ЗИЁРАТИ ҲОҶӢ ё надонистам аэропорт буд он, ё дашти Арафот

Иҷтимоъ 10.01.2009 14:16

Яке бахти мо ҳам хандиду хеши падарам, акаи Назар дар ду сол бо нӯги сӯзан маблағи зиёрати Хонаи Худоро ҷамъ карду имсол ба сафар баромад. Эҳ… то дами дари ҳавопаймо акаи Назар бовар надошт, ки воқеан ҳуҷҷатҳояш дурустанду ӯ ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф мегардад. Охир то ҳамин лаҳза, дохили толор(салон)-и ҳавопаймо шудан кӣ ба ӯ кафолат медод, ки аз роҳ намегардонандаш?

Соли гузашта-ку анча-манча одамҳои бесоҳиб натавонистанд зиёрати Каъбатуллоҳ кунанд ва қисме шояд то имсол ҳасратӣ шуданд. Акаи Назар маҳз аз ҳасратӣ шудан сахт метарсид. Ба ҳама ва ба худаш ҳам маълум буд, ки дар сафи бесоҳибон қарор дорад.

Хайр, ҳар чи буду набуд соҳиби худ Худойро хонд ва Худо ҳам ӯро бо назари раҳматаш дид. Шаби 25 ноябр аз Душанбе ба Ҷидда парвоз кард, ба нияти зиёрати Хонаи Худо, равзаи ҷаноби Пайғамбар (с) ва дар маҷмӯъ барои адои як фарзи илоҳӣ.

Акаи Назари мо ҳанӯз дар нимароҳ буд, хабар расид чанд тан ихлосмандони нокому номуроди тоҷикро, ки ба нияти зиёрати Хонаи Худо ба сафар баромада буданд, аз Ҷидда ба Ватан баргардондаанд.

Эҳ… беҳуда намегуфтаанд, ки:

Касеро бахт бихандад, барор андар барор ояд,

Касеро бахт баргардад, шикаст андар шикаст ояд!

Акаи Назарро на танҳо аз Ҷидда барнагардонданд, ҳатто ду маротиба тариқи телевизиони Макка, ки дар он шабу рӯз ҳамаи мардум ин шабакаро тамошо мекарданд, намоиш доданд. Мо пайвандон ҳам аз Тоҷикистон акаи Назарро тамошо кардем ва писари қобилу чаққони акаи Назар аз телевизор сурати падарашро дар телефонаш сабт кардааст. Ҳанӯз акаи Назар ҳоҷии комил нашуда буд, ки пайвандону ҳамдеҳагон расми ӯро Ҳоҷӣ-гӯён, аз телефони писараш, зиёрат мекарданд.

Дар ин сафар акаи Назар бо худ телефони мобилӣ гирифта буд. Дар ҳақиқат кори оқилона кард, ки ҳамроҳи худ телефони мобилӣ гирифт. Ҳар ду-се рӯз як маротиба ба писараш занг мезаду аз ҳолу кайфияташ дарак медод…

Хулоса, мавсими Ҳаҷ соат ба соат ба поён мерасид. Акаи Ҳоҷӣ Назар иттилоъ доданд, ки ҳамаи фароизи Ҳаҷро ба хубӣ адо кардаанд ва… иншооллоҳ рӯзи 27 декабр, соати 14:00 дар фурудгоҳи Душанбе хоҳанд шуд.

27 декабр ҳам фаро расид. Аз деҳа як мушт пайвандону бародарони акаи Ҳоҷӣ Назар, барои пешвози ҳоҷии ҳарамайни шарифайн ба пойтахт омаданд.

Соат бо вақти Душанбе 12:20 дақиқа, Ҳоҷӣ занг мезанаду ба пешвозгирандагони худ мегӯяд, ки хатсайри онҳо ду соат таъхир дорад, аз ҳамин сабаб ба Душанбе, на соати 14:00, балки соати 16:20 дақиқа, иншоолоҳ, хоҳанд расид. Ҳамагӣ ба Ҳоҷӣ сафари нек таманно мекунему дар интизори соати фуруд омаданаш мешавем.

