Хатари марги забони тоҷикӣ

Фарҳанг ва адаб 25.07.2008 15:10

ё империализми забонҳои кишварҳои муқтадир забони бемори тоҷикиро дар мекашанд

Нахуст мехостам таъкид кунам ба хонандаи ин мақола, ҳаргиз гумон наравад, ки инҷониб мухолифи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад. Инсон имрӯз барои дастёбӣ ба ҳунару технологияи оламгири Ғарб, бидуни донистани забонҳои русӣ ва англисӣ комёб намешавад.

Нахуст мехостам таъкид кунам ба хонандаи ин мақола, ҳаргиз гумон наравад, ки инҷониб мухолифи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад. Инсон имрӯз барои дастёбӣ ба ҳунару технологияи оламгири Ғарб, бидуни донистани забонҳои русӣ ва англисӣ комёб намешавад. Дар айни замон, мо тоҷикон набояд фаромӯш кунем, ки ҳастиву марги забони модариамон вобаста ба шуури худи мост. Танҳо доштани ҳисси миллии воқеиву самимӣ метавонад забони тоҷикиро аз марг наҷот диҳад ва бояд ба таъкид овард, ки ҳассосияти миллӣ, мисли хештаншиносӣ, ҳаргиз маънии миллатгароиро надорад. Ва дар диле, ки меҳри Ватан ҷойгир аст, маҳалгароӣ ва миллатгароӣ ҷой нахоҳад ёфт. Ишораи мо ба худнигарӣ ва ислоҳи норасоиҳои дар замонаҳои шӯравӣ бор оварда, ҳушдорест, ки ба тоҷикон дар ин муҳити ташналабиҳои ҷаҳони сармоя ва ҳамзистӣ дар байни ақвоми пурзӯр, қобилияти зисти тавоно, аз ҷумла забони тавонои адабӣ лозим аст.

Бонги изтироб

Ин ки забонҳо кунду заъифу бемор ва нобуд мешаванд (кушта мешаванд, ба тадриҷ мемиранд) барои забоншиносон возеҳу равшан аст. Тибқи баъзе ривоёт дар ҷаҳон 4500 ва тибқи ривоёти дигар 6700 забон вуҷуд дорад ва ҳар сол якчанд забон мемирад. Забоншиносони Аврупо дар ин ақидаанд, ки дар Австралия дар охири қарни XVIII 250 забон вуҷуд дошт, дар ҳоле ки имрӯз теъдоди онҳо то 25 забон коста шудааст. Октавия, нависандаи кишвари Мексика, барандаи ҷоизаи Нобел пешбинӣ кардааст, ки дар 100 соли оянда сеяки забонҳои мавҷуда аз байн мераванд (Пирӯз Изадӣ, маҷаллаи иронии "Кайҳони фарҳангӣ", баҳманмоҳи 1376, мутобиқ ба 1998м).

Ҳароси нобудии забони модарии хешро донишмандон, давлатмардон ва умуман соҳибони забонҳои гуногун, ҳатто англисҳо, фаронсавиҳо, чиниҳо ва русҳо низ доранд. Соҳибони забонҳои мамолики муқтадире чун Бритониёи Кабир, Русия, Фаронса ва Чин тавассути доир кардани семинарҳову конфронсҳо, тадвини қонунҳо ва муқаррароти ҳифзи забон, ҳамчунон интишори дастурҳо ва мақолаҳо кӯшиш мекунанд хатари марги забони модарии хешро бартараф кунанд. Ба-дин ҳадаф дар саҳифаҳои ахбори ИМА мақолаҳо таҳти унвони "Забони англисӣ дар хатар аст" ба табъ расидаанд. Аз ҷумла дар мақолае омадааст, ки "Интернет бо бакоргирии вожаҳои бадеъ, забони англисиро дигаргун сохтааст". Муаллиф далел овардааст дар паёмҳои электронии Интернет (беш аз 750 миллиард паём) вожаҳои нав ба қадре зиёд аст, дар нигориш бо забони англисӣ шеваи навине ба вуҷуд омадааст.

Дар ин нигоришҳо вожаҳо кӯтоҳ шуда, нукоти дастурии забони англисӣ риоя нашудааст. Мақолаи номбурда бо ҷумлаи зайл хатм шудааст: "Падидаи харобсозии забон нигаронии шадидеро дар устодони забоншиносӣ барангехтааст" ("Тайм", 07.07.97). Чунин нигаронӣ пиромуни ғалатҳои дастурӣ ва имлоӣ, ки вайрон кардани қонуни забон дониста шудааст, дар матбуоти Чин ва Фаронса низ пайваста ба табъ мерасад. Нашрияҳои бешумор ва шабакаҳои радиову телевизиони Русия аз хатари таҳдидкунанда ба забони миллӣ огаҳӣ медиҳанд. Масалан, барномаи телевизионии Русия "Короткое замикание" (РТР, 2.07.2003) дар мавзӯи "Забони русии асил мемирад", баҳсе доир карда буд. Дар ин барнома ҷамъияте аз забоншиносон, шоиру нависандагон, тарҷумонҳо, синамогарон ва намояндагони касбҳои дигар гирд омада, қисме иддао доштанд, ки забони русӣ рӯ ба марг аст ва иддаи дигаре бар он бовар буданд, ки "забони русӣ зинда буд, зинда аст ва хоҳад монд".

Амсоли ин далоилро дар пажӯҳишгоҳи забоншиносон мутолиа карда, кас беихтиёр аз худ мепурсад: забони тоҷикии мо, ки гӯяндагонаш дар кишвари кӯчаку аз нигоҳи технологиву саноатӣ ва иттилоотрасонии заъиф зиндагӣ мекунанд, оё дар муқобили фарҳангҳо ва забонҳои кишварҳои муқтадир, мисли ИМА, Бритониёи Кабир, Русия муқовимат карда метавонад? Зеро донишварон бар ин ақидаанд, ки фарҳангҳо ва қавмҳои аз нигоҳи иқтисодиву фаннӣ қафомонда, дар муқобили фарҳангу арзишҳои тамаддуни қавмҳои пешрафтаи санъативу иқтисодӣ муқовимат карда натавониста, нобуд мешаванд. (Ин ақидаро забоншиноси шинохтаи ҷаҳон, Волфганг Дреслер бо далоили қотеъ тасбит кардааст ва аз диди ӯ дар ҷомеъаҳои дузабона забони ақаллият рафта-рафта ҷойи худро ба забони аксарият медиҳад. Ва ногуфта нагузорем, ки дар Тоҷикистони мо дузабонагӣ хеле ба роҳат ҳукмфармост).

Агар чунин аст, пас аз гузашти сад соли дигар забони тоҷикӣ то чӣ андоза аз асли худ дур хоҳад рафт? Ё шояд комилан аз байн равад ва танҳо коршиносон онро ҳамчун "забони ниёгон" омӯзанд? Шояд сад сол пас авлодони мо "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ, девони Ҳофиз ва назми оламгири форсиро дар тарҷума бихонанд?! Ё ки ҳарос доштан аз нобудии забони тоҷикӣ беҳуда аст?! Ҳоло ки соҳиби давлати мустақилем ва забонамон низ мақоми давлатӣ дорад, чӣ ҷойи бо ғами забон нишастану хестан аст?!

Пеш овардани чунин хушгумониҳо, хешро фориғ сохтан аз хатари марги забон беш нест ва дар ҳақиқат хатари марги тадриҷии забони тоҷикӣ вуҷуд дорад, ки инҷониб мушоҳида ва гумонҳои хешро дар замина арз карда, бад-ин васила мехостам таваҷҷӯҳи суханварони суханшинос ва соҳибназарони бонангу номусро ҷалб намоям. Инак он гумонҳо ва мушоҳидаҳои фардӣ, ки боис шуд банда ба ин хулосаи сиёҳ, яъне марги забони тоҷикӣ биоям.

