ИЛОЛОВ, ШУМО СОҲИБИ НОМИ БУЗУРГЕД, ВАЛЕ…

Иҷтимоъ 25.02.2009 12:54

Дар шумораи гузаштаи "Миллат" барои хонанда ваъда карда будем, ки ҳатман посухи хешро ба навиштаҳои раиси Академияи улуми Тоҷикистон Мамадшо Илолов, ки зери унвони "Такаллум ба забони тоҷикӣ беэҳтиромӣ нисбати забони давлатӣ нест!" дар нашрияи "Миллат"(№4(178)) ба чоп расида буд, хоҳем гуфт.

Аввалан назари мо ин аст, ки сухан гуфтан бо забони русӣ дар маъракаҳои расмии кишваре соҳибистиқлол ва Тоҷикистон ном, ки забони давлатиаш тоҷикӣ аст, беэҳтиромӣ нисбати ин кишвар ва ин миллат аст, хоссатан вақте чунин беэҳтиромӣ ва масъулиятношиносӣ аз ҷониби як масъули илм ва фарҳанги ин миллат ва дар як нишасти расмӣ рух медиҳад. Агар ҷаноби Илолов бар ин андеша бошанд, ки эшон масъулияти илму фарҳанги тоҷикро бар дӯш надоранд ва нишасти хабарӣ ҷамъомади расмӣ нест, пас ихтиёрашон. Вале зикри ин нукта зарур аст, ки агар ҳар як амалдору академики мо, ки забони ноби тоҷикӣ барояш бегона метобад ва такаллум бо забони ғайрро авло медонад ва ҳам боз беибо мегӯяд, ки ин амал беҳурматӣ ба забони давлатӣ нест, пас бардошти мо ин мешавад, ки эҳтироми ин забон ва такаллум бо он танҳо бояд вазифаи мардуми одӣ бошад. Агар дар ҷаласаву нишастҳо бо русӣ ҳарф бигӯему дар бозор бо узбакиву бо ягон шеваю лаҳҷаи дигар, пас тоҷикӣ кай такаллум мекунем?! Танҳо дар хона? Ва пас вой бар ҳоли ин миллат ва ин забон! Балки он гоҳ мо миллат нестем!

Ва дигар он ки ҷаноби Илолов дар номаатон навиштаед, ки барои Шумо "ҳамчун як хонандаи оддӣ, калимаҳои "фомил", "гиромидошт", "ироъа", "такаллум" ва боз чандтои дигар нофаҳмоянд." Ҳой бародар, агар "такаллум" бароят номафҳум буд, чӣ номаъқул карда ин вожаро дар унвони мақолаат ҷой кардӣ?! Ё баъд назар ба луғате кардӣ ва маънии "такаллум" дарёфтӣ. Ба ҳар сурат ман шод мешавам, агар навиштаи банда сабаби боло рафтани сатҳи маърифати як фарди миллат гашта бошад. Акнун дар бораи вожаи "фомил." Ман бори нахуст 18 сол қабл дар шаҳри Бағлони кишвари Афғонистон аз як афғони ошноям шунидам, ки гуфт: Дирӯз фомилам мариз буд, хидмататон расида натавонистам. Чун пурсидамаш, ки фомил гуфта киро дар назар доранд, посухам дод, ки хонаводаамро… Агар ман фомил гуфта номи хонаводагӣ, яъне насабро дар назар дошта бошам, пас хато накардаам, зеро фомилро мешавад чун муродифи вожаи хонавода ё насаб кор фармуд. Лекин агар маънии "гиромидошт" ва "ироъа" ва "боз чандтои дигар нофаҳмо"-ро надонед, ба қавли ҳамон мубаллиғи "Агроинвестбонк", ки аз тариқи телевизион мегӯяд: Китоб хондан даркор! Шумо, ҷаноби Илолов, моро ба надонистан ва бехабарӣ аз забони ноби тоҷикӣ, "дузди"- и истилоҳот мутаҳҳам карданӣ шуда, хулоса кардаед, ки шева ва услуби нигориши моро мардуми деҳот он тараф истад, ҳатто сокинони пойтахт намефаҳманд. Устод, мо барои аҳли маънӣ ва аҳли сухан менависем! Агар дар деҳот забони нигориш ва шеваи баёни моро нафаҳманд, пас ин ҳар нусха аз ҳазор- ҳазор нусха "Миллат"- ро ҳар ҳафта аҳли русто ба чӣ хотир бо қиммати беш аз 1 сомонӣ харидорӣ мекунанд?! Ин гилаи оҷизонаи Шуморо мӯҳтарам раиси Академия хондаму шикваи бесаводонаи як нависандаи машҳури тоҷик ба ёдам расид, ки дар соли 1991 гуфта буд: Ҳеч нафаҳмидам ҳамин "кӯҳи сар ба меғ" чӣ маънӣ дорад? Войи миллате, ки нависандаи мардумиаш мафҳуми "меғ"- ро надонаду олиму академикаш маънии "ироъа" ва "гиромидошт"- ро!

