Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

ПАРАНДАҲОИ МУҲОҶИР БА ЛОНА БАРМЕГАРДАНДВа онҳоро дар хона чӣ интизор аст?

Иҷтимоъ 17.12.2008 14:01

Коҳиши 50 дар сади муҳоҷирати корӣ дар Русия чӣ дарди саре барои кишвари мо эҷод хоҳад кард? Бозгашти сели муҳоҷирин ба кишвар агар як омили бӯҳронзост, пас он чӣ пайомаде хоҳад дошт ва тадбир чист? Хабарнигори "Миллат" сари ин мавзӯъ бо чанд тан донандагони ин масоил пурсишеро анҷом дод, ки мӯҳтавои онро пешкаши хонанда месозем.

Муҳаммадсалом МАХШУЛОВ,

Ҷомеъашинос

Масъалаи коҳиши муҳоҷирати корӣ дар Русия аз ҳисоби шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ барои Тоҷикистон як паёми бисёр нохушоянд аст. Чун Путин аз ин қазия ҷиддан сухан гуфт, хулоса ҳамин аст, ки давлати мо бояд сари ёфтани роҳи ҳалли проблемаи бо кор таъмин намудани шаҳрвандонамон чораҳои таъхирнопазир биандешад. Давлатмардони рус ҳатман шумори муҳоҷирони кориро дар қаламрави кишварашон коҳиш медиҳанд, инро мо мехоҳем ё намехоҳем воқеъият ҳамин тавр аст.

Бӯҳрони шадиди иқтисодие, ки қудратҳои ҷаҳониро фаро гирифт Русияро сахт такон дод, ки то ҳанӯз наметавонад фазои иқтисодиии хешро мӯътадил намояд. Аз рӯи тахминҳои пешакии коршиносон ҳадди ақал 20 дар сади муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия бекор мемонанд, ки ин масъала барои кишвари мо албатта хеле бӯҳрон зояндааст. Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки бо роҳҳои дипломатӣ кишварҳои наверо барои бо кор таъмин намудани шаҳрвандони бекори кишварамон пайдо намояд, амсоли кишварҳои халиҷи Форс, Яман, Қатар, Ироқ, Сурия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саъудӣ, Канада ва Австралия. Ин кишварҳо ба қабули муҳоҷирон ва барои бо кор таъмин намудани онҳо омода ҳастанд. Бо роҳҳои дипломатӣ ҳал намудани ин масъала фурсати камтар аз шаш моҳро фаро мегирад, ки фикр мекунам захираи дохилии Тоҷикистон барои хӯрондану пӯшонидани шаҳрвандони бекор мондаи худ тайи ин муддат басанда ва кофист.

