РАИСИ «СУҒДГАЗ» ЧАРО НАОМАД?!

Иҷтимоъ 04.02.2009 13:53

Дар интизории Газ ва раиси "Суғдгаз"

Дар рӯзҳои сармо масъулони идораҳои таъмини газу барқ қаҳрамонони мавсимии гузоришҳои родию телевизионӣ ва матбуоти даврию дигар расонаҳои хабарӣ мегарданд. Маркази иттилоот ва таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд дар нишасти хабарӣ Раиси Корхонаи воҳиди давлатии "Суғдгаз" Ятимов Раҳматулло Амоновичро даъват кард, то аз вазъи кори соҳа ба рӯзноманигорон гузориш диҳад.

Аммо беш аз 20 нафар журналист дар интизории ин масъули соҳа якуним соат нишастанд. На пай ҳасту на ҳайдар. Шояд ин масъули соҳа тибқи мақоли "асои пир ба ҷои пир" амал карда, барои гирифтани пеши саволборони рӯзноманигорон раиси Хоҷагии гази шаҳри Хуҷанд Гавҳар Қосимоваро фиристод. Хонум Гавҳар Қосимова баён кард, ки дар шаҳри Хуҷанд мушкилие ба таъмини гази табиӣ мавҷуд нест. Алҳол 6-соатӣ ба аҳолӣ газ интиқол меёбад. Агар мардум ҳақи истифодаи газро пешпардохт кунанд, имконияти 12-13 соат ба аҳолӣ додани газ вуҷуд дорад.

"Суғдгаз" ва "ҳаво"-и ғоратгар

Ба саволи рӯзноманигор, ки чаро вақте ки мурвати газро мекушоем, чанд муддат ҳаво хориҷ мегардаду ҳисобкунак гардиш мекунад ва барои ҳар рақами партофтаи он мардум пул медиҳанд, хонум Гавҳар Қосимова ба гуфтани назарияи физика оғоз кард. Бино бар қавли ӯ агар гази табиӣ бе маҳдудкунӣ дода шавад, дохили қубурҳо аз ҳаво пур намешаванд. Вақте ки интиқоли гази табиӣ қатъ карда мешавад, аз сӯрохиҳои хориҷшавандаи гази плитаҳо ба дохили қубурҳо ҳаво пур мешавад. Ба гуфти ӯ ҳама дар як вақт газро хомӯш намекунанд ва аксарият баъди қатъ шудани интиқоли газ мурвати онро тоб медиҳанд, ки дар ин муддат аз сӯрохиҳо ба дохили қубурҳо ҳаво ҷамъ мегардад. Дар чанд соли охир ҳамин гуна ҷавобро аз чандин масъули дигари соҳаи газ шунида будам ва бори дигар шунидани ин ҷавоб бароям аҷибу ғариб набуд. Аммо аҷибаш он буд, ки ба саволи чӣ кор кунем, ки ин ҳолат сар назанад, Гавҳар Қосимова арз дошт, ки ҳама дар як вақт бояд, ки мурвати плитаҳоро маҳкам кунанд. Охир ин кор ғайриимкон аст. Соҳибхоназани кӯдакдор ба тифлаш нигоҳубин карда мумкин аст, ки дертар газро хомӯш кунад. Дигар нафарон ҳам шояд серкорӣ мекашанд ва ё саҳван аз хотир мебароранд. Шояд барои ин корро дар шаҳри Хуҷанд иҷро кардани мардум мисли давраи Шӯравӣ бонги занги корхонаҳоро ба кор андозем? Вақте ки Хоҷагии гази шаҳри Хуҷанд интиқоли газро қатъ карданӣ шавад, як ҳуштак дар фазои шаҳр садо диҳад ва мардум фаҳманд, ки вақти хомӯш кардани газ расидааст.(!) Бино бар гуфти Гавҳар Қосимова аз ҳаво пур шудани қубурҳои газгузар ҳодисаи физикӣ аст. Аз ҳаво гардиш кардани нишондиҳандаи ҳисобкунакҳо ҳам ҳодисаи физикӣ аст. Пас чаро ҳодисаи якуми физикӣ сабаби рух додани ҳодисаи дуюми физикӣ гардида ба кисаи мардум зарар мерасонад? Дар вақти ҳисоби маблағи истифодаи гази табиӣ ягон масъули соҳа намегӯяд, ки аз ҳаво ҳам ҳисобченкунак гардиш кардаасту як миқдори муайян, фарз кардем, 10 метри мукааб талаф мегардад. Гавҳар Қосимова арз медорад, ки барои ин гуна талафот ягон санади лозима несту будааш ҳам барҳам дода шудааст. Инсофан бигӯед, танҳо дар шаҳри Хуҷанд ба гуфти шахси масъул 45 ҳазор муштарии газ мавҷуд аст. Агар ҳар муштарӣ дар се рӯз ҳадди ақал ба як метрии мукааб ҳаво ҳамчун газ маблағ супорад, агар 1 сомонӣ бошад дар се рӯз 45 ҳазор сомонӣ мегардад. Фарз кардем, даҳ ҳазор муштарӣ ба шабакаи газдиҳӣ пайваст нагардид. Он гоҳ мешавад 30 ҳазор сомонӣ ин маблағ ба куҷо меравад? Аҷабо, ҳатто барои ҳаво ҳам пул ситонидан мумкин будааст! Гавҳар Қосимова мегӯяд, ки танҳо як дақиқа ҳаво хориҷ мешавад. Сокинон мегӯянд, ки гоҳо то 15- 20 дақиқа ҳолат чунин мешавад. Бо умед ба газ гӯгирд мезананд, лекин ба ҷои он ки алангаи кабудро бинанд, бо шаст мурдани алави гӯгирдчӯбро тамошо мекунанд.

Дар мавриди таъмини аҳолӣ бо ҳисобченкунакҳои газии ройгон Гавҳар Қосимова гуфт, ки дар анбори онҳо ин дастгоҳ намондааст. Шахсоне ки мехоҳанд ҳисобченкунак васл кунанд, аз ҳисоби худашон онро харидорӣ мекунанд. Шояд талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуқуқи истеъмолкунандагон", ки масъулони газу барқро ба таъмини ройгони ҳисобкунакҳо водор мекунад, аз амалишавӣ дур мондааст. Ва ё шояд масъулони идораҳои тафтишотӣ сари ин масъала меандешанду ба хулосаи лозима меоянд?


Ислом Раҳимов,
Суғд
©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97