Равшангарии Айнӣ: аз исломӣ то тоҷикӣ

Фарҳанг ва адаб 05.07.2008 18:01

«Олами ислом ҳар шараф ва манзалате, ки дид, ба воситаи сайфу қалам дид, ба ҳар хориву мазаллате ки афтод, ба сабаби аз даст додани ин ду афтод.
Оре, олами ислом дар қарнҳои охирӣ ин ду қувватро тамоман аз даст дод, бинобар ин иззат, шараф, номус, ватан, ва билҷумла ҳарчи, ки дошт, аз даст дода, поймоли сарватдорон ва империёлистони фаранг гардид.

Мо – туркистониён низ мисли соири аҷзои олами ислом нахуст қаламро аз даст додем, пас аз он ба сабаби ҷаҳолат шамшери зангзадае, ки аз ниёкони худ ба мерос доштем, ба сари ҳамдигар шикаста, ба асорати ҳукумати мустабиддаи императории Рус афтодем.»
Ин се ҷумла аз мақолаи устод Садриддин Айнӣ «Сайф ва қалам» мебошанд, ки дар шумораи 40 –уми «Шӯълаи инқилоб» 17 июни соли 1920 бо имзои «Син-Мим» ба нашр расида буд. Соли 1974 фарзанди фозили устод Камол Айнӣ онро дар «Ахгари инқилоб» чоп кард.
Дар мақолаи «Акнун навбати қалам аст» (шумораҳои 45 ва 46 – и «Шӯълаи инқилоб», соли 1920) бо таъсиси ҳукумати шӯроӣ дар Туркистон кушода шудани роҳи таҳсилро ёдовар шуда, менависад: «Мааттаассуф (мутаассифона) мо – туркистониён аз ин неъмат баҳра намебардорем ва аз ин хирман хӯшаворе намечинем ва ҳол онки мо мусулмонон ба илму маърифат аз ҳамаи милал, ки ба Туркистон сокинанд, мӯҳтоҷтар ва мустаҳиқтар ҳастем. Ҳамчунон ки пайғамбари мо талаби илмро аз маҳд (гаҳвора) то лаҳад (гӯр) ба гардани мо фарз кардаанд, эҳтиёҷи зиндагӣ низ моро иҷбор мекунад, ки ҳар кадоми мо камаш ду соати умри худро ба тарзе ки дар боло арз шуд, ба таҳсили илм сарф намоем, ба ифода ва истифода машғул шавем, то ки дар машоғили дунявӣ аз дигарон ба қафо монда, аз неъмати илму маърифат, ки инқилоби ҷаҳон ва озодии ранҷбарон ба мо бахш кардааст, маҳрум ва бебаҳра намонем.»
Дар ин фақраҳо ба таври возеҳ мебинем, ки устод Айнӣ аз Паёмбари бузурги ислом (дуруди Худо бар Ӯ бод) бо ибрози муҳаббату мусулмонӣ «паёмбари мо» гуфта, аз ҳадиси мубораки он дар бобати фарз будани талаби дониш ёдовар мешавад.

