АЗ ҚОҒАЗИ ТАШНОБ НАҲАРОСЕД!

Иҷтимоъ 22.12.2008 13:48

Сару садоҳо дар мавриди суду зиёни коғази ташноб зиёд аст; яке мегӯяд, коғази ташноб дар таркибаш сурб дорад, агар онро бисёр истифода бубарӣ ба бемории пасдардӣ (геморрой) гирифтор мешавӣ, дигаре бар ин назар аст, ки ин коғазҳо дар таркибашон "бактерия" доранд, дар натиҷаи муддати тӯлонӣ аз он истифода кардан одам ба бемориҳои гуногун мубтало мегардад…

Ин "овозаҳо" миёни мардум паҳн гаштаанд, агарчӣ шояд як нафар табиб ё мутахассис ва ё шахси огаҳ аз вазъи кор ва тарзи истеҳсоли коғази ташноб ба ин овозаҳо бовар надорад ва ҳам боре нашунидаем, ки нафаре зимни истифодаи коғазҳои ташноб ба пизишкон муроҷиат карда бошад.

Аммо чуноне мегӯянд: "То шамол нашавад барги дарахт намеҷунбад!" ва мо пайи таҳқиқи ин мавзӯъ ба чанд дар сар халондем.

Аввалан ба факултаи кимиёи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон муроҷиат намудем. Декани факултаи мазкур, профессор Маҳмадқул Каримов ин овозаҳоро то ҷое ҳақиқат дошта ҳисобида, зикр намуд: "Дар даврони шӯравӣ газетаҳое, ки дар чопхона боқӣ мемонд, ҳамаи онҳоро бурда ё месӯхтанд ва ё таги хок мекарданд. Маълум буд, ки он вақт рӯзномаҳо бо усули "горячий набор" ба табъ мерасиданд ва дар таркибашон миқдори зиёди қурғошим (сурб) доштанд.

Имрӯз, то ҷое медонем бо ин усул дигар рӯзномаҳоро интишор намекунанд, вале чун коғазҳои ташнобро аз боқимондаи газетаҳо истеҳсол мекунанд, эҳтимоли зиёд аст, ки моддаҳои зараровари кимиёвӣ дар таркибашон дошта бошанд." Аз мавсуф хоҳиш кардем, ки агар имкон дошта бошанд дар факултаашон чанд навъи коғазҳои ташнобро озмоиш намоянд. Мутаассифона барои ин корро дар факултаи кимиё анҷом додан фурсати зиёд лозим будааст ва ҳам ҳам маблағи калон. Ҷаноби Каримов маслиҳат доданд, ки ба "Тоҷикстандарт" муроҷиат намоем.

Масъулини "Тоҷикстандарт" ба мо гуфтанд, ки озмоиш гузаронидан ин вазифаи озмоишгоҳ аст, мо танҳо дар асоси ташхиси озмоишгоҳ сифатнома медиҳему халос.

Пас аз интизории чандсоата, билохира ба ҳузури директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Душанбе, Афғонов Зиёвуддин мушарраф гардидем. Баъд аз он ки Афғонов муҳим будани мавзӯъро дарёфтанд, розӣ шуданд то ба мо кӯмак кунанд. Аз мағозаи наздиктарин се навъ коғази ташнобро бо маблағи се сомонӣ харидему ба озмоишгоҳ овардем.

Аз сабаби он ки ин коғазҳо суроғаи дақиқ надоштанд, ҳар чи дар рӯяшон дарҷ гардида буд, айнан менигорем, то хонанда ҳангоми харидорӣ кардан коғазҳои ташноби озмоишшударо бишносад. Дар рӯи коғази аввалине, ки интихобан барои озмоиш гирифтем, ҳуруфи чинӣ дарҷ гардида буд, яъне истеҳсоли Чин, дуввумӣ нишониаш ш. Душанбе, кӯчаи Матросов 9, тел: 4 41 36 01 ва саввумӣ аз ҳарфҳои лотиние, ки дар он дарҷ гардида буд, хонда мешуд: Туалет коғозӣ, истеҳсолкунанда Ҷумҳурии Узбекистон.

Се рӯз баъд натиҷаи озмоиш ҳамин шуд, ки дар таркиби ҳеч кадоме аз ин коғазҳо "Микрофлораи ба вуҷуд оварандаи беморӣ ёфта нашуд". Хулосаи сардухтур Афғонов чунин буд: "Дар асоси ташхиси гузаронида маълум гардид, ки коғази ташноб аз нигоҳи бактериологӣ безарар буда, мутобиқ ба талаботи санитарӣ мебошад."

Як мутахасиси дигари соҳаи бактериологӣ афзуд, ки ба он тарзе, ки коғази ташноб истеҳсол мешавад, ягон намуди бактерия зинда монда наметавонад. Яъне ҳарорат аз ҳад зиёд аст ва он ҳарорати баланд бактерияҳоро мекушад.

Декани факулати кимиёи ДМТ мегӯяд, бо эҳтимоли зиёд коғазҳои ташноб ду моддаи кимиёвӣ дар таркибашон доранд: қурғошим (сурб) ва қалъагӣ (станиюм). Ин эҳтимол аз он ҷо сар мезанад, ки баъзан ҳамин коғазҳои ташноб пора-пора матнҳои газета ва ё аз китоб ё чизи дигарро дар худ доранд, дар навбати худ ин далели он аст, ки ин маҳсулот аз коғазҳои як маротиба истифода шуда омода мешаванд, ки метавонад барои инсон зиёновар бошад. Коғази ташноб бояд аз варақи сафед тайёр карда шавад.

Озмоишгоҳи шаҳри Душанбе, мутаассифона, шароити озмоиши техникии маҳсулотро надоштааст, ки ҳолати техникии коғази ташнобро озмоиш намояд. "Тоҷикстандарт" бошад, ҳарчанд шароит дорад, вале озмоиш гузаронидани ҳолати техникии ин маҳсулотро вазифаи худ намедонад. Ба факултаи кимиёи ДМТ маблағ намерасад…

Ҳамин гуна тадқиқотамон поён ёфт, ба хонандагон маслиҳат медиҳем, ки аз коғази ташноб истифода намоянд, то он замоне ки барои озмоиши техникӣ шароит пайдо шавад. Вале боз як овозаи мудҳиши дигар гирди коғази ташноб ё аниқтараш сари аз коғаз истифода кардани инсон дар мақоми истинҷо рӯ зад. Мегӯянд, ки коғаз яке аз номҳои Худованд аст ва ҳам рӯйи он Қуръони карим дарҷ гардидааст, ба ҳамин хотир касе онро дар мақоми истинҷо истифода кунад гунаҳкор мешудааст. Бо масъулияти том як нафар донишманди улуми дин мегӯяд, ки бо коғаз пок кардани аъзои хеш ягон ҷурме надорад ва истифодаи он дар ташноб ҷойиз аст ва ҳам вожаи коғаз сирф тоҷикӣ мебошад.


Ёқуби Саид
"Миллат"
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97