ШОИРОНИ ОРИФ ВА ОРИФОНИ ШОИР

Фарҳанг ва адаб 04.07.2008 22:34

Хонандаи арҷманд! Дар шумораи гузаштаи "Миллат" мусоҳибаи хабарнигорамон Саъдӣ Юсуфӣ бо суханвари шаҳири тоҷик, устод Мӯъминшоҳ Қаноат дар мавзӯъи робитаи ирфони исломӣ ва адабиёти клосикии форсу тоҷик пешкаш гардида буд. Ва инак давоми он мусоҳиба бо камоли майл пешниҳоди шумо мегардад.
(Идома)
-Пас чаро баъзе таълимоташон бо шариъат мухолифат мекард?
-Бале, он орифон аз ҳад зиёд озодандеш буданд. Маломатияи Ҳофиз, ҳамон ахлоқ буд, вале дар ҷавҳараш тамоман як чизи дигар буд.
Орифон диданд, ки истилои муғул гузашту рафт. Вале боз истилои Темур шурӯъ шуд, боз Ирону ҳамаи ин кишварҳоро ба зарби шамшер гирифтанд.
Ин дафъа кишварҳое, ки мусулмон буданд, мисли темуриён, ҷаҳону низоми наверо ҷорӣ мекарданд. Темур мехост то Париж ҳама ҷоро фатҳ кунад.
Вақте, ки ҳамлаҳову ҷаҳонгушоиҳо шурӯъ шуданд, баъд аз истилои муғул, "мактаби маломатия" боз як равиши дигареро пеш гирифт. Таҳаммулпазирии бештареро пеш гирифтанд. Агар ба онҳо ҳазор ҷавр мекарданд, як бор ҳам сарашонро боло намекарданд. Ҳеч чизро писанд намекарданд. Хоҷа Ҳофиз, қариб дар аксари ғазалҳояш ё оятҳои қуръониро иқтибос кардааст ё ҳадиси пайғамбарро, валекин дар баробари ин шеърҳои риндӣ низ сурудааст ва аз зардуштия ҳам ёдовар шудааст.
-Устод "риндӣ" гуфтед, лутфан шарҳ бидиҳед, ки ин чӣ истилоҳе ҳаст?
-Риндӣ ҳам ду фирқа дорад "суфиёни ринд" онҳое, ки Ҳофиз ва ҳаммаслакони Ҳофиз буданд. Ин гурӯҳи орифон ба майкада ва хароботи муғон мерафтанд, ки он ҷо зардуштиён ҳам менишастанд, намояндагони дину адёни гуногун менишастанд.
Як кас шароб мехӯрд, як кас шеър мехонд, як кас баҳс мекард ва як кас озодона як кори дигаре мекард. Ҳофиз ҳамин навъи маҷлисро дӯст медошт. Шеваи риндона ва зиндагии риндона ҳамин аст, ҳамин, ки дар фақру бенавоӣ зиндагӣ мекунад, вале вораста аст. Аз ҳама таъаллуқоти ҷаҳон озод аст.
Ба ҳамин хотир ин гурӯҳи орифон ҳатто биҳишт ҳам талаб намекунанд. Хизмати Худоро мекунанд, кори нек мекунанд, кори шариъатро мекунанд, аммо биҳишт талаб намекунанд.
Онҳо мегуфтанд, ки ин миннат мешавад ба Худо ва онҳо инро ба худашон раво намедиданд. Ба ин хотир шеъри Хоҷа Ҳофиз дар озодагиву покиву ҷило, боз аз ҳама саратар баромад, ворастагии инсон ба ҳадди охиринаш буд.
Дар он айём инсонҳо булур шуданд. Он қадар шаффофу ёқуту пурҷило шуданд, ки дар мақоми сабру дар мақоми таҳаммулу зикру фикру тоъату ибодат ин қадар шаффофе шуданд, ки дигар ҳама ҷилои кайҳонӣ дар онҳо акс меёфт. Нури таҷаллӣ дар онҳо акс меёфту дар шеърашон мебаромад.
