аз ходимони касбии баландпояи ин ниҳод будааст, на ҳамаи овозаю бофтаҳо дар бораи КГБ ҳақиқат дошта, дар кул, афсонабофӣ ва даҳшатпароканӣ дар атрофи ном ва фаъолияти КГБ, ҳатто ҷузъи барномаҳои душманони Иттиҳоди Шӯравӣ дар даврони ҷанги сард будааст.

Аммо, ба ҳар ҳол, тавре ки гуфта шуд, ҳамин ду нуқтаи муҳим тасвир ва имеҷи КГБ ва умуман, ниҳоди амниятиро дар зеҳни ҷомеаҳои миллии Шӯравӣ манфӣ ва манфур намуда буд:

1.Бегона будан ва таъқиби арзишҳои сиёсию милливу динии мардум.

2.Даҳшатнок будан ва ба роҳ гузоштани ҷосусии ҳамагон бар зидди ҳамагон.

Ва мутаасифона, ин равиши кори амнияти Шӯравӣ дар зеҳни ҷомеаҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла, ҷомеаи мо низ ду мероси шум гузошт: яке табиати ҷосусию хабарчинӣ, дуюм, нафрату ҳарос аз дастгоҳи амниятӣ. Вале ин воқеиятҳо хосси даврони Шуравӣ ва дастгоҳи амниятии Шӯравӣ буд.

Аммо имрӯз Тоҷикистон кишвари мустақил буда, манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои олии он комилан мустақил ва мушаххас мебошад. Ин воқеияти навин ҳама чизро тағйир дода, аз ҷумла, худи мафҳуми амният, омилҳои таҳдидкунанда ба он ва омилҳои ҳифзи онро низ дигар намудааст. Акнун, на ҳамаи чизҳое, ки барои амнияти Шӯравӣ "хатар" буданд ва ниҳоди амниятии Шӯравӣ онро таъқибу пешгирӣ менамуд, барои Тоҷикистон хатар ба ҳисоб меояд. Ҳатто, баръакс, баъзе арзишҳое, ки дар замони Шӯравӣ барои низоми Шӯравӣ таҳдид ва хатар ба ҳисоб меомад, имрӯз арзишҳои олитарин ва пояҳои суботу амнияти кишвари мо ба шумор мераванд. Масалан, андешаи давлати миллии тоҷикон ва истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар он замон аз тарафи КГБ-и СССР ҳамчун таҳдиде ба амнияти Шӯравӣ таъқиб ва маҳкум мешуд, вале имрӯз яке аз вазифаҳои аслии дастгоҳи амниятии мо маҳз ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Ё агар дар давраи Шӯравӣ тарғиби забон, мазҳаб ва дигар арзишҳои миллию динии мо ҳамчун миллатгароӣ ва ҷудохоҳӣ баҳо меёфт, имрӯз ин арзишҳо пояҳои ваҳдат ва амнияти ҷомеаи моро ташкил медиҳанд. Хулоса, дар даврони истиқлолият ҳам мафҳуми амнияти миллии мо, ҳам нишондиҳандаҳо, ҳам омилҳо ва ҳам роҳҳои ҳифзи он комилан тағйир ёфтанд.

Яъне, акнун, кумитаи амнияти миллии Тоҷикистони мустақил он КГБ-и СССР нест, ки барои мардуми тоҷик ва барои манфиатҳои миллии тоҷикон бегона бошад ва арзишҳои он аз арзишҳои ин миллат фарқ бикунад. Акнун, моҳият ва вазифаи дастгоҳи амниятии Тоҷикистон комилан дигар буда, ин ниҳод пеш аз ҳама ҳимоятгар ва посдори манфиатҳо ва арзишҳои давлатӣ, миллӣ ва динии худи мардуми Тоҷикистон аст. Ин таҳаввули бисёр муҳим бояд на танҳо дар зеҳни худи ниҳоди амниятӣ, балки дар зеҳни ҳар олиму зиёию фарҳангӣ ва дар зеҳни ҳар шаҳрванди кишвар низ ба вуҷуд омада бошад. Аз ин рӯ, ҳар касе, ки имрӯз давлатдории миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои олии миллии Тоҷикистонро арзишҳо ва муқаддасоти худ меҳисобад, ниҳоди амниятии Тоҷикистонро низ ниҳоди наздик ва ҳамсӯйи худ ва ҳомии арзишҳои худ меёбад, балки ҳомии худ мебинад. Касе, ки бо ин арзишҳо арзиш қоил аст ва ҳуввияти худро бо онҳо таъриф мекунад, аз ниҳодҳои амниятии Тоҷикистони мустақил на танҳо эҳсоси фосила ва ҳарос намекунад, балки дар ҳарчӣ бештар дарк шудан ва ҳифз гаштани ин арзишҳо бо ин ниҳод ҳамкорӣ мекунад.