Сироят ёфтани тоҷикӣ аз Узбакистон

Нахуст далели равшану сареҳи тайи 50-60 соли охир аз байн рафтани забони тоҷикӣ, дар шаҳрҳову қасабаҳои тоҷикнишини Узбакистон, моро водор мекунад, ба хулосае биоем, ки забони тоҷикони он қаламрав, ҳанӯз садсолаҳо пеш аз маргаш бемор будааст. Ин забон дар садади садсолаҳо таҳти фишори забони модарии қавмҳои ҳукмрон, яъне забони туркии чағатоиву манғитӣ ва дар садсолаи ахир дар асари фишори беамони ҳам забони узбакӣ ва ҳам русӣ бемориаш шиддат гирифта, асолати худро аз даст додааст. Танҳо пантуркистон, тоҷикони узбакгарову роҳбарони шовинисти он кишвар, тавонистанд забони заъиф гаштаро ба осонӣ гулӯгир кунанд. Ва хатар дар он аст, ки марази забони тоҷикии Узбакистонро ба нобудӣ расонда, ба пайкари забони тоҷикии Тоҷикистон низ ворид шуда буд. Новобаста аз таъкидҳои мушаххаси устод Садриддин Айнӣ, насрнависону сухангустарони мо дар осори хаттии хеш ва аз саҳнаҳои театру садову симо ба доми адабиётшиносии шӯравӣ (реализми сотсиалистӣ) афтода, ба истилоҳ "ба хотири фардӣ сохтани образи қаҳрамонони аср", аз гӯишҳои бо забони узбакӣ омехта шудаи маҳалли истиқомат ва таваллуди худ, ҳамаҷониба истифода бурданд ва ҳоло он ғалатҳо ислоҳ нашуда, раванди ба гӯишҳои маҳаллӣ наздик кардани забони адабӣ идома дорад (фарқе надорад, ки ин гӯйиш аз кадом қисмати Тоҷикистон аст). Овардани порчае аз таъкидҳои устод Айнӣ, ба назар мерасад дар ин ҷо бамаврид аст: "…забони шаҳри Самарқанд ба забони узбакӣ махлут буда, ба таъбири "буқаламун" сазовор аст. Чунончи мегӯянд: "Аробаро қушӣ карда биёр, буғлӣ карда монд, инқилӣ карда рафт…Забони шаҳрҳои Уротеппа ва Хуҷанд аз таъсири узбакӣ ва ихтилоти луғат ва адотҳои узбакӣ холӣ нест…" (С.Айнӣ, Ахгари Инқилоб, Д, 1974,с 70).

Ҳамин тавр адибони мо бар ҳасби парастиши бешууронаи шеваи гуфтори маҳалли худ, бар зарари покии забони адабии тоҷикӣ, садҳо калимотеро, аз қабили "чимилиқ" (чодар), "тумшуқ" (фук), "қариндош" (ошно), таркибҳои феълие, мисли "сайламуш кардан", "туртоқ кардан", "ӯйла кардан" ворид кардаанд ва баръакс дар асари аз истифодаи онҳо берун мондан, садҳо ибораҳои шевои тоҷикӣ, ки ганҷинаи бебаҳои забонанд, рӯ ба нобудӣ овардаанд. Мисли "хоби сайёд", "ба об рондан", "коса ба сар шикастан", "гул дар об афкандан", "наргисӣ задан" ва ғайра.

Таҷовуз ё русисозӣ

Нуктаи дигаре, ки забони тоҷикии асилро ба вартаи ҳалокат наздик кардааст, бо нишондодҳои идеологҳо ва забоншиносони сиёсатзадаи шӯравӣ, таҳти шиорҳои "оммафаҳм кардани забони адабӣ", "наздик кардани забони адабӣ бо забони гуфтугӯи халқ" (ба хотири босавод кардани тӯдаҳои коргару деҳқон) сатҳи забони илмиеро, ки бо нирӯи беҳамтои луғавӣ ва услубиаш даҳҳо ҳазор таълифоти илмӣ- фаннӣ ва адабӣ иҷод шудааст, то дараҷаи гуфтугӯи авом поин фаровардан ва бад-ин баҳона забонро аз асли класикиаш барафкандан мебошад, ки дигар як матни одии асари насрии ҳатто қарни XIX мелодӣ, масалан "Наводир-ул-воқеъ"-и Аҳмади Донишро ғолибан на танҳо як устоди мактаби миёна, балки устоди донишкадаи олӣ ҳам фаҳмида наметавонад.

Омили дигаре, ки забонро аз асли худ бештар гусаста карда тавонист, раванди ба забони давлатӣ наздик кардани он буд (маълум аст, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ забони ягонаи давлатӣ забони русӣ буд). Ба ин хотир ба забони тоҷикӣ ҳазорон калимаҳои русӣ ва ба истилоҳ русӣ-интернатсионалӣ ворид гардид. Албатта қабул кардани истилоҳи наве, аз қабили "трактор", "машина", "булдозер", "радио" ва амсоли он ногузир ва табиӣ буд, гарчи ин вожаҳо низ мебоист бо оҳангу гӯиши тоҷикӣ пазируфта мешуданд. Мисли троктур, мошин, радиё… Аммо теъдоди бешумори вожаҳое ба забони тоҷикӣ дохил карда шуданд, ки имкони истифодаи шакли тоҷикии онҳо мавҷуд буд. Мисли "парта", "доска", "стол", "стул", "папка", "самолёт" ва ғайра. Забоншиносони сиёсатпеша дар харобсозии забони адабӣ аз калимаи "халқ" (забони халқ) сӯистифода карда, далел оварданӣ мешуданд, ки халқро маҷбур ҳам кунӣ "миз" намегӯянд, "стол" ё "устал" мегӯянд, "киштӣ" намегӯянд "пароход" мегӯянд, на "кафш", балки "батинка ё патинка" мегӯянд ва ҳамчунон намунаҳои ғайриилмии дигар. Агар забони адабӣ ба думболи гӯиши авом, "кӯча" равад, пас магар пазируфтани чунин муколамаи ду тоҷики бегонапараст ҷоиз буд? Мисол;

"-света фклучат кадум".

"-свети халадилника виклучат ку, акарачкаву сиру фаршу кефиру сметана замаразит мешаван". (Воқеан дар муқоиса ҳамин ҷумларо як тоҷики афғонистонӣ, ки аз русисозӣ забонаш эмин мондааст, чунин мегуфт: Барқи яхчола қатъ ку, мурғу паниру гӯшти кӯфтаву қаймоқову мост яхӣ мешан).

Қурбонии сиёсати атеистӣ ва ҳизбӣ

Забони адабии тоҷикӣ ҳамчунон қурбони сиёсати тарбияи атеистӣ низ гашта буд. Ба хотири аз дини ислом дур нигоҳ доштани андешаҳои мардум, қиссаҳои диниеро, ки ибораҳои бешумори забон аз онҳо иқтибос шудаанд (торих ва забону адабиёти мо бо он қиссаҳо пайвастагии ногусастанӣ дорад) ба мактабиёну донишгоҳиён наомӯзонданд ва дар натиҷа барои аксари кулли тоҷикон, ба шумули зиёиёни таърифӣ, таркибу ибораҳои бешумор, мисли "Сури Исрофил", "Мавъиди дидор", "Нафаси Исо", "Оташи Тур", "Асои Мӯсо" ва ғайра номафҳум монданд.

Дар Иттиҳоди Шӯравӣ барои аз байн бурдани забонҳои миллӣ ва сохтани (таъкид мекунам сохтани!) забони ягонаи давлатӣ тарҳрезиҳои систематикӣ сурат мегирифт ва онҳое, ки садди роҳи он тарҳрезиҳо мешуданд, на танҳо аз вазифаву озодӣ, балки аз зиндагӣ маҳрум мешуданд. Масалан, устод Айнӣ аксари он мақолаҳоеро, ки дар нигаҳбонии асолати забони форсии тоҷикӣ нигошта буд, бо тахаллусҳои "Сод-Айн" ва "Син-Мим" ба табъ расонда буд. Ба масъалаи забон шахсан худи "падари миллатҳо", Иосиф Сталин машғул шуда, китобе таҳти унвони "Марксизм ва масъалаҳои забоншиносӣ"-ро интишор карда, зимнан Н.Я.Марр ном академики риштаи забоншиносиро торумор карда буд. Забоншиносони сиёсатпешаи тоҷик, барои татбиқи нишондодҳои ҳизб, вожаҳои илмиву фанниро комилан аз байн бурда, бар ивазашон вожаҳои русӣ, ё истилоҳоти аз забони русӣ тарҷумаи таҳтуллафзӣ шуда муқаррар намуданд. Яъне забони тоҷикиро аз пояи илмиаш комилан кашида, саркӯб карданд. Масалан, гарчи улуми ситорашиносӣ, ҳандаса, ҳисоб, калом, риёзиёт, ҷуғрофия, тиб гузаштаи ҳазорсола дошта бошад ҳам, дар замони шӯравӣ аз истилоҳоти фаннии форсии он истифода нашуд. Ин аст, ки ҳоло як коршинос ва баъзан ҳатто донишманди риштаи геометрия, ё риёзиёт истилоҳоти касби худро бо забони тоҷикӣ намедонад. Масалан, ҳаргиз нахоҳад гуфт "зовияи мунфариҷа" ба ивази "угол уклона".

