ҶУМЪАБОЙ НИЁЗОВ АЗ ОЛАМ ДАРГУЗАШТ

Иҷтимоъ 12.01.2009 22:14

Шахсияти шинохта, олим ва сиёсатмадори тоҷик Ҷумъабой Ниёзов рӯзи 11 январи соли 2009 оламро падруд гуфт. Дар манзили эшон маросими видоъ бо марҳум баргузор гардид, ки дар он наздикону пайвандон, ҳамкорону ҳамсафони ӯ гирди ҳам омаданд. Дӯстону ҳамкорон дар суханрониҳои хеш аз хислатҳои ҳамида ва одамияти баланди Ҷумъабой Ниёзов ёд оварданд.

Дар маросими видоъ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдуҳаким Шарифов зикр кард, ки шодравон Ҷумъабой Ниёзов доимо дар ҳамкорӣ бо ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ буд ва намунаи беҳтарини ин ҳамкориҳо гузаронидани маҳфили ҳармоҳаи мубоҳисоти ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дар вилояти Суғд буд.

Дар марсими видоъ корманди Созмони Амнияту ҳамкории Аврупо Сӯҳроб Шоев, намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон сухан гуфта низ хислатҳои неки Ҷумъабой Ниёзовро зикр намуданд.

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ изҳор дошт, ки Ҷумъабой Ниёзов шахси қолабӣ набуд, қалби ором дошт ва ҳаргиз номус ва шарафашро ба мансаб иваз накард. Ҷумъабой узви Комиссияи оштии миллӣ буд ва ба эшон вазифаи муовини раиси вилояти Суғд пешниҳод шуда буд, аммо ӯ мансабро қабул накард.

Ҷумъабой Ниёзов шахсияте буд, ки барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, ба номи аслиаш баргардонидани шаҳри Хуҷанд ва дар роҳи рушди худшиносии миллӣ хизматҳои шойиста кардааст. Солҳои тӯлонӣ ӯ декани факултаи энергетикаи Филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон буд. Барои барқарор гаштани сулҳ ва оштии миллӣ дар кишвар ва дар роҳи ба даст омадани ваҳдати саросарӣ саҳми сутуданӣ дорад.

Ниёзов соли 1947 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст ва агар умр вафо мекард 23 январ 63 сола мешуданд. Хатмкардаи донишгоҳи политехникии Тоҷикистон буд. Аҳли маҳала низ дар суханрониашон зикр карданд, ки дар ҳамсоядориву одамигарӣ Ҷумъабой Ниёзов ифтихори маҳалла ва намунаи ибрат буд. Солҳои охир Ҷумъабой Ниёзов вазифаи муовини аввали раиси Ҳизби демократи Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Аслан, яке аз муассисони ин ҳизби сиёсӣ худи ӯ буд. Дар маъракаи видоъ муовини раиси ҳизби демократи Тоҷикистон Раҳматулло Валиев (ҷиноҳи М. Искандаров) сухан гуфта, пешниҳод намуд, ки кӯчаи ба номи Дмитрий Ушаков, ки дар он марҳум Ҷумъабой Ниёзов зиндагӣ мекард, ба номи ӯ гузошта шавад.

Ҷанозаи Ҷумъабой Ниёзов дар масҷиди Шайх Маслаҳатиддин бо теъдоди зиёди мардум хонда шуд.


Ислом РАҲИМОВ,
Суғд
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97