Мӯҳтарам Илолов, Шумо дар номаатон овардаед, ки оё Академия "наметавонад баҳси худро бо забоне, ки ҳамчун забони дуюми муошират пазируфта шудааст, (яъне забони русӣ, - шарҳ аз мо, Т. С.) баргузор кунад?" Ҷавоби мо чунин аст, ки метавонад, агар он воқеъан баҳс бошад, масалан, бо олимони русу қирғизу узбаку арманӣ! Вале чун Шумо журналистони тоҷикро ба даргоҳи Академия мехонеду ба хотири як рӯзноманигори нашрияи русӣ, ки он ҳам хушбахтона забони тоҷикиро медонад, бо забони ғайридавлатӣ баҳсро метафсонед, ин ҳақ аз Шумо гирифта шудааст, аз Академия бошад тамоман! Дар масъалаи "тарҷумаи асарҳои илмӣ ба забони ноби тоҷикӣ"(он чӣ дар нохунак омада моли Шумост, ҷаноби Илолов!) зикри ин нукта ҷойиз аст, ки ҳеч гоҳ касе аз Академия ва академикҳо нахостааст ва ҳам ин талабро пеш нагузоштааст, ки осемасар осори илмии гузаштагонамонро аз ҳуруфи форсӣ ба кирилли баргардон ё аз арабӣ ба тоҷикӣ тарҷума кунанд. Ба ин зӯри Академия ва ин академику профессорони мо намерасад, зеро сухан аз сарвати бузурги маънавии тайи беш аз ҳазор сол офаридаи фарзандони сарфарози миллат меравад. Ва барои инро дарк кардан фикр мекунам шарт нест, ки "чил сол дар илм ва бо илм" умр гузаронида бошем. Ростӣ чун мӯҳтавои ин ҷумлаатон, ки баъди аломати ду нуқта овардаам, хароб аст, мехоҳам онро шарҳ бидиҳед: "Шумо (яъне рӯзноманигорон,- шарҳи мо, Т. С.) аз Академия мехоҳед, ки инқилоби дурӯзаро дар нашри осори илмӣ ба забони модарӣ кунад?" Ҷаноби Илолов, агар кору роҳу рафтору муносибат бо забон ва эҳтироми фарҳанги миллат ҳамин аст, ки мо дар Академия дидем, "ал- вадоъ эй зуҳду тақво, ал- фироқ эй аҳли дин" Шумо худ аҷаб дар номаатон дуруст овардаед "ба инқилобе, ки боиси дучанд гардидани заҳмати ояндагон мегардад, зарурат нест." Ал- ҳақ!

Навиштаед, ки "чаро ҳамон қисми баромади Ҷаноби Олиро иқтибос кардед, ки ибораи "забони тоҷикӣ" дорад? Ба хотири изҳори ташвиши хеш ва хоби ғафлати Академия оиди ин масъала?"

