САНКТ-ПЕТЕРБУРГ МИЗБОНИ ТОҶИКОНИ САРСАХТ

Иҷтимоъ 07.03.2009 16:06

ЧӢ ТАВР МАН ОВОРА ШУДАМ?

Яке аз омилҳои асосии рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ овардани ҷавонмардони тоҷик маҳз асароти ҷанги дохилӣ мебошад. Тақрибан аз солҳои 90-и асри гузашта, муҳоҷирати меҳнатӣ оғоз гардида, то имрӯз ба таври густарда он идома дорад. Банда, ки худ муҳоҷиратро, ки ба як дард имрӯз табдил шудааст, бо хуну пустам чашидаам ва мехоҳам роҷеъ аз вазъи муҳоҷирон дар шаҳри Санкт-Петербург аҳвол бигӯям.

Ҳанӯз айёми хурдсолӣ, вақте ки бародаронам аз муҳоҷират бармегаштанд ва аз азобу ранҷҳои дар ғарибӣ қисса мекарданд, бовар намекардам, ки наход инсон дар таҳхона (падвал) хоб кунад! Ё худ болои ин қадар азоб боз аз ҷониби "бригадирҳо"-и ҳамватану русиашон фиреб ҳам бихӯранд!

Бо мурури вақт донишҷӯ шудаму дар соли сеюми таҳсил бо сабаби надоштани ҷои зист дар пойтахт ва бо ин сабаб, барои иштирок накардан дар дарсҳо аз Донишгоҳ хориҷ шудам. Барои он ки як соли умр зоеъ наравад, барои кор камар бастам ва чун аксар корҷӯён озими Русия шудам.

2-юми январи соли 2008 ба воситаи ҳавопаймо ба шаҳри Санкт-Петербург тақрибан соати 16-и вақти Маскав ворид шудам. Аз фурӯдгоҳи "Пулково"-и ин шаҳр бародарам маро пешвоз гирифта, ба ҷои зисташон бурд ва алакай аз ҳамон бегоҳ дар сафи муҳоҷирони меҳнатӣ дохил шудам. Қариб як ҳафта то ҳуҷҷатҳоямро омода кардан дар ҳамон ҷо зиндагӣ мекардам. Пас аз тахт шудани ҳуҷҷатҳо ба кор баромадам ва ба дарду шодии муҳоҷирони ҳамватан ҳамроҳ шудам.

Аслан дар Санкт-Петербург шумораи тоҷикон хеле зиёд аст ва на ҳамаи онҳо ба кори сохтмон машғуланд. Бархе бозорнишин, гурӯҳи дигар ронанда ва қисмати дигар соҳибкор буданд, аммо диққати маро бештар гурӯҳи "бригадирҳо"-и қаллобу "рекетҳо"-и зӯрдасти худӣ ҷалб карда буд.

Ман бо гурӯҳи сохтмончиён ҳамроҳ шуда корро шурӯъ кардам. Акнун он суолҳое, ки аз даврони кӯдакӣ азобам медоданд, сад дар сад дуруст будаанд. Азбаски дар ширкати давлатӣ кор мекардем, бароямон як вагоне барои зист пешниҳод карданд. Зиёда аз 6-нафар дар ин вагони сарду оҳанин шабро бо азобу ранҷи зиёд рӯз мекардем. Дар он ҷо як вагон не, зиёда аз 15-то буд, ки дар онҳо низ ҳамватанони мо иқомат доштанд. Қисми ками онҳоро миллатҳои дигар ташкил медоданд.

Воқеан ин манзараҳо барои муҳоҷирин зиндагӣ не, балки як хобби даҳшатро мемонд. Лекин чӣ илоҷ, зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад, ва мардони кори тоҷик низ маҷбур буданд то ба ин душвориҳо рӯй биоваранд.

Охир агар дар Тоҷикистон барои онҳо кор муҳайё бошад, ҳеҷ гоҳ ба ин оворагию ғуломӣ рӯй намеоранд. Мо намегӯем, ки дар Тоҷикистон кор нест, албатта ҳаст, аммо маоше, ки дар ин ҷо медиҳанд ба зиндагии якмоҳа намерасад. Чандин мутахассисро дидам, ки дипломи иқтисодчию муаллимӣ доранд, вале дар он ҷо ба хандақканӣ (траншея) машғуланд.