-Яъне ин сирри азамати шеърашон буд?
-Бале, ин сирри азамати шеърашон буд. Шаффоф шуданд, пок шуданд, аз ҳама чиз вораста шуданд ва таҷаллии осмонӣ аз тариқи зеҳн ба дилашон меомаду дар шеърашон мебаромад ва сирри бузургии шеъри Ҳофиз ҳам дар ҳамин аст.
Аз зиндагии як одами бечораи бенаво то асрори кайҳон ҳамааш дар шеъри Ҳофиз ҳаст. Шеваи риндӣ ва дар ҳар ғазал панҷ ҷаҳонбинӣ ҳаст.
Билохира дар байти мақтаъ масъаларо чӣ хеле, ки худаш мехоҳад ҳал мекунад. Дигарашро меёраду дар охир чӣ хеле , ки худаш мехоҳад ҷамъбаст мекунад.
-Устод, чаро ҳамин бузургони мо хоҳ орифи шоир буданд, хоҳ шоири ориф, дар маҷмӯъ ба масоили ахлоқӣ таваҷҷуҳ карданд. Чаро масалан дар бораи сиёсат чизе нагуфтанд?
-Барои он, ки сиёсатҳои ҷаҳон дар замони онҳо, дар даврае ки орифон пайдо шуданд, вақти аз байн равии ҳамаи фарҳангҳо буд. Суннатҳои қадима, маданият, таърих, усули давлатдории навтарини ҷаҳон аз байн рафт.
Дар олами Ислом усули давлатдории навтарини ҷаҳон дар ҳамон замон давлати Сомониён буд. Дар он давра давлати беҳтаре аз давлати Сомониён вуҷуд надошт. То он ҳам шояд вуҷуд надошта бошад.
Ва вақте ҳамаи ин дастовардҳои бузург аз байн рафт, мардум ба сиёсат нафрат пайдо карданд, як навъ бадбинӣ ба сиёсат, ҳама навъи давлатдорӣ, пайдо шуд. Сӯфиён аз тахтаи шикастагӣ тахт месохтанд, дар сарашон кулоҳи намадин мегузоштанд ва мегуфтанд, ки ин тахти шаҳаншаҳӣ ҳаст. Аз кӯлоҳи Ҷамшеду Фаридун ин кӯлоҳи мо вазндортар аст, ва имтиёзаш баландтар аст. Онро бартар мешумориданд, яъне ки як навъ шикасти маънавии ҷаҳон буд, ва суфиёну орифон гирифтори яъс шуданд.
-Оё беҳтар набуд, ки рӯ ба ислоҳи вазъият меоварданд?
-Дар як лаҳзаи ибтидоӣ шояд кори орифон дуруст буд. Барои ҳифзи нирӯҳое, ки боқӣ монда буд. Ҳамонро бояд нигоҳ медоштанд. Агар дар майдонҳо боз шиор мезаданд, ҳамаашонро мекуштанд ва ҳеч кадомашонро намемонданд.
Ба ин хотир дар ибтидо хеле ҷолиб буд, аммо дар охир аз ҳад зиёд ба ин кор машғул шуданд ва мардумро ба гӯшанишинӣ, ба хилватнишинӣ хонданд ва аз муқовимату ҷанг рӯҳияи мардумро дур карданд.
Ба ин хотир футувват, ҷавонмардӣ, он чизе ки дар «Шоҳнома» суруда шуда буд, ҳувияти ирониву футувват, Ҷамшедиву Фаридунӣ ҳама рафтанд.
Сабабаш ҳам ин буд, ки суфиҳо ҳамаро масхара мекарданд. Фаридунрову Каюмарсрову ҳамаро. Баъд аз он, ки инҳо дуру дароз дар ҳамин ахлоқ монданд, нирӯи муқовимати миллӣ аз байн рафт.