Шокирҷон Қосимзода Ҳакимӣ,

мудири кафедраи ҳуқуқ ва муносиботи байналмиллалии

Донишгоҳи байналмиллалии Тоҷикистон

Воқеъан бояд зикр намуд, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон муайян намудани шарту шароит барои таъмини кор ба шаҳрвандони кишвар дар дохили кишвар аст. Ва муайянкунандаи самарабахшии фаъолияти давлат низ бояд ҳамин бошад, зеро агар имрӯз не, пас дертар дар робита бо бархурди манфиатҳо ва дигар омилҳои обективию субективӣ эҳтимолияти кам кардани шумори муҳоҷирини корӣ ба миён меомад. Акнун дар вазъияти ба амал омада, дар сурати ба расмият даровардани хоҳиши Владимир Путин ҳамчун сарвари мақомоти иҷроияи давлатии ин кишвар бешубҳа натиҷаи манфии ин амалро бояд интизор шуд. Аввал ин ки бо дарназардошти таъсири бевоситаи Путин дар низоми давлатии кишвараш ягон монеъа дар татбиқи ҳамин ҳадаф нест. Ҷиҳати дигари масъала дар он аст, ки ба маротиб ҳаҷми воридшавии маблағҳо аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ кам мешавад. Ин дар навбати худ сабаби боз ҳам пойин рафтани сатҳи зиндагии мардум мегардад. Ва боз ҳам як нукта бойиси нигаронӣ шуданаш мумкин аст, ки ҳудуди панҷсад- шашсад ҳазор аҳолии қобилияти кор дошта шуғле ёфта наметавонанд, ки талаботи иҷтимоии онҳоро қонеъ созад, зеро муҳоҷирини корӣ барои иҷрои корҳои гуногун ва ба истилоҳ корҳои паст танҳо дар хориҷи кишвар розӣ мешаванд. Онҳо дар дохили кишвар, дар назди пайвандону фарзандонашон аз машғул шудан ба ҳар навъ корҳои паст, аз қабили кӯчарӯбӣ, ташнобшӯӣ ва ғайра худдорӣ мекунанд. Ҳамин тавр, ҳукумат ва сохторҳои марбутаи он бояд оҷилан тадобири фавқуллодда андешанд, дар акси ҳол эҳтимоли шаклҳои эътирози мардум вуҷуд дорад, ки ин бойиси муташанниҷ гардидани авзои сиёсӣ- иҷтимоӣ шуда метавонад.

Хилватшоҳи Маҳмудшоҳ,

сармуҳаррири Симои

мустақили Тоҷикистон

Бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ ба сурати умум ё дастаҷамъӣ барои кишвари мо паёмадҳои манфиеро ба бор меорад. Қабл аз ҳама сатҳи бекорӣ, ки бе ин ҳам дар ҷумҳурӣ хеле баланд аст, афзоиши бештар хоҳад ёфт. Нуфуси шаҳру навоҳӣ зиёд шуда, вазъи иҷтимоӣ ва рӯзгори аҳолӣ коҳиш меёбад. Бонкҳо ва дигар сохтори милиявии кишвар, ки бештар аз ҳисоби маблағҳои интиқол намудаи муҳоҷирон суд мебардоштанд, дар ҳоли эҳтимоли ба бӯҳрони шадиди молиявӣ мувоҷеҳ шудан қарор мегиранд, норасоии маводи ғизоӣ ва ниёзи аввалия эҳсос мешавад. Аксар хонаводаҳои тоҷик аз манбаи аслӣ ва асосии даромад маҳрум мешаванд. Ба замми ин эҳтимоли боло рафтани сатҳи ҷиноят ва ҷинояткорӣ ҷой дорад. (Муҳоҷири собиқи дар ватан бекор монда бояд ҷиҳати рӯзгузаронӣ ба коре даст занад.) Чӣ тадбир андешидан ва чӣ тарз ҳал намудани ин масъала дар сурати ба кишвар сарозер шудани сели муҳоҷирини кории аз Русия ронда шуда боз ҳам ба давлатмардон бастагӣ дорад, агар эшон сахт хоҳиши ҳалли ин қазияро дошта бошанд, метавонанд ин мушкилро рафъ созанд. Имрӯз шояд қабули санад ва ё созишномаи вижа дар самти ба танзим даровардани раванди муҳоҷират як амри зарур ва воқеъӣ бошад. Ҳамчунин ҷорӣ намудани ду шаҳрвандӣ миёни табаъаи Тоҷикистону Русия метавонад як роҳи наҷоти мардуми мо аз хавфи гирифтории бештаре ба нодориву тангдастӣ бошад. Дар сурати дигар ин падида хеле бӯҳронзост ва албатта пайёмадҳои нохуши сиёсӣ ва иҷтимоиро ба дунбол хоҳад дошт, зеро шумори муҳоҷирони кории мо дар Русия тайи 800 ҳазор гуфта мешаванд. Ба ҳар сурат чун аз ҷониби сарвазири Русия ҷаноби Путин масъалаи 50 дар сад коҳиш додани муҳоҷирони корӣ пешниҳод шудааст, ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки аз оқибатҳои нохуши ин амал сари вақт ҷилавгирӣ намояд.



©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97