Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

«МЕЪРОҶИ ПАЙҒАМБАР» (С) АЗ ДИДГОҲИ МАВЛОНО

Фарҳанг ва адаб 11.08.2008 15:53

Мулоқоти аввалин бо фариштаи илоҳӣ

Ҳар қадар Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ба синни чиҳилсолагӣ наздиктар мешуд, ҳамонқадар хилватдӯст мешуд ва аз мардум гоҳ-гоҳ канора мегирифт ва бо худои худ дар гушаи хилват- дар ғори Ҳиро ба розу ниёз менишаст ва риёзати маънавӣ мекашид. Маҳз баъди чиҳил сола шудан малоикаи ваҳй дар хилватгоҳ ба ӯ пайки осмонӣ овард. Дар оғоз ҳазрати Муҳаммад салаллоҳу алайҳи ва салам аз ӯ ҳаросид ва аммо вақте мутмаин шуд, ки ӯ малоикаи худовандист ва пайки осмониро барои ӯ овардааст Ҷабраили аминро дӯст дошту бо ӯ рафиқ шуд ва ҳамингуна Ҷабарил ёри нодиёри Пайғамбар ва рафиқи ғори ӯ алайҳиссалоту ва салом шуд

Дидори ёри нодиёр

Ба ривояти Маснавӣ баъди он, ки ҳазрати Муҳаммад ба пайғамбарӣ баргузида шуд ва бо паёми осмонӣ овардани Ҷабраил хӯ гирифт Ҷабраили аминро ба ҷон дӯст дошт ва ин дӯстӣ рӯзафзун шуд ва ба дараҷае расид, ки дигар Муҳаммад алайҳиссалом тоқат накард ва хост дидори он ёри нодиёри худро бубинад ва ба висоли ӯ шараф ёбад аз ин рӯ аз Ҷабраил хост бо чеҳраи ҳақиқии худ зуҳур кунад:

Мустафо мегуфт пеши Ҷабраил

Ки чунон, ки сурати туст эй Халил

Мар маро бинмо ту маҳсус ошкор

То бубинам мар туро наззоравор

Баъди талаби дидор, Ҷабраил ҳазрати Муҳаммадро ҳушдор доду гуфт, ки ту тоқату таҳаммули дидори маро ба сурати аслӣ надорӣ ва ин ба роҳатӣ ба ту муяссар намешавад. Ҳазрати Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва салам гуфт ту худро бинамо то ин тани ман бубинад, ки чӣ қадар ҳисси тан заъиф асту бе мадад.

Гуфт бинмо то бубинад ин ҷасад,

То чӣ ҳад ҳис нозук асту бе мадад.

Баъд Мавлоно баён медорад, ки гарчӣ одамӣ аз нигоҳи ҳисси тан сусту нотавон аст, аммо дар ботин як халқи азиме ҳаст. Яъне азамати одамӣ бо рӯҳи ӯст ва на бо ҷасади ӯ. Аз лиҳози сурату ҷисму ҷасад одамӣ фаръи ҷаҳон як ҷузъи кӯчаки ҷаҳон аст ва аммо аз лиҳози рӯҳу равон асли ин ҷаҳон:

Пас ба сурат одамӣ фаръи ҷаҳон,

В-аз сифат асли ҷаҳон инро бидон.

Билохира Ҷабраил баъди талаби бо такрори Пайғамбар(с) ба сурати аслӣ худро намудор кард ва ҳазрати Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам вақте андаке аз пари фариштаро бидид, тоқат наёварду аз ҳуш рафт.

Чун, ки кард илҳоҳ бинмуд андаке,

Ҳайбате ки кӣ шавад зу мундке

Шаҳпаре бигрифта шарқу ғарбро,

Аз маҳобат гашт бе ҳуш Мустафо.

Шахсан ман дар дигар сиратҳо аз ҳуш рафтани ҳазрати Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва салламро ҳангоми дидани Ҷабраил ба шакли аслӣ надидаам, вале ин ки Пайғамбар зери ҳайбат қарор гирифт амрест мусаллам. Ба ривояти Маснавӣ вақте Ҷабраили амин Пайғамбарро (с) беҳуш дид омаду ба оғӯши лутфаш кашид:

Чун зи биму тарс беҳушаш бидид,

Ҷабраил омад ба оғӯшаш кашид.