Хулоса, пас аз касби истиқлолияти давлатӣ, бо тағйири мафҳуму омилу арзишҳои амниятии мо худи мафҳуми ҳамкорӣ бо ниҳодҳои амниятӣ низ тағйир ёфтааст. Акнун, кор ё ҳамкории як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ниҳодҳои амниятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънии комилан мусбат дошта, на танҳо хиҷолат нест, балки масъулият ва ифтихор аст. Ба ҳар ҳол, агар мо миллӣ ва давлатмардона фикр бикунем, маҳз чунин аст. Зеро агар ҳадаф ва вазифаи ҳамаи ҷомеа ҳифзи арзишҳо ва муқаддасоти зикршудаи миллӣ бошад, пас ҳамкорӣ бо кумитаи амният аз ҳамкорӣ бо вазорати маориф ё вазорати фарҳанг ё вазорати саноат ҳеҷ фарқе надорад ва агар ҳадаф якест, ҳамааш ифтихор аст.

Албатта, ба хотири он, ки тибқи тафаккури истеъморзада гумон наравад, ки ин мақола ҳам бо фармоиш навишта шудааст (дар бораи ин навъи тафаккур поинтар мегӯем), банда самимона эълон мекунам, ки шахсан ҳаргиз бо ниҳодҳои амниятии кишвар ҳеҷ робитае надоштаам ва ҳатто бо касе аз онҳо ҳаргиз рӯ ба рӯ нашудаам. Вале ҳамчунин, бо сароҳат эълон менамоям, ки агар дар самти ҳифзу таҳкими амнияти миллии кишвар дар доираи ихтисосам коре аз дасти ман биёяд, онро ҳатман анҷом медиҳам. Масалан, дар сурати зарурат, метавонистам ҳамчун сиёсатшинос ва диншинос дар такмили донишу огоҳиҳои сиёсии кормандони ин дастгоҳ, таҳияи барномаву стратегияҳои сиёсии марбут ба амнияти миллӣ, дарки боз ҳам амиқтари падидаву равандҳои сиёсӣ аз сӯйи онҳо саҳмгузор бошам.

Ман инро на ҳамчун паём ё эҳтиёҷи корӣ мегӯям, зеро ман ҳам кору ҳам машғулияти кофӣ дорам, балки маҳз ба хотири он изҳор мекунам, ки он қолабу тасаввури бисёр нодуруст ва боқимонда аз давраи истеъморӣ, ки гӯё ҳама гуна ҳамкорӣ бо ниҳодҳои амниятӣ боиси хиҷолат бошад, бишканад ва мо бо сари баланд бо ниҳоди амнияти миллии худ ҳамкорӣ бикунем. Ин матлаб хусусан, барои ҳамкорони банда дар соҳаҳои сиёсатшиносӣ, ҷомеашиносӣ ва равоншиносӣ бисёр муҳим аст, зеро аз ин назар тақвият намудани дастгоҳи амнияти миллии кишвари худ як вазифаи миллӣ ва шаҳрвандии мост.

