БАРОИ ТАҲҚИРИ ХУДОВУ ПАЁМБАР ҶАВОБ БОЯД ГУФТ

Иҷтимоъ 27.01.2009 16:20

Ин навиштаҳои хешро ҳанӯз 20 рӯз қабл ба хотири он ки шеър- таҳқирномаи шоир Бозор Собир дар "СССР" чоп шуда буд, ба даргоҳи он рӯзнома бурдем, вале посухамон доданд, ки навиштаи моро ба чоп намедиҳанд. Аз ин рӯ тасмим гирифтем, ки ҷавоби хешро барои нашр ба даргоҳи рӯзномаи "Миллат" бубарем. Мо аз аввал ҳам хоҳиши онро доштем, ки ҷавобамон дар "Миллат" чоп шавад, чунки ин нашрия ба дину муқаддасоти миллатамон эҳтиром дорад.

Вале шеър - таҳқир-номаи Бозор Собир дар "СССР" нашр шуда буд ва аз рӯи қоидаи маъмул бояд ҷавоби мо он ҷо ба нашр мерасид, аз чӣ буд, ки масъулини ин рӯзнома аз чопи мақолаи мо худдорӣ карданд, мо бошем, фикр мекардем, ки «СССР метавонад(!)». Ин кори онҳост ва мо ҳам он ҳақро надорем, ки онҳоро маҷбур бисозем, зеро фикр мекунам эшон хубтар аз мо медонанд, ки чиро чоп кунанду аз нашри кадом маводе худдорӣ намоянд. Ҳамчун як тан шаҳрванд дар доираи қавонини кишвар аз Шумо мӯҳтарам кормандони азизи "Миллат" мепурсам, ки ба хотири Худованди азиз ва ба эҳтироми Паёмбари гиромӣ ва ба хотири имоне, ки ба Аллоҳ доред, ин мақолаи маро ба нашр расонед.

Ман аз ихлосмандони рӯзномаҳои мустақили кишвар ҳастам ва онҳоро ҳар ҳафта мутолиа мекунам, аз ҷумла "Наҷот", "Миллат", "Нигоҳ", "Фараж", "Озодагон" ва инак чандест, ки "СССР"-ро ҳам бо ҳавас мехонам. Дар як шумораи рӯзномаи "СССР" аз 20 ноябри соли 2008 "Дар Душанбе ҷои ҳайкали Ленин холист" ном шеър-таҳқирномаи Бозор Собир ба чоп расидааст. Ин ҳақоратномаи Бозор ва он тасвирҳои ҳангомаҷӯёнаву тавҳиномези душманони Ислому Паёмбари азиз (с) дар як поя қарор доранд. Ҳар ду ҳам дар маъниву мӯҳтаво яканд, ҳардуро ҳам ҳадаф якест. Фарқ танҳо дар ҳамин аст, ки яке тасвир асту дигаре назм ва рассоми он тасвири таҳқиромез як мағрибии бадхоҳи беҳтарин авлоди башар Муҳаммад(с), душмани дини ҳаниф бо номи Дун Мурк асту дар Дания макон дорад, муаллифи он шеъри пуртавҳин шоири тоҷик Бозор Собир мебошад, ки дар гаҳвораи бадхоҳони Ислом-Амрико ҳаёт ба сар мебарад.

Ҳар касе ин шеъри Бозорро ба "СССР" овардааст (Худо ҳидояташ кунад он муболиғро) кори хуб накардааст ва ноширони он ҳам барои миллати мусалмони мо хидмати арзанда накардаанд, ки ин таҳқирномаро ба чоп додаанд. Бозори шоири тоҷик он ҳақоратномаашро бо ёди он ки раҳматии падарашро баъди фавташ (Худо мағфираташ кунад!) гӯё бадхоҳонаш "Ленин мурд" гуфтаанд, оғоз намудааст. Аз чӣ буд, ки солҳои майдондориаш ва замоне, ки дар сентябри соли 1991 мо якҷоя бо ҳидояти ӯ Ленинро аз майдони "Озодӣ" барандохтем, дар ин бора ҳарфе нагуфт ва баръакс ба Мақсуд Икром, дар собиқ раиси шаҳри Душанбе (равонаш шод бод!) шеъре бахшид, ки чунин садо медод:

Эй зиҳӣ, Мақсуди Икром.

Шаҳрдори соҳибикром.