Чӣ мардуми сарсахте ҳаст, тоҷик! Ба ҳамаи ин шароитҳои нохуб нигоҳ накарда, аз субҳ то шом машғули коранд. Ба хотири дарёфти маблағ сардии зимистон, таҳқиру азоб нагуфта, меҳнат мекунанд, зеро онҳоро дар Ватан волидону зану фарзандони дастнигарашон интизоранд.

«ШИКОРИ» МИЛИСА ВА СКИНХЕДҲОИ РУС

Агар фикри мағоза рафтан ё ба кӯча баромадан бикунӣ, боз дар як балои дигар, яъне ба дасти милисаҳо гирифтор мешавӣ, ки аз онҳо ба осонӣ халос шудан амрест маҳол. Ягона роҳи халосӣ аз он муфтхӯрҳо, ин пешниҳоди маблағи муайян аст. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимаро дошта бошӣ ҳам, боз "гражданин! ваше документы" гуфта, сари роҳатро мегиранд. Агар ҳеч камбудӣ наёбанд, мегӯянд барои чӣ дар "прописка" (варақаи шаҳрвандӣ)-атон як нуқтаи зиёдатӣ аст? Ин амали онҳо танҳо таҳқири муҳоҷирони тоҷик асту бас. Зеро ин ҳуҷҷатҳоро кормандони худашон омода месозанд, на муҳоҷири бечораи тоҷик. Дар дохили стансияи метрои Нарвский боре маро дастгир карданду ҳуҷҷат пурсиданд. Аз назар гузарониданду камбудие пайдо накарданд, аммо роҳи чӣ гуна маблағ рӯёниданро намедонистанд. Яке аз онҳо ноилоҷ, ақалан пули як "пиво" диҳед гуфта, ҷавобам намедод. Магар ин ғорати рӯирости муҳоҷири тоҷик нест?!

Ин амалҳои ноҳақи онҳо барои муҳоҷирон як дард аст. Ҳар гаҳе мошини милиса аз дур намудор шавад, дар дили мардикори овораи тоҷик ҳарос меафтад. Албатта, дар сардии таҳхонаю вагонҳо хоб кардаву азоб кашида кор кардан ба хотири дарёфти маблағе бисёр дардовар аст агар онро боз ба "роҳзане" дар либоси ҳомии қонун тақдим бикунӣ.

Боз як гурӯҳи дигари душманони миллати ғайрирус ин "скинхедҳо", ҳамон саркалҳое мебошанд, ки ба кору фаъолияти муҳоҷирон халал мерасонанд. Аслан дар шаб аз пеши ин гурӯҳ "не русский" барояд, ҳатман ӯро зери лату куб қарор медиҳанд ва шояд мекушанд. Ба ҳамин хотир бародарам пайваста таъкид мекарданд, то аз соати 18 -и шом дигар ба берун набароям, чунки "скинхедҳо" шабона ба "шикор" мебароянд.

МАН АЗ БЕГОНАГОН ҲАРГИЗ НАНОЛАМ…

Дар масъалаи зӯрии бархе аз ҷавонмардони тоҷик танҳо ба ҳамватанон дар шаҳри Санкт-Петербург шоҳид будам. Як гурӯҳ ҷавононе ҳастанд, ки тули 5-10 сол аст дар он ҷо иқомат доранд. Алакай онҳо шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд ва ин мусоидат кардааст то дӯстону рафиқони рус пайдо кунанд. Агар дуруст мушоҳида кунем, онҳо як гурӯҳи махсуси ҷиноятӣ ба истилоҳ мафияро мемонанд, ки аз паи ғорати ҳамватанони хеш ҳастанд. Дар ҳамон ширкате, ки мо кор мекардем, як гурӯҳ ҷавонони шаҳри Ваҳдат ҳам фаъолият доштанд. Вақте ки маоши якмоҳаро доданд, намедонам он гурӯҳи ҷиноятӣ аз куҷо дарак ёфтанд, ки аз дари корхона берун баромадан замон ҷавонони ваҳдатиро дастгир намуда, пулҳояшонро мегиранд ва зери лату куб қарор медиҳанд. Шояд дар миёни ин гурӯҳи ҷабрдида "ҷосусе" доштанд, ки сари вақт ба он ҷо ҳозир шуданд ва ҳамватанонашонро ғорат карданд.

