1000000 ДАРАХТИ ШИНОНДААТОН КУ?! Ё аз ҳақиқати бесамар то девори Чин

Иҷтимоъ 06.07.2009 14:15

Ҳукумат аз хавфи бӯҳрони молӣ дар баробари роҳҳои гуногуни ғанӣ сохтани буҷаи давлатиро ҷустуҷӯй намудан, ҳамзамон ба кисаи мардум ҳам таваҷҷуҳи хосса дорад, ки кадом чароғро харид кунанду кадомашро не ва дар маъракаҳои хонаводагии худ чи қадар маблағ сарф намояд. Акнун замоне ҳам фаро расидааст, ки мардум ҳам ба сарфу харроҷоти маблағҳои буҷавӣ дахолат намоянд, зеро агарчи дар ғанӣ намудани буҷаи давлатӣ ҳар шаҳрванд саҳми андаке дорад, аммо ин маблағҳои ҳангуфт ҳастанд.

Ва чунин ба назар мерасад, ки коргузорони насиҳатгар ҳам ба маслиҳату танбеҳ ниёз дорад, то дар оянда ин маблағҳоро оқилона истифода баранд.

Cе сол мешавад, ки дар доираи "кабудизоркунии" (бояд сабзазор бошад!) муҳити атроф дар қаламрави вилояти Хатлон омори ниҳолҳои шинонидашуда арқоми аз 6 млн то 6 млн 400 ҳазор бех ниҳолро дар Йбар мегирад. Ҳамин тавр дар се соли охир дар қаламрави Хатлонзамин ҳудуди 19 млн бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шудааст.

Дар як нишасти матбуотӣ раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалӣ гуфта буд, ки рақамҳо оид ба иҷрои нақшаи маъракаи ниҳолшинонӣ ҳавоӣ нестанд, дар ин омор натанҳо ниҳолҳо, балки қаламчаҳои ҳамасола шинонидашуда низ ҳисоб карда шудаанд. Аммо ду сол қабл як масъули олимақоми Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва набототу ҳайвоноти кишвар аз масъулини вилоятии сохтори хеш талаб намуда буд, ки ба унвони раиси вилояти Хатлон нома ирсол намоянд, то мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят нақшабандии маъракаи ниҳолшинониро ба маротиб ихтисор намояд. Зеро ба гуфтаи мавсуф, рақамҳо воқеӣ наменамоянд ва агар воқеан ҳам чунин аст пас дар се - чаҳор сол муҳити табиат ба куллӣ тағйир ёфта, вилоят ба ҷангалзор табдил меёбад. Он вақт ғамхори соҳа огоҳӣ дода буд, ки оқибат ин оморҳои ҳафтрақама сояи касеро паси панҷара хоҳад бурд.

Дар ҳамон ҷаласа масъули Кумитаи ҳифзи табиат бо боварӣ мегуфт, ки охир ҳамаи Шумо медонед, ки муассисаҳои ниҳолпарварии вилоят дар якҷоягӣ бо аҳолии вилоят имкони парвариши чунин миқдор ниҳолҳоро надоранд. Бар замми ин масъулини вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳам иттило додаанд, ки барои шинонидани ҳудуди 800 ҳазор бех ниҳол дар вилоят аз Хатлонзамин ниҳол овардаанд.

Дар бобати ҳақиқат будани ҳисоботҳо оид ба нақшаи ниҳолшинонӣ муовини сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Туғай Элҷонов иброз медорад, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон 33 адад муассисаҳои ниҳолшинонӣ арзи вуҷуд доранд, ки имсол дар майдони 49, 6 гектар ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда парвариш намудаанд.

Тибқи маълумотҳои расмӣ имсол дар қаламрави вилоят 6 млн 378 ҳазор бех ниҳол шинонида шудааст, ки аз ин миқдор 4 млн 121 500 бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ мебошанд. Агар ин миқдор ниҳолҳоро дар ду атрофи роҳҳои мошингард тассавур кунем, масоҳати он беш аз 4 031 километрро ташкил медиҳад. Агар ин масоҳатро аз харитаи ҷаҳон нишон диҳем, дароизии аз Халиҷи Форс то Панҷи Поён-Душанбе-Бадахшон-девори Чин мешавад. Дар ин масоҳат атрофи роҳҳо мо дар 1 сол ниҳол шинонидаем!?