Забони сохта ва маҳви хат

Нуктаи дигари дуршавии тоҷикон аз забони модарии худ, дар мактабҳову донишкадаҳо омӯзондани қоидаҳои маснуъии забони тоҷикӣ буд, на омӯзиши ҳадафноки худи забон. Қоидаҳои мазкур хоси сарфу навҳи тоҷикӣ набуда, тарҷумаву устухонбандии грамматика ва синтаксиси забони русӣ мебошад. Чун барномаи вазорати маориф ҳам тарҷумаи таҳтуллафзии вазорати маорифи умумииттифоқ буд, мӯҳтавои он ба омӯзиши фарҳангу вожаҳои миллӣ (ақаллан фаҳмидани мазмуни достонҳои "Шоҳнома") нигаронда нашуда буд. Ва ҳоло низ дар ин замина корҳои чашмрасе дида намешавад.

Ба бемории забони тоҷикӣ амри аз хатти форсӣ ҷудо шудани он созгор буд, ки пиромуни он дар солҳои 20-ум ва ибтидои 90-уми қарни гузашта баҳсу мунозираҳои бешумор сурат гирифта буд. Дар ҳақиқат беш аз ҳазор сол аст, ки забони тоҷикӣ дар қолаби хатти форсӣ нашвунамо карда буд, тағйир доданаш бо хатҳои лотинӣ ва кириллӣ, зарбаи муҳлике буд бар пайкари он. Хотирнишин кардани ин далелро ҷоиз медонам, ки бо тағйири хат, хондани осори пешиниён барои наслҳои нав дучори мушкилиҳо шуд. Мушкилӣ дар он буд, ки баргардонидани осори классикҳо ба хатти нав солҳои зиёдеро мехост ва он вақте як қисми хурди осори пешиниёнро ба хати кириллӣ баргардонданд, дигар тоҷикон ба сабаби надонистани забони адабиёт ба хондани онҳо алоқаву рағбат надоштанд ("Шоҳнома"-ро соли 1964 нашриёти "Ирфон" ба табъ расонда буд).

Ҳамин тавр, акнун бо тоҷике, ки насри Закариёи Розӣ, Низомии Аррӯзии Самарқандӣ, ё Муҳаммад Авфии Бухороиро хонда, маъниашонро дарк кунад, хеле ба нудрат вохӯрдан мумкин аст.

Тафриқа андозуҳукумат бикун!

Нуктаи дигаре, ки ёдоварии он зарурӣ ба назар мерасад, ин дар ҷудоӣ нигоҳ доштани забони тоҷикӣ аз забони шарикони худ дар паҳнои густурдаи забони форсӣ мебошад. Ногуфта намонад, ки мо тоҷикон дар соҳибии забони худ танҳо нестем ва хоҳу нохоҳ аз шарикони ирониву афғонистонии худ ҷудо буда наметавонем Чунки онҳо хешовандони рӯҳӣ, андешаӣ, динӣ ва забонии мо мебошанд. Дар замонаҳои шӯравӣ ба забони тоҷикӣ имконият намедоданд, ки аз доманаи ҷуғрофиёии шӯравӣ берун равад ва аз ҷониби дигар тоҷикон мавқеъ надоштанд, ки дар ривоҷи забони худ аз дастовардҳои сухангустарони Ирон истифода кунанд (тасаввур кунед, як давлати миллии мустақили форсизабонон, чун Ирон зодгоҳи аксари бузургони илму адаби форсу тоҷик, ки аз гузаштаи фарҳангиаш мисли мо дар канор набуд ва ҳар рӯз садҳо рӯзномаву маҷалла, ҳар сол садҳо китоб ба табъ мерасонд, бо Тоҷикистон пайванди фарҳангиву илмӣ надошт). Як мушт ироншиносони сиёсатпеша ва яҳудиасл бо пажӯҳишҳои муғризонаву ҳадафноки хеш тавониста буданд, ки се гӯиши забони форсиро чун се забони ҷудогона, яъне тоҷикӣ, дарӣ ва форсӣ ҷилва диҳанд. Тавассути овардани як даста мисолҳо ва намунаҳо аз гуфтори шеваҳои музофотӣ, ба ақидаи онҳо, пас аз асри XIV ин се шохаи забони форсӣ ба се забони мухталиф табдил шуданд.

Аз ҷумла забоншиноси шӯравӣ В.С.Расторгуева (бо ҳамроҳии А.А.Керимова) китоби калонҳаҷм дар хусусиёти феълҳои забонӣ тадвин карда, намунаҳои шаклҳои феълиро саросар аз гӯишҳои музофотӣ овардаанд ва дар зимн хостаанд исбот кунанд, ки забони адабии тоҷикӣ аз забони адабиёти классикӣ, умуман аз забони форсӣ дур рафтааст. Дар сарсухани китоби ин ду олими ғайритоҷик қайд шудааст, ки онҳо маводи таҳқиқотияшонро аз забони насри муосир оварда, хусусиятҳои осори назмиро дар назар нагирифтаанд, зеро забони назм "архаистиву анъанавӣ" мебошад (С.Расторгуева), А.А.Керимова, "Система таджикского глагола" М.1964, с.6.)

Забоншиносони рус ва яҳудиасли шӯравӣ амдан забони адабии тоҷикӣ гуфта, намунаҳои онро аз гӯишҳои бо забони узбакӣ омехта шуда мегирифтанд. Тавре, ки дар китоби номбурда омадааст: "…на материалах северных, сильно узбекизированных говоров, но для основы таджикского глагольного спряжения", яъне дар асоси маводи гӯишҳои шимолии шадидан узбакишуда, асосҳои тасрифи феъли тоҷикиро овардааст (ҳамон ҷо саҳ. 3). Забоншиносони рус ба шаклҳои феълии хоси шеваҳои тоҷикӣ, аз ҷумла ба сифати феълии душвор (сложные деепричастные глаголы), ки хоси гӯишҳои мардуми Бухорову Самарқанду Хуҷанд мебошанд, аҳамият дода, ягонагии онҳоро бо забони узбакӣ қайд кардаанд ("Известия Туркестанского отделения Русского географического общества". Ташкент, 1915), мисли "тохта омада гуфт", "дӯғу пӯписа карда гирифт", "шишта истода рафт"…

Инҳо ва даҳҳо намунаҳои дигаре, ки барои оварданашон дар ин ҷо маҷоле нест, аз гузаштаҳои садсола ба беморӣ гирифтор кардани забони тоҷикӣ огоҳӣ ва гувоҳӣ медиҳанд. Аммо оё метавон гуфт, ки ин беморӣ маргбор аст? Агар бемории забони тоҷикӣ чунин вазнин бошад, нишонаҳояш кадоманд?

Ташхиси беморӣ

Як идда нишонаҳо, ё худ аломатҳое, ки ба бемории маргбори тадриҷӣ гирифтор будани забони тоҷикӣ далолат мекунанд, ба назари нигоранда иборатанд:

а) Бо вуҷуди ба даст омадани истиқлолият ҷанбаи русисозии ҷомеаи тоҷикӣ бар ивази суст шудан, шиддат гирифтааст. Дар идороти ҳукуматӣ, вазоратхонаҳо як беэътиноӣ, ё беэҳтиромии маҳз нисбат ба забони тоҷикӣ ҳукмфамост (дар ин бора дӯстдорони забони модарӣ дар саҳафоти рӯзномаҳо, мақолаҳои ҷолиб чоп карда буданд ва пайдост ин эътирозу фарёдҳо ба гӯши мурда азонхоние беш нест).

То ҳанӯз корҳои идорӣ, яъне умури дафтар ва девон ба забони тоҷикӣ сурат намегирад ва истилоҳоти коргузории миллӣ вуҷуд надорад; аз вожаи "папка" то "скрепки" русӣ буд ва русӣ мондааст.

б) Забони Артиши Тоҷикистон комилан русӣ буда, майли миллӣ кардани он ба назар намерасад. Агар садрнишинони ин рукни давлатдорӣ хоҳиш медоштанд, ба осонӣ гӯиши тоҷикии фармонҳо, рутбаҳо ва як силсила вожаҳои низомро аз забони адабиёти классикӣ гирифта эҳё мекарданд. Мисле, ки вожаҳоеро чун "гурд", "сипаҳ", "солор", "сипаҳсолор", "сипаҳёр", "сипаҳбад", "сипаҳдор", "рада" ва амсоли онро аз "Шоҳнома"-и Ҳаким Фирдавсӣ бармегирифтанд; пиромуни вожаҳои низомии "Шоҳнома" донишманди чирадаст, Сулаймон Анварӣ китобе тадвин кардаанд (Вожаҳои низомӣ дар "Шоҳнома", маориф 1994).