Агар барои дарки беҳтари ин масъала, ба воқеият ва таҷрибаи кишварҳои қудратманди ҷаҳон рӯ оварем, мушоҳида мешавад, ки, баръакс, дар ин ҷомеаҳо бузургтарин мутафаккирону сиёсатшиносону сиёсатмадорон маҳз барои тақвияти амниятии кишвари худ ва дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои амниятии кишварашон ҷиддитарин назария, доктрина ва консепсияҳои илмию сиёсии худро ироа намудаанд. Масалан, оё бузургтарин зиёӣ ва мутафаккири сиёсии Русия Евгений Примаков, ки собиқаи тӯлонии кор дар ниҳодҳои амниятӣ ва ҳамкории наздик бо онҳо дорад, аз "амниятӣ" будани худ дар хиҷолат аст? Оё роҳбарони дараҷаи аввали Русия чун В.Путин, И.Иванов, С.Иванов, С.Грызлов, С.Степашин ва ғайра, ки собиқ ходимони соҳаҳои амниятӣ будаанд, акнун, бояд хиҷолатзада бошанд? Ё устодони андешаи сиёсӣ ва назарияпардозони бузургтарини сатҳи ҷаҳоние чун Б.Бзежинский, Г.Кесенҷер, М.Фуку, С.Ҳантингтон ва ғайра, ки тафаккури нави ҷаҳониро самт додаанд, аз решаҳои амниятӣ ва ё робитаҳои наздики худ бо дастгоҳҳои амниятии кишвари худ шарм медоранд? Ҳаргиз не. Баръакс, дар ҷомеаҳои пешрафтаи қудратманд зиёиён ва мутафаккирони муҳимми сиёсӣ робитаву ҳамкорӣ бо ниҳодҳои амниятии кишвари худро комилан табиӣ ва мусбат пазируфта, онро навъе ифтихор ва масъулият низ медонанд. Баъзе марказҳои машҳури илмии давлатӣ ё хусусии Амрико ва Аврупо бо ниҳодҳои амниятии кишвари худ дар бораи ба ин ниҳодҳо ироа намудани тарҳу ташхису таҳлилҳои ҷиддии коршиносӣ шартномаҳои расмии ҳамкорӣ имзо намуда, аз ин ҳисоб даромадҳои калоне низ ба даст меоранд.

Аммо дар ҷомеаҳои заифи истеъморзада, на танҳо мардуми оддӣ, балки зиёию сиёсатшиносу ҷомеашинос низ аз ҳамкорӣ бо ниҳодҳои амниятии кишвари худ хиҷолат кашида, аз ҳамдигар "амниятӣ" гуфта меҳаросад ва дар лаҳзаҳои зарурӣ ин тамғаро дар муқобили ҳамдигар ҳамчун сахттарин тӯҳмат истифода мекунад. Ин воқеият бори дигар истеъморзада будани тафаккури ҷомеаи моро нишон медиҳад ва ҳарчӣ зудтар раҳо шудан аз он барои тақвияти амнияти миллии мо бисёр муҳим аст.

Чун сухан аз тағйири моҳияти мафҳуми амният ва тағйири маънои ҳамкорӣ бо дастгоҳи миллии амниятӣ рафт, зикри чанд нуктаи дигар зарур мебошад:

1.Тавре, ки зикр шуд, кумитаи амнияти давлатии Шӯравӣ арзишҳо ва манфиатҳои давлатии Шӯравиро ҳимоя мекард ва ин арзишҳо барои бисёре аз халқу миллатҳои узви Иттиҳоди Шӯравӣ бегона буданд. Илова бар ин, чун ҳукумат дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба тадриҷ ба ҳукумати як синф ва сипас ҳукумати як ҳизб ва як гурӯҳ ва гоҳо ҳукумати як шахс табдил шуда буд, дастгоҳи бузурги амниятии Шӯравӣ низ дар хизмати ин гурӯҳ ва шахси ҳокими мутлақ қарор мегирифт. Яъне, дар бисёр маврид чунин менамуд, ки он на кумитаи амнияти давлатӣ, балки кумитаи таъмини амнияти гурӯҳ ё шахси ҳоким буд ва ҳокимро аз мардум ҳимоят мекард.

