МАНУ ТУ МО ШАВЕМ, КОРРУПСИЯ НЕСТ МЕШАВАД

Иҷтимоъ 31.12.2008 14:44

Яке аз самтҳои асосии мубориза бо коррупсия ва ё ба истилоҳ ришваситонӣ ин пешгирии ин зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ мебошад. Ҷалби аҳолӣ барои ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ, таъмини иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо коррупсия, фаъолияти пешгирии ин равандҳоро муайян ва дар амал ҷорӣ менамояд. Ягон кишвари дунё сарфи назар аз дараҷаи тараққиёту сохти иҷтимоияш аз ин фасод эмин нест.

Айни замон пешгирии ин падидаи фалокатовар, ки дар пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ монеаҳои хело ҷиддиро ба бор овардааст, бе иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ғайриимкон аст. Зеро ришваситонӣ то кадом андозае бошад, иқтисодиёти давлатро, ки таҳкурсии асосии он аст, костаю заиф мегардонад ва эътимоду бовари ҷомеаро ба давлат аз байн мебарад.

Ришваситонӣ яке аз ҷиноятҳо ба муқобили ҳокимияти давлатӣ ва манфиатҳои хизмати давлатӣ буда, ба пояҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, низомӣ, иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа таҳдид намуда, нуфузу обрӯи байналмилалии кишварро паст мезанад.

Дар шароите, ки аз ҷониби шаҳрвандон талаботи воқеии мубориза алайҳи фасод ва ришваситонӣ вуҷуд надорад, аз ҷониби Ҳукумат низ наметавон фаъолияти босамарро интизор шуд. Зеро чуноне ки дар урфият мегӯянд, аз як даст садо намебарояд. Аз ин хотир ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, барои пешгирии он камари ҳиммат бастан лозим аст.

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,

Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Низомномаи Агентӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 143 аз 10-январи соли 2007 тасдиқ шудааст, ба мақомоти Агентӣ вазифаҳои мушаххасро доир ба амалӣ намудани мубориза бо коррупсия дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, бонкҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вогузор кардааст.

Агентӣ бо мақсади иҷроиши ин вазифаҳои муҳими давлатӣ корҳои муайянеро ҷиҳати ошкорсозии ҷиноятҳои коррупсионӣ, тафтиши пешакии онҳо ва гузаронидани дигар чораҳои лозимии ташкилию амалӣ ба сомон расонида истодааст.

Танҳо дар 10 моҳи соли равон мақомоти Агентӣ 737 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ба андоз алоқамандро ошкор ва тафтиш намудааст.

Дар як вақт бо назардошти он ки пешгирии омилҳои коррупсионӣ яке аз роҳҳои таъсирбахши мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта мебошад, мақомоти Агентӣ маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднокро оиди ошкор ва бартараф намудани сабаби ҷиноятҳои коррупсионӣ, шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда, инчунин расонидани таъсири пешгирикунанда ба шахсоне, ки ба содир намудани ин қабил ҷиноятҳо моил ҳастанд, дар амал тадбиқ менамояд. Зеро аксарияти чорабиниҳои пешбиникардаи "Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012" низ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-январи соли 2008 №34 тасдиқ карда шудааст, ба пешгирии коррупсия ва омилҳои ба он мусоидаткунанда равона карда шудааст.

Бо ҳамин мақсад дар асоси Фармони Президенти Тоҷикистон №450 аз 29.04 2008 "Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Фармони Президенти Тоҷикистон аз 10. 01. 2007 таҳти №143" дар ҳайати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори мустақили ҳифзи ҳуқуқии Агентӣ- шӯъбаи пешгирии коррупсия дар Дастгоҳи марказӣ, шӯъба ва бахшҳои пешгирии коррупсия дар Раёсатҳои Агентӣ дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе таъсис дода шуданд.

Агентӣ пешгирии омилҳои коррупсиониро бо роҳи андешидани чораҳои огоҳсозӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ ҳисобида, бо мақсади пурзӯр намудани ташвиқу тарғиби зиддикоррупсионӣ, ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ дар байни аҳолӣ, ташаккул додани тоқатнопазирӣ ба зуҳуроти коррупсия алоқаро бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма зич ба роҳ монда, дар 10-моҳи соли равон ба воситаи телевизион, радио ва рӯзномаҳо зиёда аз 320 барномаю мақола оиди масоили мубориза бо коррупсия ба табъ расонида, бо ин роҳ шаффофияти фаъолияти худро таъмин мекунад.

Кор дар самти пешгирии коррупсия дар Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд нисбатан хуб ба роҳ монда шудааст. Раёсати номбурда дар асоси нақшаи тарҳрезишуда муносибати судмандро бо ниҳодҳои ҷамъиятӣ ба роҳ монда аст. Тибқи тафоҳумномаи байни Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд ва ташкилоти ҷамъиятии "Ҷавонон ва тамаддун" баҳри амалӣ намудани барномаи "Ҷавонон зидди коррупсия" ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст. Тафоҳумномаи мазкур дар рафти вохӯрии директори Агентӣ Шерхон Салимзода бо намояндаи Раёсати СММ оид ба ҷинояткорӣ ва маводи мухаддир Александра Мартинис ба тасвиб расида буд.

