"ТЕЛЕВИЗИЮНИ ФОРСИИ БИ-БИ-СӢ ПАНҶАРАЕ ТОЗА БА ДУНЁ"

Иҷтимоъ 09.01.2009 21:24

Беҳрузи Офоқ дар апрели соли 2006 ба раёсати минтақаи Осиёи сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ расид. У масъулияти шабакаҳои родиюӣ ва телевизиюнии сервисҳои чандрасонаии Би-би-сӣ ба забонҳои озарӣ, урду, узбакӣ, бирмаӣ, банқолӣ, пашту, томил, чинӣ, срилонкоӣ, форсӣ, қирқизӣ ва ҳиндиро бар уҳда дорад. Беҳрузи Офоқ дар апрели соли 2006 ба раёсати минтақаи Осиёи сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ расид, бахше ки бархе аз хабарсозтарин кишварҳои дунёро дар худ ҷо додааст.

Яке аз авлавиятҳои у роҳандозии як телевизиюни форсизабон барои миллиюнҳо шаҳрванди эронӣ, афқон ва тоҷик буд. Гуфтугуе, ки дар зер мехонед ҳамзамон бо эъломи замони роҳандозии ин телевизиюн анҷом шудааст.

Ҳадаф аз роҳандозии шабакаи хос барои форсизабонон чист?

Забони форсӣ дар Би-би-сӣ хеле аҳамият дорад. Аввал ба ин далел, ки мо як сад миллиюн форсизабон дар дунё дорем. Ба илова барномаҳои родюии форсии Би-би-сӣ солиёни сол аст, ки дар Эрон, Афқонистон ва Тоҷикистон шунавандагони зиёде дорад.

Вебсойти форсии Би-би-сӣ низ хонандагони фаровоне дорад, вале дар ҳоли ҳозир мухотибони мо ба хусус дар Эрон таваҷҷуҳи худро аз родию ба телевизиюн мутамаркиз кардаанд ва монанди бисёре аз кишварҳои дигари дунё телевизиюн расонаи аслии мардум ба хусус барои хабар шудааст.

Барои ҳамин мо мехоҳем дар манотиқи муҳим барои Би-би-сӣ дар канори родю ва вебсойт телевизиюн дошта бошем, ва телевизиюни форсӣ яке аз онҳо аст. Мо пештар телевизиюни арабии Би-би-сиро роҳандозӣ кардем ва моилем, ки телевизиюни урду ва ҳиндӣ дошта бошем, вале телевизиюни форсӣ аз авлавиятҳои аслии мо буда, ки ҳоло имкони роҳандозии он фароҳам шудааст.

Асоси барномаҳои телевизиюни форсии Би-би-сӣ хабар хоҳад буд, вале дар канори хабар барномаҳои мутанаввеъи зиёде дорем монанди маҷаллаҳои ҳунарӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва мустанад. Мо баъзе аз беҳтарин мустанадҳи омузишӣ ва саргармкунандаиБи-би-сиро бо дубла ё зернависи форсӣ пахш хоҳем кард ва осори мустанадсозони эронӣ, афқон ва тоҷикро ба намоиш мегузорем.

Телевизиюни форсии Би-би-сӣ чӣ навъ барномаҳое дорад?

Албатта асоси барномаҳои телевизиюни форсии Би-би-сӣ хабар хоҳад буд, вале дар канори хабар барномаҳои мутанаввеъи зиёде дорем монанди маҷаллаҳои ҳунарӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва мустанад. Мо баъзе аз беҳтарин мустанадҳи омузишӣ ва саргармкунандаи Би-би-сиро бо дубла ё зернависи форсӣ пахш хоҳем кард ва осори мустанадсозони эронӣ, афқон ва тоҷикро ба намоиш мегузорем.

Барномае таъомулӣ ба номи "Навбати шумо" дорем, ки ҳар руз мухотабони мо метавонанд дар он ширкат кунанд ва назароти худ дар бораи мавзуъоти иҷтимоъӣ, фарҳангӣ ва сиёсиро баён кунанд.

Барномаҳои махсуси ҷавонон дорем ва усулан рангу буи телевизиюни форсии Би-би-сӣ ҷавон аст, барои ин ки мухотабони мо чи дар Эрон, чи дар Афқонистон ва чи дар Тоҷикистон як насли тоза ҳастанд ва ин гуруҳи синнӣ ба расонаи телевизиюн бештар таваҷҷуҳ дорад.

Шумо гуфтед телевизиюни форсии Би-би-сӣ барои яксад миллиюн форсизабон тарроҳӣ шуда, вале умдаи ин гуруҳ дар Эрон ҳастанд ва Би-би-сӣ натавониста дар Теҳрон ҳузур дошта бошад, барои муқобала бо ин чолиш чӣ барномаҳое доред?

Бале мақомоти Эрон ба мо иҷоза надодаанд дар Эрон хабарнигори форсизабон дошта боше, вале Би-би-сии инглисӣ дар он ҷо дафтар дорад. Мо хеле моил будем , ки ин имкон ба мо дода бишавад, вале ҳануз чунин имконе дода нашудааст.

