РӮЗНОМА-ҲЕЗУМ

Иҷтимоъ 02.01.2009 14:29

ДИРӮЗ

Маъракаи обуна ба матбуоти даврӣ яке аз масъалаҳои умдаи сиёсии давлати шӯра¬вӣ ба ҳисоб мерафт. Зеро дар он замон, дар мавриде ки телевизион имкониятҳои имрӯзаашро надошт, матбуот вазифаи асосии пропагандист, агитатор ва ташкилотчии ҳизбро ба таври воқеӣ иҷро менамуд.

Барои коркунони матбуот моҳҳои август-декабр давраи долу зарби кор ба шумор мерафт. Ҳар як хабарнигори воситаҳои чопии ахбор илова ба вазифаҳои асосии касбиашон инчунин дар мавсими мазкур дар минтақаҳо, ба воситаи мақолаҳояшон бояд ба зиёд шудани сафи обуначиён - хонандагони ояндаи рӯзномаю маҷаллаҳо мусоидат мекарданд. Бо ҳамин мақсад вақти сафарҳои хизматиашон дар маҳалҳо рӯзноманигорон бо хонандагон конфронсҳои хонандагон, мулоқотҳо, шомҳои саволу ҷавоб, дигар гирдиҳамоиҳо ташкил менамуданд. Хуллас коре мекарданд, ки заррае бошад ҳам ба нафъи рӯзномаашон кор кунанд.

Ходимони почта ҳам дар мавсими обуна нисбат ба моҳҳои дигар серкортар мешуданд. Чунончи, онҳо вақти дар байни аҳолӣ тақсим кардани маблағҳои нафақа ё ёрдампулиҳои давлатӣ ба деҳаҳо, бошишгоҳҳои саҳроии деҳқонон, корхонаҳо сафар карда, бевосита бо одамон вомехӯрданд ва ба онҳо феҳристи обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳои мухталифи Тоҷикистон ва соири кишварҳои собиқи шӯравиро пешниҳод мекарданд. Одамон аз феҳрист воситаҳои ахбори оммаи дилхоҳашонро пайдо карда, ба онҳо обуна мешуданд. Тибқи ҳамон феҳрист одамон инчунин ба китобҳое обуна мешуданд, ки тибқи нақша дар нашриётҳои машҳуртарини Москваю Ленинград ва дигар шаҳрҳо ба табъ мерасиданд.

Аммо ҳаргиз ягон нафар роҳбари ҳизбӣ ё давлатӣ мардумро барои обуна шудан ба ягон воситаи ахбор маҷбур намекард. Одамон - мактаббачагону коргарон, деҳқонон, хизматчиён ва дигарон худашон медонистанд, ки ба кадом воситаи ахбор обуна шаванд. Масалан, вақти дар синфҳои поёнӣ таҳсил намудан мо одатан ба маҷаллаи "Машъал" ва рӯзномаи "Пионери Тоҷикистон" обуна мешудем. Вақти дар синфҳои болоии мактаб таҳсил кардан, мактаббачагон ба рӯзномаҳои "Комсомоли Тоҷикистон", "Комсомолец Таджикистана", ё "Комсомолская правда" обуна мешуданд. Зеро рӯзномаҳои мазкур ба талаботи наврасони синну соли 15-18-сола ҳам мувофиқат менамуданд.

Вақти ба воя расидан ҳар нафар мувофиқи талаботаш ба рӯзномаи дилхоҳаш ихтиёран обуна мешуд. Зеро одамон дар рӯзномаҳое, ки обуна мешуданд, масъалаҳои барояшон зарури ҳаёташонро пайдо менамуданд.

ИМРӮЗ

Тӯли чанд соли охир борҳо шунидаам, ки одамонро дар маҳалҳо барои ба ягон воситаи ахбори оммаи ба ҳукуматдорон писанд иҷборан обуна мекунанд. Баъзан маҷбуркунии мазкур ба ҳолати ифротӣ табдил меёбад. Яъне шумо хоҳед ё нахоҳед, бо вуҷуди маоши ночизатон бояд ҳатман ба рӯзномаи ҳукуматӣ ё ҳизби ҳукмрон обуна шавед.