Ё фармонҳои низомиро аз қабили "На лево!" ба тоҷикӣ мегардонданд "ба чап" ва ғайра. Ҳол он ки дар воҳидҳои низомӣ иҷод кардани муҳити забони модарӣ ба низомиён, ҳамчун ба ҳомиёни давлати миллӣ ҳисси ифтихор ва рӯҳи меҳанпарастиро талқин мекард. Аммо тавре, ки ба мушоҳида мерасад, масъулин ба иллати асолатбохтагиашон ин амрро зарур намешуморанд.

в) Ҷамъияти шаҳрнишини шаҳри Душанбе, ба вижа ҷавонон, ба хотири ҷилваи аз деҳотиёни ба шаҳр омада фарқ кардан ва дунболаравии кӯр кӯрона бо бегонагон, усулан байни худ бо забони русӣ гуфтугӯ карда, ҳатто исмҳои худро аз тоҷикӣ ба усули русӣ гардондаанд, аз қабили Диля, Гуля, Рустик (ба ивази Дилбар, Гулрӯ, Рустам).

Мебоист дар мағзи тоифаи мазкур фаҳмише ҷой меёфт, ки ин Диляву Гуляву Русикҳо мӯйҳояшонро бо ранги малла ранг кунанд ҳам, дар ватани ҳамон русҳо инсони навъи севвум ва скинхедҳояшон ишонро "осиёгии сиёҳдунба" меноманд. Аммо дар қиёс як нафар итолиёӣ, ки ду ҳарфро бо русӣ ба ҳам пайваста наметавонад (гарчи мисли тоҷикон сияҳмӯй ҳам бошад) аз эҳтироми русҳо бархӯрдор аст, зеро итолиёӣ забони худ, миллати хешро эҳтиром мекунад.

г) Истиқлолияти кишвар 17-сола бошад ҳам, ҳанӯз як идда мушаххасоти миллатҳоро аз якдигар фарқкунанда, чун исми хонаводагии миллӣ, номҳои моҳҳои миллӣ, соли нави миллӣ, русиву ғайритоҷикӣ мондаанд ва тағйир додани онҳо дар гумон аст. Аз ҷумла исми хонаводагии тоҷикон то ҳол бо "ов" ва "вич" хатм мешавад ("ов", яъне ҳо, "вич", яъне аз, ё худ Иванов Иванҳо, Иванович аз Иваншон).

Як Назарови тоҷикро аз пасванди хонаводагии "ов"-аш тотор, нуғай, бошқирд ё рус донистан мумкин аст, вале Назарянро арманӣ ва Назаренкоро украинӣ ташхис кардан мушкиле надорад.

д) Дар замони шомили давлати шӯравӣ будан, фарзандони қисми зиёди забоншиносону адабиётшиносон, олимону сарварон русофоб (русгаро) буданд. Ғолибан онҳо дабиристонҳову донишкадаҳои Русияро хатм карда, забони аҷдодиашонро ё комилан намедонистанд, ё дар сатҳи гӯиши омехтаи маҳаллӣ бо русӣ медонистанд, ки ин раванд ҳанӯз ҳам идома дорад (аз зикри номи онҳо дармегузарем).

е) Пеш аз ин гуфтем, ки мактаби забоншиносии тоҷик, чун зодаи забоншиносии русии шӯравӣ пажӯҳандагонеро ба воя расондааст, ки дар Садди Искандарӣ ё (Садди чинӣ) гузоштан байни забонҳои форсии Вароруд, Афғонистон ва Ирон ҳассосияти вижа доранд. Бархе аз онҳо ба думболи устодони аврупоӣ ва яҳудии худ ба асолат ва сиҳатии забони ҳозираи тоҷикӣ баҳои зиёде дода, бартарии онро аз забонҳои форсии Ирон ва Афғонистон нишон додаанд, ки чунин хушгумонӣ садди роҳи талош барои бозёбии асолати забони адабӣ гаштааст. Онҳо падидаҳои заифи ба вожаҳои асили тоҷикӣ рӯ овардан ва ё истифодаи вожаҳои шевои маъмули забони форсии Иронро таҳти танқид қарор додаанд. Ҳамин тавр дар матбуот падидаи ивазкунии як силсила вожаҳоро, мисли "студент" ба "донишҷӯ", "дело" ба "дусия", "прокурор" ба "додситон", "университет" ба "донишгоҳ", "институти татқиқотӣ" ба "пажӯҳишгоҳ" напазируфта, нигорандагонашро мазаммат карда буданд. Ин нуктаро низ мебояд таъкид кард, ки он забоншиносон усулан аз русиву узбакӣ сохтани вожаҳо тарс надоранд. Бештар аз он ҳарос доранд, ки мабодо тоҷикон калимаҳои форсии дар Ирон ривоҷ доштаро дар гуфтору навишторашон истифода кунанд.

Албатта, забонӣ тоҷикӣ як силсила вожаҳо ва гӯишҳои аслии тоҷикиро то имрӯз нигоҳ дошта аст, ки он гӯишҳо дар Ирон ва Афғонистон аз истеъмол бозмондаанд, ё ҷояшонро ба калимаҳои ғайрифорсӣ додаанд. Мисли "чакме"дар Ирон (туркӣ), вале "мӯза" дар Тоҷикистону Афғонистон, "бадрақе кардан" дар Ирону Афғонистон (арабӣ), вале "гусел кардан" дар Тоҷикистон. Аммо ин намунаҳо наметавонанд тасбит кунанд, ки забони тоҷикӣ нисбат ба форсии Ирон малеҳу шево буда, дар қиёс шеваи дарии худро хубтар нигоҳ доштааст. Ҳамин амри дарк накардани иллатҳо ва гурези забоншиносони тоҷик аз наздикшавии се гӯиши умдаи забони форсӣ, минҷумла гурез аз ҳамгун сохтани вожаҳо табдили вожаҳои иқтибосии туркиву русӣ ва қисман арабӣ ба вожаҳои асили форсӣ, яке аз нишонаҳои равшани бемор будани забони тоҷикӣ мебошад.

ж) Дар шаҳри Душанбе бо забони русӣ рӯзномаҳои зиёди эклектикӣ ба табъ мерасанд, ки харидоронаш нисбат ба рӯзномаҳои тоҷикии баёнгари дарди ҷомеа, хеле зиёданд. Он рӯзномаҳоро эклектикӣ (яъне ба шеваи дар зоҳир мақбул, вале холӣ аз ҷавҳари маъниву асолат) бар он хотир номидем, ки ғолибан матолибро аз рӯзномаҳои сарикӯчагии Маскав кӯчонда, саросар ҳовии фолбиниҳо ва ҷадвалҳову муаммоҳо мебошанд ва ба гузаштаву имрӯзаи тоҷикон иртиботе надоранд. Аз ҷумлаи яке аз онҳо, ки ба атфол тахсис дода шуда, исми арабиасоси тоҷикиро ба таҳриф сарлавҳа кардааст, "Аладин" мебошад (на Аловидин).

з) Чунин мепиндорам, телевизион, ки афзори муҳимтарини кориаш забон аст, метавон гуфт ба забони адабии тоҷикӣ назари сатҳӣ ва бегонавор дорад. Ба таври умда, дар кишвари мо зиёиёни казоӣ, хоҳ профессори риёзӣ, хоҳ торихшинос, муҳандис ё ҳунарманди театр (ва баъзан ҳатто шоир низ) "ман забончӣ не!"… гуфта, озодона ба ғалатнигориву ғалатбаёнии фоҳиш роҳ медиҳад. Ҳамин тавр гӯяндагону гӯё сухандонон аз паси пардаи шишагини телевизион мижа хам накарда, сактахонӣ мекунанд. Овардани ғалатбаёниҳои гӯяндагони симо навиштори алоҳидаро мехоҳад. Ин ҷо ба овардани як ду мисол иктифо мекунем, ки марбут ба талаффузи вожаҳо мебошад. Гӯяндагони симо зада, такя (ударение)-ро дар куҷое, ки бихоҳанд мегузоранд. Гӯё хабар надоранд, ки такя бар вожаҳо қоидаҳои худро дорад ва задаро ғалат гузоштан барои шахсе, ки худро зиёӣ, фарҳангӣ (интеллигент) меномад, айб аст ва чи айби шармоваре.