Ақрабаки соат ба сӯи 15 майл дорад. Бародари калонии акаи Ҳоҷӣ маслиҳат медиҳад, ки ҳарчи барвақттар ба пешвози Ҳоҷӣ бароӣ ҳамон андоза савоб зиёдтар мегирӣ. Чун ин пайвандон субҳгоҳон аз деҳа ба манзили фақиронаи ин камина ташриф оварда буданд, соати 14:50 дақиқа якҷоя ба пешвози Ҳоҷӣ баромадем. Ростӣ, камина ҳам мехостам, то яке аз аввалинҳо шуда Ҳоҷиро зиёрат намоям.

Шаби гусели акаи Назар ба зиёрати Хонаи Худо, ҳангоми хайру хуш ваъда дода будам, ки агар саломат баргардад, ҳатман дар фурудгоҳ зиёраташ менамоям. Шукр Худойро, ки ба ваъдаам вафо кардам, аммо чи зиёрате?!

Гумон намекунам, ки хонандаи азиз на як бору ду бор дарди интизориро начашида бошад ва аз сангинии соатҳои охири интизорӣ ба хубӣ огаҳ аст. Вале интизорӣ дар саҳни фурудгоҳи Душанбе кайфияти дигар дорад…

Соат 15:05 дақиқа. Анбӯҳи зиёди пешвозгирандагон, чанд қадам дуртар аз "Толори пешвози мусофирон" саф кашидаанд.

Қисса кӯтоҳ, соат 16:40 дақиқа ҳавопаймои хатсайри Ҷидда-Душанбе, ки Ҳоҷии мо дохили он буд, ба замин нишаст.

Боз ҳам зиракию чаққонии писари Ҳоҷӣ буд, ки ба падар пеш аз сафар маслиҳат дод: «Ҳамроҳи телефон сим-корти тоҷикӣ бигир, чун аз ин тараф то парвоз аз худ дарак медиҳию аз бозгашт то аз дари "Толори пешвози мусофирон" баромадан моро огаҳ месозӣ». Бубинед ин маслиҳат чи гуна муфид буд, ҳамин ки ҳавопаймо фуруд омад, камина пешдастӣ карда рақами телефони Ҳоҷӣ Назарро барчидам:

-Гууд…гууд- Ало.

-Салом бобои Ҳоҷӣ!

-Воалайкум ассалом… ҷон.

-Сафарҳо ба хайр, ҳеч наздик омаден?

-Ҳозир, иншооллоҳ, ҳозир мебароем.

-Мо интизор!

-Ҳозир, иншооллоҳ… гуд, гуд, гуд…

Баъд аз чанд лаҳза ҳавопаймои хатсайри Новосибирск- Душанбе фуруд меояд.

Соат бо вақти Душанбе 17:20 дақиқа, як соат гузашт аз фуруд омадани ҳавопаймои Ҷидда.

Аз "Толори пешвози мусофирон" мусофирони хатсайри Новосибирск - Душанбе як- як бадар меоянд.

-Гууд…гууд.. Лаббай!

-Бобои Ҳоҷӣ, ҳеч қариб омадед?

-Ҳозир, иншооллоҳ, ҳозир… гуд, гуд, гуд…

Пешвозгирандае ки паҳлӯям истодааст, луқма мепартояд: "Аввал "ҳоҷиҳои" Новосибирск мебароянд баъд аз Макка". Ба ӯ бо ҳисси нобоварӣ як назар мекунаму боз рақами телефони Ҳоҷиро мечинам:

-Гуд… Ҳозир, иншоолоҳ.

-Куҷо… якбора алоқа канда мешавад. Аз сари нав рақам мечинам:

-Телефони мобилии муштарӣ муваққатан хомӯш карда шудааст.

Хайр садояшро-ку шунидем, Худо хоҳад, ҳозир мебарояд.

Соат 17:40 дақиқа. 1 соату 20 дақиқа баъд аз фуруд омадани ҳавопаймо. То ин муддат "ҳоҷиҳои" Новосибирск ба тамом бадар омаданд, вале ҳоҷиҳои Маккатуллоҳ бедараканд. Ба бобои Ҳоҷӣ телефон кардан беҳуда аст, аз ду сар телефонаш хомӯш…

Соат 18:00. - Омадан, ҳе омадане. Садоҳо аз ҳар ҷониб баланд шуд. Аллакай ҳаво торик гардидааст ва одамони омадаистодаро дар рӯшноии чароғ ба хубӣ шинохтан мумкин аст.

