ТАНҲО ҚАЛЪАИ ХУМБ БО БАРҚ ТАЪМИН АСТ

Иҷтимоъ 09.02.2009 14:41

Пас аз шунидани суханони раиси ҷумҳур дар ҷаласаи васеъи Ҳукумат дар мавриди ин ки бунёди ниругоҳи хурди обӣ дар Дарвоз тавонистааст 70 дар сади мардуми ин ноҳияро бо барқ таъмин кунад, аз дастовардҳои як гӯшаи ватан хушҳол шудаму чанд дарвозии меҳмони пойтахтро, ки дидам, табрик гуфтам: «Шумо воқеан мардумони хуштолеъ ва ба бахте ҳастед, ки дар ҳоле аксарияти мардуми тоҷик дар зулмот ба сар мебаранд, хонаҳои шумо чароғон аст».

Бо табассуми малеҳ ва зебандаи хоси ин мардумон посухам медоданд: «Кошкӣ, малоикаҳо омин мекарданд»!

Посухи чанд нафар, ки яксон ва пуртаассуф буд, водорам кард, ки рақами телефони раиси ноҳия Мусофиров Сайидалиро барчинам ва посухи ин суолро аз ишон бикунам. Раис бидуни расмият ва бузургманишие, ки бархе аз раисон доранд, ба суолоти мо посух гуфт. Ӯ аз ҷумла ин идаъоро, ки гӯё ин ниругоҳ чандон хуб кор намекунад ва орзуҳои мардумро барои рӯшан кардани кулбаҳояшон бароварда накардааст, рад карда, иброз дошт, ки "ин ниругоҳ рӯзе беш аз 800 киловат соат нируи барқ тавлид мекунад ва дар ҳоли ҳозир тамоми сокинони шаҳраки Қалъаи Хумб, маркази ноҳия, бо барқ таъмин ҳастанд, дар назар аст, то даҳ понздаҳ рӯзи дигар то деҳаи Кеврон мардум бо барқ таъмин бишаванд ва шумо агар хостед, метавонед, ҳар кадом рақами телефонро дар шаҳрак, ки суроғ доред, барчинед ва аҳвол бипурсед".

Раиси ноҳия гуфт, ки ниругоҳи нав дар ҳоли ҳозир танҳо имкони таъмини маркази ноҳия бо нируи барқро дорад. Деҳоти дигари ноҳия аз шабакаи барқи умумӣ таъмин мешудааст.

Баъди он ки талошҳои як дӯстамон барои фиристодани маблағ аз тариқи "Амонатбонк" ба Душанбе бо сабаби дар рӯзи 19 январ аз соати 11 то соати 17 бо сабаби набудани барқ бесамар анҷом шуд, дубора ба суроғи мавзӯъ рақами телефонҳои ошно аз Дарвозро барчидем.

Аҷаб мардуми озодае ҳастанд мардуми Дарвоз, гӯшии телефонро гирифтаму як як рақам чидам, ҳар кадомаш бидуни он ки бипурсанд кистам, ба суолам воқеъиятро арз медоштанд;

-Гоҳе барқ дорем, гоҳе не. Имрӯз ҳам қабл аз зуҳр барқ набуд, ҳамин ҳоло бо шарофати занги шумо барқ ҳам омад, -1,5 соат барқ медиҳанд, пгаҳӣ надаменмун, ҳоли бест аз мардако ягон касро бигӯям биёяд суолота ҷавоб меда.

-Мо тибқи дастуроти ҳукумати кишвар аз соати 18 то 20 ва аз субҳ аз 6 то 8 бо барқ таъмин ҳастем - овози мардонае аз он сӯйи гӯшӣ шунида шуд, ки худро раиси маҳаллаи Ҷорф муаррифӣ кард ва исмашро Баҳриддин Шамсуф гуфт.

Баргашта суолаш кардам: -Аммо ҳозир он бону гуфт, ки чанд рӯз аст ба пагоҳӣ надаменмун…