Қазоват аз хонандаи гиромист, ки ин ҷавононе, ки аз сӯйи ҳамватанони худ ғорат шудаанд, ба куҷо муроҷиат кунанд? Кӣ дар он ҷо ба доди онҳо мерасад? Ҳеҷ кас! Дар ҳоле ки аз тарафи ҳамватанони муштзӯри хеш беадолатӣ дидаанд, пас намояндаи кадом миллат дигар ба доди онҳо бирасад?

Сари шикаста зери тоқӣ гуфтаанд, муҳоҷири баору номуси тоҷик, ки ин шармандагиро бо дард таҳаммул мекунад аз изои миллатҳои дигари муҳоҷир ва соҳибватанон шиква ба ҷое намебаранд.

Аксари ин роҳзаниҳо аз сӯйи афроде сурат мегирад, ки дар Тоҷикистон дар замони ҷанги дохилӣ низ даст ба кор будаанд. Ва имрӯз шаҳрвандии Русияро гирифта, дигар ёди ватани харобкардаашонро ҳам дар сар надоранд. Аз ин рӯ боз ба ҳамватанони муҳоҷири хеш ҷабру зулмро раво мебинанд.

Дарди дигари муҳоҷират ин маҳалгароии тоҷикон аст. Воқеан дар шаҳри Санкт-Петербург маҳалгароӣ дар миёни муҳоҷирон дар мадди аввал меистад. Ҳамватанони худро ваҳдативу файзободӣ, кӯлобию ванҷӣ ва ғайра ҷудо мекунанд. Ин амали онҳо ба ғайр аз душманӣ варзидан нисбат ба якдигар чизи дигаре нест. Хушбахтона, дар баробари ин падидаи манфӣ, ҷавонмардоне низ ҳастанд, ки Ватану ҳамватанони худро дӯст медоранд ва эҳтиромашон мекунанд.

МАСҶИД ТОҶИКОНРО МЕПАЙВАНДАД

Аслан он нафароне, ки дар бозорҳо фаъолият мекунанд ё худ мағозаю қаҳвахона доранд, нисбат ба якдигар муносибати хуб доранд. Дар бозорҳои бо номи "Сеной" ва "Садовий" қисми зиёди савдогаронро тоҷикон ташкил медиҳанд. Аз сабаби он ки қисми бештари тоҷикон дар маҳаллаҳои зикршуда кор мекунанд, дар маҳаллаи "Сеной" ё худ "Апараскин" як масҷиде сохтаанд. Аслан ин кори хайр бо дастгирии соҳибкорони тоҷик, ки нисбат ба сохтмончиён корашон даромаднок аст, сурат гирифтааст. Дар он ҷо як хонаи 5-ҳуҷрагиро ба иҷора гирифта, ба воситаи ҳашари умумӣ онро масҷид сохтанд. Дар як моҳ ба маблағи 100-ҳазор рубли русӣ иҷорапулӣ месупориданд. Дар назари аввал ин кор душвор менамояд, вале агар дурусттар бингарем ин ҳеҷ душворие надорад. Шумораи зиёди тоҷикон агар дар як моҳ 500-рубл хайр кунад, чӣ қадар хоҳад шуд. Ман боре дар ин масҷид дар вақти намози ҷумъа иштирок доштам ва шоҳид низ будам, ки чӣ гуна мардони саховатпеша хайр мекунанд.

Ин кори онҳо албатта барои шинохти миллати мусалмони тоҷик ба дигар миллатҳо мусоидат мекунад. Бошад, ки ҷавонмардони тоҷик дар мусофират ва ғарибиҳо дӯстдору дастгири ҳамдигар бошанд, пайваста манфиатҳои динниву миллиашонро ҳифз намоянд.


Хушбахти НАЗРУЛЛО
"Миллат"
©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97