Намунаҳои ба дастгоҳи таъмини амнияти шахси ҳоким ё таъмини амнияти хонаводаи ӯ табдил шудани ниҳоди амнияти миллӣ ва ба хотири ҳифзи ҳукумати ӯ ба таъқибу тазйиқи мардум рӯ овардани он дар таърихи башарӣ бисёр будааст. Масалан, дастгоҳҳои амниятии Олмони фашистӣ, Ироқи даврони Садом Ҳусейн ё Ирони шоҳаншоҳӣ чунин моҳиятро гирифта буданд. Ин дастгоҳҳо дар муқобили мардуми худ қарор гирифта, фақат ба хотири таъмини ҳукумат ва манфиати як шахси ҳоким манфиатҳои миллии кишвари худро зери по гузоштанд ва ба ин тариқ ба амнияту манфиатҳои миллии кишвари худ зарбаҳои шадид ворид намуданд. Яъне, ин воқеият боис мешуд, ки дастгоҳи амниятӣ гоҳо ба хотири ҳифзи ҳукумати он гурӯҳ ва шахс аз арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ ва умумимардумӣ сарфи назар намояд.

Дар чунин маврид ин дастгоҳ на дастгоҳи амнияти миллӣ, балки дастгоҳи ноамнии миллӣ ва дастгоҳи таъқибу фишори миллӣ ба хотири ҳифзи ҳукумати шахс ё гурӯҳаки афрод шуда буд. Пеш омадани чунин вазъият ба нигоҳи психологии (равонии) ҷомеа нисбати дастгоҳи амниятӣ таъсири бисёр манфӣ мегузошт ва дар ҳақиқат, дар чунин сурат ҳамкорӣ бо чунин дастгоҳи амниятӣ на ифтихор, балки ширкат ва саҳмгирӣ дар зулму ноадолатӣ мебошад. Ин аст нуктаи якум. Вале, тавре ки дар боло шарҳ намудем, хушбахтона, ҳоло дар Тоҷикистон вазъият чунин нест.

2.Вақте ки фард корманд ва ё ҳамкори ниҳоди амниятӣ мешавад, пеш аз ҳама ба кору рафтор ва андешаву ҳадафи дигарон ва дар кулл, бо сарнавишти инсон сару кор мегирад. Яъне, корманд ва ё ҳамкори амниятӣ зимни иҷрои вазифа бояд огоҳӣ ёбад ва муҳимтар аз ин, ташхис бидиҳад, ки кору рафтори ин ё он фард ё гурӯҳи ҷомеа ба амнияти миллии кишвар таҳдид дорад ё надорад. Илова бар ин, ташхиси ӯ оқибати иҷроӣ дошта, бинобар имконияти васеи дастгоҳҳои амниятӣ, амалан рӯйи фаъолият ва сарнавишти фарди мавриди ташхис таъсири ҷиддӣ мегузорад. Агар ходими амниятӣ ба хулосаи ниҳоӣ бирасад, ки фаъолияти шахс ё гурӯҳе ба амнияти миллии кишвараш таҳдид дорад, ӯ ва ниҳоди ӯ ҳатман вориди амал гашта, "чораҳои зарурӣ" меандешад. Ҳамин тавр, хидмати амниятӣ бисёр вақт ба сарнавишти инсон иртиботи мустақим пайдо мекунад ва ҳассосияти он ҳам дар ҳамин аст. Зимни иҷрои вазифа ходим ё ҳамкори амният сари дуроҳае қарор мегирад, ки поёни он роҳҳо аз ҳамдигар фарқи зиёд доранд:

- агар бо касбияти баланд, огоҳии боло, виҷдони пок ва инсофи инсонӣ ташхис бидиҳад ва хатари фарде ё гурӯҳеро барои амнияти миллии кишвараш исбот кунад ва ошкор созад ва ба ин восита ин хатар бартараф шавад, ӯ барои миллат ва ҷомеа хидмати бузург, балки қаҳрамонӣ кардааст.