Инчунин ҷиҳати пешгирии коррупсия ва таъмини иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо коррупсия, бо ибтикори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва 18 мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, 25 июни соли 2008 конфронси илмӣ - амалии "Роҳҳои пешгирӣ ва ҳамдастии омма дар мубориза бо коррупсия" бо иштироки директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд ва зиёиёни ин вилоят гузаронида шуд. Дар рафти конфронси мазкур комиссияи ҷамъиятӣ оиди пешгирии коррупсия дар ҳайати 15 нафар, аз ҳисоби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, олимон ва зиёиён таъсис дода шуд.

Вазифаи комиссияи ҷамъиятӣ дар маркази вилоят, шаҳр, ноҳия ва маҳалҳо корҳои пешгирикунандаро дар самтҳои мухталиф ташкил намудан ва умдатарини онҳо гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда дар байни соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, рӯзноманигорон, тоҷирон мебошад.

Таҳқиқоти дар чорчӯбаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон оид ба мавзӯи коррупсия дар Тоҷикистон (Афкори ҷомеа), ки дар миқёси ҷумҳурӣ сурат гирифт, 24- шаҳру навоҳии Тоҷикистонро фаро гирифта буд. Дар рафти ин таҳқиқот маълумоти 2054 мусоҳиб ба даст омада, омӯхта шудааст. Теъдоди шаҳрвандони пурсидашуда 1769 нафар, аз онҳо соҳибкорон-285 нафарро ташкил дода, 40-нафар пурсидашудагон аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, рӯзноманигорон, тоҷирон ва дигарон буданд.

Бар асоси натиҷаҳои таҳқиқот кормандони Агентӣ муштарак бо намояндагони вазоратҳои қудратии кишвар, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва саёҳӣ, телевизион ва радио ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба таври доимӣ вохӯриҳо баргузор менамоянд.

Мутобиқи нақшаҳои кории шӯроҳо дар тамоми ҷумҳурӣ чорабиниҳои дастаҷамъонаи зиддикоррупсионӣ дар мавзӯи "Ҷавонон коррупсияро маҳкум менамоянд" идома дорад. Дар айни ҳол озмун аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон дар рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" гузаронида шуд, ки то 1-декабри соли равон идома ёфт. Ғолибон дар рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди коррупсия 9- декабр аз ҷониби Кумитаи ҷавонон бо мукофотҳои арзишманд қадрдонӣ шуданд.

Дар кори пешгирии коррупсия чуноне, ки дар боло ёдрас гаштем васоити ахбори омма нақши муҳим мебозанд.

Аз тариқи каналҳои телевизионии ҷумҳуриявии "Шабакаи якум", "Сафина", "Ҷаҳоннамо", "СМТ" барномаҳои радиои "Садои Душанбе", "Тоҷикистон" проблемаҳои мавҷудаи коррупсионӣ ба таври васеъ инъикос карда мешаванд.

Бо ин мақсад инчунин имконоти агентиҳои иттилоотии ҷумҳурӣ "Ховар", "Азия плюс", "Авесто", "Вароруд" ва воситаҳои ахбори хориҷӣ истифода мешаванд.

Дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Миллат» "Садои мардум", "Ҷумҳурият", "Ҷавонони Тоҷикистон", "Минбари халқ" зиёда аз 320 хабар ва маколаҳо дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ нашр гардидаанд.

Бо мақсади инъикоси объективонаи мушкилоти вазъи коррупсионӣ дар Тоҷикистон ва чораҳои дар самти муқобилият бо ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд андешидаи Ҳукумат, дар чорабиниҳои ташкилнамудаи Агентӣ намояндагони воситаҳои ахбори хориҷӣ ва ватанӣ даъват ва нишастҳои матбуотӣ гузаронида мешавад.

Дар самти пешгирии коррупсия дар ҷомеа имконоти созмонҳои давлатӣ, ғайриҳукуматӣ, динӣ, ҷавонон ва иттиҳодияҳои эҷодӣ фаъолона истифода мешаванд.

Қобили ёдоварист, ки созмонҳои байналмилалии муқими ҷумҳурӣ дар кори пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ саҳми арзанда мегузоранд. Яке аз мисолҳои чунин ҳамкорӣ, кушодани сайти махсуси Агентӣ дар шабакаи "Интернет" аст, ки ҷиҳати огаҳ созем аҳолӣ оиди кори мубориза бо коррупсия хизмат мекунад. Сайти мазкур аз тарафи Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

Бо мақсади таъмини назорати ҷамъиятӣ дар чорчӯбаи "Стратегияи мубориза бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012" нақшаи чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ таҳия шудааст, ки дар татбиқи он тамоми вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ширкат меварзанд.

Файзалӣ Қосимов

корманди шӯъбаи пешгирии коррупсияи Агентии

назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия


©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97