ва он соли зуҳури нахустин кайҳоннаварди
кишвари Тоҷикистон хоҳад шуд
Пас аз чанде соли нави 2009-уми мелодӣ медарояд. Ин соли навест, ки мардуми тоҷик омадани онро интизор мешаванду мардум барои оростани дастурхони идона ҳар гуна нуқлу шириниҳо мехаранд. Соли нав мутобиқи мӯчал соли бақар, яъне гов аст. Гарчанд ки мураттибони ин мӯчал, яъне чиниҳо мегӯянд, ки ин сол соли модагов набуда, балки соли буққа аст, лекин мардуми мо онро ҳамчун Соли Гов қабул мекунанд.
Шояд ин чиз ба хотири эҳтироми гов бошад, ки барои хонаводаҳои серфарзанди мардуми тоҷик ширу равған ва маскаро таъмин мекунад. Ё ин ки дар қиссаҳои исломӣ гов бештар зикр шудааст. Чунончи Юсуф пайғамбари соҳибҷамол ҳафт говро хоб дида буд ва ё дар таъбири хоб шарҳ дода шудааст, ки гов рамзи сол аст. Ҳамин тавр аст ё не, Соли навро пешвоз гирифтан лозим аст.
Ба ҳар ҳол ин чиз муҳим аст, ки як сол сипарӣ мешавад. Соле сипарӣ мешавад, ки хӯроки асосии гов кунҷора қиммат буду нархи шир дар Хуҷанд ва навоҳии он бетағйир монда буд.
Соли 2009-ум дар тамоми олам бо қарори Созмони Милали Муттаҳид Соли кайҳон эълон карда шудааст. Дар кишвари мо бошад, ин сол соли бузургдошти Имоми Аъзам мебошад. Илоҳо, соли 2009-ум воқеан соли бобарор гардад ва орзуҳои миллати мо амалӣ шаванд. Бошад, ки ба соҳибу пешвои мазҳабамон Имом Абуҳанифа дар соли бузургдошташ бештар арҷ бигузорем, рӯхи ин абармарди илму ирфонро шод гардонем ва бад- ин васила дар раҳмату ҳидояти Худованд қарор бигирем. Ва дуъо бикунем, ки дар Соли кайҳон кайҳоннаварди ояндаи миллату хоки тоҷик мактаби таҳсилоти умумиро хатм карда бошад ва дар ҳамин даҳсола хабари кайҳонро фатҳ кардани нахустин тоҷики Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ақсои олам паҳн шавад. Омин!
Пеш аз ҳулули Соли нави мелодӣ Соли нави ҳиҷрӣ ҳам вориди хонадони мо мешавад. Санаи 29-уми декабр соли 1430-уми ҳиҷрӣ оғоз мегардад. Агар дар омад-омади соли нави мелодӣ мардум тӯҳфаҳои Бобои барфиро интизор шаванд, пас ба истиқболи Соли нави ҳиҷрӣ аз ҳаҷ бозгаштани ҳоҷиён тӯҳфаи хубе мешавад ва шояд армуғони солинавиро дар баробари Бобои барфӣ ҳоҷиён ҳам ба наберагону кӯдакон тақдим кунанд. Соли 1429-уми ҳиҷрии қамарӣ санаи 9-уми январи соли 2008 оғоз шуда буд ва 29-уми декабр ба поён мерасад.
Акнун ба самъи кӯдакон расониданием, ки бачаҳои азиз, дар соли нав якто не , балки ду-то тӯҳфа талаб кунед, чунки Соли нав имсол якто не, балки ду-то аст: 2009 ва 1430
Арафаи ҳарду соли нав дар Хуҷанд барои мусофирон хурсандибахш омад. Чунки нархи бензин арзон шуду роҳкироро ҳам дар микроавтобусҳо арзон карданд. Акнун ба ҷои 60 ё 70 дирам 55 дирам барои роҳкиро ҳақ мегиранд.
Дар халқ мегӯянд, ки "Гӯсолаи шуданӣ аз пояш маълум аст." Агар аломати неки Соли нав арзон шудани нархи роҳкиро бошад, пас аниқ аст, ки соли Гов барои мо соли бобарор хоҳад шуд. Агар абри Соли Гов шири боронро фаровон борад ва хушксолӣ нашавад, Тоҷикистон гулистон мегардад. Соли нав ва боз Соли нав муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Ислом РАҲИМОВ
"Миллат"