«ВАВИЛОН-МОБАЙЛ» МИЛЛИОНЕР ШУД!

Иҷтимоъ 21.02.2009 22:01

Имрӯз, 21 феврал, дар ширкати «Вавилон-Мобайл» маросими муаррифии муштарии миллионуми ин ширкат баргузор шуд. Муштарие, ки бози давлат бар сараш нишаставу ба шарофати ӯ «Вавилон-Мобайл» «миллионер» шуд, сокини деҳаи Дектури ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон Шарифов Ҳасан Саидович будааст. Бо баргузории маросими тантанавӣ Ҳасан Шарипов соҳиби ҷоизаи миллионум муштарии «Вавилон-Мобайл» -автомашинаи тамғаи ВАЗ 21015 ва 1 000000 сония вақти гуфтугӯи ройгон шуд.

Бахтиёр Муъминов, раиси техникии «Вавилон-Мобайл» зимни баргузории ин маросим ба муштарии ифтихории ширкат калиди автомашина ва ҳадяҳои хотиравӣ аз номи ширкатро тақдим кард.

Ӯ бо ибрози суханони табрикӣ афзуд: «Мо аз он хушҳол ҳастем, ки бештар аз як миллион сокини Точикистони азизамон хидматрасонии ширкати моро интихоб кардаанд. Бо миллионум муштарии худ мо қуллаи навбатиро фатҳ кардем, ки ин далели мунтазам пешрафт кардани фаъолияти ширкат аст. Муштарии миллионуми мо ба гурӯҳи одамоне ҳамроҳ шуд, ки барои муошират на танҳо робитаи мобилӣ, балки хидматрасониҳои гуногунеро, ки «Вавилон-Мобайл» дар асоси технологияҳои навтарин дастрас мекунад, мавриди истифода қарор хоҳад дод».

Ба гуфтаи ин масъули ширкат кормандони «Вавилон-Мобайл» кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то рӯз аз рӯз эътимоди муштариёнро ба ширкаташон боз ҳам беҳтару қавитар созанд. Маҳз барои ба даст овардани эътимоди бештари муштариён «Вавилон-Мобайл» фаъолияташро барои васеъ кардани масоҳати фарогирии шабака, беҳтар кардани сифати алоқа ва хидматрасониҳои гуногун боз ҳам қавитар месозад.

Пас аз тақдими ҳадяҳо ба миллионум муштарии ин ширкат Ҳасан Шарифов, ӯ бо ҳаяҷони зиёд ба хабарнигори «Миллат» гуфт, ки ӯ ҳеч ин интизорро надоштааст ва худоро шукр, ки ин як ҳадяи илоҳист. Ӯ афзуд: «Ин барои ман ғайричашмдошт буд. Вақте ки аз ширкат занг зада ба ман гуфтанд, ки муштарии миллионум шудам, бовар накардам. Умуман ҳеч касе аз наздиконам низ ин бовариро надоштанд. Баъди чандин бор занг задан, ман тасмим гирифтам, ки ба шаҳр биравам ва ҳақиқати ҳолро маълум кунам. Омадам, ин ҳама он чӣ, ки мебинед, ҳамроҳи шумо шоҳид шудам. Хеле хушҳолам, ки тақдир ба ман чунин туҳфа кардааст. Ҳеч бовар намекардам, ки ба ширкати «Вавилон» пайваст шуда, соҳиби мошин мешавам…».

Ҳасан Шарифов дар сӯҳбати ихтисосӣ ба мо гуфт, ки хонаводааш ба деҳқонӣ машғул ҳастанд ва солҳои зиёди умраш дар саҳро гузаштааст, ҳеч гоҳе мошини шахсӣ надоштааст. Соҳиби зан ва 10 фарзанд мебошад. Рӯзи 10 январи соли 2009 аз ноҳия симкорти шабакаи «Вавилон-Мобайл»-ро харидорӣ карда, муштарии хушбахти ин ширкат шудааст.

Ӯ зимни нишастан ба автомашинаи ороишдодааш гуфт, ки ин бахтро ба ҳамаи мардуми сарбаланди тоҷик орзу дорад. Ва аз мардуми шарафманди кишвар даъват мекунад, ки бо ширкати «Вавилон-Мобайл», ки алоқаи мобилиро барои ҳама дастрас мекунад, бипайванданд ва чун ӯ рӯзе савори орзуҳои баланд хоҳанд шуд!

Бо умеди миллионер шудани ҳар фарди тоҷик, омин!


©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97