Масалан, ҳангоми талаффузи калимаҳои "агар", "аксар", "акнун" (овардани ҳамин се вожа бо ҳарфи аввали "Алифбо" кофист) такя бар овози дуввуми "а" мешавад, на дар садоноки аввал. Барои ифодаи дурусти калимаҳо, на танҳо дар қоидаҳои сарфу наҳвӣ, балки дар луғатҳо, аз ҷумла дар луғатҳои "Бурҳони қотеъ" ва "Ғуёс-ул-луғот" таъкид шудааст. Дар луғатҳои номбурда ҷиҳати дарёфти ифодаи дуруст, аз ҷумла барои ин се калима чунин таъкид ба амал омадааст: "агар" ба вазни "сафар", "акнун" ба вазни "маҷнун", "агарчанд" ба вазни "камарбанд" (бояд хотирнишон кард, ки чун забони русӣ соҳиб дорад, Черномирдин сарвазири собиқашон боре дар гуфтори телевизионаш (Р Т Р) дар калимае задаро ғалат талаффуз карда буд ва то ҳанӯз Максим Галкини ширинкор ӯро масхара мекунад).

Имрӯзҳо гурӯҳи эҷодии "Субҳ"-и телевизион тасмим гирифтааст, ки ба мо талаффузи дурусти русиро биомӯзонад, ки кори бад нест, вале банда тавсияашон медодам, ки барои худ, ба хотири омӯзиши талаффузи забони модарӣ маҳфиле доир кунанд, зеро айб аст, айб!!!

Аз ҳамин муносибати баъзе аз соҳибони забони тоҷикӣ, ки дар симои ҷумҳурӣ маъмурият доранд, низ метавон хулоса кард, ки забон бемор аст (вагарна омӯзиши талаффузи забони модарӣ он қадар мушкил нест). Барои омӯзиши забони кореягӣ, забони русӣ, забони англисӣ, ороиши мӯй ва ғайраву ҳоказо фурсат ҷудо мешавад, на ба худнигариву худандешӣ.

Пиромуни дарди муҳлики забони тоҷикӣ гуфтаниҳои зиёде мавҷуд аст, аммо аз ҳавсалаи ин навиштор берун аст. Ҳаминро метавон хулоса кард, ки империализми забонҳои кишварҳои аз нигоҳи иқтисодӣ муқтадир, забони бемори тоҷикиро ба коми аждаҳоии худ даркашида нобуд мекунанд.Ҳамон гуна, ки арз шуда буд, забони тоҷикӣ, мисли дигар забонҳои миллӣ дар замони шуравӣ ба таври систематикӣ ва тадриҷӣ дар ҷараёни харобшавӣ ва аз байн рафтан қарор дошт. Сиёсати аз байн бурдани забонҳо (ба хотири сохтани забони ягонаи шуравӣ) хеле маккорона ва моҳирона, тавассути татбиқ кардани барномарезиҳои пажӯҳишгоҳҳо ва адвори илмӣ сурат мегирифт. Сиёсатпешагон аз илми забоншиносӣ аҳдофи сиёсии худро бо назарияҳои хоси инқилоби фарҳангӣ пардапӯш мекарданд, ки ба унвони мисол номи чанде аз мавзӯъҳои умдаи таҳқиқотии онҳоро меоварем: "Ба ҳам наздикшавии миллатҳо ва забонҳои миллӣ", "сиёсати миллии ленинӣ дар сохтмони забон", "инкишофи дузабонии милливу русӣ", "сиёсати забон ва сохтори забон дар инқилоби маданӣ", "ғанӣ гаштани забони миллӣ аз ҳисоби дохил кардани калимаҳои нав ва иваз кардани вожаҳои душворфаҳми арабӣ бо калимаҳои русӣ-интернатсионалистӣ…".

Дар атрофи мавзӯъҳои мазкур даста-даста забоншиносон ва пажӯҳишгоҳҳои забоншиносӣ фаъолият карда, садҳо ҳазор саҳифаҳоро сиёҳ карда, ба табъ расондаанд. Аз ҷумла яке аз профессорҳои машҳур, ки умри худро ба тасбити назарияи ленинии "сохтмони забон" (языковое строительство) "сиёсати забон" (языковая политика) бахшида аст, Исаев М.И навишта буд, ки "дар ҷараёни сохтани забонҳо як идда мушкилиҳои миллӣ-амалӣ пеш омаданд, ки бе ҳаллу фасл кардани онҳо сохтан ва инкишоф додани забонҳои адабӣ ғайриимкон буд" (М.И. Исаев, "Языковое строительство в СССР", нашрияи "Наука", М.1979).

Аз ҷумла мушкилиҳои умдае, ки ӯ дар татбиқи ин назария дучор мешуд, имкониятҳои тағйир додани мафкураву биниши коршиносони риштаи филологиро дар амри сохтани забон медонист.

Истилоҳоти "сохтмони забон", "сиёсати забон" дар Иттиҳоди Шӯравӣ нахуст дар баробари "сиёсати миллӣ", "сиёсати хоҷагӣ" ва ғайра зуҳур карда ва тавре дар китоби профессори дигари шӯравӣ, В. А. Аврорин, ("Ленинизм ва масоили назариявии забоншиносӣ", М.1970) омадааст: "…бо мундариҷаи худ истилоҳи "сохтмони забон" ҷонибҳои забонии сиёсат ва барномаи ҳизбу давлатро дар масъалаи миллӣ баён мекунад".

Созандагони забони ягонаи шӯравӣ дар дастурҳои забонсозии худ таъкид мекарданд, ки дар ҷараёни пиёда кардани сохтмони забон "таҳти раҳбарии шуурноку мақсаднок қарор додани нутқи иҷтимоъӣ"-ро ба назар бигиранд (Г.О. Винокур, Култура языка, М.1929,с.139). Забонсозони идеологӣ, ки бо унвонҳои "профессор", "академик" мусаллаҳ буданд, талош меварзиданд, ки "дузабонагии" ақвоми ғайрирусро ба масобаи як падидаи муфид ва ғанисози забонҳои миллатҳои худ ҷилва намоянд. Аз ҷумла як силсила мақолаву китобҳои пурҳаҷме дар мавриди "сохтани забони тоҷикӣ", "наздик кардани забони адабӣ бо забони гуфтугӯи халқ", "ғанӣ гардонидани забони тоҷикӣ аз ҳисоби забони русӣ" ва ғайраву амсоли онҳо интишор карда буданд (масалан китоби профессорҳо Бақаев .Х. Исаев М. И, Керимова А. А, Парчейко Л.А, Расторгуева В. С. Ба унвони "Намудҳои дузабонӣ дар байни халқҳои иронии Иттиҳоди Шӯравӣ", М. 1964).

Сиёсати шӯравии "ба ҳам наздик кардани забонҳо", "густариши дузабонии қавмҳо", "бартараф кардани тафовутҳо байни гӯишҳои маҳаллӣ ва забони адабӣ" дар ҷараёни таҳмил намудани забони русӣ ба ақвоми ғайрирус падидаи навин набуд. Ин корҳоро ҳанӯз дар нимаи дуввуми қарни XIX маъмурони шоҳии таззори рус, тибқи дастурҳои вазорати маорифи халқашон анҷом медоданд. Ба унвони мисол дастури Кумитаи олимони Вазорати маорифи халқи Русияро аз 27-ноябри соли 1867 меоварем: "Забонҳои қавмҳои бумӣ, аз ҷумла чувашӣ, танҳо бо ҳуруфи русӣ ва ҳамчун афзори омӯхтани забони русӣ ва китоби "Инҷил" истифода шаваду тамом. Аз ҳама гуна тарҷумаҳо ва нашр кардани китобҳо бо забони бегонагон (инородные наречия) худдорӣ шавад" (Журнал ученого комитета Министерство Народного просвещения, от 27 ноября 1867 г).

Ҳамин тавр, Русияи шоҳӣ соли 1863 алифбои лотинии кишвари Латвияро пайрави алифбои Полша дониста, онро мамнӯъ эълон дошта, алифбои кириллиро сари онҳо бор карда буд.

Бо ҳамин услуби маъмурони бузургманиши Русияи шоҳӣ маъмурони унвони забоншинос доштаи шӯравӣ нисбат ба забони форсии Вароруд андешаҳои вижа ва дар харобсозии он усулҳои хоса доштанд.