Ҷои Ленинро ба Фирдавсӣ ту додӣ,

Ҳамчуноне Пири Тӯсӣ

Маснади Заҳҳоки моронро бар Фаридун дод.

Имрӯз дигар барои Бозор Ленин Заҳҳоки морон нест. Имрӯз Фирдавсии бузург барои ӯ пойинтар аз Заҳҳоки морон аст. Во ҳасрато, во вайлато!

Худо ин шоири ғарибу саргуми тоҷикро ҳидоят кунад, зеро тӯли 1200 соли мавҷудияти шеъри ноби порсӣ фикр мекунам, ҳеҷ суханвари мусалмони форсигӯ бо ин лаҳни тезу дурушт Холиқи хеш ва Паёмбари ростини Худоро таҳқир накардаву паст назадаву бутеро, ҳайкалеро, Ҳубалеро васф накардааст.

Бозор дар Амрико нишаста ин пастиву ҷаҳолатро барои хеш раво дидааст. Рост будааст, ки "бо моҳ шинӣ моҳ шавӣ". Дар Амрикои ба қавли худи Бозор сионизму гомосексуализму терроризм зиста, гапу кор ҳам дигар мешудаст.

Магар ҳеҷ мусалмоне ва боз тоҷик ҳақ дорад бигӯяд, ки:

Худо бо ҳама Пайғамбараш якҷоя бинишинад

Ҷои як ҳайкалчаи ӯро (яъне Ленинро, шарҳи мо) намегирад.

Наузанбиллоҳ!

Ё ин ки:

Худо ҳам,

Он ҳама пайғамбари мӯъҷизаангезаш,

Накарданд он чӣ Ленин кард!

Ва ман мегӯям: Худоё, ҳидоят кун бандагони гумроҳатро!

Магар сахт зарур буд, ки "СССР" ҳамин ҳақоратномаи устодамонро (во ҳасрато, ки замоне мо ҳам ихлос карда устодаш хонда будем - муаллиф) ба нашр бирасонад. Ба Худо қасам, кори хуб накардаанд! Хотири душманони Ислому паёмбари азиз шод шуд. Дун Мурк акнун аз ноширони ин ҳақоратнома розист. Аз Бозор бошад ҳазорон бор хушнуд аст.

Шояд ноширон ба хонандаи тоҷик, ба мухлисони бешумори Бозор бо чопи ин ҳақоратномаи муслимин гуфтан мехостанд, ки шоире, ки ин қадр васфаш мекунеду даҳон пур карда устоду муборизаш мехонед, на ба Шумо эҳтиром дораду на ба Худову Паёмбари Шумо. На Худои Шуморо мешиносаду на эҳтироме ба Паёмбаратон қоил аст.

Ҳамин Бозор соли 2003 аз Амрико навишт, ки ман ба демократия ва ба рӯи президенти Амрико туф кардаам. Баъзе дӯстони мо ин ҷо гуфтанд, ки офарину таҳсин ба шоир, ки дар Амрико зиста ба рӯи низоми он давлат ва президенташ хев меафканад.

Он дӯстонамон ба фаҳми он намерасиданд, ки ин Амрикои демократист, ки паноҳгоҳ ва нону обат медиҳаду дар низомаш ва бар рӯи президенташ туф мекуниву озод мегардӣ ва дар Донишгоҳаш муддарис кор мекунӣ.

Агар Бозори Собир дар ҳамон давлати сохтаи Ленини азизаш ва ба қавли худаш "биҳишти сурхи зиндаҳо" ин гапҳоро мегуфт, бемуболиға дар ҳамон ибтидои солҳои 60-уми асри 20 асираш мекарданд. Аз тасвирҳои масхараомези Паёмбари акрам олами Ислом ба ларза омад. Дун Мурки "ҷасуру нотарс" аз тарс пинҳон шуд. Миллионҳо мардуми мусалмон ба майдонҳо рехта бар ҳафт пушти муаллифи карикатура ва ноширони он лаънат фиристоданд.

Мо ҳеҷ хоҳиши онро надорем, ки барои ҳақоратномаи як шоири сад дареғо тоҷик ва шояд мусалмон, барои як шеъри бозорӣ, барои ҳарзафурӯшии як тан муриди Шӯравии суп- сурху Ленини бегуру кафан 1 млр 350 миллион мусалмон ба по хезанду лаънат бигӯянд. На, мақсади мо ин нест. Мо бадхоҳони Худову паёмбар (с)-ро ба ҳукми додгоҳи Илоҳӣ месупорем.