Густариши аз миён бардоштани озодиҳои динӣ дар Шӯравӣ
Маълум аст, ки Садриддин Айнӣ - устоди бузурги сухан, қаҳрамони миллати тоҷик ва фарзонаи бемисоли ин марзу бум беш аз се даҳаи умри худро дар замони ҳукумати Шӯравӣ гузарондааст. Аз он рӯй, ки ин навишта ба мавзӯи Айнӣ ва ислом бахшида шудааст, мехоҳам аз як воқеияти таърихӣ дар ин мавқеъ ёдовар шавам. Коршинос дар умури мусулмонони шӯравӣ профессори донишгоҳи Колумбия Майкл Ривкин (Michael Rywkin) дар китобаш «Чолиши маскавии мусулмонон: Осиёи марказии Шӯравӣ» («Moscow’s Muslim Challenge: Soviet Central Asia, чопи Лондон, 1982, с. 87 - 88)» дар пайи як таҳқиқоти муҳими иҷтимоӣ менависад: «Дар соли 1912 теъдоди масҷидҳо дар Руссияи подшоҳӣ ба 26279 мерасид.Аммо оморгириҳои соли 1942 нишон медиҳад, ки дар ҳамон сол дар тамоми Шӯравӣ беш аз 1312 масҷид набудааст.Теъдоди масҷидҳо дар саросари сарзамини Шӯравӣ соли 1967 ба 450 расид, яъне коҳиш ёфт»
Ё худ Александр Беннигсен - профессори донишгоҳи Сорбон ва Ендерс Вимбуш коршиноси амрикоӣ дар навиштаи худ доир ба аҳволи тасаввуф дар сарзамини Шӯравӣ «Орифон ва коммиссарҳо: Сӯфигарӣ дар Шӯравӣ» нигоштаанд: Дар солҳои 1958 – 59 муфтии Осиёи Миёна Зиёуддин Бобохонов дидан аз зиёратгоҳҳои гуногуни он сарзаминро ҳаром эълон кард. Баъд аз чанд сол муфтии дигар бо номи Қурбонов бо истинод ба бархе аз гуфтаҳои паёмбари ислом хондани намозро дар дар зиёратгоҳҳо ва ҷойҳои муқаддас бутпарастӣ номид»)Alexander Benningsen & C. Enders Wimbush, Mystics and Commissars: Sufism in Soviet Union, Лондон 1985, с. 85)
Аз ин иқтибосҳои дар боло зикршуда равшан аст, ки Ислом ва мусулмонӣ дар аҳди Шӯравӣ ба чи ҳол расида буд. Дар ин росто мебояд лаҳзае тааммул кард, ки агар Айнии мубориз якҷониба рафтор мекард, оё идораи Кремлин ӯро зинда мегузошт?