-Бале, ду рӯз шудааст, ки бо кадом сабабе субҳҳо барқ дода намешавад, вале иншоолоҳ хуб мешавад, ниругоҳҳо сохта бишаванд, барқ ҳам мешавад, дар деҳаи мо ҳам. Ана барқ ҳам омад (садои шодии кӯдакон аз он сӯйи гӯшӣ шунида мешавад). Аз Баҳриддин Шамсов дар бораи пулғундории нозирони барқ суол мекунам. Мегӯяд, дар деҳаи онҳо 74 хоҷагӣ зиндагӣ доранд ва 25 хоҷагӣ ҳисобкунаки барқӣ доранд, ҳисобкунакҳои барқиро бояд ба Хоруғ бурд, то тамғаи стандарт зада бишаванд ва 25 хоҷагӣ ин корро анҷом додаанд, ки баҳои барқро аз рӯйи ин ҳисобкунакҳо месупоранд. Аз ӯ боз ҳам мепурсам, магар ҳамаи мардум имкони ба Хоруғ рафтану бурдани ҳисобкунакҳои барқиашонро доранд, ӯ мегӯяд, не, як нафар, ки роҳии Хоруғ шуд, чанд ҳисобкунаки барқиро бо худ мебарад ва тамға зада бозпас меоварад.

Аз як нафар истиқоматкунандаи ноҳияи Дарвоз, ки меҳмони шаҳриён буд, аҳвол пурсидам, ки изҳор кард: "Ман дар ҳайратам, ки чаро ҳисобкунакҳоеро, ки аз санҷиши "Тоҷикстандарт" дар шаҳри Душанбе мегузаранд, Иттиҳодияи минтақавии барқтаъминкунии ноҳияи Дарвоз ба эътибор намегирад ва мегӯяд, ки инҳоро дар Хоруғ бояд аз санҷиш гузаронем. Боз ҷойи ҳайрат дар он аст, вақте мардум бо масъулини Итиҳодияи минтақавӣ барқтаъминкунӣ даъво мекунанд, ки модоме ҳисобкунакҳои барқии санҷидашудаи "Тоҷикстандарт"-ро писанд надоред, бар асоси чӣ ин миқдор маблағро муқаррар кардаед, ки барои масрафи барқи буд набуд аз мо пул меситонед, нозирони барқ мегӯянд, ки мо намедонем, ин квитансияҳоро (расидҳоро) ба мо аз Хоруғ мефиристанд. Аммо он квитансияҳое, ки ба мо медиҳанд дар он нишондод ё ҳолати пешинаи ҳисобкунак дарҷ нашудааст, танҳо нишондоди бардурӯғ, ки намедонам аз маҳтоб ҳисоб кардаанд ё аз офтоб сабт шудаасту халос. Ин дар ҳолест, ки дар деҳа ҳамаи мардум қувваи барқро яксон истифода намебаранд, баъзе мардум ҳама намуди дастгоҳи барқиро дорад, баъзеи дигараш не, вале аз ҳама як хел пардохт талаб карда мешавад. Ростӣ мо саргумем, мушкили камбуди барқ як тараф моро асабонӣ мекунад, пулситониҳои беҳисоб аз сӯйи дигар."

Ба хотири осон кардани ин мушкили мардум, дар як рӯзи баъди ин сӯҳбатҳо ба Иттиҳодияи минтақавии барқтаъминкунии ноҳияи Дарвоз тамос гирифтем. Аз сӯҳбати мақоми раҳбарии ин иттиҳодия ҷаноби Қаландаров, ки моҳе бештар аст, аз маркази вилоят ба ин мақом таъйин шудааст, дарёфтем, ки ин соҳа масоили печ дар пече дорад ва худи ин мақомот дар ҷустуҷӯйи саркалоба саргуманд. Раис, бархилофи чашмдошти мо ва бо хушунат, ки ба фарҳанги хоси мардуми Дарвоз бегона аст, мисле ки бо истифодабарандаи қарздори барқ сӯҳбат дошта бошад, бо зарда ҳарф мезад. Аз раиси мӯҳтарам эҳтиромона хоҳиш кардем, ки мо танҳо мехоҳем бо чанд суол посух бигирем ва ҳоҷат нест бо асабоният сӯҳбат бикунанд.

Баъди ин ҷаноби раис каме ором гирифтанд ва мо сӯҳбатамонро идома додем. Аз сӯҳбатҳои масъули идораи барқрасонии Дарвоз маълум шуд, ки НБО Ширг танҳо аз 1 - уми январ ба кор шурӯъ кардааст ва рӯзе 850 киловат нируи барқ тавлид мекунад ва чун ин ниҳод ба идораи барқрасонии Дарвоз марбут нест, раиси идораи барқтаъминкунӣ аз додани шарҳи бештаре дар ин маврид худдорӣ варзид.

