ИЗА ЗУЛЗИЛАТИЛ АРЗУ ЗИЛЗОЛАҲОё вақте замин меҷунбад, бо сахтарин ҷунбидан

Иҷтимоъ 08.01.2009 15:29

Тибқи иттилоъи Маркази зилзиласанҷии шаҳри Душанбе аз 29 декабри соли 2008 то 5 январи соли 2009 дар шаҳри Душанбе 3 маротиба: субҳи 29 декабр, соати 08:37; нимашабии 4 январ, соати 01:23 ва 5 январ, соати 04:12 субҳгоҳӣ заминларзаи эҳсосшаванда ба вуҷуд омад. Маротибаи аввал, дар ҳудуди шаҳри Душанбе, заминҷунбӣ 3-4 балро ташкил медод, бори дуввум 5 бал ва ахиран заминларзаи 3 бала сокинони пойтахтро ноором сохт. Маркази ин заминларзаҳо дар масофаи 275-300 км дуртар аз шаҳри Душанбе, дар умқи 150-200 километрии қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш буд, ки хушбахтона дар ҳудуди Тоҷикистон аз ин заминларза то ба ҳол ягон маълумот оид ба расидани зиёни молӣ ва ҷонӣ нарасидааст.

Каримов Фаршед Ҳилолович, муовини директори Институти сохтмони ба зилзилатобовар ва сейсмологии Академияи илмҳои Тоҷикистон:

Дар давоми соли гузашта дар ҳудуди Тоҷикистон 37 маротиба заминларза ба қайд гирифта шудааст. Вале ин маънои онро надорад, ки аҳолӣ ҳар бор заминларзаҳоро эҳсос карда бошад ва ҳар дафъа ягон хисорот дида бошанд. Заминларза мисли боридани барфу шоридани борон як ҳодисаи табиӣ аст. Мардум бояд аз он натарсанд.

Аз рӯи нақшаи тартибдодаи Институти мазкур дар ҳудуди ҷумҳурии мо ба вуҷуд омадани заминларзаи то 9 бала имконият дорад. Заминҷунбии 9 бала дар ҳудуди Тоҷикистон бори ахир, дар минтақаи Ҳоит соли 1949 ба амал омада буд, ки дар натиҷаи он зиёда аз 25 ҳазор нафар фавтида буданд.

Эҳтимоли рух додани заминларзаи 9 бала дар ҳудуди шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ваҳдат, Роғун, Хоруғ ва навоҳии Шаҳринав, Ҳисор, Варзоб, Файзобод, Рашту Ҷиргатол истисно нест.

Қудрати заминҷунбӣ вобаста аст аз хислати ҷинсҳои кӯҳӣ, фишорҳои дар қишри замин буда ва таркишҳои замин. Дар ҳар минтақа табиати заминҷунбӣ аз дигар минтақа фарқ дорад, чунки фишор дар қишри замин яксон нест, дар ҷое фишор баланд асту дар ҷое дигар паст.

Барои фаҳмидани рӯҳияи мардум дар ҳангоми рух додани зилзилаҳои чанд рӯзи ахир мо ба чанд тан сокини пойтахт бо суъоли "Шумо ҳангоми ҷунбидани Замин чӣ кор кардед?" муроҷиат намудем.

Сафарбӣ Иззатуллоева, сокини ноҳияи Сино:

Ман дар ошёнаи 13-ум истиқомат мекунам. Ҳангоми заминларза аз хоб бедор шудему интизор истодем, ки кай заминҷунбӣ тамом мешавад. Дафъаи охирин, ки соати 4-и саҳарӣ замин ҷумбид, дигар то саҳар хоб карда натавонистам.

Эмомалӣ Нуров, сокини пойтахт: Ман аслан аз заминларза ҳеч боке надорам ва медонам, ки ҳарчӣ мешавад аз ҷониби Аллоҳ аст. Мардум бояд Холиқи хешро бисёр ёд кунанд ва аз аъмоли фаҳшу нораво дурӣ биҷӯянд. Ин як ғазаби Аллоҳ аст ва мо бояд аз ғазаби Худо андеша бикунем.

Фотима Хоҷаева, сокини шаҳри Душанбе:

Ман дар ошёнаи 2-юм зиндагӣ мекунам, ҳар бор, ки замин ҷунбид аз хоб бедор мешудам. Дар ин нимашаби, ростӣ берун ҳам набаромадем. Аз Худо илтиҷо мекардем, ки ягон офат нашавад ва саҳаргоҳӣ, ки ҳамсояҳоро медидам, мепурсидам, ки шаб заминҷунбиро фаҳмидед, аксарият мегуфтанд, ки не, мо хабар нашудем. Ба фикрам заминҷунбӣ дар биноҳои баландошёна ваҳшати зиёдтар меорад, нисбати хонаҳои заминӣ. Эҳсос мекунӣ, ки дар хонаҳои заминӣ ҳангоми ягон офат шудан зинда мондан имкон дорад, вале дар ин бинои баланди 16 ошёна дар гумон аст, ки касе зинда монад.

Маҳбуба Мусоева, омӯзгор, сокини ноҳияи Рӯдакӣ:

Ман ду дақиқа пештар аз вуқӯъи заминларза хоби нохуше дида аз ҷойгаҳ бархостам ва хостам, ки ба хонаи хоби фарзандонам рафта аз онҳо хабар гирам. Дар болои сари фарзандонам будам, ки замин ба ларза омад. Шавҳарам низ аз ҷойхоб боло шуд, ғайр аз Бибифотима ва Зуҳробонуи чорсола дигар фарзандонамон ҳама аз хоб хестанд ва падарашон ба ҳамаи мо амр карданд, ки вузӯъ бигирем ва ду ракъат намози нафл бихонем ва аз Худованд дуъо кунем, ки ҳама балоҳои заминиву осмониро аз сари миллати мусалмони тоҷик дур кунад ва ҳамеша мусалмононро дар паноҳи исматаш нигаҳбон бошад. Чун манзили мо дар бинои панҷошёна ҳаст, худро ба паноҳи Худои маннон супурдем ва ба берун баромаданро салоҳ надонистем. Баъди адои намоз ба модарам занг зада аҳволашонро пурсидам. Дар заминҷунбии баъдӣ низ ҳамин корро кардем ва маро дигар хоб наомад, то фаро расидани намози бомдод худро ба мутолиаи китоб андармон кардам.

Оятулло, сокини ноҳияи Фирдавсӣ:

Мо дар ошёнаи 14-ум хона дорем. Шаби заминҷунбӣ ҳамаамон аз хоб бедор шудем. Дар ними шаб, боз аз ошёнаи 14-ум поин фуромадану ба берун баромадан бефоида буд, агар замин сахттар ҷунбаду ягон ҳодиса сар занад, Худо медонад, ки мо то поин мерасем ё не. Лифтамон ҳам кор намекунад…

Мавзуна Абдуллоева, донишҷӯ:

Мо дар ҳавлӣ зиндагӣ мекунем. Заминҷунбии рӯзонаро нафаҳмида будам, вале ду шаби дигари заминларза ҳангоми ҷунбидани замин ба ҳавлӣ баромадем. Ҳатто ҷияни дар гаҳвора будаамро низ бо гаҳворааш берун овардем. Ман аз заминҷунбӣ метарсам, ҳар вақте, ки дар хона бошаму заминларза шавад, гумон мекунам, ки ҳамин ҳозир хона ба болоям чаппа мешавад.


Таҳияи
Ёқуби САЙИД
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97