Мусалламан ин як камбуд барои мо аст, вале барномаҳои хабари Би-би-сии форсӣ умдатан ахбори ҷаҳон аст. Албатта бо нигоҳи хос ба Эрон ва Афқонистон ва минтақа, вале ин имкон вуҷуд дорад, ки мо гаҳ гоҳе бо мардум ва коршиносон дар Эрон мусоҳиба кунем, бо ин ҳол дар пардохтан ба масоили Эрон мо ҳамчунон нигоҳе амиқ ва таҳлилӣ хоҳем дошт.

Фирк мекунед, мақомоти Эрон бо роҳандозии телевизиюни форсии Би-би-сӣ вокунише нишон бидиҳанд?

Ман наметавонам пешбинӣ кунам, ки онҳо чӣ вокунише нишон хоҳанд дод, вале вақте бо онҳо тамос гирифтем, ки иҷоза диҳанд дар Теҳрон дафтар дошта бошем, ба мо иҷоза надоданд. Баъд эъломияи вазорати иршод буд ва эъломияи соири мақомот, вале он чӣ метавонам бигуям, ин аст, ки кори мо бар асоси меъёрҳои байналмиллалии хабар ва суннати кори Би-би-сӣ хоҳад буд, ки бетарафӣ, диққат ва инсоф аст.

Дар Эрон як дидгоҳи воҳид вуҷуд надорад, яъне байни мақомоти низом ҳам як дидгоҳи воҳид дар бораи мавзуъот вуҷуд надорад. Мо диламон мехоҳад ин дидгоҳҳоро мунъакис бикунем, чӣ беҳтар ки аз забони худашон бошад, вале агар ҳатто забони худашон ҳам набошад, мо назаргоҳҳои онҳоро дар барномаҳоямон мунъакис хоҳем кард.

Телевизиюни форсии Би-би-сӣ бо ҳашт барнома дар руз шуруъ ба кор мекунад. Оё монанди телевизиюни арабии Би-би-сӣ барномае барои 24 соата кардани ин шабака доред?

Дар ҳоли ҳозир таваҷҷуҳи мо ин аст, ки ҳамин барномаи ҳаштсоъатаро роҳандозӣ кунем. Ҳануз ба дарозмуддат фикр накардаем. Албатта хеле моилем, ки ин иттифоқ биафтад.

Хеле аз мухотибони суннатӣ ва бособиқаи Би-би-сии форсӣ шунавандагони родию ҳастанд, барномаи шумо барои родию дар давраи ҷадиде, ки телевизиюни ҷадиди форсӣ роҳандозӣ мешавад, чист?

Барномаҳои родиюи мо ба қуввати худ боқӣ аст. Шумо медонед, ки барномаҳои родиюии мо ҳудуди даҳ миллиюн шунаванда дар Эрон ва Афқонистон дорад. Ман ҳадс мезанам ба хотири ҳузури телевизиюн бинандагони ҷадиди телевизиюн, ки қаблан ба родию гуш намекарданд, бештар аз насли тозаи форсизабонҳо, мутаваҷҷеҳи родиюи мо низ хоҳанд шуд ва чӣ басо шунавандагони родиюи мо афзоиш биёбад.

Ба илова ба хотири телевизиюн мо ин имконро дорем, ки дар ҷоҳои бештаре хабарнигор дошта бошем. Мо ҳамеша дар Кобул хабарнигор доштаем, вале ҳоло дар он ҷо хабарнигори телевизиюн ҳам дорем.

Мо акнун барои аввалин бор дар Бейрут, Байтулмуқаддас ва Истонбул хабарнигор дорем. Дар дафтари Вошингтун хабарнигорҳои мо тақвият хоҳанд шуд. Ҳамчунин теъдоди хабарнигорони мо дар Ландан бештар хоҳад шуд ва инҳо на танҳо барои телевизиюн, балки барои родию ва вебсойт ҳам матлаб таҳия хоҳанд кард. Аз як нигоҳ омадани телевизиюн кори родию ва ва вебсойти моро тасҳил хоҳад кард.

Шумо масъулияти ҳидояти ин пружаро бар уҳда доштед, аз назари таҷриби шахсӣ ҳидояти ин ҳама одам дар Ландан ва шаҳрҳои мухталифи ҷаҳон чиӣ тавр аст?

Таҷрибаи бисёр бисёр ҷаззоб ва ҷолибе аст, албатта кори хеле зиёд ва сангине аст. Аммо муҳитарин чизе ки ба ҳама дастандаркорони ин пруже энержӣ медиҳад, истеъдод ва сарзиндагии ин хабарнигорон ва таҳиякунандагон аст, ки аз Эрон, Афқонистон ва ҷоҳои дигар омадаанд.

Умедворам натиҷаи он телевизиюне бошад бо беҳтарин меъёрҳои байналмиллалӣ ва дар айни ҳол як телевизиюни сарзада ва ҷавон ва самимӣ бошад, ки чеҳрае тозае ва лаҳне сода ва бетакаллуф дорад. Умедворам ин телевизиюн воқеъан панҷарае бошад барои нигоҳ кардан ба бақияи дунё.


www.bbc.co.uk/tajik
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97