Масалан, тибқи супориши раиси вилояти Хатлон дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб ба рӯзномаи "Ҷумҳурият" - 510 нафар одамон бояд обуна шаванд. Дар байни рӯзномаҳое, ки мардум ба онҳо ба таври ҳатмӣ бояд обуна карда шаванд, рӯзномаи парлумони кишвар "Садои мардум" - 300 нусха, "Минбари халқ" - 200 нусха, "Хатлон" - 400 нусха, "Новый Хатлон" - 250 нусха, "Дӯстлик" - 100 нусха мебошад.

Ҳамин анъана имрӯзҳо ба вазорату идораҳо ва кумитаҳои давлатӣ ҳам сироят кардааст, аз ҷумла ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳар моҳ сармуҳосибони ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои давлатию ғайриҳукуматӣ ба таври маъмулӣ ба бозрасиҳои андози ноҳияҳояшон ҳисобот пешниҳод мекунанд. Илоҷи дигар надоранд, зеро Кодекси андоз ҳамин корро тақозо мекунад. Аммо моҳҳои сентябр-декабр барои сармуҳосибони корхонаҳо ба мавсими дарди сар табдил ёфтааст. Масъулони мақомоти андози ноҳияҳо пеш аз қабули ҳисоботи моҳонаи андоз аз сармуҳосибон квитантсияи обуна ба рӯзномаи "Боҷу хироҷ"-ро талаб мекунанд. Дар сурати мавҷуд набудани квитантсияи мазкур саратонро агар ба сад дар занед ҳам ҳисоботи шуморо қабул намекунанд. Шоҳиди гуфтугӯйи сармуҳосибоне будам, ки онҳо ба хотири зудтар аз дарди сари обуна халос шудан мегуфтанд: "Ростӣ ман рӯзномаи "Боҷу хироҷ"-ро ҳатто бо чашмам надидаам, вале ҳар сол ба он обуна мешавам."

Инчунин борҳо дидаам, ки якчанд шумораҳои нави рӯзномаҳои "Ҷумҳурият" ва "Минбари халқ" ҳар ҳафта дар пушти дари корхонае чандин шабонарӯз ғарам шуда хобида, сипас онҳо ба куҷойе ғайб мезананд. Зеро одамонеро, ки дар корхонаи мазкури давлатӣ, бидуни пешакӣ огоҳониданашон аз маошашон обуна карда буданд, рӯзномаҳои мазкур ҷалб намесозанд.

Боре аз посбони дари корхона пурсидам, ки ҳамин рӯзномаҳоро шумо чӣ кор мекунед?

- Зимистон мавсими сармо ба ҷойи ҳезум ба оташдон андохта гарм мешавем, - посух дод ӯ.

Ҳар сол роҳбарони вилоятҳо ба ноҳияҳо амрнома фиристода аз роҳбарони ноҳияҳо талаб мекунанд, ки мардумро ба рӯзномаҳои давлатӣ обуна кунанд.

Вазоратҳо дар навбати худ ба шӯъбаҳо ва раёсатҳои вилоятиашон чунин амрномаҳо ирсол мекунанд ва роҳбаронро барои ба рӯзномаи соҳавиашон обуна кардан водор месозанд. Аммо, тавре тадқиқотҳо нишон медиҳанд, шумораи хонандагони чунин рӯзномаҳо солҳо тағйир наёфта, дар як сатҳ боқӣ мемонад.

Ба андешаам одамон барои он ба рӯзномаҳо чунин муносибат мекунанд, ки онҳоро ғайри хоҳишашон обуна мекунанд ва бо ҳамин роҳ ҳуқуқи озодона интихоб кардани воситаи ахбори дилхоҳашонро поймол мекунанд.

ДАР ҲАМАИ ДАВРУ ЗАМОНҲО

Обуна ба матбуот як воситаи хуби робитаи доимии рӯзнома ва хонанда мебошад. Аксари хонандагон маҳз ҳамон рӯзномаеро мутолиа мекунанд, ки ба талаботи онҳо ҷавобгӯ бошад. Масалан, агар яке рӯзномаи сиёсӣ мутолиа кунад, нафари дуюм рӯзномаи варзиширо меписандад. Дар ҳар сурат, талаботи аҳли ҷомеа яксон нест.

