Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

САРМОЯИ БУЗУРГ

Фарҳанг ва адаб 17.07.2008 21:05

Инак 17 сол аст, ки забони тоҷикӣ забони расмии коргузорӣ ва муошират маҳсуб меёбад. Аҳли зиё ва донишмандон дар ин амри муҳим аз худ сарсупурдагиҳо ва ҷоннисориҳо нишон доданд, то бузургтарин сармояи худро дубора эҳё намоянд. Равшанфикр ба василаи муборизоти шадиди худ пардаҳои ғафлатро шикофта ва худро ба марзи худогоҳӣ ва худҳушёрӣ расонданд, то ин забони мутамодиро ба балоғат бирасонанд.
То ҷое, ки маълумот дорем ва ҳамарӯза мебинему мушоҳида менамоем, расмиёти забони тоҷикӣ дар тули 17 сол ба ҷое нарасида ва наметавонад коми миллатро ширину шаҳдбор гардонад ва аҳдофи миллии миллатро дар худ инъикос намояд. Расмиётӣ забон ҳамоно рӯи коғаз мондааст ва то имрӯз тағйироти ҷиддие дар ин замина дида намешавад. Нутқ ва баён, ки яке аз бузургтарин ифтихорот ва нишонаҳое аз мавҷудияти миллат аст, ба костагиҳое рӯ ба рӯ шудааст, ки барои муолиҷааш пизишки ҳозиқе мебояд, то ин забони беморро табобат намояд, то қолаби маонӣ мавриди ниёз гузида шавад.
Мусаллам аст, ки пояи тамаддунҳо бар баёну забон ниҳода шудааст. Агар баён набуд, ин ҳама тамаддуну осоиш набуд, агар баён набуд, ин ҳама ихтирооту иктишофот набуд, агар баёну забон набуд, ин ҳама интиқолу табодули афкор ва андешаҳо набуд, агар баёну забон набуд таълиму ахлоқ набуд. Пас тамоми ин умур бо дасту василаи баёну забон сарчашма гирифтааст.
Нуктае, ки қобили таваҷуҳ ва тазаккур аст ва набояд ҳаргиз аз зеҳнҳо дур шавад, ин матлаб аст, ки дар канори ҳар неъмати бузурге хатари бузурге орамида. Чунонки дар канори кӯҳҳои баланд ва сар ба фалак кашида, дарраҳои амиқ ва жарфе орамидааст, ҳар қадар кӯҳ баландтар, даррааш амиқтар аст. Забони тоҷики низ имрӯз дучори хатароте гаштааст, ки аз кӯтаҳназарӣ ва тангназарии қавме натавонистааст ба асли хеш баргардад ва расмиёту ҳукумати хешро намоиш диҳад.
Коргузорӣ ва муошират дар аксари идороту муассисот ба забони ғайр сурат мегирад. Барои садрнишинон аҳамияте надорад, ки асноду мадорик ба кадом забон навишта мешавад. Бо забони русӣ навиштанро авлотар медонанд, зеро ба қавли онҳо баъзе нукоте ҳаст, ки онро наметавон ба тоҷикӣ ифода намуд. Ба назари банда чунин баҳона овардани соҳибзабонон аз надонистани забондонии онҳо буда, эҳтироме ба ин гавҳари гаронбаҳои миллӣ надоранд. Ин иддаои ғалат шаҳодат аз он медиҳад, ки мо нисбат ба забони худ бетафовутем ва эҳтироме нисбаташ надорем.
Шумо шоҳидед, ки вузарову руасо вақте аз минбар суханронӣ мекунанд ва ё аз тариқи телевизион ва радио мусоҳибае анҷом медиҳанд, ба чӣ мушкилоте рӯ ба рӯ мешаванд. Мисли ин, ки тоза забон меомӯзанд ва ё тоҷик нестанд. Бадбахтона бо забони русӣ ҳам дуруст ҳарф зада наметавонанд, он чиро ки мехоҳанд бигӯянд, гуфта наметавонанд ва фикр норавшан боқӣ мемонад.
Дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Узбакистону Туркманистон пеш аз он, ки шахсе соҳибмансаб шавад, аз забони модариаш имтиҳон месупорад ва пас аз он ба кор қабул мегардад. Чаро, то имрӯз ин таҷрубба дар мо ҷорӣ нест? Вақте ки раиси Ҷумҳур ин қадар ба забони шево суханронӣ мекунад, чаро дигарон ин корро карда наметавонанд? Онҳое, ки нисбат ба забони модарии худ эҳтироме надоранд, ҳаққи маънавии болои мансаб омаданро ҳам надоранд.
Аксари соҳибмансабони мо иддао доранд, ки забондонӣ вазифаи мо нест, ин вазифаи ҷонии филологҳову равшанфикрон аст. Ин иддаои ғалат ҳанӯз дар замони Шӯравӣ роиҷ буд ва ҳамон ҳокимони давр буданд, ки забони тоҷикиро ба ин қадар хориву залилӣ кашиданд. Вақте, ки Маҳкамову Набиев гоҳе ба забони тоҷикӣ суханронӣ мекарданд, мо ба хотире, ки фикри онҳоро бифаҳмем, маҷбур мешудем матни русии онро пайдо кунем, дар акси ҳол чизеро аз матолиби ироа намудаашон намефаҳмидем. Ҳатто дар маҷлисҳои оддӣ коргузорӣ ба забони русӣ сурат мегирифт. Он замонҳо дараҷаи саводнокии ҳар шахсро аз донистани забони русиаш муайян мекарданд. Ҳар касе кӯшиш менамуд, ки бештар бо забони русӣ ҳарф бизанад ва бо ин амр нишон бидиҳад, ки ӯ воқеан шахси босаводе аст. Натиҷаи ҳамин саҳлангориҳо буд, ки мақому мартабаи забони тоҷикӣ хеле поин омад ва ба забони кӯчагӣ табдил ёфт.
Имрӯз забони миллат ба беморие гирифтор шудааст. Ташхиси дурусти пизишкӣ лозим аст, ки онро даво бахшад. Вақте ки забон бемор аст, тамоми умри миллат барбод хоҳад рафт. Забони солим метавонад миллатро ба иртифои хушбахтиҳо барад. Ҷомеа вақте солим аст, ки забони мардумаш махлут набошад, то ки дучори бадбахтиҳо нагардад.
Ҳарчанд забони тоҷикӣ ба балоғат расидааст, ҳанӯз дар ба расмият даровардани он чораҳои лозимӣ андешида нашудааст. Иқдомоти сатҳие, ки сурат мегирад ба ҷуз хокпошӣ ба чашми миллат дигар чизе нест.
Муошират ва коргузорӣ ба забони модарӣ вазифаи муҳимдараҷа аст. Аз ин ҷост, ки ворисони миллат ба тозагӣ, беолоишӣ ва фасоҳати забон ва забондонӣ таваҷуҳи бештаре зоҳир намоянд. Забон симои миллат аст ва соҳибзабонӣ нишонаи мавҷудияти миллатро муайян месозад.


Ибодулло Оқилпур
©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97