Чун ба ҳар ҳол бо ин забон адабиёти ҳазорсола вуҷуд дошт ва ин забонро дар баробари забонҳои ба тозагӣ соҳиби хат шуда (младописменные языки) гузоштан ҳадди охири беинсофӣ мебуд. Он забоншиносон баҳонаҳои дигареро пайдо мекарданд, ки онҳоро навоқис бозтоб карда, ба табдили забон даст дароз кунанд. Онҳо барои амалӣ кардани аҳдофи хеш, тавре ки дилашон мехост қонуну қоиданигорӣ карда буданд. Барои азнавсозии забонӣ далелҳо меоваранд, ки "тоҷикҳо то Инқилоби Октябр ба масобаи забони адабии хаттӣ, ба истилоҳ забони классикиашонро истифода мекарданд", "ин забон симои архаистии (мансухи) худро нигоҳ доштааст", "тоҷикон забони адабии худро аз воридшавии забони гуфтугӯи халқ ҳамаҷониба "эҳтиёт" мекарданд". (М.И.Исаев, "Языковое строительство в СССР", нашрияи "Наука" М.1979.с.129).

Ин забоншиноси сиёсатзада, ҳангоми таҳлил, ба забони адабии тоҷикӣ каме бо тамасхур ва назарногирона, онро "ба истилоҳ классикӣ" ("так называемий") номидааст ва эҳтиёт кардани онро аз олудашавӣ бо гӯишҳои омиёна дар нохунак гирифтааст ("оберегали"). Ва он забоншиносони тоҷикеро, ки ба пайравӣ аз хостҳои империализми забонии онҳо, теъдоди бешумори калимаҳоро бо баҳонаи "кӯҳнаву архаистӣ", "арабизм", "иронизм" аз забони форсии тоҷикӣ хориҷ карданд, "фарҳангиёни прогрессивӣ" номиданд ва онҳоеро, ки барои асолати забони форсӣ мубориза бурданд, кӯҳнагаро-"архаист" ном бурданд. Чунончи, профессори забоншиноси тошкандӣ гаштаю баргашта таъкид карда буд, ки "барои сохтани воситаи муомилоти забонӣ, забони классикӣ бояд комилан тағйир дода шавад" (Холназаров К.Х. "Наздикшавии миллатҳо ва забонҳои миллӣ дар СССР", Тошканд 1963).

Овардани далоилу бурҳони қотеъ аз ҷараёни порасозиву азнавсозии забони адабии тоҷикӣ, навиштори густурдаеро мехоҳад ва то ҷое, ки мумкин аст, ин ҷо саъй кардем танҳо таваҷҷӯҳи хонандагони гиромиро ба ин нуқта ҷалб намоем, ки барои идеологҳои шӯравӣ, дар амри сохтани забони русии шӯравии воҳид, тафовуте надошт, ки онҳо забони қавмҳои дунган ё алеутро сохтанианд, ки гузаштаи хаттӣ надоранд, ё худ бар забоне даст заданианд, ки форсӣ ном дораду бо он на танҳо беҳтарин шоҳкориҳои назму насри ҷаҳонӣ, балки рисолаҳои дар улуми алгебра, геометрия, ситорашиносӣ, тиб ва ғайра табйин шудааст. Тавассути ҳамин "забонсозӣ", агар забонҳоеро чун забони адабии мо гирифтори беморӣ карда бошанд, забонҳои бисёреро, ки гӯяндагонаш камшумор буданд ва адабиёти хаттӣ надоштанд, ба нобудӣ расонданд.

Ин ҷо номи халқҳоеро меоварем, ки дар даврони шӯравӣ забонҳои худро аз даст дода, забони русиро қабул карданд: алюторсҳо, барабинтсҳо, ителменҳо, камасинтҳо, кетҳо, нанасанҳо, негидалҳо, орокҳо, ороҷҳо, саамҳо, тофаларҳо, улчинҳо, энтсҳо ва боз 37 қавми дигар, ки аз ҷумлаи онҳо 12 қавм бо забони аварии Расул Ғамзатов гуфтугӯ мекарданд (Расул Ҳамзатов дар китоби машҳури хеш "Доғистони ман", ки 38 сол пеш китоби рӯимизии инҷониб ва ҳамаи ҷавонони банангу номуси тоҷик, аз ҷумла Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир буд, навиштааст, ки "забонҳо мисли ситораҳои осмонанд ва забони аварии ман дар ин осмон ягона аст ва ман маҳз забони аварии худро дӯст медорам. Агар бидонам, ки фардо забонам мемирад, ман имрӯз хоҳам мӯрд").

Акнун ки ба сабаби ниёзи сиёсии давлати шӯравӣ забони адабии тоҷикиро олуда сохта, нирӯи илмии онро заиф карданд, зидди арзишҳои классикии он назарияҳои муғризонаи филологӣ иҷод кардаанд, магар имрӯз ба шарофати истиқлолият фурсати созгор нарасидааст, ки ба сарнавишти ин забони ҳазору чанд сола бо чашми (хиради) худӣ бингарем на аз пушти айнаки фарангиён? Ҳанӯз ҳам тоҷикон маҷоле доранд, ки паёмади талхи марги забони модариро пешгирӣ кунанд. Ё агар ба ташбеҳ бигӯем, тирҳое, ки бар ҷисми тавонои забони форсии тоҷикӣ фуруд омада буданд, ҳарчанд захминаш карданд, вале натавонистанд решаро баркананд.

Тадбир чист?

Аз ин рӯ, бояд андешамандону андешаварон ва ҳар як тоҷики ба ору номус барои ҳифзу поксозии забони модарӣ рӯ оварад. Нависандаи ин матн низ кӯшиш мекунад, андешаҳои шахсии хешро, пиромуни бознигарӣ ба нигаҳдориву густариши забони тоҷикӣ, пешкаши хонандагони гиромӣ намояд, ки ба таври иҷмолӣ чунин ба назар мерасанд.

-То ҳол дар ин ҷо пиромуни қонуни забони тоҷикӣ, татбиқи он, чизе нагуфтем, зеро ки дар нашрияҳои баёнгари дардҳои ҷомеа, матолибе чанд интишор шуда буд, ки дар зимн аз иҷро нагаштани Қонун, вуҷуд надоштани эҳсоси масъулият аз ҷониби масъулини идораҳои давлатӣ намунаҳои равшан оварда шуда буд. Банда низ ба он ақидаам, ки татбиқи Қонуни забони тоҷикӣ гирифтори шиорзадагии тоҷикии мо гаштааст. Шиорзадагии мо он аст, ки як мавзӯъро шиор мекунем, моҳе ё соле дар атрофаш ҳаёҳу мекунему ба фаромушӣ месупоремаш.

Аммо дар кишварҳои дигар ба қонуни забони худ хеле ҷиддӣ рафтор мекунанд. Масалан, кишвари Фаронса аз таҳдиди забони англисӣ ба харобсозии забони хеш хатар эҳсос карда, ҷиҳати ҷилавгирӣ аз марги забони фаронсавӣ ба тасвиби Маҷлиси Миллӣ дастуруламале тадвин кардааст. Тибқи он истифода кардани ҳарфҳои англисиро дар мактабҳо ва барномаҳои радиотелевизионӣ манъ карда, ба вайронкунандагони он дастуруламал ҷарима муқаррар кардааст.

Дар қонуни нави кишвари Русия "Оид ба забон" низ нуктае таъкид шудааст, ки бар асоси он, дар сурати мавҷуд будани калимаи сирф русие, ки ба ивазаш аз забонҳои бегона калима оварда мешавад, муаллиф ҳамчун шахси таҳрифкунандаи забони давлатӣ, ҷавобгар дониста мешавад (РТР,9.02.2003, Парламентский час).

Ба мо низ лозим аст, ки дар назди додситони кулл гурӯҳи вижаи бозрасиву назорати Қонуни забони тоҷикӣ ташкил намоем, то ки ин рукни ҷорикунандаи қонунҳо, пайваста талабгори хостҳои миллӣ дар амри наҷоти забон бошад. Ҳамчунон ҷараёни муроот ва татбиқи Қонуни забон ақаллан соле як бор аз ҷониби дастгоҳи ҳукумат ва як бор Маҷлиси Миллии кишвар барасӣ ва муҳокима шавад.

-Ба пажӯҳишгоҳи забони тоҷикӣ ва донишсароҳои забон ва адабиёти тоҷик, донишгоҳҳо дар маблағгузорӣ имтиёзҳо дода шавад. Дастгоҳи дипломатии кишвар ба он комёб шавад, ки кишвари Ирон, ба масобаи кишвари бародари ҳамзабон, дар нигаҳбонӣ ва густариши забони форсии тоҷикӣ, аз ҷумла дастгирии кафедраҳои забону адабиёти тоҷик, таълифи вожаномаҳои тафсирӣ ва дигар корҳои марбут ба тарвиҷи забон мадад намояд ва ба ҳамкориҳои вазоратҳои маорифи ҳарду кишвар дар ин росто аҳамияти вижа дода шавад. Ба ҳуқуқи моҳонаи устодони фанни забон ва адабиёти тоҷик, дар дабистонҳо ва донишсароҳо 15-20 дарсад маоши изофӣ муқаррар шавад.