Мавлоно мӯътақид аст, ки ин ҳайбатзадагиву аз ҳушрафтанҳо хоси ҳисси тани Пайғамбар (с) буд ва на рӯҳи ӯ. Зеро рӯҳи Пайғамбар(с) халқе азим дар ботини ӯст, ки аз чунин маҳобат ба ларза намеояд ва ҳайбат ҳам барои бегонагон (яъне ҳиссиёти ҷасад- С.Ю.)аст ва на барои хавос(арвоҳ -С.Ю.). Ин бардошти худро Мавлоно дар мисоли ҳайбати подшоҳон зикр мекунад. Румӣ мегӯяд, ки подшоҳон замони барнишасти худ он қадар ҳайбат эҷод мекунанд, ки шерҳо ҳам ба ларза медароянд:

Ҳаст шоҳонро замони барнишаст,

Ҳавли сарҳангону соримҳо ба даст.

Давру бошу найзаву шамшерҳо,

Ки биларзанд аз маҳобат шерҳо.

Баъд аз он ба тафсири ин ҳайбат мепардозад ва мегӯяд, ки ҳама эҷоди ҳайбат барои зери таъсир қарор додан ва авомро аз подшоҳӣ хабар додан аст:

Ин барои хосу ому раҳгузар,

Ки кунадшон аз шаҳаншоҳӣ хабар.

Аз барои ом бошад ин шукӯҳ,

То кулоҳи кибр нанҳанд он гурӯҳ.

Ва ҳамингуна тавассути ин ҳайбат дар шаҳр подшоҳ амну оромишро ҳоким мекунад ва маҳобати подшоҳӣ аз хушунату ноамнӣ ҷилавгирӣ мекунад:

Шаҳр аз он эмин шавад к-он шаҳриёр,

Дорад андар қаҳр захму гиру дор.

Пас бимирад он ҳавасҳо дар нуфус,

Ҳайбати шаҳ монеъ ояд з-он нуҳус.

Вале вақте шоҳ ба хилват биравад ва ба базми хоси худ машғул шавад, ин ҳайбату ҷоҳу ҷалолро канор мегузорад ва мисли яке аз аҳли базм мешавад:

Боз чун ояд ба сӯйи базми хос,

Кай бувад онҷо маҳобат ё қисос.

Ҳулм дар ҳулм асту раҳматҳо ба ҷуш,

Нашнавӣ аз ғайри чангу най хуруш.

Хулоса Мавлоно мегӯяд, ки ҳамаи ин тағйироти аз ҳуш рафтану дигаргун шудан хоси тани Муҳаммадпайғамбар (с) буд. Ин ҷасади Аҳмади Муҷтабост, ки ба таъбири Мавлоно "ғориб-ғурубкунанда" ҳаст ва аммо рӯҳи ӯст, ки ҳамеша яксон буду ҳаст.

Андар Аҳмад он ҳисе, ки ӯ ғорибаст,

Хуфта ин дам зери хоки Ясриб аст.

Он азим-ул-халқ ӯ кони сафдар аст,

Бе тағаййюр мақъади сидқ андар аст.

Ҷойи тағйирот авсофи тан аст,

Рӯҳ боқӣ офтобе рушан аст.

ё:

Ҷисми Аҳмадро таъаллуқ буд бадон,

Ин тағаййюр они тан бошад бидон.

Ҳамчу ранҷуриву ҳамчун хобу дард,

Ҷон аз ин авсоф бошад поку фард.

Ба эътиқоди Мавлоно рӯҳи одамӣ дорои хусусиёт ва вежагиҳои аҷибе ҳаст, ки баёни он дар сухан амри мушкил аст;

Худ натонам в-ар бигӯям васфи ҷон,

Зилзила уфтад дар ин кавну макон.

Меъроҷи Пайғамбар (с)

Мухтасар бигӯем шаби охирони моҳи раҷаб қабл аз ҳиҷрат ба Мадинаи Мунаввара ҳазрати Расулуллоҳ бо амри илоҳӣ савори маркабе бо номи "Буроқ" мешавад ва сараввал ба масҷиди Ақсо дар Фаластин меравад ва дар ҳузури анбиё имоми ду ракъат намози шаб мешавад ва баъд ба осмон ба мулоқоти Худованд меравад.Ривоятҳо аз дидаҳои Пайғамбар (с)дар он шаб ахбори фаровонеро зикр намудаанд. Ва билохира баъди ин сайру уруҷ ҳазрати Рисолатпаноҳ ба Макка бармегардад.