Ана сар шуд арафоти фурудгоҳи Душанбе! -Ҳе бобои Ҳоҷӣ ина ҳастемее. -Ису биё. -Э, акаи командир, илтимос ҳаму мӯсафед отамай, ҳавая равум гирум.

Садои командир: Бгардон, намон гузаран, бзан…

Ҳайрон нашавед, ки командир чӣ мекобад дар фурудгоҳ. Ӯро ва чанд тани дигар ҳаммаслаконашро барои тартибу низомро ҷорӣ кардан ба фурудгоҳ овардаанд. Вале ҳайҳот куҷо тартибу чи низоме!

Воқеан ки саҳни фурудгоҳи Душанбе аз майдони Арафоти Макка, ки тариқи телевизион намоиш медиҳанд, қариб ки монданӣ надошт. Хайр, баъзе унсурҳояшро истисно менамоям, мисоли ҳама худро ба сони сафед печида, сангпартоӣ ба Иблиси алайҳилаъна ва мардуми рангу пӯсту забони мухталиф…

Вале дар асл ҳамон саҳнаи кашокашу доду фарёду таги пой монданҳо…

Яке пешвозгирандагон ба ҷорикунандагони тартибу низом ҳамла мекунанду ба сӯи ҳоҷиёни омадаистода мешитобанд. Садои кӯбидани "дубинкаҳо" баланд мешавад, ҳомиёни тартибу низом ғалаба мекунанд.

Бори аввал дар ҳамин асно пои чапамро зер карданд. Тақрибан 10-12 нафар ҳоҷӣ ба издиҳоми пешвозгирандагон мерасанд. Аз акаи Ҳоҷӣ Назар ҳоло ҳам дарак нест. Ана боз издиҳом ба ҳуҷум мегузарад, боз доду фарёд, занозанӣ, дашному ҳақорат… Намедонам ки дар ин асно чанд маротиба поямро зер карданд, вале дигар дардро ҳис намекунам. Ин дафъа ҳам ҳомиёни ҳуқуқ бар лашкари зоирини зоирони Хонаи Худо ғалаба карданд. Аз нисф зиёди ҳоҷиён бо азобу машаққат аз издиҳоми пешвозгирандагон гузаштанд. Ҳоҷӣ Назари мо, уффф… ҳоло ҳам бедарак аст. Ҳуҷуми навбатӣ; тақрибан 20 қадам ба пеш рафтем, ки ногоҳ чашмам ба чашми акаи Ҳоҷӣ Назар бархӯрд. Дидам ки ду ҷомадони пури бор дар даст базӯр роҳ мегардад.

-Ассалому… ногоҳ дарди ҷонкоҳро ҳис кардам, ин навбат ҳам пои чапамро зер карданд, аз шиддати дард давоми саломамро фаромуш кардаму якбора аз забонам- "вой мурдаме!!!" садо дод. Аз афташ ин дафъа кадом ҳузарбе поямро зер карда буд. Дигар аз паи салом нашуда, лангон-лангон худро канор гирифтам. Оҳиста-оҳиста рафтам назди мошини бародари Ҳоҷӣ Назар. Аллакай Ҳоҷӣ ҳама бору бандашро ҷо ба ҷо кардаасту дар интизори камина…

Хулоса он чунон, ки мебоист Ҳоҷиро зиёрат карда натавонистам, аз як тараф дарди ҷонкоҳи поям, аз тарафи дигар авзоъи парешони акаи Ҳоҷӣ Назар табъамро хира карда буд. Ба ҳар ҳол боз ҳам ваъда додам, ки Худо хоҳад, чанд рӯз баъд ба деҳа зиёраташ меравам ва ана он вақт аз ҳар хусус сӯҳбат хоҳем кард; ҳам аз дер баромаданаш, ҳам аз ҷавоб надодани занги телефон, ҳам аз хастагию афсурдагиаш…

Аз дари хона даромадан замон ба соати деворӣ назар кардам: Соат 19:00!


Сайиди Ҳалимпур
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97