Фарзанди инсон куҷо шуд?!
Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳимоя мекунад. (Моддаи 5, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Ба идораи ҳафтанома ду зане ба хоҳиши расонидани кӯмак дар ҷустуҷӯи фарзандашон, ки яке ӯро зодаасту дигаре бо сабаби надоштани фарзанд ба воя расонидааст, ворид шуданд.
Пас аз сӯҳбат маълум гардид, ки онҳо хоҳаронанд ва дар ҷустуҷӯи ҷигаргӯшаи худ Рустами нуздаҳсола дари моро кӯбидаанд. Рустам бо як олам умеду орзуҳо ба даргоҳи Мактаби олии ВКД- и Ҷумҳурии Тоҷикистон қадам ниҳод ва танҳо як сол онҷо таҳсил карда, ҳатто ба итмом расонидани соли аввали хониш барояш муяссар нагардид. Чаро?! Касе ба ин суол то ба имрӯз на аз кормандони ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва на хешу табор посухе дода наметавонад. Чӣ шуд, ки муҳассили соли аввали як даргоҳи таълимии бо нуфузи кишвар, ки дар оянда ҳомиёни ҳуқуқу ҳаёти шаҳрвандон аз тарбиятгирандагони он сахт марбут аст, то ба имрӯз беному нишон ғайб задаст? Чаро то ба ҳол касе посухи дақиқе намедиҳад, то ин ду модари дар ҳасрати дидори фарзанди гумгаштаашон ҷигаркабоб, ки бо сад умед фарзанд ба воя расонидаанд, дигар овораю саргардону даркӯби садҳо дари идораҳои "бонуфуз" нашаванду сабри ҷамилро пеша кунанд.
Камолов Рустам Мӯҳтоҷович 15 июни соли 1980 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, соли 1998 мактаби рақами 2- и ҳамин ноҳияро хатм карда, соли 1999 ба Мактаби олии ВКД- и кишвар дохил мешавад. То 8 майи соли 2000 дар ин даргоҳ таълим гирифтаву иқомат доштааст. Вале пас аз ин сана сарсонию саргардонии ду модари мушфиқу муштипар оғоз шуд.
Ба гуфтаи ин ду модар писари онҳо Рустам дар тантанаи ҷашн бахшида ба муносибати 9 май-Рӯзи Ғалаба, ки дар боғи Ғалабаи пойтахт бо ширкати низомиён ва ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ баргузор мегардид, бояд иштирок мекард.
Зимнан, барои ширкат дар ин ҷашни мутантан муҳассилини ин мактаби олии милитсия қариб, ки аз оғози таҳсил омодагӣ мегиранд ва ҳар рӯз дар майдони назди мактаб чандин соати худро чӣ омӯзгорон ва чӣ муҳассилин дар машқи қадамзании дастаӣ харҷ мекунанд, то рӯзи ҷашн нисбат ба намояндагони дигар ҷузъу томҳои соири вазоратҳои ҳифзи ҳуқуқ бартарияти худро нишон диҳанду бо ин васила роҳбарияти худро дар назди дигарон сарфароз гардонанд. Ба ин хотир аз байни муҳассилин танҳо ашхосе интихоб мегардад, ки хушқаду қомату дар баробари ин аз ӯҳдаи азхудкунии усулҳои қадамзании сафӣ барояд. Қаҳрамони мо низ аз ҳамин зумра муҳассилин буд, аз байни он теъдоди ҳамсабақонаш. Аз ин лиҳоз ӯ барои омода кардани либоси низомии худ ва дӯхтани баъзе нишонҳои баҳри ороиши либоси идонааш ба хонаи тағояш меояду пас аз анҷоми ин корҳо либосҳои худро дар бар карда, ба оинаи дар роҳрави хона буда, назаре дӯхта ва ба аҳли хонадони тағояш бо як табассуми хос назари пурмеҳре афканда, ки то ҳол аз назари наздиконаш дур нашудааст, мегӯяд, ки фардо аз оинаи нилгун маро хоҳед дид ва дарро пӯшида баромада меравад.
Ин охирин нигоҳи меҳрбори ӯ ва дари манзили зисти тағояшро пӯшидани ӯ то кунун дар ёди ҳамаи онҳо боқист ва то ҳол ҳама интизоранд, ки Рустам бо хандаи ба ӯ хосу зебанда боз вориди ин хона мегардад.
Пас аз ин касе то ҳол, яъне ҳашт солу се моҳ инҷониб ӯро аз аҳли хонадону пайвандон ва аз ҳамсабақону устодонаш надидааст (маъзур, дигар ба он нафароне, ки он замон дар ин мактаб машғули тадрис буданду перомуни масоили сари вақту ҷиддан ба сомон расонидани ҳама гуна супоришҳо ва аз боби дӯстию рафоқат зиёд ҳарф мегуфтанд, наметавон номи муқаддаси муаллимро нисбат дод - М.К.)
