ҚОНУНИ ЗАБОН БО ЗАБОНИ ҚОНУН

Фарҳанг ва адаб 25.07.2008 15:50
Ташаббусҳо ва талошҳои мо дар ростои иҷрои Қонуни забон ва расмияти воқеӣ бахшидан ба забони тоҷикӣ чун ҳамеша бештар дар сатҳи эҳсосу отифа анҷом мепазирад. Яъне бештари сӯҳбатҳо, мубодилаи афкор, мақолаҳо ва тадобиру маросиме, ки ба ин мавзӯъ, ба хусус дар соли бузургдошти забони тоҷикӣ, ба назар мерасад, бештар иборат аз тавсифи аҳамияти забон, умуман, ва забони тоҷикӣ, хусусан, ва азамату фазилати ин забон дахл дорад, ки он ҳам, мутаассифона, дар хеле аз мавридҳо ба забони ноқис ва шикаста баён мегардад.

Албатта, ситоиш ва арҷ гузоштан ба забон ва хусусан забони миллӣ барои парвариши рӯҳиёти солими миллатпарастӣ ва меҳандӯстӣ яке аз корҳои муҳим аст ва бояд ҷузъи доимии барномаҳои фарҳангӣ ҳам бошад. Вале, барои иҷро ва амалӣ гардидани Қонуни забон ва аз ин роҳ расмияти воқеӣ (на ташрифотӣ) пайдо кардани забони тоҷикӣ бояд қабл аз ҳама он ҳамчун қонун шинохта ва пазируфта шавад. Масалан, монанди "Қонуни молиёт", "Қонуни кор" ва ғайра.

Маълум аст, ки ҳар қонун ду ҷанбаи аслӣ дорад, ки якеро метавон "имкон" номид ва дигареро "илзом" ё "иҷбор". Яъне ҳар як қонун дар баробари он, ки барои мо имконотеро фароҳам месозад, масъулиятҳоеро низ бар дӯши мо мегузорад, ки риоят ва иҷрои он бароямон ҳатмӣ ва иҷборӣ аст. Дар мавриди Қонуни забон мо то кунун бештар ба як ҷанбаи он - "имкон" саргарм шудаем (ва он ҳам ба наҳви васфу ситоиш), вале ҷанбаи дигари он, масъулият ва илзомро сарфи назар кардаем. Ҳамчунин, маълум нест, ки ошноии мо бо ҷузъиёти ин қонун дар чи сатҳ қарор дорад? Масалан, баҳсҳое, ки имрӯз перомуни алифбо сурат мегирад, ҳамин воқеиятро ошкор месозад. Аз ин баҳсҳо чунин тасаввур мешавад, ки ё тарафҳо бо ин Қонун ошно нестанд ва ё ислоҳоте дар он сурат гирифтааст, ки барои ҷомеаи кишвар маълум нест.

Соли Забони тоҷикӣ фурсати муносиб ва мусоиде аст, ки ниҳодҳои босалоҳият ва роҳкорҳои таъсирбахш барои расмияти воқеӣ ва амалӣ додан ба забони тоҷикӣ рӯйи кор оварда шавад ва бо иҷрои ин навъ тадбирҳо солҳои ояндаи мо ҳамагӣ солҳои воқеии забони тоҷикӣ гардад.

Аз ҷумла, вуҷуди як ниҳоди босалоҳияти давлатии мустақил дар олитарин сатҳ барои амалӣ кардани расмияти забони тоҷикӣ як амри зарурӣ ва ногузир мебошад. Манзур ниҳоде аст, ки нозир бар риояти ҳатмии забони давлатии саҳеҳ ва беиштибоҳ дар асноди коргузорӣ, расонаҳои гурӯҳӣ, китобаҳову хитобаҳои майдониву шаҳрӣ, маҳсулоти корхонаҳо, авроқ ва лавҳаҳои таблиғӣ (реклама) ва ғайра бошад. Танҳо фаъолияти доимӣ ва ҷиддии чунин як ниҳод метавонад, ки зеҳнияти ҷомеаро дар мавриди иҷрои Қонуни забон аз сатҳи эҳсосоти отифӣ ба сатҳи ҷиддии амалӣ (масъулият) бикашонад.

Мавриди дигар ин аст, ки бояд тафаккури куҳнаи қолабӣ дар мавриди расмияти забони тоҷикӣ бо ҳар роҳи мумкине аз зеҳни мардум дур карда шавад. Он навъ тафаккури қолабӣ, ки расмияти забони тоҷикӣ ва масъалаҳои дигари вобаста ба он ба таври ҳатмӣ як навъ ситеза ё мухолифат бо забонҳои дигар ё фарҳангҳои дигар ва инкори ҳатмии онҳо муаррифӣ мешавад. Усулан, чунин бархурд ва чунин мавзеъгирӣ бояд дар баробараш масъулияти мушаххаси қонунӣ дошта бошад, зеро як навъ кӯшиши барангехтани низоъ дар заминаи барномаҳои расмӣ аст.

Дар ситоиши забон, хусусан забони форсии тоҷикӣ ё тоҷикии форсӣ, дарӣ… аз осори суханварони дараҷаи аввали дунё ҷилд-ҷилд китобҳоро метавон фароҳам кард ва ин кор ҳам кори зарурие хоҳад буд, вале муҳимтар ҳоло ин аст, ки ҳар шаҳрванди кишвари мо бо ҷиддияти тамом бидонад ва эҳсос намояд, ки бояд забони тоҷикиро ба унвони забони расмии кишвараш, ба унвони як унсури муҳимтарини тасдиқи ҳувияти миллиаш ба ҳадди лозим фаро бигирад.


РУСТАМИ Ваҳоб
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97