БИЁ, СОЛИ НАВ!

Иҷтимоъ 02.01.2009 14:34

Марҳабо, соли нав! Биё, ки туро пазмон шудам. Бо ҳамҳамаю валвала фаро бирас, то замоне биосоям. Падруд, соли кӯҳан! Соле, ки ростӣ,мушкилоти зиёд ҳам дошт. Нарху навои маводи ғизоӣ хеле боло рафт. Соли такопӯ, соли ҳаёҳӯ, соле, ки муҳтавои ҳаёти мардум дарёфти ғизои арзон, рӯшноӣ ва ҳезум шуд.

Бале, дар асри тараққиёти таҷҳизоти рақамӣ ва компутарӣ, ки инсоният ҳатто дар осмонҳо, шӯҳратталабона барои худ порчаеро баҳри сохтмони бӯстонсаро харидорӣ менамояд, тоҷик дар хонааш барқи доимӣ надошт!!! Фарзандонаш шабона ба хотири дарёфти каме ҳасиб ва нони сафед чашм бар хоб мепӯшанд. Дар хоб хонаи рӯшан ва чароғон мебинанд. Орзу мекунанд ба пушти кӯҳ рафта, замоне дар сӯҳбати офтоб нишинанд, то аз ҷамоли рӯшани он баҳравар гарданд. Шигифто, ин гуна орзуро ҳатто бисёре аз донишҷӯён низ дар сар мепарваранд. То ҳанӯз намедонанд, ки офтоб дар пушти кӯҳ пинҳон намешавад ва ҳамнишинӣ бо он аз имкон берун аст. Ин дар ҳолест, ки ҳамтоҳояшон дар Русияву Амрико, Ҷопону Бритониё ва баъзе аз мамолики Шарқ тавассути таҷҳизоти ҳозиразамон таркиби офтобро меомӯзанд ва бо кашфиёти ҷадид оламиёнро ба шигифт меоваранд…

Соли нав омадӣ, биё! Биё, ки туро пазмон шудаам. Биё, ки аз шарофати ту ба базмҳои шоҳонаи шӯҳратталабон рафта, ба гарданам валвалаҳо овезон намуда, то саҳар чарх занам. Зери мусиқии "ноб"-и номафҳум ҳамроҳи духтарони таннози нимурён то беҳол шудан бирақсам, аз болои мизи шоҳона ороёфта тухми моҳии сурх бихӯрам, банану ананас дуздида ноаён ба киса андозам, то баъди ҷашн ба хона омада, баҳри васеъ шудани ҷаҳонбинии кӯдаконам маводи нодирро намоиш диҳам, шишаҳои майи гаронбаҳои фаронсавиро бебокона ба қадаҳ рехта, вонамуд созам, ки ин одати ҳамешагӣ ва дилписанди ман аст. Баъд аз байни борони коғазин гузашта, ба кобини холӣ рафта ба ҳоли гадоёни пушти дари тарабхона монда борони ашки сӯзон бирезам.

Ашки мард… Оҳ, чӣ қадар сӯзон аст. Сараввал чашмҳо пур мегарданд, баъди чанд лаҳзаи карахтӣ ба рухсора мешорад. То ҳадди имкон мекушӣ ба ягона куртаи сафедат начакад, набошад дар базми дигар маҷбур мешавӣ боз ҳамон куртаи кӯҳнаатро пӯшида бо костюм то охири базм онро пинҳон созӣ, то касе доғҳои шустанашавандаашро набинад. Ҳангоми гиря кардан бим аз он мекунӣ, ки каси дигар ба кобин даромада, ашки сӯзони мардро бубинад. Ягона ҳолатест, ки орзуи хомӯш шудани чароғро мекунӣ, аммо ҳайҳот, дар чунин ҷойҳо чароғ ҳич гоҳ хомӯш намешавад. Ҳазорон чароғи сурху зарду кабуд то саҳар чашмак мезананд. Дар хонаҳои мардуми оддӣ бошад вазъ дигаргуна аст. Кӯдакон дар назди оинаи нилгун то нисфи шаб интизор менишинанд, то бошад, ки танзимгарони барқ, саҳван тугмачаи чароғи онҳоро пахш кунанд.

