МАМАДШО ИЛОЛОВ: "ЕЩЁ ЕСТЬ ВОПРОСЫ" ё қиссаи "гиромидошт"- и забони тоҷикӣ дар Академияи илмҳои Тоҷикистон

Иҷтимоъ 31.01.2009 14:53

ИН МАВОД БА ЭҲТИРОМИ ИЛОЛОВ ЧОП МЕШАВАД, ВАГАРНА…

Дар соли 2008 "ба мақсади бузургдошти 1150 солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 950 солагии Абӯҳомид Ғаззолӣ, 850 солагии Ҳаким Саноӣ, 100- солагии академҳо Султон Умаров, Бобоҷон Ғафуров ва Абдулғанӣ Мирзоев ва бахшида ба бузургдошти Соли забони тоҷикӣ конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ташкил ва гузаронида шуданд.

"Олимони институти астрофизика мушоҳидаи метеорҳо, кометаҳо, астероидҳо ва пораҳои киштиҳои кайҳониро (?) гузарониданд. Олимони илмҳои филологӣ масъалаҳои мубрами ташаккули меъёри забони адабии тоҷикиро мавриди таҳқиқ қарор доданд.

Олимони соҳаи химия хӯлаи алюминии протекторӣ барои аз зангзанӣ муҳофизат кардани иншооти пулодӣ(?), таҷҳизотҳо(?) ва техника коркард намуданд.(?)

Олимони соҳаи сейсмология натиҷаи мушоҳидаҳои бефосилаи инженериву сейсмометрии худро дар сарбандҳои НОБ- ҳои(?) Норак ва Сарбанд татбиқ намуданд.

Олимони таърих нахустин маротиба дар асоси омӯзишу таҳқиқи сарчашмаҳои бойгонӣ таърихи аслии таъсисёбии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистонро муайян намуданд.(аҷаб кашфиёте бузургу нодир! -Т. С.)

Олимони институти гастроэнтерология муайян карданд, ки баъзе навъҳои бактерияи "Хеликобактер пилори" ҳангоми гастрити меъда ва захми меъдаю рӯдаи дувоздаҳангушта ба пайдоиши бемории саратон оварда мерасонад.

Олимони институти масъалаҳои об ва экология якҷоя бо мутахассисони ширкати "Барқи тоҷик" ҳаҷми муфиди оби обанбори Норак ва ба таври зуд(?) пешгӯӣ кардани ҷараёни солонаи дарёи Вахшро коркард(?) ва татбиқ намуданд.

Дар соли 2008 муассисаҳои илмии Академия қариб 700 корҳои илмӣ ва 100 китобу монография(?) ва брошюра(?) ба табъ расониданд, 3 тан рисолаи докторӣ ва 10 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд.

ХОНАНДАИ ГИРОМӢ!

Аслан ин гузориш, ки бозгӯи фаъолияти яксолаи Академияи илмҳо мебошад, шояд он барои чоп чандон аҳамият надошт ва маъзарат мехоҳем хонандаи гиромӣ, ки вақти пурқиммататро сарфи мутолиаи он намудӣ. Ҷиҳати он, ки раиси мӯҳтарами Академия Мамадшо Илоловро аз "Миллат" хотирашон озурда нагардад, мо корҳои бузург ва кашфиётҳои беназири тайи соли 2008 анҷомдодаи олимону кормандони ин даргоҳи мӯътабарро нашр намудем. Раиси Академия ҷаноби Илолов моро "соддаву гумроҳу нодонбачае"(ибораи академик Турсунзода, Т. С.) гумон карда, бароямон мегӯяд, ки "Шумо кори Академияро бисёр сода медонед ва намефаҳмед, ки олим будан заҳмати сангин аст." Оре, ҷаноби Илолов мо аз Миррих омадаем, мо куҷову заҳмати сангини олимонро донистан куҷо! Вақте зимни нишасти хабарӣ аз ҷаноби Илолов мепурсам, ки чаро Шумо ва масъулини Академия ба навиштаҳои расонаҳои хабарӣ, мин ҷумла ба мақолае зери унвони "Сино академик набуд, вале илмаш ҷаҳон гирифт", ки дар нашрияи "Миллат" 11 сентябри соли 2008 ба чоп расидааст, посух намегӯед, яке нохост раиси Академия ба шӯр омад ва гуфт ҳарчӣ мехост: "Миллат" дурӯғ менависад, Илоловро ҳарчи хоҳед гуфтан гиред, аввал як бор кори илмии навиштаи ҳамон вазиреро, ки академик шудааст хонед, баъд гап занед, муайян кардани номзадҳо ба унвони академикӣ кори "Миллат" ва дигар газетаҳо нест, ин кори Президиуми Академия аст." Ман ҳам аз ҷой бархостаму гуфтамаш, ки ин ҷо барои шунидани фаъолияти яксолаи Академия ва посух гирифтан ба суъолҳоям омадаам, на барои шунидани панду насиҳати Шумо ҷаноби раиси Академия!