Мақсади мо он аст, ки рӯзноманигорони мо, соҳибони нашрияҳо, ки мардуми мусалмони тоҷик зиёд дӯсташон медоранд, кӯшиш кунанд, то дар торҳои эҳсоси муслимин панҷа назананд. Рӯзномаҳоро дар пайравии давлати атеистиву худобадбини Ленин бунёд насозанд. Дидед, ки "биҳишти" сохтаи он "пайғамбарони ҳақношинос", ки "бар мусовоти шикам асос" дошт, (мазмун аз Иқболи Лоҳурӣ- муаллиф) аз ҳам зуд пошид. Чун Шӯравии сурх ҳаққи Худоро нашинохт, паёмбаронро қадр накард, муллоҳову попҳову эшонҳоро қатл сохт ва ба Сибир бадарға кард, ба ғазаби Аллоҳ печид ва бе ҳеҷ ҷангу ҳамлаи мусаллаҳонаи беруна бо он ҳам қудрату паҳноварӣ бо як афсуни лорди мағрибӣ он давлат аз ҳам рехт.

Ибтидои солҳои 90-ум, даврони бедориҳои миллии мо, ки ҷавони навхату навроҳ будем ашъору пайкори шоир Бозор Собирро хондаву дида бо ӯ ифтихор мекардем, "устод" ва "номуси миллат"-аш хондем. Чун бар зидди "биҳишти сурх" ва коммунистони мақомдор гуруснагӣ эълон кард, ба аёдаташ рафтем. Ӯ бо эҳсос лоф аз демократия мезад, сохти Шӯравиро бад мегуфт, як соли тоҷикро соли қозии Ислом хонд, вале бо гузашти чанд соле ба ин ҳама туф кард, қозии собиқро, ки шеъре ҳам барояш гуфта буд, босмачӣ номид. Ба бадгӯии Ислому Худову Паёмбару муллоҳо пардохт. Аҷаб дунёе! Аҷаб шӯру сару савдое! Аҷаб бозоре кард Бозори мо!

Вой бар миллате, ки шоираш даҳ сол пешро надонаду пешгӯӣ накунад. Агар ҳамин Ленин хуб буд ва сохти Шӯравӣ "биҳишти сурхи зиндаҳо" будааст, чӣ номаъқул кардед ба майдон баромадед, даст ба гуруснагӣ задед ва моро бехонаву дар, сархаму музтар ва худро зиндониву ғариб кардед?!

Охир мо он вақт ба Шумо Бозор Собир ихлосу бовар доштем, бо ному кору пайкоратон фахр мекардем.

Ҳеҷ дар гӯшаи хотирамон намеомад, ки бо гузашти чанд соле ҳамин шоиру "кумир"-и моро як шоири дигари ин миллат бо исми Ато Мирхоҷа "ҷангандешу тангандешу лангандеш" мехонад. Ва ӯро бо лаҳни шадид "муҷовир дар кӯи шайтон", "муҳоҷири дилҳо" ва "раҳгум" меномад. (Нигаред "Миллат", №49 (170), 4.12. 2008).

Инсон барои ҳар аъмолаш назди Холиқи худ ҳатман ҷавоб мегӯяд, ӯ хоҳ бо Холиқаш имон дошта бошад, хоҳ мункири ӯ бошад. Хоҳ Бозор Собир бошад, хоҳ каси дигар!

Пешгоҳи Холиқ ва Растахез ҷое нест, ки махлуқе ёрое дошта бошад, ки битавонад бигӯяд; Устод бузург аст, хидмат кардааст, ӯ барои забони миллат шеър гуфтааст, ӯ зиндонӣ шуд ва муҳоҷир буд.

На, он ҷо Рӯзи ҳисоб аст. Барои ба эҳсоси мо мусалмонон нохун задан, барои таҷовуз ба ҳарими поки Аллоҳ, барои қиёси бехирадонаи як бут бо Паёмбари акрам мебояд ҷавоб гуфт.

Ҳарчанд мо ҳеҷ хоҳише надорем, ки як тан мусалмонро озоре бирасад, аз ҷумла Бозору ноширони гиромиро ҳам, вале чӣ метавон кард, ки дар он Рӯзи сахт Худо бо мо машварат нахоҳад кард. Ба ҳар сурат мо дуъо мекунем, ки Худо ҳамаи моро ҳидоят кунад ва аз имон хориҷ насозад.


Аҳмади ҲОМИДЗОДА,
шаҳри Душанбе
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97