БЕҲРӮЗИ ЗАБЕҲУЛЛО ВА «ҲИКМАТИ АВЛИЁ»

Фарҳанг ва адаб 30.07.2008 18:14

Ахиран аз тариқи нашриёти «Авасто» китоби арзишманде бо унвони «Ҳикмати авлиё» ба чоп расид. Чуноне дар муқаддимаи китоб мураттиби он донишманди тоҷик Беҳрӯзи Забеҳулло нигоштааст:

Ҳикмати авлиё» мағзи «Тазкират- ул- авлиё»- и Шайх Аттори Нишопурӣ аст. Ҳадаф аз тадвин ва гирдоварии ҳикмати авлиё муаррифии ҷаҳонбинӣ, эътиқод ва андешаҳои бикри авлиё, урафо ва ҳакимони раббонӣ барои ҷомеъаи мусалмони тоҷик аст».

Китоб бо сифати баланд нашр шуда гуфтору андешаҳои фалсафию ирфонии 42 тан орифони роҳи ҳақ ва авлиёи Худоро аз ҷумлаи Имом Ҷаъфари Содиқ, Султон Увайси Қаранӣ, Ҳасани Басрӣ, Абдуллоҳи Муборак, Фузайли Аёз, Ҷунайди Бағдодӣ, Зунуни Мисрӣ, Боязиди Бастомӣ, Мансури Ҳаллоҷ, Шайх Шиблӣ, Иброҳими Адҳам ва ғайраро фаро гирифтааст. Бояд тазаккур дод, ки дар гуфтори авлиёи Худо калимаву ибораҳое ҷой доранд, ки бидуни дарки маънии истилоҳии ин калимот дарки маъонии мавриди назари орифон ғайриимкон аст. Донишманд Беҳрӯзи Забеҳулло пешгуфтори навиштаи хешро бо як фармудаи Шайхи Маҳфуз хеле орифона ва маънирас ҷамъбаст намудааст:

«Халқро бо тарозуи худ вазн макун, аммо бо тарозуи мардон худро бисанҷ, то бидонӣ фазли ишон ва ифлоси худ.»

Китоби мазкур барои ошиқони маънӣ ва шефтагони бӯстони андешаҳои ҳакимони ҳаққ беҳтарин ҳадяест дар Соли гиромидошти забони тоҷикӣ!


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97