Аз рӯи маълумотҳои расмӣ имсол дар вилояти Хатлон дар баробари ниҳолҳои сояафкану ороишӣ, инчунин 2 млн 071 ҳазору 300 бех ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шудааст. Бояд гуфт, ки дар се соли охир нархи як бех ниҳол дар бозорҳои вилояти Хатлон аз 5 то 15 сомонӣ арзиш дорад. Дар ҳамин соле, ки дар вилоят 6 млн 378 бех ниҳол шинонида шудааст, агар нархи миёнаи ҳар бех ниҳол 7 сомонӣ ҳисоб кунем, маблағи умумии ниҳолҳо 44 млн 646 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Пас агар дар соли 2006 22 % ниҳолҳои шинонидашуда хушку нобуд шуда бошанд, дар соли 2007 20 % ва дар соли 2008 15 % ниҳолҳои шинонидашуда хушк шудаанд. Агар хисороти се соли охирро ба маблағ баргардонем, каму беш аз 20 млн сомониро ташкил хоҳад дод. Паҳ! Боз ҳамин ҳукуматдорон ба мо сарфакориро меомӯзанд.

Аз рафти нишастҳои матбуотии масъулини ҳифзи табиат ва дигар сохторҳои марбута бармеояд, ки дар Хатлонзамин ба гуфте "Чӯҷаро дар баҳор" ҳисоб мекунанд. Ин аст, ки дар роҳҳои мошингарди Қурғонтеппа-Душанбе, Қурғонтеппа-Ҷомӣ-Ёвон, Қурғонтеппа-Қумсангир-Панҷ, Қурғонтеппа Қубодиён-Шаҳритус аз бештари ниҳолҳои шинонидашуда чизи дигар боқӣ мондааст.

Ба суоли чаро ниҳолҳои соли 1994 -1996 дар ағбаҳаки Хуросон шинонидашуда сабз шуданд, ё ниҳолҳои атрофи баъзе аз нуқтаҳои бензинфурӯшии роҳҳои мошингард хушк намешаванду дар боқӣ мавзеҳо, ки ба ӯҳдаи хоҷагиҳо ва ҷамоатҳои деҳот мебошанд, ниҳолҳо умри яксола мебинанд(?), масъулини раёсати ҳиф¬зи муҳити зисти Хатлон мегӯянд, ки назорату нигоҳубини ниҳолҳои шинонидашуда суст ба роҳ монда шудааст.

Ба гуфтаи Туғай Элҷонов дар қад-қади роҳҳои мошингарди вилоят парваришу нигоҳубини ниҳолҳои сояафкан кори саҳл нест. Бояд дар мадди аввал хоки хандақчаҳое, ки дар он ниҳол мешинонем иваз карда шаванд. Баъдан дар ду соли аввали сабзиш мебояд, ки ин навниҳолҳоро тез-тез шодоб намуд. Аммо дар вилояти Хатлон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ба иҷрои нақшаи ниҳолшинонӣ дода мешавад, на ба сарсабз нигоҳ доштани он. Ҳамин тавр ҳамасола нақшаи ниҳолшинонӣ мусбӣ ҷамъбаст мегардад, аммо ҳеч нест, ки барномаи сарсабзсозии муҳити зистро ба охир расонем. Бубинед, танҳо дар ҳамин сол ба ҷуз 4 млн 121 ҳаз. 500 бех ниҳоли сояафкану ороишӣ дар заминҳои вилояти Хатлон 2781, 3 гектар боғҳои нав, яъне ба ҷойи 616 гектар нақшаи пешбинишуда 1962,3 га боғҳои мевадиҳанда, ба ҷойи 1500 га нақшаи пешбинишуда дар майдони 819 га зардолузор бунёд гардидааст. Ҳамчунин ба ҷойи 154 га нақша 177, 7 га токзорҳои нав бунёд гардидааст. Нақшаи 97 га барқароркунии боғҳои куҳна 5 баробар зиёд, яъне 562, 7 га иҷро шудааст. Инчунин ба ҷойи 48 га нақшаи пешбинишуда 248 га токзорҳои куҳна барқарор карда шудаанд. Мутаассифона чунин ҳисоботҳои мушахасро оид ба сарсабз боқӣ мондани ниҳолҳои шинонидашуда, касе дода наметавонад. Очуноне, ки масъулини соҳаи ҳифзи муҳити зист омори ҳақиқии ниҳолу дарахтони сабзро бар души ҷамоатҳои деҳот вогузор менамоянд, месазад, як мавсим ҳисобкунии ниҳолу дарахтон гузаронида шавад. Зеро то ҳар сола 6 миллиони ниҳолҳое, ки мешинонему аз 15 то 20%-и он расман хушк мешаванд, месазад, ки ин маблағҳоро дар барномаҳои оянда, ки бешак рӯ ба кӯҳистон хоҳем овард, аз ҳозир равона созем. Маълумот барои андеша ин аст, ки аз 542 ҳазору 420 гектар заминҳои ҷангали вилояти Хатлон ҳамагӣ 159391 гектари он ё худ 29,3%-ҷангалпӯш буда, боқӣ доманакӯҳҳо холӣ мондаанд.


Ҷамолиддини САЙФИДДИН
©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97