- агар донишу касбият ва сатҳи тафаккураш кофӣ наояду ба ғаразу беинсофӣ низ роҳ диҳаду ташхису хулосаи нодуруст барорад, бе ҳеҷ шакке зулм кардааст ва сарнавишти инсони бегуноҳеро сӯхтааст ва ба ин восита ҳам худро пеши халқу Худо гунаҳгор сохта ва ҳам ба амнияту манфиати миллии худ зарба задааст. Намунаи чунин рафтор дар давраи Шӯравӣ бисёр дида шудааст ва садҳо нафар аз беҳтарин фарзандони миллати мо бо тӯҳмати муғризонаи хабарчине ва ё ташхиси бесалоҳияти амниятие ҳамчун "душмани халқ" ё "кулак" ё "мулло" нобуд карда шуданд ва синфи зиёии асилу решадори тоҷик аз байн бурда шуд. Ё имрӯз ҳам дар баъзе ҷомеаҳои баъдишӯравӣ мушоҳида мешавад, ки ходимону хабарчинони амниятии онҳо садҳо нафар ҳамватанони худро бе ҳеҷ асоси кофӣ бо тамғаҳои ифротию экстремисту террорист тӯҳмат зада, ба зиндонҳо равон мекунанд ва ба ин васила на танҳо сарнавишти садҳо хонаводаро месӯзанд, балки дар воқеъ, ба амнияту манфиати миллии кишвари худ низ зарбаҳои ноогоҳона мезананд.

Ин аст, ки амниятӣ будан ё ҳамкорӣ бо амният пеши виҷдони шахсӣ, пеши миллату давлат ва пеши Худо масъулияти бузург дорад. Ва ҳар амниятие, ки ин масъулияти худро мешиносад ва бо камоли виҷдон, инсофу огоҳӣ ва бо ҳамон асли "дасти пок, дили гарм ва сари сард" онро анҷом медиҳад, дар воқеъ як қаҳрамон аст. Агар мо, аҳли навишт, мисрае биофарем ва ё ҷумлае бинависем, зери он ному насабу унвонҳои худро қатор сабт намуда, пеши ҷомеа аз он фахр мекунем, вале ходимони ростини амниятӣ гоҳо корҳои бузурге анҷом медиҳанд, ки бе ҳеҷ зикри ному насабу дараҷаи эшон сурат мегирад ва ин нукта аҳаммияти корнамоии онҳоро боз ҳам болотар мекунад. Ва бе шакк, чунин амниятиҳо ҳам барои худ ва ҳам барои миллат ифтихоранд.

Ва баръакс, агар фарде аз унвону имконоти амниятӣ сӯиистифода намуда, ба дигарон ғараз варзад ё тамаъ ҷӯяд, ин гуна "амниятӣ" будан дар воқеъ хиҷолат аст. Зеро ғаразу ноадолативу ришвахору тамаъҷӯӣ дар ҳама ҳолатҳо хиҷолат ва ҷиноят аст, чи барои духтур, чи барои муаллим, чи барои судя, чи барои амниятӣ.

Хулоса, хиҷолат аз "амниятӣ" будан, тӯҳмати "амниятӣ" задан ба ҳамдигар, ҳаросу фосилаи зеҳнӣ аз дастгоҳҳои амниятии кишвари худ аз ҷумлаи аломатҳои тафаккури истеъморзада буда, мавҷудияти он ба ваҳдат ва амнияти миллии кишвари мо зарбаи шадид мезанад. Имрӯз бисёр зарур аст, ки мо бо дарки тағйири замон ва фарорасии воқеияти навини давраи истиқлолият фаҳмишу муносибати худро нисбати мафҳуми амният, омилҳои таъмини он, манбаъҳои таҳдид ба он ва хусусан, ба мафҳуми "ҳамкорӣ бо амният" ба таври ҷиддӣ тағйир бидиҳем.

Модоме, ки акнун вазифаи аслии дастгоҳи амниятии кишвари мо ҳифзи давлатдории миллӣ ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи якпорчагии ҳудудӣ, ҳифзи арзишҳои милливу динии мо бошад ва модоме ки мо низ дар замири худ чунин ҳадафҳо ва арзишҳоро мепарварида бошем, ҳамкорӣ бо дастгоҳҳои амниятии кишвари худ чӣ хиҷолат ва ҳарос дошта метавонад? Ба назари банда, дар чунин сурат ва бо чунин шартҳо ҳамкорӣ бо "амният" ифтихор аст.

(Идома дорад)


Абдуллоҳи Раҳнамо,
номзади илмҳои сиёсӣ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97