Инчунин обуна дар мавриде воситаи муассири интишордиҳии матбуот мешавад, ки агар хизматрасонии почта ба таври дилхоҳ ба роҳ монда шуда бошад. Мутаассифона, дар Тоҷикистон тӯли даҳсолаи охир хизматрасонии почта амалан аз байн рафтааст. Аз ин рӯ натиҷаи ғайри ихтиёрашон обуна кардани мардум ба матбуот дилсардии онҳоеро, ки маблағҳояшонро ба воситаи обуна гум мекунанд, нисбат ба ҳукумат ба вуҷуд меорад. Яъне, рӯзномаҳо аз ҳисоби обуна кардани мардум маблағ ба даст оранд ҳам, вале хонанда онҳоро ба даст намегирад, зеро ходимони почта матбуотро тавре, ки лозим аст, имрӯз хона ба хонаи мардум гашта паҳн намекунанд. Аз ин рӯ рӯзномаҳо дар пушти дари корхонаҳо ғарам шуда мехобанд.

Аз ин хотир, бо мақсади барҳадар нарафтани маҳсули заҳмати зиёди рӯзноманигон роҳбарони рӯзномаҳо бояд ба тағйир додани усули ба дасти хонанда расондани рӯзномаҳояшон оғоз кунанд ва аз баҳри усули дар корхонаҳои давлатӣ обуна кардани одамон гузаранд. Аз пушти дари корхонаҳо хобидан дида рӯзномаҳоро, тавре дар бисёр кишварҳои хориҷӣ роиҷ аст, дар маҳалҳои сераҳолӣ барои мардум ба таври ройгон гузоштан беҳтар аст. Он гоҳ одамон имконият пайдо мекарданд, ки лоақал бо рӯзнома шинос шаванд. Агар мӯҳтавои рӯзнома, новобаста аз тобеияташ ба ҳизбу ҳарактҳо ва созмонҳо, ба нафаре писанд ояд, он гоҳ ӯ албатта дар оянда рӯзномаро маблағ дода, харид мекунад.

Дар тамоми олам рӯзномаҳои ҳукуматӣ фаъолият дошта, мардуми зиёде онҳоро мутолиа мекунанд. Зеро мазмуну мӯҳтавои аксари рӯзномаҳои ҳукуматӣ ба мазмуну мӯҳтавои рӯзномаҳои мустақил монанд набошад, ҳам, вале онҳо ба хотири симои мушаххаси худ кӯшиш мекунанд ҷолибу хонданбоб бошанд, аз ин рӯ ба масъалаҳои рӯзмарраи ҳаёти ҷомеа машғул мешаванд. Аммо дар кишвари мо рӯзномаҳо ба варақаҳои таблиғотии мақомоти ҳукуматӣ табдил ёфтаанд. Яъне хонандае, ки ӯро маҷбуран ба рӯзнома обуна кардаанд, тавре аз ғарами рӯзномаҳои пушти дари корхонаю ташкилотҳо хобида бармеояд, ҳатто ба хотири маблағи харҷкардааш ҳам рӯзномаро мутолиа намекунад.

Замони муосир замони пешравии босуръати илму техника дар соҳаи воситаҳои ахбор аст. Дар муддати андак намудҳои нави воситаҳои ахбори омма арзи ҳастӣ кард. Имрӯз дар баробари матбуот, телевизион ва радио яке аз воситаи нави нисбатан зудамал ва муассири ахбор - Интернет ба ҳаёти мардуми кишвари мо ҳам ботадриҷ ворид шуда истодааст. Баъзан дар Интернет-қаҳвахонаҳои шаҳрҳо барои аз назар гузарондани саҳифаи сомонаи дилхоҳатон шумо бояд соатҳо навбат истед, зеро насли ҷавон ба Интернет рағбати калон доранд ва аз он фаровон истифода мекунанд.

Дар ҳоли дар кишвари мо васеътар доман паҳн кардани техника ва технологияҳои муосири иттилоотӣ аксари рӯзномаҳои камиқтидор ва дар байни мардум камэътибор ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешаванд. Зеро одамон ҳамон иттилоеро, ки қаблан аз рӯзномаҳои маъмулӣ ба даст меоварданд метавонанд аз рӯзномаҳо ва саҳифаҳои Интернетӣ пайдо кунанд. Дар ин ҳолат нафаре наметавонад нафари дигарро барои ба рӯзномаи писандидааш обуна шудан водор созад. Интернет маҳз ҳамон усули ройгон паҳн кардани иттилоот мебошад. Хонандаи закӣ худаш сомонаи ба завқу табъаш мувофиқро пайдо карда, онро мутолиа хоҳад кард.


Абдуфаттоҳ ВОҲИДОВ,
"Миллат"
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97