Гӯшанишинӣ, хилватнишинӣ, қаландарӣ, ин чизҳо авҷ гирифт. Аз қаландарии маънавӣ бисёре аз онҳо ба қаландарии феълӣ расиданд, яъне қаландари гадо шуданд. Вақте ки тасаввуф маҷзубия ба Ҳиндустон рафт, қаландарӣ авҷ гирифт, вале қаландари воқеъӣ набуданд.
Ин табъи баландеро, ки орифони замон доштанд, онҳо надоштанд. Тамоман шикаста буданд, аз байн рафта буданд. Баъд аз он, ки ин дуру дароз давом кард "суннати айёрӣ" пайдо шуд. Дар Ҳирот Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, Мир Алишери Навоӣ, Восифӣ соҳиби "Бадоеъ-ул-вақоеъ" ва ҳамақидаҳои инҳо, ки камакак гароиш ба шеваҳои Ҳасани Саббоҳу мактаби айёрӣ доштанд, пайдо шуданд.
Онҳо мӯътақид буданд, ки бо душман намешавад фақат бо ҳақиқат мубориза бурд. Бо ҳақиқате, ки масалан дар Авасто аст. Неку бад, ё он ҳақиқате, ки дар шеъри орифони мо ҳаст. Неку бад ва сиёҳу сафеде, ки дар шеъри Фирдавсӣ ҳаст.
Айёрон гуфтанд, ки кори ҷаҳон ин хел намешавад. Барои чӣ душманони мо ҳамаи ҳилаҳоро ба кор мебаранд; ҳарбӣ, ҷосусӣ, ҳила, найранг ва чаро мо ба кор нагирем? Баъд орифон шеваи айёриро ба кор дароварданд.
Восифӣ ва ёрони Восифӣ, шеваҳоро ба кор бурданду, то ҷое пирӯз шуданд, вале на ба шакли мутлақ. Барои он ки боз Абдураҳмони Ҷомӣ омад ва ӯ бисёр як тасаввуфи нармеро пешбарӣ кард.
Шумо тасаввур кунед, дар он давра айёриро аз рӯи принтсипҳои Ҳасани Саббоҳ ташвиқ карданд. Дар ҳамин рӯҳия тарбия карданд ва онҳоро дар майдони мубориза дароварданд. Абдураҳмони Ҷомӣ дид, ки он тасаввуфи гӯшанишинӣ, хилватнишинӣ ва аз оламу сиёсат дар канор будан, чандон суд надорад.
Фалсафаи Абдурраҳмони Ҷомӣ рӯйи кор омад, "дил ба ёру даст ба кор". Андешаи мо, дасти мо бояд кор кунад, зеро ки душман қавӣ аст ва зиёд аст, аз ҳад зиёд аст. Баъд мактаби нақшбандия эҷод шуд. Мир Алишери Навоӣ, Мавлоно Ҷомӣ, Мавлоно Биноӣ ва Баҳоуддини Нақшбанд, ки асосгузори идеяашон буд. Инҳо идеяро гирифтанду амалӣ карданд. Барои таҳавулот овардан дар ҷаҳонбинии орифони гузаштаи мо ду равия пайдо шуд, ки ҳар ду равия ҳамон суннатро шикастанд. Якум бо роҳи айёрӣ, дигарӣ бо роҳи орифона. Яъне ҳам бо силоҳ ҷанг кардан даркор ва ҳам бо ақл. Инҳо фатво доданд, ки сӯфиҳо метавонанд ҷанг кунанд. Шамшер гиранд. Ва сӯфиҳо шамшер гирифта, ҷанг карданд.
-Масалан дар куҷо?
-Дар Ҳиндустон ҷанг карданд, дар Деҳлӣ ҷанг карданд.
-Алайҳи кӣ?
-Алайҳи кофирҳо не. Алайҳи ҳамон мусулмонҳое, ки аз қавмҳои дигар буданду ҷаҳонбиниашон дигар буд. Ҳатто дар ҷараёни "маҷзубия"-и Ҳиндустон давраи Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ. Дар ҳамон давра ҳам суфиён бо шамшер ҷанг мекарданд.