Пас аз анҷоми ҷашни Ғалаба мутобиқи фармоишоти нонавишта иштирокчиёни он аз ҳама гуна иҷрои вазоиф озод карда мешаванд ва бештари онҳо ин лаҳзаҳоро барои дидорбинии волидайн, ё наздикон истифода мекунанд. Аммо ин дафъа Рустам, гарчанде модаронаш он вақт дар навоҳии гуногун умр ба сар мебурданд, на ба хонаи тағояш ва на ба хонаи дигар наздиконаш, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат мекардаанд, на рафту на занг зад.
Як чиз тааҷҷубовар аст, ки барои омодагӣ ба ҷашни Ғалаба, тамоми иштирокчиёни он чӣ таълимдиҳандагон, чӣ муҳассилин зери назорати махсус қарор мегиранд ва доимо оид ба ҳама гуна амалашон роҳбарияту масъулинро огоҳ мекунанд. Инчунин барои рӯзи мабодо, яъне рух додани ягон ҳодисаи нобаҳангом ду-се ё аз ин зиёдтар нафарони иловагӣ баробари иштирокчиёни асосӣ омодагӣ мегиранд. Чаро дар рӯзи охирин, яъне як рӯз қабл аз оғози тантанаи ҷашнӣ нафаре аз масъулин ё роҳбари бевоситаи гурӯҳе (Эшонқулов), ки дар он Рустам таҳсил мекард, мавҷудияти ҳайати шахсии иштирокчиёни паради низомӣ ва гурӯҳро насанҷидаанд ва доир ба бедарак будани як нафар муҳассил ё чанд нафар муҳассилини дигар ба роҳбари он вақтаи Мактаби олии милиса, генерал - майори милитсия А. Қаҳҳоров (ҳоло генерал - лейтенанти милитсия) ё дигар роҳбарон хабар надодааст (шояд хабар додаанду роҳбарият чора наандешидааст…). Ҳол он, ки дар ВКД- и кишвар ва ҷузъу томҳои он новобаста аз таъиноташон дар арафаи ҳама гуна чорабиниҳои ҳукуматӣ вазъи фақулодда аз тарафи роҳбарияти вазорат эълом мегардад, то ки тамоми кормандони ба ягон чорабинӣ вобаста сари вақт ба ҷои лозима интиқол ёбанд.
Ҳатто рӯзи ҷашнвора, қабл аз оғози парад роҳбарону мутассадиёни ҳама қисмҳои низомии дар ин маърака иштироккунанда ҳайати шахсиро аз назар мегузаронанду ҳузурдоштагону ғоибонро қайд мекунанд ва баъд ба роҳбари бевосита, яъне роҳбарияти қисм ё мактаб иттилоъ медиҳанд.
Дигар боиси тааҷҷуб он аст, ки чаро роҳбарияти мактаб, аз шахси аввал то роҳбари гурӯҳ баъд аз маълум шудани ғоибии як нафар муҳассил чорае наандешидаанд, то ки куҷо шудани Рустамро муайян кунанд. Ҳол он ки Рустам сӯзан набуд, гум шуданаш боиси афсус набошад, балки Инсон буд, фарзанди зани муштипаре аст, ки бо умеде ӯро то ба ин рӯз тарбия кардаасту ба ин мактабе, ки тамоми кормандонаш ашхоси низомианд, алалхусус дорои номи пуршарафи афсаранд, шомил кардааст, бе нишон ғайб занад ё дар ҷое бе сабабе пинҳон шавад. Чаро!? Чаро, роҳбари аввали ин мактаб баъди муддате муовини аввали вазири вазорати мазкур таъин мегардаду доир ба ин ҳодисае, ки дар мактабе дирӯз роҳбараш буд, рух дода, чорае намебинаду ин қазияро зери назорати шахсии худ намегирад. Ҳол он, ки дар ин вазифа имкониятҳояш зиёдтар буду метавонист дар кӯтоҳтарин муддат онро бо он дастгоҳи пуриқтидори як вазорати бонуфуз пурра ҳалу фасл намоянд ва саргардонию сарсонии ин ду модари мушфиқро барҳам занад ва номи пуршарафи милитсияро назди ҷомеъа ҳимоя кунад. Вале афсӯс, сад афсӯс…
