Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

САРДАБИРРО ЛАТУ КӮБ КАРДАНД ё кист он ҳамлагар, ки худро корманди милиса гуфт?

Иҷтимоъ 08.01.2009 20:06

Абдулмӯъмин Шерхонов, сардабири нашрияи мустақили "Пажвок" дар шаҳри Кӯлоб, ки бо нашрияи "Миллат" низ ҳамкорӣ дорад, аз сӯи афроди ношинос лату кӯб шудааст. Абдулмӯъмин Шерхонов гуфт, ин ҳодиса соати 17-и рӯзи сешанбе каме дуртар аз дафтари кории ҳафтаномаи "Пажвок" дар маркази шаҳри Кӯлоб иттифоқ афтод. Ба гуфтаи ӯ, ду нафари ношинос, ки баъдан нафари саввум низ ба онҳо ҳамроҳ шуд, сари роҳи ду хабарнигори нашрияи "Пажвок"-ро гирифта ва Абдулмӯъминро лату кӯб кардаанд.

Абдулмӯъмин Шерхонов гуфт, вақти лату кӯб яке аз ин нафарон гувоҳиномаеро ба ӯ нишон дода, худро корманди милиса муаррифӣ кардааст.

Ҳамчунин, дар ҷараёни муноқиша ду автомашинаи "NEKCIA" ва "DAEWO" дар маҳалли ҳодиса ҳозир шуда ва ронандагони ин мошинҳо аз он нафарони ношинос пуштибонӣ кардаанд. Афроди ношинос пас аз дахолати сокинони раҳгузар аз маҳали ҳодиса фирор кардаанд.

Холмурод Хоркашов, сардори раёсати корҳои дохилаи шаҳри Кӯлоб, ин ҳодисаро таъйид карда гуфтааст, ки ҷустуҷӯйи шахсони ба журналист ҳамла карда идома дорад. Ба гуфтаи вай, кормандони милиса билофосила ба маҳали ҳодиса рафта ва маводи лозим, баёноти шоҳидони айнӣ ва ҷабрдидаро дастрас кардаанд. Абдулмӯъмин Шерхонов, ҳамлаи афроди ношисонро ба фаъолияти рӯзноманигорияш марбут медонад.

Ба гуфтаи ӯ, нашрияи "Пажвок" дар ду соли ахир матолиби интиқодии зиёде дар бораи ниҳодҳои мухталифи давлатӣ ва афроди ҷудогона дар шаҳр ва минтақаи Кӯлоб, мунташир карда ва эҳтимолан боиси лату кӯбаш ҳамин бошад.

Ин нашрия, дар ҳафтаи гузашта дар матлабе аз кормандони милиса барои бетаваҷҷӯҳӣ ба шикояти гурӯҳе аз донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб, ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд, интиқод кардааст.

Нашрияи "Миллат" аз мақомоти умури дохила дар шаҳри Кӯлоб дархост мекунад, ки барои ҳарчи зудтар мушаххас кардани омилҳои ин ҳамла мусоидат намояд.


©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97