Маъруф аст, ки достони меъроҷи Пайғамбар (с)асосан аз "исро" оғоз мешавад ва "исро" сайр дар шабҳангом аст. Қуръони карим ҳам ба ҳамин унвон "исро" сурае дорад, ки дар матлаъи он дар бораи "исро"-и Пайғамбар (с) аз масҷиди Ҳаром яъне Хонаи Каъба ба Масҷиди Ақсо, ки атрофаш пурбаракат аст, маълумот медиҳад. "Пок аст Парвардигоре, ки бо сайри шабҳангом бандаи худро аз Масҷиди Ҳаром ба Масҷиди Ақсо бурд, ки атрофашро бобаракат гардонидаем……." (17,1).

Мавлоно ба мавзӯъи "исро" зиёд таваҷҷӯҳ надорад. Он чӣ ки Мавлоно моту мабҳути онаст, масъалаи "меъроҷ" аст, ки аз лафзи арабии "уруҷ" гирифта шуда, ба маънои ба баландиҳо баромадан ҳаст. Ҷалолуддини Румӣ тамаркуз ба паридани Мустафо дорад, ҳамроҳ бо фариштаи илоҳӣ. Ва воқеан ҳам чӣ қадар ҷолиб аст, вақте одамӣ ҳамроҳ бо фаришта ва бидуни ҳеҷ василае чунин як сафари азиме ба сӯйи Офаридгор дошта бошад. Ин парвоз аҷибтар аз ҳар парвози дигаре ҳаст, ки ҳатто малоик ҳам аз он дар аҷаб мемонанд. Оре, парвози як фаришта амри оддие ҳаст, чун ин дар сиришти онон ҳаст ва ҳамаи малоик аз ин мазият бархурдоранд. Вале парвози одамист, ки тааҷҷуббарангез аст ва ҳатто малоикро ҳам дар аҷаб мемонад:

Аҳмад ар бигшояд он пари ҷалил,

То абад беҳуш монад Ҷабраил.

Аҳмаду Ҷабраил алайҳимоссалом бо ҳам парвоз карданд ҳафт осмонро бо мулоқоти паёмбарони илоҳӣ пушти сар намуда, то ба мақоми "сидрат-ул-мунтаҳо" расиданд ва Ҷабраили амин во истод. Ҳазрати Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва салам, ки пеш аз меъроҷ аз рафтори пурхушунати аҳли Макка ва сангсори аҳли Тоиф хаставу озурда буд, аз ин парвоз лаззати беандоза мебурд ва намехост ин парвоз истгоҳе ва таваққуфе дошта бошад ва вақте дид, ки Ҷабраил дар он мақом "сидрат-ул-мунтаҳо" во истод аз ӯ хост наистад ва ин париданҳои зеборо идома диҳад:

Чун гузашт Аҳмад зи сидра ва марсадаш,

В-аз мақоми Ҷабраилу аз ҳадаш,

Гуфт ӯро ҳин бипар андар паям,

Гуфт рав-рав ман ҳарифи ту наям.

Боз гуфт ӯро биё эй парда сӯз

Ман ба авҷи худ нарафтастам ҳанӯз

Гуфт берун з-ин ҳад эй хушфарри ман,

Гар занам паре бисузад пари ман.

Аз назари Мавлоно ҳайратовартарин нукта дар достони Меъроҷи Расули акрам (с) ҳамин нукта аст:

Ҳайрат андар ҳайрат омад ин қасас,

Беҳушии хосагон андар ахас.

Баъд аз ин Мавлоно мутаваҷҷеҳ мешавад, ки ҳарфи баландеро ба ин арзонӣ ва ба ин соддагӣ гуфтааст, пас аз мухотаби худ мехоҳад, ки ин ҳадисро дар ҳамин ҷо банд кунаду ба касе нагӯяд:

Ин ҳадиси мунқалабро гӯр кун,

Шерро бар акс сайди гӯр кун.

Зеро аксари мардумон аз аҳли тану ҷасаданд ва ба қавли Саъдии Шерозӣ пойбанди шаҳватанд ва онҳо наметавонанд чунин як парвози одамиро бо пару боли ҷон бубинанд:

Таярони мурғ дидӣ ту зи пойбанди шаҳват,

Бадар ой то бубинӣ таярони одамият.