Ниҳоят умеди кӯдакон барбод рафта, зери ғур-ғури модар хоб мераванд. Саҳар аз хоб хеста ба хонаи ҳамсояи бодавлаташон мераванд, то бо баҳонаи бозӣ бо фарзандони ӯ сари пиёлаи чой нишаста як пораякак торти аз шаб боқимондаи ӯро нӯши ҷон намоянд ва арчаи сунъии рангоранги хонадонро наззора созанд. Дурӯғ гӯянд, ки торти шаб хӯрдаи онҳо низ ширин буд, аммо қисмати боқимондаашро гурба хӯрдааст. Лаззати самбӯсаҳои мавҷуднабудаи хонадони худро ситоиш намуда бинозад. Он лаҳза мекӯшад, ки сухан аз боби тамошои телевизор наравад, набошад ҳасрату ҳасади сими барқи дуздидаи падари ошнояш вуҷудашро саропо месӯзонад. Беҷуръатӣ ва камҳавсалагии падари камбағалаш собит мешавад. Он гаҳ ошкор мегардад, ки оилаи камбағали онҳо дар шаби соли нав, барои хӯрдан ба ҷуз қандчой чизе дигар надоштаанд.

Ин ҳасрати муаллимест, ки баъди дарс ба сар кулоҳи калон монда, дар кӯчаю бозор аробакашӣ мекунад. Кулоҳ барои он мемонад, ки шогирдонаш ӯро нашиносанд. Аммо давоми фоҷиаи ӯро аз шогирдонаш шунидам, ки ҳангоми аробакашиашро дидани онҳо, муаллим сарашро паст карда, зуд мегузаштааст. Ба истилоҳ ҷони саги сиёҳ канда моҳонааш якҷоя бо музди аз аробакашӣ ба даст оварда ва даромади ҳамсари ширфурӯшаш ҳамагӣ як халта орд ва 2 килограмм равған мешавад.

Соли нав, биё! Биё, ки туро пазмон шудаам. Фаро бирас дар диёре, ки пахта ашёи тақдирсозаш бошад ҳам дар саҳроҳои беканораш садои як комбайн шунида намешавад. Дар диёре, ки марди деҳқон бо азоби алим пахта мекораду барои савор шудан ҳатто хар надорад ва тӯдае аз пули пахтаи парвардаи ӯ "ҶИП"-саворӣ мекунанд. Нархҳо бо "гӯшакии" чанд беинсоф бамаротиб боло мераванд ва баъд камакак поён мефароянд. Диёре, ки муҳтавои зиндагии мардумаш дарёфти як халта орд гаштааст. Баҳои халтаи орд бошад то ба ду маоши ҳадди ақал боло рафтааст.

Диёри бонкҳои боҳашамат, нуқтаҳои фурӯши бешумори сӯзишворӣ, кушкҳои шоҳона, тарабхонаҳои нуқракӯб ва аробакашони побараҳна ва тифлакони мошиншӯй. Диёре, ки аз ориёинажод будани иддае асаре боқӣ намондааст. Бархе аз таҷрибаи бостон ҳамон сар ба пои дигарон гузоштанро ба мерос гирифтаанду бас. Тоифае ҳам ҳаст, ки майнаҳояшон қобилияти фикр карданро аз даст додааст. Мехоҳанд дигарон ба ҷои онҳо тақдирашонро ҳаллу фасл кунанд. Иддае баҳри дарёфти боигарӣ, ҳатто динашонро ба гарав мемонанд.

Диёре, ки бархе аз мардумаш дар дохилу хориҷи мамлакат ғуломон гаштаанд ва нони ғуломӣ маза карда мехӯранд. Диёре, ки ганҷҳояшро аҷнабиён мехоҳанд соҳиб шаванд. Барои дарёфти қути лоямут ба дуриҳо сафар карда ба механизми истеҳсоли пул табдил меёбанд. Баъди чандин сол ба ватан баргашта фарзандонашонро намешиносанд.

Диёре, ки бо фарорасии фасли сармо, бо муҷарради баргаштани мардикоронаш нархҳои бозораш ба осмонҳо дакка мехӯранд. Бо чунин роҳ пайсаҳои бо хуни дил ҷамъкардаи ғулом боз ба кисаи чанд муфтхӯри ватан ворид шуда, ноком ба ҷойи кораш бармегардад.

Фавҷи мардикорони тоҷик ҳамасола ба Русия мераваду тирамаҳ сафҳояшон коста шуда, ба ватан бармегардад.

Сафдарони тоссар (скинхед)- и рус ҳамарӯза тоҷик мекушанд. Замоне, ки аҷдодони ин тоҷикони жандапӯши кӯчаҳои Маскав бо сӯзан сутунҳои кушкҳои барҳавояшро наққошӣ мекарданд русҳою инглисҳо намедонистанд, ки гӯштро пухта хӯрдан лозим. Ҳайҳот…

Соли нав, биё! Биё, ки туро пазмон шудаам. Биё, ки зимоми фарҳанг, маънавиёт, иҷтимоиёт ва иқтисодиёти ватани азизи ман қурбони кофе-брекҳо ва "приём"-ҳои муғризони хориҷӣ гаштааст. Хориҷиён зиёиёнатро аз гӯшаю канор дар маркази ҷумҳурӣ гирд оварда, чӣ гуна бо собун даст шустан меомӯзанд.