Инчунин бояд гуфт, ки мутобиқи гуфти ин модарон он шабу рӯз дар қатори фарзанди онҳо як нафар муҳассилини дигар Хоҷаев Камолиддин Хайруллоевич низ дар муддати қариб шаш моҳ ғоиб будаасту пасон аз куҷое ӯро пайдо кардаанд. Аз чӣ бошад, ки бо сабабҳои номаълум барои бо ҳам вохӯрдани модарони Рустам ва Камолиддин садди искандарӣ эҷод мекарданд. Доимо Камолиддинро аз ин ду модари хунҷигару дидагони пуроб дошта мегурезонданд. Чандин кӯшишҳои модарон барои лаҳзае дидани Камолиддин ва пурсидани чанд калимае, яъне исботи дар ҳаёт будан ё набудани ҷигаргӯшаашон барабас рафтааст. Номбурдагон ҳатто ба зодгоҳи Камолиддин ба ноҳияи Балҷувон сафар кардаанд, аммо ҳамаи ин бе фоида анҷом ёфтааст. То ҳол як савол онҳоро ба андешаҳои гуногун меовард, ин ҳам чаро Камолиддин, ки худ нияти корманди мақомоти дохила шудан дораду ғайр аз ин ҳам падар ва ҳам хешовандонашон дорои рутбаҳои гуногуни афсарӣ дар ин мақомотанд, майли бо ин модарони ҷигарсӯхта вохӯрданро надорад. Чаро?! Чаро волидайни Камолиддин ба гуфти мардум дар пӯсти ин ду модари бечора будаанд ва ғоибии бесабабу дурударози фарзандро хуб медонанд - ку, пас чаро намехоҳанд, ки фарзандашон бо ин нафарони дар азоб буда, сӯҳбате анҷом диҳад. Ин модарон чизе намехоҳанд, тамаъе надоранд, чизу тамаъи онҳо танҳо як чиз ҳаст. Оё Рустами азизи онҳо бо Камолиддин якҷо буд. Чӣ тавре иброз кардем, аз он рӯз то кунун ҳашт солу се моҳ гузаштааст, ин модарон дари кадом идораву вазоратҳо, ҳатто дари Дастгоҳи иҷроияи Президентро кӯфтаанд, вале то ҳол ба ғайр аз ваъдаи зери назорат гирифтани қазияи онҳо чизи дигаре нашунидаанд. Ягон хадамоти фаврии ҷустуҷӯи на вазорат, на раёсати корҳои дохилаи шаҳр, на шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Шоҳмансур то ба имрӯз ҷавоби аниқе доири ин қазия дода наметавонанд. Зеро ин чанд омил дорад, аз он рӯз, аз 8 майи соли 2000 то ба имрӯз бештари кормандони ин хадамот, ҳатто он таълимдиҳандагони мактаби олии милитсия, акнун ба корманди Академия иваз шудаанд ва чун як корманд ба ҷои корманди дигар, як курсинишин ба ҷои курсинишини дигар ба кор меояд, на он қадар майл ба иҷро ё кушодани парвандаҳои қаблӣ ё баррасии қазияҳои ҳалношуда мекунад. Чунки хуб медонад, ки барои ин ӯ масъул нест ва касе ҳам аз ӯ дар ин бора намепурсад ва ба ҷавобгарӣ кашида намешавад ва дар ҳисобот бошад онҳоро дар қисмати ҷиноятҳои солҳои қаблӣ ҷой медиҳанд.
Аз ин лиҳоз, акнун касеро аз масъулин, на аз роҳбарияти имрӯзаи Академия, на РКД- и шаҳри Душанбе ва на ШКД- и ноҳияи Шоҳмансур наметавон на ба ҷавобгарии ҷиноӣ, на ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб кард.
Бояд роҳбарони бевоситаи Рустам танҳо дар назди виҷдони худ ҷавоб гӯянд ва фаромӯш насозанд, ки маҳз бо меҳнати чанд нафар ба касби худ содиқ онҳо ба мартабае расидаанд.
P.S. Хабарнигори "Миллат" тасмим гирифтааст, ки қазияи нақлаш дар боло рафтаро пайгирӣ намуда ба чӣ гуна сурат гирифтани тақдири минбаъдаи як ҷавони бо ҳазор умеду орзу барои таҳсил вориди Мактаби олии милиса шуда ва ҳангоми дар ин мактаб хонданаш бедарак нопадид гаштааст, рӯшанӣ андозад. Ва ҳам аз вазири умури дохила, генерал - лейтенант Муҳаммадназар Солеҳов, ки як шахсияти дар кори хеш муваффақ ҳастанд, хоҳиш мекардем то дар ҳалли ин қазия мусоидат намоянд. Умед ҳаст, ки бо ёрдами эшон мо метавонем аз қисмати ба сари Рустам омада хонандаи хешро огоҳ бикунем.