Тасаввуф дар шакли дигар фаъол шуд. Шакли охиринаш баъд ба Ҳиндустон рафт. Нақшбандия дар як шаклаш аз Хуросон ба Ҳиндустон рафт дар давраи Темуриёни Ҳинд. Ва як равияи дигараш баъдтар пайдо шуд. Ва охирин равияи ирфон "маҷзубия" ном дошт. "Ҳаракати маҷзубия" хайр ин маълум буд.
Асосаш ҳамон ҷазаба ва кашиши илоҳӣ ва худовандӣ ҳаст. Ҳамоишу ҳамгароии инҳо ва ҳадафашон боз дигар буд. Инҳо, ки аз Осиёи Миёнаву Хуросону Ирон рафта буданд, исломро ба Ҳиндустон бурданд.
То вақте ки ҳиндуҳо фаҳмиданд, ки ба дини онҳо, ба манфиатҳои мазҳабии онҳо халал мерасад. Заҳируддину Бобур Мирзо инҳо Темуриёни Осиёи Миёна буданд. Инҳо дар аввал бо силоҳу муҳиммот ҷанг карданд. Баъдтар ба хулосае омаданд, ки то охири умр ҷанг карда намешавад. Онҷо як миллиард ҷамъият дорад. Қавмҳо ва динҳои гуногун ва фалсафаи бисёр қавӣ вуҷуд дорад.
Пас Темуриён ба хулосае омаданд, ки сулҳи кулл ва оини Акбариро пиёда кунанд. Ҳамин хел як мафҳумеро эҷод карданд, ки мусулмону ҳинду бояд баробар шаванду бародарвор дар як муҳит зиндагӣ кунанд ва ҳуқуқашон ҳам баробар бошад. Баъд равияи "маҷзубия" пайдо шуд.
Охирон шохаи ирфон ҳам ҳамон аст. Маҷзубия ҳадафи асосиаш сулҳи кулл ва муросо додани ҳиндуҳо ва мусулмонон буд. Ин ҳодиса дар давраи Акбар сурат гирифт ва Акбар фармуда буд, ки оини акбарӣ эҷод кунед ва онро дар шакли консепсия ва китоб дароварда сулҳи кул эҷод кунед, зеро ҷанги беохир оқибаташ ба хайр нест. То ҷое сулҳи кулл эҷод шуд, вале онро мардуми қисмати шимол, мардуми урдузабони мусулмон қабул карданд.
Қисми марказу ҷанубаш напазируфтанд ва ҳамин гуна муқовимат боқӣ монд. Аз ин муқовимат Инглистон истифода бурда, дар Ҳиндустон сар даровард. Инглисҳо идеяи навтар ва принтсипи демократияро оварда ин ғояро дар байни онҳо густариш доданд, ки шумо бояд истиқлол пайдо кунед. Забони Инглисиро ҷойгузини забони форсӣ карданд. Баъд давлати Акбар ва сулҳи кулл дар тазалзул афтод.
Дар ин замон Мирзо Абдулқодири Бедил баромаду бо ӯ тасаввуф таназзул пайдо кард. Баъди ӯ дигар шеваҳои шикастаи қаландарӣ ба назар мерасанд, ки дигар он қадар ҷиддӣ нест. Яъне дигар мардумро ҷамъ карда наметавонад ва чизи нав эҷод карда наметавонад.
Баъдтар Муҳаммад Иқбол боз тасаввуфи ирфонро як такони нав дод бо синтези урупоиву осиёӣ, сиёсатҳоро бо ҳам омехту сиёсатҳои урупоиву фаронсавиву олмониву ҳикматҳоро омезиш дод.
-Инҳоро, ки бо ҳам омезиш дод, чӣ сохт аз ҳамаи инҳо?
-Як чизе сохт, вале услуби Бедилро дунболагирӣ накард, чун Бедил ба ҷое расидааст, ки ҳадафаш тамом шудааст ҷое ҳаст, ки дигар ҳеч кас онро дунболагирӣ карда наметавонад. Зинааш аз ҳад зиёд баланд аст дар осмон.

(идома дорад)



Саъдии Юсуфӣ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97