Билохира дағдағаи мамнӯъ кардани ҳаракати нақлиёти маъруф бо "тангем" дар чанде аз хиёбонҳои протоколии шаҳри Душанбе ба ҳукми иҷро даромад. Дар ин рӯзҳо баробари бекор мондани теъдоде аз ронандагони "тангем" милисаҳои чорроҳҳои бузурги пойтахт хеле серкору пурташвиш буданд. Зеро акнун ин милисаҳои роҳро зарур аст, то аз миёни анбӯҳи мошинҳо, ки тайи чанд соли ахир теъдодашон дар пойтахти тоҷикон рӯ ба афзоиш ниҳодааст, "тангем"-ҳои қоматхамидаи камнамоёнро ҷудо ва ба самти муайяншуда роҳнамоӣ кунанд.
Ин вазъ на танҳо ронандагони "тангем"-ҳо, балки мусофирони "аз оламу одам"-бехабари ин нақлиётро, ки аксар шояд аз мушкили бебарқӣ асабонӣ ба назар мерасиданд, мушаввашхотиртар месохт. Зеро, намедонам, чаро, вале масъулин барои иҷрои ин амр замони номусоидеро интихоб карданд. Ва тағйири масири ҳаракати "тангем"-ҳои чинӣ дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе дар шароити сарди зимистон боиси сардаргумии аксари сокинон гардид. Асабонияти мардум ҳам бесабаб нест, зеро аз як сӯ сокинони аз сардиҳои хонаҳои бетонӣ безоршуда, (ки на шабакаи гармидиҳӣ дар хонаҳояшон фаъол асту чанд сол бад ин сӯ гаравгони реҷабандони газу барқ шудаанд), сабри интизории нақлиёти дермондаро дар сардии фасли сармо надоранд. Аз сӯйи дигар бо сабаби бебарқӣ аксарияти онҳо аз шарҳу тафсири қарори мазкур бехабар, якбора дучори "беназмӣ" дар самти ҳаракати нақлиёти мавриди назарашон шуданд. Боиси таассуф аст, ки пажӯҳишгоҳи равоншиносӣ дар Тоҷикистон то ҳануз арзи вуҷуд надорад, то осебу зиёни расида аз чунин иқдомҳоро мушаххас бисозад ва барои ба низом даровардани дастури кори масъулин ҷиҳати тасмимгирӣ дар амри иҷрои иқдомҳояшон мусоидат намояд.
Аксари мусофироне, ки субҳи рӯзи душанбе омадани "тангем"-ҳоро дурудароз дар хиёбонҳои Душанбе интизор шуданд, натавонистанд сари вақт ба маҳалли корашон бирасанд. Ҳатто баъзе мусофирон, тулонӣ мунтазири нақлиёти мусофирбари давлатӣ шуданд, ки ин асабонияташонро дучанд мекард.
Онҳое, ки бештар савори "тангем" мешуданд, мегӯянд, ки афроде ба худ эҳтиром дорад, дар чунин нақлиёти лабрези мусофир савор намешавад. Зеро ба ин шакл хидматрасонии мусофирон ғайриқобили қабул ҳам аз лиҳози санитарӣ-гигиенӣ ва инсонӣ- ахлоқӣ мебошад, ки гоҳо нозирони "гурусначашм" раҳораҳ мусофирбари калонро ҳам дар нимароҳ нигаҳ дошта, мусофир "бор" мекунанд. Одатан ин мусофирбарҳо "шикоргоҳи" хубе барои дуздони кисабур аст, ки мутаассифона чун солҳои қаблӣ аз сӯйи мақомоти интизомӣ ё милиса назора карда намешаванд.
"Тангем"-ҳо дар як соли пеш ба хиёбонҳои пойтахти тоҷикон рехтанд ва агарчи дар мавриди маҳдуд кардани самти ҳаракати ин навъи нақлиёт дастури шаҳрдорӣ барвақттар ҳам дода шуда буд, аммо бо усули "чашмбандӣ", яъне бидуни гузоштани рақами самти ҳаракат ва худро ба "нодонӣ" задани нозирони роҳ ин нақлиёт фаъолият мекард.
Аммо аз сар гирифтани ин амр ба гуфтаи манобеъи давлатӣ ба хотири бехатарии роҳ гирифта шудааст. Гуфта мешавад, дар соли гузашта 165 садамаи роҳ бо "тангем"-ҳо рух дода ва дар ин садамаҳо се нафар ҷон бохтаанд.
Дар баробари ин ки воқеан садамаҳои зиёде бо "айб"-и "тангемҳо рух додаанд, "тангем"-ҳо ризқрасони чанд хонаводаи тоҷик низ маҳсуб меёфтанд. Ва мамнӯъ кардани ҳаракати ин нақлиёт дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ ва афзоиши бекорӣ шумори теъдоди бекоронро ба маротиб афзоиш хоҳад дод. Ба ҳар сурат аз ин ба баъд шояд ин ҳам муваққатан, "тангем"-ҳо бояд аз роҳҳои канорӣ ҳаракат кунанд.
Аммо бо гузашти ду рӯз аз манъи ҳаракати "тангем"-ҳо дар хиёбонҳои пуродам агарчӣ масъулин ваъдаи зиёд кардани нақлиёти давлатӣ дар хиёбонҳои мазкурро дода буданд, мусофирон ҳамоно бо мушкил дар нақлиёти пур одам рафтуомад доранд. Ва агар аз масъулин кадоме, ки тайи чанд соли охир савор шудан ба автобусу тролейбус чӣ ки, ба маршрутро аз ёд бурда бошанд, лоақал то як истгоҳ мусофиронро ҳамроҳӣ кунанд ва "лаззат"у "кайфият"-и нақлиёти дастҷамъии мусофирбари пойтахтро хоҳанд чашид, ки мутмаинан онро то дер аз ёд нахоҳанд бурд. Он хоҳ автобуси лабрези мусофир аст, ё тролейбуси беодам, ки то дер дар миёни роҳ интизори омадани барқ меистад ва ё "газел"и "шахсӣ", ки нозираш ба андозаи нафсаш мусофир мечинад. Хоҳиш, танҳо лаҳзае бо мардум ҳамсафар бошед!
Он гоҳ барои ҷустани посух бар ин суол, ки чаро дар даҳ соли фазои сулҳу созандагӣ масъулон натавонистаанд ҳаракати нақлиёти мусофирбари пойтахтро ба танзим дароваранд, бархоҳем гашт.
Бонуи ДАВЛАТ