Бояд бигӯям, ки банда дар зиёд нишастҳои хабарии вазирону раисони кумитаҳои давлатӣ ва раҳбарони шаҳру навоҳӣ ширкат варзидаам ва ин бори нахуст буд, ки дар умри сарам дар як нишасти академикҳо менишастам. Ва он воқеъан пресс- конфренсия буд, на нишасти хабарӣ ё матбуотӣ, зеро дар ин нишаст забони давлатӣ дар ҳукми фаромӯшӣ буд... Он раисони пажӯҳишгоҳҳо, ки ба тақвияти суханони шефи хеш сухан гуфтанд, тоҷикӣ ҳарф намезаданд, ҳатто ба назар чунин мерасид, ки эшон ё тоҷикиро намедонанд ё аз сӯҳбат кардан бо тоҷикӣ ор карда худро канор мегиранд. На академик Пӯлод Бобоҷонов, на профессор Саъдулло Исломов, на муовини раиси пажӯҳишгоҳи астрофизика Гулчеҳра Қоҳироваро ба ёдашон нарасид, ки дар давлате зиндагӣ доранд, ки забони давлатиаш тоҷикӣ аст ва агар барои мо рӯзноманигорон нишасти хабарӣ ороста бошанд, на пресс- конфренсия пас бояд медонистанд, ки он ҷо ҳамагӣ ду журналисти русзабон буд, ки эшон ҳам забони давлатиро медонистанд. Суъол ин ҷост, ки чаро академикҳои мо тоҷикиро намедонанд, ё бо тоҷикӣ сӯҳбат кардан намехоҳанд? Ин мавзӯъ ва мушкилаест, ки ҳатто роҳбари давлат низ аз он изҳори нигаронӣ кард ва дар ҷаласаи васеъи Ҳукумати кишвар, рӯзи 15 январ ба олимони мӯҳтарами мо эрод гирифтанд, ки бо мардуми худ ду даҳон бо тоҷикӣ ҳарф задан наметавонанд. Ва дар ҳақиқат худ шоҳиди он гаштам, ки дар Академияи илмҳо, дар махзани донишу фарҳанг, ки пуштибони аслии забону фарҳанг бояд бошад эҳтироме қариб ба забони миллат эҳсос намешуд.

Ҳамин буд, ки Илолов ҳар дам баъди посух гуфтани худ ё масъулони пажӯҳишгоҳҳои Академия ба суъолҳои ироъашуда ба мо хабарнигорон рӯ оварда: "Ещё есть вопросы?" мегуфт. Хостам, ки суъоли додаи Сафват Бурҳонов, муовини сардабири "СССР"- ро барои раиси Академия хотиррасон созам, вале андеша кардам, ки қадру манзалати забони миллат агар ҳамин аст, пас чи ҷойи пурсиш аз тоҷикӣ кардани насабу дуруст навиштани ному фомил аст. Олимони шинохтае чун Ҷаҳонгир Низомов, раиси пажӯҳишгоҳи сейсмологӣ ва З. Раҳмонов, раиси пажӯҳишгоҳи математика бисёр хуб бо тоҷикӣ ҳарф мезананд, вале ҳеч нафаҳмидам, ки чаро ин қадар ҳаваси русӣ бо рӯзноманигорон сӯҳбат карданро дар дил доштанд. Ҷаноби З. Раҳмонов, ки як олими хушсухан ҳам будаанд, сӯҳбати хешро бо тоҷикӣ оғоз намуда аз мо рӯзноманигорон хоҳиш намуд, ки дар бораи шароити вазнин доштани олимони ҷавони тоҷик нависем ва аз тариқи матбуот масъалагузорӣ намоем, то ҳукумат дар андешаи бо манзили зист таъмин намудани донишмандони ҷавони миллат, ки ояндаи илм ва ифтихори кишвар ҳастанд, бошад. Баъдан аз чӣ буд, ки эшон низ ба русӣ гуфтан гузаштанд ва дигар ҳарфе бо тоҷикӣ такаллум накарданд. Аз ин рӯ он чӣ раиси пажӯҳишгоҳи математика бо тоҷикӣ гуфта буданд, мо фаҳмидем ва рӯи сафҳа овардем, вале ҳарчӣ фикр кардам, ки бо забони ғайридавлатӣ чи гуфт, ба хотир овардан натавонистам. Шояд гапҳои хуб ҳам гуфта бошад, вале маъзарат, мо русӣ чандон намефаҳмем. Агар дар Академияи илмҳои Тоҷикистон забони давлатӣ ба ин аҳвол гирифтор аст, пас ҳазор бор мақоми ин забон дар идораҳое чун Геология, Тоҷикстандарт, Агентии мубориза бо маводи мухаддир, Палатаи савдо ва саноат, Гумрук ва Роҳи оҳан беҳтару хубтару соҳибмақомтар аз Академия аст. Ва чаро он ҷо чунин асту ин ҷо чунин ҷавоб он аст, ки сарварони он идораву муассисот кӯшиш мекунанд, ки эҳтироми хешро ба лафзи ширини модарӣ нишон бидиҳанд ва ҳамин нишастҳои хабарии хешро бо забони давлатӣ баргузор намудан худ як далели рӯшани худогоҳӣ ва хештаншиносии сарварони он идораву муассисот аст.

Вақте ман аз Илолов ба навиштаҳои расонаҳои хабарӣ посух надоданашонро пурсида будам, аз хотирам фаромӯш шуда буд, ки "Миллат" боре президенти Академияро дар яке аз шумораҳояш танқид намуда будааст ва ин ҳама буғзу кинаву қаҳру ғазаб ва таҳаммулнопазирии Ҷанобашон аз ҳамон ҷост. Ба ҳар сурат суоли ман барои нишасти баъдии Академияи илмҳои Тоҷикистон ин аст, ки забони нишасти матбуотии оянда кадом хоҳад буд, то мо битавонем, ягон хабарнигори забондонамонро бифиристем. Мӯҳтарам Президенти Академияи Илмҳои ТОҶИКистон Мамадшо Илолов, ЖДУ ОТВЕТА!


Т. САЙИДЗОДА
©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97