-Услуби омӯзиши забони тоҷикӣ ба ислоҳоти қатъӣ эҳтиёҷ дорад. Аз ҷумла сарфу наҳв, вожасозӣ ва захираҳои луғавӣ услубан ба ислоҳу бознигарӣ зарурат дорад. Нуктае, ки ин ҷо бояд мавриди таваҷҷӯҳ қарор бигирад, ин аст, ки вожаҳои баргирифта аз гӯишҳои маҳаллӣ, провинсиализмҳо ва иқтибоси вожаҳо аз он забонҳое, ки аз оилаи забонҳои иронӣ нестанд, минҷумла аз забонҳои русиву узбакӣ гирифта шудаанд, ё тарҷумаи таҳтуллафзӣ шудаанд, бозсозӣ шаванд.

Масалан, дар мавриди дар забони тоҷикӣ вуҷуд доштани вожаи "ширеш", қабул кардани гӯиши маҳаллии ин маънӣ, "елим" нодуруст аст. Бахусус дар онҳо ҳолатҳое, ки вожаи форсии ин маънӣ ҳам дар забони классикӣ ва ҳам дар яке аз гӯишҳои забони зинда вуҷуд дорад, иқтибоси калимаи забони бегона калимаи саҳеҳ нест. Ҳамин тавр аз истифодаи калимаҳои "қазон" (дег), "қатиқ" (дуғ), "милтиқ" (туфанг), "қилиқ" (рафтори бад), "қитиқ", "чимилиқ"(парда), "юрт" (хайма), ҳиссачаҳои "мӣ", "канӣ" ва садҳо вожаҳои номатлуби узбакии ҳаммонанд ва "инженер" (муҳандис), "директор" (сардор, раис, мудир), "герб" (нишон) ва садҳо калимаҳои русӣ-интернатсионалистии дигар сарфи назар шавад. Ёдоварии он нукта низ ба назар мерасад, ки усули омӯзиши забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои миёна ва олӣ, тадвину таълифи китобҳои дарсӣ, барномаҳои вазорати маориф дар замина бознигариро мехоҳанд. Дар китобҳои дарсии "Забони тоҷикӣ" (аз синфи V то синфи XI ) робитаи забон бо насри классикӣ мушоҳида намешавад. Ба омӯзиши вожаҳои адабиёти классикӣ аҳамияти лозим дода намешавад.

Намунаҳо ва мисолҳои китобҳо саросар аз адабиёти муосир ва бештар аз нутқи персонажҳо оварда шудаанд. Ҳангоми омӯзиши забон, шакли классикии истилоҳоти сарфу наҳвӣ омӯзонда намешавад. Масалан таъкид мешуд, ки "ҷонишин"-ро "замир" ҳам мегӯянд ва ғайра.

Дар омӯзиши забони тоҷикӣ, дар синфҳои 5-6-7 аз қоиданигориҳо ва қориазёд кардани онҳо парҳез ба амал ояд. Яъне барои шогирди хурдсол, масалан аз қориазёд кардани қоидаи сифати феълӣ, донистани 20-30 калимаи матни классикие муфидтар аст. Зимнан бояд хотирнишон кард, ки барои тамоми муаллимони мактабҳои миёна (ва олӣ низ) курсҳои омӯзиши луғатҳо аз адабиёти классикӣ доир кардан муҳим аст. Дар чунин курсҳо устодон бояд вожаҳои марбути фанни худро бозомӯзӣ кунанд. Ба мо маълум аст, ки таълифоти китобҳои донишмандоне чун Акбари Турсон ва Хиёл Бобоев, аз ҷониби муаллимони фанни ситорашиносии дабиристонҳо нек пазируфта нашуда буданд. Зеро ки он муаллимон ба истилоҳоти забони модарӣ ошно набуданд. Ва он муаллимони мактабҳои миёна, ки касби хешро бо забони сохтаву маснӯъии тоҷикӣ омӯхта буданд, нотавонии хешро дар забони модарӣ напазируфта, иллатро дар "иронпарастӣ" ё "кӯҳнапарастии" донишмандони асили миллӣ медиданд.

Забони адабиёти классикии мо яке аз забонҳои ғанитарини дунё мебошад, ки ин забон дар сайри торихии худ, тайи иҷоди асарҳои оламшумули илмиву адабӣ суфта шуда, барои ифодаи пурраи андешаҳои илмӣ-фаннӣ, умури давлатдорӣ ва ғайра иқтидор дорад. Танҳо дар садади садсолаи ахир, соҳибони забон, аз сабаби надонистани он, камтар руҷӯъ кардани нависандагону вожасозон ба адабиёти классикӣ ва иллатҳои дар боло оварда, рӯ ба забонҳои ғайр оварданд. Аз ҷумла аз "Шоҳнома" барин ганҷинаи беҳтарини вожаҳои дарӣ, вожасозони мо мутаассифона таври дилхоҳ истифода набурдаанд. Дар ин ҷо бо овардани ду-се намуна назари худро таъйид карданиам. Чунончи, дар замони шӯравӣ аз калимаи хеле душвори русии "квалифицированный" (кадр, рабочий) хеле зиёд истифода мешуд, ки дар забони тоҷикӣ ба ин маънӣ калимаҳои "таҷрибанок", "ботаҷриба", "баландихтисос" ва дар форсии Афғонистон "варзида"-ро истифода мекарданд. Аммо дар "Шоҳнома"-и Ҳаким Фирдавсӣ бад-ин маънӣ калимаи дақиқбаёни "корозмуда" омадааст.

Зи корозмуда гузида меҳон,

Ба монанди ту нест андар ҷаҳон.

Ё худ калимаи аз тариқи русӣ баргирифтаву хеле роиҷи "интеллигент" (сия)-ро баъзан "зиёӣ" ва аксаран бе тарҷума истифода мекунанд, вале ин маъниро ҳанӯз дар замони Фирдавсӣ бо вожаи "фарҳангӣ" баён мекардаанд:

Ба фарҳангиён деҳ маро аз нахуст,

Чу омӯхтам "Занду" "Усто" дуруст.

Ё калимаи русие, ки имрӯзҳо хеле маъмул аст, "телохранитель" дар матбуот ҳамчу "ҷондор" омадааст, ки ба назарам аз вожасозии солим дар канор аст. Дар қадим ин касби низомӣ вуҷуд доштааст ва онро дар радифи "посбон", "рӯзбон" мегуфтаанд, ончуноне ки дар "Шоҳнома" борҳо мавриди истифода қарор гирифтааст:

Кас аз рӯзбонон ба дар бар намонд,

Фаридун ҷаҳонофаринро бихонад.

Чунон ки дар бахши аввали ин матлаб ишора шуда буд, мо-тоҷикон дар натиҷаи бегонагӣ бо фазои фикрӣ ва фарҳангии Ирон, фарҳанги хат ва китоб ва ҷаҳонбиниву фалсафаи анъанавии форсиён аз дастовардҳои он бародарон дар вожасозӣ бар мафҳумҳои тозаи қарни XX милодӣ истифодаи босамар бурда натавонистем. Дар солҳои 40-50-уми асри гузашта дар Ирон тамоюли оқилонаи ивазсозии калимаҳои мушкили арабӣ бо вожаҳои шевои форсӣ, дар зимн бозгашт ба шакли форсии вожанигорӣ дар ҷараён буд. Вожанигорони иронӣ бар он комёб шуданд, ки барои мафҳумҳои ба тозагӣ ворид шуда (ағлаб аз забонҳои аврупоӣ) вожаҳои зебои форсиро аз адабиёти классикӣ пайдо кунанд. Мисли "донишгоҳ" (университет), "донишкада" (факултет), "донишсаро" (институт), "пажӯҳишгоҳ" (институти таҳқиқотӣ), "донишҷӯ" (студент), "додситон" (прокурор), "додгустар" (судя), "дабистон" (мактаби ибтидоӣ), "дабиристон" (мактаби миёна) ва садҳо истилоҳоти дигар. Аммо чун соҳибони мулку забони мо бегонагон буданд ва тавре арз кардам, забоншиносон бар ҳисоби сиёсатзадагӣ калимаҳои дар талаффузи тоҷикӣ ниҳоят мушкили бегонагонро ба мо бор мекарданду он чиро дар Ирон оқилона иҷро шуда буд, намепазируфтанд. Яқин аст калимаҳои дар гӯиш хеле душворро қасдан ба тоҷикӣ таҳмил мекарданд. Амсоли "конструкция", "прокуратура", "структура", "институт", "галюцинация", "электростанция" ва ғайра.