Ин идаъоро, ки чаро ҳисобкунакҳои барқиро нозири идораи барқи Дарвоз ба эътибор намегирад ва ба ҷойи 250 киловат нируи барқи масрафшуда, ки ҳисобкунаки барқӣ нишон медиҳад, аз як хонавода пардохти 500 киловат нируи барқро тақозо мекунад, раис изҳори беиттилоӣ кард ва аммо гуфт, системаи барқии Дарвоз валангор аст ва мо бояд онро барқарор кунем.

Ҳамчунин ба иддаъои ӯ қарзи 1 миллиону 950 ҳазор киловатт барқи масрафшуда аз Ниругоҳи барқи обии Норак бояд пардохт бишавад. Ҷаноби Қаландаров арз дошт, ки аз ин миқдор нируи барқ 440 ҳазор киловатт нируи барқ дар хати интиқоли Нулванд, 397 ҳазор киловатт дар маркази ноҳия, 210 ҳазор киловатт дар хатти барқи Кеврон-Ванҷ, 186 ҳазор киловатт нируи барқ дар хати интиқоли барқи Зев сарф шудааст, ки дар ин ҳисоб сарфи нируи барқи Сағирдашт дар назар гирифта нашудааст ва истифодаи ин миқдор нируи барқ бар сари истифодабарандагони хати интиқоли деҳаҳои ин самтҳо тақсим мешавад. Аз раис дубора хостам, то тавзеҳ бидиҳад, ки бар чӣ асос бояд мардум аз истифодаи нируи барқ барзиёд пардохт бикунад? Раис канда -канда таъкид кард: "Сис-те-маи бар-қи Дар-воз ва-лан-гор аст! Ман бо-яд ҳо-зир раф-та сим-ҳои барқ-ро на-зо-рат би-ку-нам, шумо бошед вақти маро ин ҷо гирифта истодаед." Аз ҷаноби раис барои гирифтани вақти бениҳоят қиматашон узрхоҳӣ карда, гӯширо гузоштам. Бо умеде, ки Раис фурсат биёбад ва андеша кунад, ки бар чӣ асосе аз мардум ҳаққи ду баробари истифодаи барқе, ки интиқолаш ба табъи танзимгарони барқ вобастааст ва гоҳе ҳам субҳҳо интиқолашро фаромӯш мекунанд, биситонад.

Масъули Идораи барқтаъминкунии ноҳияи Дарвоз дар ҳоле аз валангор будани симҳои интиқоли барқи Дарвоз сухан мегӯяд, ки дар соли гузашта дафтари матбуоти ширкати "Помир энержӣ" дар бораи таъмири хатҳои интиқоли барқ дар Дарвоз ба нашрияи "Миллат" ин оморро пешниҳод карда буд: Хатҳои интиқоли барқи 35кВ дар масофаи 5,2 км ва хатхои барқии 0,4/10кВ дар масофаи 2,8 км аз таъмир бароварда шуданд. Таъмири қисми пастшиддати зеристгоҳҳои деҳаҳои Зев, Марказ-2, Зинг, Хумби -Варӣ низ аллакай ба итмом расонида шуд. Дар 6 зеристгоҳи 10/0,4кВ трансформаторҳо иваз карда шуданд. Таъмири зеристгоҳи 35/10кВ Сағирдашт ва хати барқи 35Кв Тавилдара - Сағирдашт низ сар мешавад. Дар моҳи сентябр таъмири зеристгоҳи 35/10кВ Қалъаи Хумб дар нақша буд. Ҳамчунин ба наздикӣ шабакаҳои интиқоли барқи 10/04 кВ Сағирдашт мавриди таъмир қарор дода хоҳанд шуд.

Ба ҳар сурат бо вуҷуди он ки мушкил боқист, матлаби мо ин ҷо ба итмом мерасад, аммо то он даме, ки раис симҳои ва-лан-го-ри Дар-воз-ро ду-руст ме-ку-над вақти пурқимати мардум сарфи хархаша сари пардохти барқи истифоданашуда бо нозири бехабар мешавад. Аммо мардум ҳам кори бисёр доранд, ҷойи хархашаи барзиёд бояд то фарорасии зулмати шом дар рӯшноӣ ҳезум шикананд ва оташ гиронанд, не раиси мӯҳтарам!

Ба ҳар ҳол мо натавонистем бо сабаби серкории раиси шабакаи барқ роҳи қонунии мушкили мардумро ба масъулини Идораи барқрасонии Дарвоз мушахас кунем, шояд мақомоти дигари масъул, аз қабили "Тоҷикстандарт", "Помирэнержӣ" ва Агентии мубориза бо фасод ин мушкили моро осон мекунанд?!


А. МИРЗО
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97