Мавлоно ҳам бар ҳамин ақидаи Саъдӣ ҳаст ва мегӯяд касе, ки аз аҳли шаҳвату хуру хоб аст, ин ҳадис пеши ӯ қулмошиву ҳарзагӯист:

Он, ки барнагзашт аҷзош аз замин,

Пеши ӯ маъкусу қулмошист ин.

Баъди ин баён Мавлоно ба насиҳат мепардозад ва мегӯяд дар баёни ин нуктаҳои зариф, бо аҳли тан бо нармӣ ва эҳтиёт ҳарф бизан коре накунӣ,ки дар руғани доғ об бирезӣ:

Об агар дар руғани ҷӯшон кунӣ,

Дегдону дегро вайрон кунӣ.

Нармгӯ, лекин магӯ ғайри савоб,

Васваса мафрӯз дар лин-ул-хитоб.

Хулоса вақте мо ба гирду атрофии худ назар меафканем, мебинем, ки чӣ қадар давру замонаи мо моддигаро ҳасту мардумон дар пайи танпарвариву шаҳватронӣ ҳастанд. Албатта ногуфта намонад, ки дар даврони мо мардумони ҷаҳон кушидаанд, аз бадани одамӣ мӯъҷизаҳоеро берун оранд ва қудратҳои аҷиби тани одамиро кашф намоянд. Имрӯзҳо ҳатто дар Тоҷикистон ин варзиши паридан аз баландиҳо ва аз болои бому деворҳо ба суръати баланд ҷаҳидан ба таъсир аз филмҳои ғарбӣ муд шудааст. Ба наздикӣ дар пойтахти ҳамсоякишвари мо Ҷумҳурии мардумии Чин бозиҳои Олимпии 2008 баргузор мегарданд ва ҷаҳон ҳам шоҳиди намоиши қудратҳои бадании варзишгарони олам хоҳад шуд. Барои кашфу бурузи қудратҳои гузарову муваққатии баданӣ, варзишу машқ зарурист ва бидуни он номумкин аст, варзишгаре чашмҳоро бо қудратхои бадани худ дар ҳайрат бигузорад.

Аммо Мавлоно ва дигар бузургони мо кашфи қудратҳои бадани одамиро, ки оқибаташ хок шудану масвояш замин аст, чандон амри муҳимме намешуморидан ва ҳамаи саъйу талошашон равонаи кашфи қудратҳои ҷону рӯҳи одамӣ буд, ки он марг надорад ва ҳамеша болову мутаъолист ва барои кашфи он тақвову парҳезгорӣ амри зарурест ва дар рӯзгори мо кори бисёр душвор. Аз гуфтори Мавлоно бармеояд, ки ӯ мӯътақид буд, ки меъроҷи Пайғамбар (с) ҳам меъроҷи рӯҳонӣ буду ҳам ҷисмонӣ ва на танҳо ин, балки ба эътиқоди он бузургвор одамӣ бо каму кайфиятҳои гуногун метавонад дар натиҷаи риёзат кашидан парвозҳои рӯҳониву ҷисмоние дошта бошад. Лозим ба ёдоварист, ки дар минтақаҳои мо дар гузаштаҳои на чандон дур бисёре аз бузургворони суфимашраби мо низ чинин риёзат кашиданҳову парвозҳоро таҷриба мекарданд ва дар эътиқоди мардуми мо ҳаст, ки бисёре аз авлёуллоҳҳо дар гузаштаи наздик аз аҳли парвоз ба Маккаву ҷоҳои муқаддас буданд. Шоир Тағаймурод Бақо, ки худро аз муридони Махсуми Санги Кулула меҳисобад аз ҷумлаи онҳое ҳаст, ки ба чунин парвозҳо дастёфтани пири худро эътироф мекунад ва дар васфи ӯ шеъре ҳам суруда аст, ки бо овардани порае аз он ин матлабро хотима мебахшам:

Дар хоб ва бедорӣ кунам ёди ту пирам,

Дар шиштану дар хестан номи ту гирам.

Эй рӯҳи мададгор туро сахт пазирам,

Эй Хоҷаи Парвозӣ дар арвоҳи ту мирам.


С. ЮСУФӢ
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97