Ҳазор раҳмат ба Шумо, барои ин нуктасанҷиатон! Бале, мо он суханронии (на баромад!) Ҷаноби Олиро дастак намуда, ташвиши хешро изҳор доштем ва ҳам хостем то Академияро аз хоби ғафлат бедор бисозем. Хуб шуд, ки Шумо худ аз дар хоби ғафлат будани Академия ёд кардед, агар мо инро бароятон мегуфтем, шояд хотири нозуки Шумо ва "аламбардорони илми тоҷик дар олам" аз мо озурда мешуд. Ҳарчанд гуфтаанд, ки ҳақро бигӯй, агар олам биранҷад!

Биёем сари нависанда Темур Зулфиқоров. Шумо мегӯед, ки "магар ин адиби тоҷики русзабонро барои он ки ба русӣ иншо мекунад, айбдор созем?" Во аҷабо! Мо кай Зулфиқоровро "барои он ки ба русӣ иншо мекунад, айбдор" кардаем?! Аввал ин ки Зулфиқоров бо ҳама бузургӣ камбудиаш ҳамон аст, ки забони тоҷикиро, забони падарашро намедонад. Мегӯянд, ки раҳматии модараш, ки аз донишмандони илми калом буда, бо тоҷикӣ хуб сӯҳбат мекардааст. Дареғ, ки Темур Зулфиқоров аз такаллум бо забони Фирдавсию Мавлавӣ бенасиб будааст. Оҳ агар ӯ медонист, ки ҳатто "дар лаби Миррихиён ҳарфи дарист!" Агар Шумо "Доғистони ман"- ро хонда бошед, он ҷо аз марде қисса мешавад, ки забони модариаш- авариро аз ёд бурдааст, вале як пажӯҳандае фарангӣ забони авариро дар радифи забони модариаш хуб аз бар намуда. Ман ҷавоби модари он марди аварро, ки чун фаҳмида, ки фарзандаш забони модариашро фаромӯш карда ва бо забони ғайр такаллум дорад, ин ҷо намеорам. Суханони он модари аварӣ посухест ба суолатон дар мавриди он ки барои забони тоҷикиро надонистан Темур Зулфиқоровро метавон айбдор кард! Тавсияатон дар мавриди "дурнамои рушди журналистика бояд бо ҳадди ақал бо панҷ забони дунё ба роҳ монда шавад, дар ҳолати акс мо ғайр аз хеш чизеро пештар ва бештар нахоҳем диду дарк кард" чизи нав нест. Беҳтар аст, ки ҳамин дурнаморо барои Академия ба нақша бигиред ва "аламбардорони илми тоҷикро, ки паст задани эҳтироми онҳо паст задани Академия аст" аз русидонӣ халос кунед, то ин аламбардорони илми тоҷик дар олам инглисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, арабӣ ва аз ҳама муҳимтар бо забони форсии тоҷикӣ хубу балеғ сухан гуфтанро ёд бигиранд. Ин беҳтарин хидмати Шумо барои илму олими тоҷик тайи чил соли дар илм ва бо илм буданатон хоҳад буд! Ба ҳар сурат ман аз ин тавсияи додаатон ҳатман Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистонро огаҳ хоҳам кард, зеро забондонӣ ҷаҳондонист гуфтаанд. Акнун дар масъалаи ному фомил, маъзарат насаби Шумо. Ҷаноби Илолов Мамадшо, агар Шумо қутоспарваре мебудед дар дашти Булункӯли Мурғоб ё шоликоре дар саҳроҳои беканори водии Вахш қасам ба Худо, на ба номатон коре доштаму на ба насабатон. Чун Шумо имрӯз сарвари як муассисаи маъруфи