Зимнан шоиста аст ин нуктаро низ ёдовар шавем, ки дар солҳои 50-уми асри гузашта, ба иллати рӯ овардани адибон ба забони маҳалли таваллуд ва зисти худ ва наздик карда бо гӯиши ҳокимони давр, ҳангоми феълсозӣ аз пешвандҳои "дар", "фаро", "бар", "боз", дар забони матбуот ва адабиёт, як навъ парҳез ба амал омад, гарчи ба василаи пешвандҳои номбурда аз феълҳои содда маъниҳои тозае месозанд, мисли "барангехтан", "баргирифтан", "бозхостан", "дарафкандан" ва ғайра.

Ба назар мерасад пиромуни мавзӯи бознигарӣ ба истилоҳот, кумитаи истилоҳот, қонуни забони форсии тоҷикӣ ва ҳамаи соҳибназаронро мебояд андешаи жарфтаре бикунанд.

Он равшанзамирони дилогоҳи кишвари мо, ки аз ҳар навъ сиёсатзадагии забоншиносӣ дар каноранд, бар он боваранд, ки соҳибони забон, аз ҷумла забоншиносон барои ягонагии забону адабиёти форсӣ дар тамоми паҳнаи густурдаи фарҳанги форсиён талош хоҳанд варзид. Донишмандони олиназар, аз ҷумла профессор Абдунабӣ Сатторзода лузуми ҳамгун сохтани истилоҳотро дар забони форсӣ (дарӣ ва тоҷикӣ) муҳим донистаанд. Он устод дар як мақолаи худ майлу рағбати аллома Бобоҷон Ғафуровро (якҷоя ба фарзонагони фаҳанги Ирон, Парвиз Нотили Хонларӣ, Раъдии Озарахшӣ, Эсо Сидиқии Алим) дар бунёди фарҳангистони милали форсизабонон бозтоб карда, афзудаанд: "Воқеан ҳоло мавриди фархунда фаро расидааст, ки чунин як фарҳангистоне, аз ҷумла дар қадамҳои аввал фарҳангистони адаби форсӣ дар Теҳрон ва ё дар Душанбе таъсис шавад" (Маҷаллаи "Паёми андеша", Ройзании фарҳангии Ирон дар Тоҷикистон, №4, саҳ.44). Дар зимн ба таври намуна чанд мисолеро меоварем, ки гумон меравад бар андешаи зарурияти ҳамгун сохтани вожаҳо низ далолат мекунанд. Чунончи калимаи мушкилифодаи "лицензия" (барои баёни мафҳуми номаи иҷозатдиҳандаи ягон фаъолият) дар Тоҷикистон аз забони русӣ иқтибос шудааст, вале ин мафҳум дар Ирону Афғонистон, бо истилоҳи мушаххаси "ҷавоз" ("парвона") "хати ҷавоз" баён мешавад ва дар "Ғиёс-ул-луғот" ва дигар вожаномаҳои тоҷикӣ ба ин гуна омадаанд. Пас чаро мо низ аз истифодаи "литсензия" парҳез накарда, бар ивазаш "хати ҷавоз"-ро истифода накунем?! Ё калимаи русии "пропуск" дар Тоҷикистон (вақтҳои ахир) "иҷозатнома" тарҷума шуда, дар Афғонистон бад-ин маънӣ вожаи "ҷавоз" ва дар Ирон "гузарнома" истифода мешавад. Дар "Шоҳнома", фарҳанги Ҳофизи Убаҳӣ ва вожаномаҳои дигар "гузарнома" омадааст. Ё ки мафҳуми "табиб", дар Тоҷикистон "духтур", дар Афғонистон "доктор" дар Ирон ҳам "дуктур" ва ҳам "пизишк" ифода мешавад. Аммо вожаи "пизишк" дар шоҳасари порсиён, "Шоҳнома" васеъ истифода шудааст:

Пизишку сухангӯву кундоварон,

Гузорандаи хоб номоварон.

Ба назар мерасад пазируфтани вожаи "пизишк" барои забони форсии ин се кишвар нисбатан беҳтару шевотар аст.

Ё худ ҳамзабонони иронии мо калимаи хориҷии "гумрук"-ро ба забони форсӣ ворид кардаанд ва дар Тоҷикистону Афғонистон низ ин калима маъмул шудааст. Аммо чун мо иронитаборон ҳанӯз дар гузаштаҳои дур соҳибдавлат будем ва чунин хадамоти давлатӣ доштем, барои ифодаи ин мафҳум, вожаҳои шевову дақиқбаёне, мисли "божгоҳ" (гумрук), "божбон" (маъмури гумрук), "бождор" (сардори гумрук) ва ҳамчунон "бождеҳ", "божгир"-ро истифода мекардем. Чунонки дар "Шоҳнома"-и Ҳаким Фирдавсӣ омадааст.

Ба об андарафканд Хусрав сиёҳ,

Чу киштӣ ҳамеронд то божгоҳ.

Чунин дод посух, ки эй шаҳриёр,

Падар божбон буду ман бождор.

Чунин вожаҳо хеле зиёданд, ки нависандаи ин сатрҳо онҳоро ҷамъ кардааст ва агар барои донишиёни вожанигор зарурат пайдо мешуд, бо камоли майл онҳоро пешниҳод мекардам.

Аз ҷумлаи нукоти муҳиме, ки дар сурати ислоҳи фаврӣ намудан, ба паёмади талхи марги забони тоҷикӣ мусоидат мекунад, беаҳмиятӣ дар тарзи гуфтору навиштори воситаҳои ахбори омма, бахусус телевизион мебошад. Дар боло ҳини овардани нишонаҳои бемории забон бар он таъкид шуда буд, ки зада (таъкид ударение)-ро тибқи қоидаи забон талаффуз накардан аз камсаводиву бесаводии гӯянда шаҳодат медиҳад. Ба хотири тасбити он иддао метавон намунаҳои зайлро овард, ки маъмулан гӯяндагони телевизион дар барномаҳои "Ахбор", "Навид", "Нози хаёл", "Субҳ" ва соири барномаҳои дигар ҳангоми такя бар садоноки ҳиҷои аввал саросар ба ғалатҳои фоҳиш роҳ медиҳанд. Чунончи: и'мрӯзҳо, о'лам, х'ушбахтона, з'удтар, аз ҷумла, Ба'сра, Су'рия, Ру'сия…

Ногуфта намонад, ки ҷомеаи тоҷикистонии мо ин гуна каҷнигориҳоро (мисли каҷрафториҳову каҷгуфториҳо) ба зудӣ мепазирад ва ин аст, ки ҳоло дигар чунин гуфтори ғалат як амали одӣ шудаасту онро аз минбарҳо устодону донишмандон низ раво донистаанд.

Хулоса, гуфтаҳои ёдшуда пешниҳоде буданд пиромуни мутаваҷҷеҳ сохтани соҳибони забон, минҷумла давлатмардону дастандаркорон бар вазъи ноҳанҷори забони тоҷикӣ. Ногуфта нагузорем, ки баъзан ба василаи ВАУ, бахусус телевизион донишнамоёне чунин газофҳо гуфтаанд, ки "забону адабиётро бисёр медонему илмҳои прогрессивии дақиқро не" (ТВТ, 15. 11. .03). Аммо он бечорагон чунин вонамудаанд, ки забону адабиёти тоҷикро медонанд ва барояшон возеҳ нест, ки маҳз надонистани забони модарӣ андешаҳои инсонро дар илмҳои дақиқ ноқис мекунад. Ҳамон физикҳои ноқис, муҳандисҳои нокор, дипломатҳои нокомеро, ки медонем, на забони модариро пурра медонанд ва на забони русиву англисиро. Ва коршиносону корозмудагони нуктасанҷ бар онанд, ки кас агар забони миллии хешро дуруст надонад, забони хориҷиёнро низ наметавонанд саҳеҳ аз худ кунад.

Ва дар поён шоиста аст ба такрор ёдовар шуд, ки чун истиқлолият ба даст овардаем, дигар набояд худ ва забони модарии худро дар ойинаи андешаҳои аврупоиён бубинем, то онро аз марги тадриҷӣ нигаҳбон бошем.



Зафар МИРЗОЁН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97