Онҳо намедонанд, ки ин мардум ҳазорҳо сол пеш бо собун ва моддаҳои дигари кимиёвӣ пеш аз хӯрок даст мешӯстанд. Медонанд, ки ин мардум ҳамакнун собун надорад. Чун "тренерҳо" таълим медиҳанд, ки пеш аз ворид шудан ба утоқе салом додан лозим бечора зиёии тоҷик аз ин амали хориҷӣ ба ғазаб меояд, аммо хомӯширо авло медонад, чунки намехоҳад аз "суточний" ва "транспортные расходы" маҳрум шавад.

Тоқат карда то охир гӯш мекунад. Баъд ба болои сари нафари дар назди "ноутбук" нишаста рафта чун гунаҳкор чанд дақиқа рост меистад, то соҳиби пул шавад. Ноутбукбоз аз рӯи одати хоҷагони ғарбиаш худро боодоб нишон медиҳад, аммо медонад, ки ин зиёии почаканда назар ба ӯ ва хоҷаи ғарбиаш хело донишманд бошад ҳам ба хотири дарёфти пули як халта орд ҳама таҳқирҳои ӯро мебардорад ва маҷбур аст тоқат кунад. Маҳз барои ҳамин хоҷагонаш ҳамвора мекушанд ин мардум почаканда боқӣ бимонад. Кӯмакҳои якдафъаина "принсип"-и кори онҳо гаштааст. Барои ин мардум шасти моҳидорӣ не, балки моҳӣ медиҳанд, то боз мудом муҳтоҷ бошанду идорашаванда. То деви фарҳанг, дониш ва асолати ин мардуми ориёинажод бедор нашавад, набошад ҷоҳилӣ ва коҳилии хоҷагонаш ошкор гашта, почаҳои асолатбохтагон хоҳад канд. Кас намедонад теъдоди кормандони нимчатоҷики офисҳои ташкилотҳои хориҷӣ чанд аст. Ҳайронам, ки ин англису амрикоиҳо аз куҷо ин миқдор дурагаҳоро пайдо кардаанд. Мӯҳтавои зиндагии ин тӯдаи асолатбохта гузаронидани проекти навбатӣ ва дарёфти нолаи равғанин аст. Гузашти "проект" бошад маънии дастрас кардани мошинҳои пурқиммат, виллаҳои дакаданг ва кайфу сафои ба ҳамин монандро дорад. Кӯдаки зиёӣ бошад дар кӯҳистони дур чашм ба роҳ аст, ки кай падари бечорааш бо кисаи пур аз "суточний" баргашта, ниҳоят дар соли нав барои ӯ торт мехарад…

Соли нав, омадӣ, биё! Биё, ки туро пазмон шудаам. Бошад, ки дар гирдоби ҳамҳамаю валвалаи ту замоне аз хаёлоти пурғаш вораҳам. Фаромӯш созам, ки дигар таносуби фаъолияти болову поён фосила нахоҳад дошт.

Шукронаи сулҳу салоҳи кишвар! Алҳол бошад, Соли Нав хурсандии нақд аст. Ваъда медиҳам ҳама дарду ғами ин мардуми бечораро фаромӯш намуда, таи як шабонарӯзи фарорасии Соли Нав нишоту тарабро пешаи худ созам… вале медонам, ки наметавонам, бо вуҷуди ин худро фиреб медиҳам. Гӯё дар он базмҳои пурдағдаға на ман банану ананасу тухми моҳӣ мехӯрам, балки онҳо маро мехӯранд. Ҳар луқмаи болаззат бе ин миллат бароям заҳр аст…

Биё, соли нав, туро пазмон шудам! Дар соли нав, шояд асолатбохтагон тараҳҳум карда, роҳро баҳри дарёфти зиндагии муносиб барои ин мардум бикушоянд!

Соли 2009 солест, ки тоҷик аз бӯҳронҳо раҳо хоҳад ёфт. Самараи заҳмати чанд соли баъди ҷанги бародаркӯшро хоҳад чашид. Гови зотии тоҷик ҳамакнун дар Соли гов шир хоҳад дод ва сафи бекорону бенавоёнаш коста хоҳад гашт. Проекти пеш кардани тоҷикон тавассути калбачаҳои газанда муяссар нашуд. Аммо тирашон хок хурд, дер карданд, ҳамакнун очаҷони мо-Тоҷикистон қудрати сер кардани фарзандони муҳоҷирашро дорад. Биё, Соли нав ва бубин, ки тоҷик чӣ гуна ба пой мехезад ва дубора эҳё мегардад!!!


Аҳмади ИБРОҲИМ
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97