8-УМИ МАРТ - РӮЗИ ОЗОДИИ ЗАНОН БОШАД, Ё НАБОШАД?!

Иҷтимоъ 06.03.2009 21:00

Гулҷаҳон БОБОСИДИҚОВА, собиқ муншии ҳизби коммунисти Тоҷикистон:

- Савол саволи аҷоиб. Албатта бояд ҷашн гирем чаро не? Таърих таърих аст ва мо анъанаҳои дилфиреби 8-уми мартро давом доданамон даркор аст.

Ойниҳол БОБОНАЗАРОВА, раиси бунёди «Перспектива+»

-Дар даврони Шӯравӣ ман рости гап зиди ҳамин гуна идҳо будам, хусусан идҳои занона, на бо мақсаде, ки занҳо бояд хушбахт набошанд, баракс ман мегуфтам, наход зан як рӯз хушбахт бошад. Ба фикри ман ин як фиреб аст, ки занҳоро як таъриф мекунанду пагоҳ фаромӯш созанд.

Ман фикр мекунам, хуб шуд, ки ҳамон тантанае, ки ҳар сол як гурӯҳи занҳоро даъват мекунанду бо онҳо маҷлис мекунанд, туҳфаҳо медиҳанд, аз байн бурда шуд. қисми зиёди занҳо шароити бисёр мушкил доранд ва хуб мешуд, ки ин рӯз як рӯзе бошад, ки ба хонаи бачаҳо биравем ё ба айёдати он занҳое, ки дардманд ҳастанд, биравем ва битавонем кӯмаке барояшон бикунем. Мутаассифона ин гуна нест ва ин як назарфиребист. Ман ба занону модарон эҳтиром дорам, аммо ин барои ман ҳеч маъқул нест, вақте танҳо дар забон иди Модар, иди зан мегӯянд.

Дар "Миллат" як мақолае чоп шуд, ки дар вазъияти бади иқтисодӣ ҷашнгирии бархе аз ҷашнҳо муваққатан бояд қатъ карда шавад, масалан, ҳамин 8-уми март низ бояд дар баробари дигар ҷашнҳо то як мавриди муайян гузаронида нашавад. Ин хуб аст, масалан вақте ки ид мешавад, ман ба деҳаамон меравам ба аёдати модарам ва мебинам, ки занҳо белу каланд дар даст ба кори саҳро машғуланд, яъне ки дар деҳот ҳеҷ симои идона дида намешавад. Пас ин гуна ид танҳо зоҳирнамоист, чун он то ҳанӯз саросарӣ нашудааст.

Абдуғафори КАМОЛ, хабарнигор:

- Ман шахсан ҳудудан як ду се соли пеш буд, хостам ин мавзӯъро баррасӣ кунам, мутолиа кунам, ки аз куҷост, вале ман ҳеҷ умумияте миёнӣ арзишҳои миллӣ ва динии тоҷикҳо бо ин ид намебинам. Вале медонед, ин як баҳс аст, бояд як рӯзе вуҷуд дошта бошад, ки дар он рӯз заноне, ки намунаву фаъоланд тақдир шаванд, ва як қишри ҷомеа ва хусусан мардон бештар биандешанд ба эҳтироми зан, ба ҷойгоҳи зан.

Имрӯз чаро маҳз 8-уми март бошад ва мо рӯзҳои бисёр муҳиму муқаддасе дорем, ки ҳамон рӯзҳоро мисли дигар кишварҳои шарқӣ ҷашн гирем, вале ки ин рӯз дар 8-уми март бошад ман ҳеҷ зарурате намебинам ба саволи шумо агар бихоҳам ҷавобҳои худамро дар як ҷумла хулоса бикунам, ман ба ин иди занҳо мухолиф нестам, бигузор бошад. Чаро ки иди муаллимон, иди муҳандисон ва духтурон бошаду иди бонувон набошад? Аммо на рӯзи 8-уми март бошад. Зеро ин сана бо арзишҳои динии мо бегона аст.

Муътабари РАШТӢ, шоир

-Воқеъан ман ҳама идҳоро дӯст медорам, барои ман аз ҳама муҳим идҳои миллӣ ҳастанд ва иди 8-уми март ба ман чизе намедиҳад. Ва ман ин идро қабул надорам. Имрӯзҳо идҳое, ки марбути идҳои миллии мо нестанд, масалан, идҳои Валентин, ки рӯзи ошиқон, идҳое, ки бо дигар динҳо ва дигар равияҳо марбутанд ҷашн гирифта мешаванд. Албатта хушӣ хуб аст, вале таваҷҷуҳи ман бештар ба анъанаҳои миллӣ аст ва бештар ин идҳои анъанавиро, ки дар ҳар хонадони тоҷик таҷлил мегардад, дӯст медорам. Наврӯз, Меҳргон, иди Қурбон, иди Рамазон ид барои ман ид аст, зеро дар ин рӯз мардуми ман ид дорад. Ман ин идҳоро дар баробари мардумам дӯст медорам.

Заринаи ХУШВАҚТ, журналист:

- Ба фикри ман барои бонуи тоҷик на як рӯз, балки ҳамарӯза ид бошад. Фарқ надорад, ки 8-уми март аст, 1-уми март ё моҳи декабр аст. Дар як сол як бор ба зан таваҷҷуҳ мешавад. Барои бонуи тоҷик, духтари зебои тоҷик ин кифоя нест, фикр мекунам, ки бояд тамоми рӯз барои бонуи тоҷик мисли 8-уми март ва ҳаррӯз субҳ мисли оне, ки 8-уми март ба худ аҳамият медиҳанду худро орову торо мекунанд бигузор ҳамавақт ба худ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Ва мардҳо ҳам ҳаминтур тавонанд ба як сухани хуб ҳар рӯзи бонуи хонадонашонро хуш кунанд. Мардҳо бояд барои 8-уми март гапҳояшонро ҷамъ накунанд ва танҳо ҳамон рӯз ба хонумашон гӯянд. Агар ҳар рӯз ин корро кунанд, ҳар рӯз мешавад 8-уми март ва ин орзуи ман аст. Фикр мекунам, ки хуб аст, ки ҳамин рӯзи модарон, 8-уми март аст, ки лоақал мардҳо ба бонувон ва модарон таваҷҷуҳ мекунанд.

Марат ОРИФОВ, коргардон ва ҳунарпеша:

Дар ин маврид ман чунин мегӯям, ки бигузор 365 рӯз барои занон ид бошад. Ва будан набудани ин ид барои ман ҳеҷ фарқе надорад!

Шабнами НЕЪМОНИЁН

НАШРИЯИ «МИЛЛАТ» 5.03.2009

P.S. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо судури фармоне 8 мартро рӯзи Модар эълон кард, ин ид аз замони шӯравӣ ҳамчун рӯзи Озодии занон таҷлил мешуд.

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Рӯзи модар

Бо мақсади бузургдошти зан – модар офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва пойдории оила фармон медиҳам:

1. 8 март – Рӯзи модар эълон карда шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ҳамин фармон чораҳои зарурӣ андешад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

6 марти соли 2009

№ 632


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97