кишвари ман ҳастед, пас бе муҳобо симои миллат ҳам ҳастед. Шумо то замоне писари падару набераи бобоятон будед, ки дар Донишгоҳ як омӯзгори оддӣ будед. Шумо имрӯз як шахсияти матраҳ ҳастед, чун академик ва раиси Академия ҳастед. Аз ин рӯ он чӣ, ки овардаед "исми ман дуруст бошад ё нодуруст нахустунсури худшиносии ман аст ва дар навбати дигар қатъиян масъалаи мазкурро ҳамчун паст задани шаъни инсонӣ ва худшиносии хеш дар сари мизи судӣ бо касе, ки набошад ҳаллу фасл мекунам" аз сари эҳсосот гуфтаед, ки мо инро мефаҳмем. Дурусташ "бо касе, ки бошад" бояд мегуфтед, зеро бо набуда чиро ва чӣ тур метавон чизеро ҳаллу фасл кард. Хоҳиш дорам дигар ин суханро, ки "исмам дуруст аст ё нодуруст" дар ҳеч ҷой нагӯед ва барои ҳамеша фаромӯш кунед. Охир ном бояд дуруст бошад, дуруст талаффуз ва навишта шавад! Дар акси ҳол айб аст, гуноҳ аст, ки нахустунсури худшиносӣ ғалат ва шикаста бошад! Аҷаб фарде огаҳ ва бузургмарде будаанд қиблагоҳи шодравони Шумо, ки бароятон беҳтарин, гуворотарин ва волотарин номро интихоб кардаву гузоштаанд, исми охирин фиристодаи Худо, хотами Паёмбариро. Пас оё қабул аст, ки ин номи бузург, ки унсури худогоҳиву худшиносии ҳар як мусалмон аст, (шояд бо айби тоҷикинодоне дар дафтари асноди шаҳрвандӣ сабт шудааст,) шикаставу ғалат талаффуз гардад?! Агар он даъвои Шумо карда дар мавриди ному насаб аз ҷониби як ронанда ё аробакаши бозори "Саховат" арз мешуд хулосаи мо ин мебуд, ки ҷиҳати ноогаҳӣ чунин гуфта, вале чун академик ва раиси тамоми олимони тоҷик чунин иддаъоро пеш мегузорад, валлоҳ дигар андешаам гиреҳ хӯрдааст, чизе гуфтан бароям гаронӣ мекунад. Ман дар ҳар додгоҳе аз болоям агар арз бубарӣ, омода ҳастам бароят исбот бикунам, ки Шумо бояд Муҳаммадшоҳи Ҳилол бошед, на Мамадшо Илолов! Бубинед, чаро Шириншоҳ Шоҳтемур, Мастибек Тошмуҳаммадов, Муҳаммадалишоҳи Ҳайдаршоҳ, Лаълҷӯбаи Мирзоҳасан, Меҳралӣ Тошмуҳаммадов, Султон Шоҳзода, Салимшоҳи Ҳалимшоҳ ва садҳо дигар фарзандони фарзонаи Бадахшон исму насаби хешро аз рӯи қавоиди дурусти навишти ном ва риояи суннатҳои номгузорӣ сабт кардаанд. Бигузор дар шиносномаашон ҳам набошад. Шумо бошед бо такя ба одати талаффуз ва номгузории шикаста ва то ҷое ҳам ғалати мардуми кӯҳистони тоҷик ҳарчанд ба баландтарин унвону мақоми илми миллат расида бошед ҳам ба дарки он расидан намехоҳед, ки ному насабро ғалат ва нопурра навиштан айб аст. Аз аспи ғурур пойин шавед ва моро дӯст бидонед, наход мо дар бадӣ ва зиёни Шумо бошем. Мо ҳам зодаи ҳамон кӯҳистони гуфтаи Шумо ҳастем ва падарро "боба" ва модарро "ума" мегӯем, ки ин гӯйиш беҳтару ширинтар аст аз "ата"-ву "ота"-и туркиву узбакӣ ва "дада"- и манғитӣ ва момаву ойтиву бува. Чунки "боба" ҳамон "боб"-ест, ки Фирдавсӣ дар "Шоҳнома" падарро дониста ва ума ҳамон "умм", яъне "модар"- и арабист. Вале мо дар навишти мақолаҳои хеш он унсури худогоҳиро канор гузошта, чун сухан сари қиблагоҳамон равад аз эшон чун падар ёд мекунему менависем, на боба! Мо академик он тараф истад, ҳатто унвонҷӯй ҳам нестем, ки орзуи ба мансаби раиси Академия соҳиб шудан моро ба ғараз гирифтан ба Шумо маҷбур карда бошад. Ҳатто як хеши наздик ва ошное ҳам надорам, ки ақаллан профессор бошаду чашми тамаъ ба вазифаи Шумо дӯхта, ё аз раиси Академия ранҷише дар дил дошта бошад, ки ба хотири он чунин карда бошем. Ин ҳамаро бароят ҷиҳати ислоҳи нуқсу камбуд ва пешрафти кор гуфтаем, вале агар сахт хоҳишманд бошед, ки бо мо "дар сари мизи судӣ" сӯҳбат намоед, ихтиёратон, мо омода ҳастем, ҳарчанд фурсати судбозӣ ва умуман судбозиро хуш надорем! Дар фарҷоми мақолаатон Шумо ба мо амр кардаед, ки "ба ҳар ҷое, ки набошад, ба ҳар маъракае, ки баргузор нагардад, хабарнигори дилсӯзатонро фиристонед". Дурусташ он буд, ки агар менавиштед "ба ҳар ҷое, ки бошад, ба ҳар маъракае, ки баргузор гардад", зеро ба ҷойи набуда ва маъракаи баргузор нагашта чӣ ҳоҷати фиристодани хабарнигор аст? Ё Шумо кормандонатонро ба маъракае, ки баргузор нагардад, мефиристонед!? Инро ҳамту аз дилсӯзӣ ба забони ноби тоҷикӣ, ки шукр кам- кам ба он балад ҳастем, гуфтем. Акнун дар мавриди он таънае, ки ба мо задаед: "Дар бисоти Шумо чист, ки онро метавон бо заҳмати бист, сӣ, чил ва панҷоҳсолаи олимоне, ки номбар кардед, ба қиёс гузорем." Ҷаноби раис, деҳқон дона кишт мекунад, сохтмончӣ хонаву коргоҳ месозад, омӯзгор шогирд тарбия мекунад, журналист нуқсу камбуди ҷомеъаро мегӯяд, олим касест, ки дар илм ғул-ғула меафканад. Ва академик бояд мисли Сахаров бомбаи водородӣ, мисли Эйнштейн силоҳи ҳастаӣ, чун Сино "ал- Қонун", мисли Святослав Фёдоров, Жорес Алфёров, Чингиз Айтматов, Ринат Оқчурин номи ҷаҳонӣ ва чун Шайх Саъдӣ "Бӯстон" ва чун Мавлоно "Маснавӣ" дошта бошад. Дар бисоти мо чист, Шумо "Миллат"- ро бихонед, ба суолатон посух хоҳед ёфт, ба Худо ғайри ин дигар чизе дар бисотамон нест. Вале хӯрҷини Шуморо мехоҳам бидонам, ки тайи ин "чил соли бо илм ва дар илм будан" чӣ дорад ва оё воқеъан он ҷо чизе ҳаст, ки ба дарди ин миллат бихӯрад. Ман наметавонам чун Имом Ғаззолӣ бигӯям, ки вой бар олиме, ки илмаш дар хӯрҷин бошад! Дар охир мӯҳтарам раиси Академияи улуми Тоҷикистон, чун Шумо бо русӣ сӯҳбат карданро дӯст медоштаед ва ин амалро беэҳтиромӣ ба забони тоҷикӣ намедонед, барои вақт ёфта ба он навиштаи ман посух гуфтанатон; "Большое спасибо!"


Толибшоҳи САЙИДЗОДА
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97