Айнӣ – равшангари исломӣ
Садриддин Айнӣ ҳамон шахсияти бузурги исломӣ буд, ки ба хотири суръат бахшидан ба омӯзиши Қуръони кариму омӯзиши осони аҳкоми Ислом «Тартил ал - Қуръон» ва «Заруриёти диния» - ро навишт. Дар муқоиса ба китобҳое, ки дар он замон барои омӯзиши тиловати Қуръону заруриёти Ислом вуҷуд доштанд, навиштаҳои устод Айнӣ беҳтарин дастури таълимӣ буданд.
Дар ҳама давраҳои ҳукмфармо будани хилофат, султанат, аморат, хонигарӣ ё дигар анвои ҳукуматдории исломӣ ҳар гуна омӯзиши исломӣ дар пайи парвариши мазҳабӣ бо омӯхтани қироат ё худ хониши дурусти Қуръон оғоз мегардид, ки ҳамин тарзи таҷрубашуда то имрӯз роиҷу равиши пазируфтаи мусулмонҳост. Дар Тоҷикистони замони Шӯравӣ то чанд соли охир тартиби омӯзиши улуми исломӣ ба шакли зайл буд:
«Қоидаи бағдодӣ», «Ҳафтяки шариф», рӯйхонии «Каломи шариф» яъне Қуръони карим, «Чаҳоркитоб», «Заруриёти диния» ва баъд аз инҳо вақте, ки фаҳми китобхон ба дарки мафҳумҳои шариат мерасид ва мабодии сарфу наҳви арабиро аз бар мекард, ба ӯ аҳкоми шариат аз китобҳои «Маслак ал – муттақин», «ал - Ҳидоя» ё китобҳои дигар, ки фарогири муқаддамот ва тафосили аҳком мебошанд, омӯзонда мешуд. Барои тақвият бахшидани саводи форсӣ китобхон албатта девони «Хоҷа Ҳофиз», «Соиб» ё «Бедил» мехонд. Одатан девони «Бедил» - ро бо хати шикаста мехонданд, то дар хондани ҳар гуна навиштаи форсӣ дарнамонанд ва муллои «Бедилхон» миёни дигар муллоҳо мақоми хосро соҳиб буд. Дар «Қоидаи бағдодӣ» ҳуруфи алифбои арабӣ, шаш калимаи динӣ ва сураи «ал - Фотиҳа» бо пораи охирони Қуръон омӯхта мешавад. «Ҳафтяк» бошад иборат аз як қисми Қуръони карим (онро ба ҳафт бахш ҷудо кардаанд) мебошад. Дар ин марҳала ва баъд аз аз он китобхон рӯйхонӣ ва қироату тиловати Қуръонро фаро мегирифт.
Маҳз дар ҳамин марҳала барои китобхон роҳ кушода мешуд. Шогирд бо роҳнамоии устод махориҷ(баромадгоҳ) – и ҳуруфи арабиро аз худ мекард ва Қуръонро тибқи қоидаҳои тартилу таҷвид мехонд. Устод Айнӣ бо таваҷҷӯҳ ба ҳамин маврид китоби «Тартил ал - Қуръон» - ро навишт. Албатта, барои касе, ки ба қироати Қуръони карим сару кор дорад то чи ҳадд муҳим будани чунин як дастур возеҳу рӯшан аст ва ҳар хонандаи «Тартил ал - Қуръон» - и Садриддин Айнӣ аз Худо барои муаллифи он раҳмату мағфират мепурсад.
Дар «Заруриёти динӣ» бошад, осонтарин роҳи азхуд кардани аҳкоми зарурии шариати исломӣ оварда шудааст. Бигзор то чи андоза аҳаммият доштани ин китобро ҳар хонандаи он , ки ба ҳуруфи сириллик ҳам ба чоп расидааст, қазоват кунад.
Аз муҳтавои ин навиштаҳои Айнӣ ва китобеаш, ки «ҳафтод сол дар зиндон буд » ва бо номи «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» интишор ёфт, бешакку шубҳа метавон устод Айниро маорифпарвари исломӣ дар Аморати Бухоро номид. Дар китоби мазкур С. Айнӣ оид ба тараққипарварони Бухоро ёдовариҳое мекунад, Ки ҳусни таваҷҷӯҳу иҳтимоми ӯро ба маорифпарварӣ нишон медиҳад.
Маорифпарвари исломӣ будани Айнӣ аз ашъори ӯ низ ҳувайдост. Дар «Марши ҳуррият», ки бори аввал дар «Шӯлаи инқилоб» соли 1919 ба нашр расида буд, мегӯяд:
…Аз ҷаҳон нест шуд зулму зулмат
Мустабид дар ҷаҳаннам шитофт…

Ё дар шеъри «Инқилоб» ки ҳамон сол навиштааст:
Аҳли бедод мерасад ба ҷазо,
Арасоти ҳисобро монад…

Барои ҳар нафаре, ки ба вуҷуд доштани ҷаҳаннаму арасоти рӯзи ҳисоб имон дорад, пай бурдани имондории устод Айнӣ пайдост. Дигар таъкиди «бедории Шарқ» ва зикри «шоҳи Фаранг», ки манзур ғосибони Ғарб ҳастанд, «олами Ислом» ва фарз будани талаби илм хонандаи огоҳ аз равшангарии исломиро ба ёди гуфтаҳои Сайид Ҷамолиддини Афғониву Муҳаммад Абдуҳу Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ мебарад.
Дигар чизе, ки гуфтанӣ ҳаст, дар навиштаҳои С. Айнӣ намояндагони алоҳидаи даврони ахири Аморати Бухоро, ки дар воқеъ ситамгар буданд, ба танқид кашида шудаанд на Ислому на мусулмонӣ. Масалан дар романи «Дохунда» алоқаи дузди бозори Бухоро бо сардори бозор – закотчии амир оварда шудааст (қиссаи гӯсфандфурӯш Азимшоҳ дар «Дохунда»). Дар онҷо С. Айнӣ сароҳатан нишон медиҳад, ки закотчӣ муфсид аст на қонуни шариат. Барои ҳар каси ошно бо таълимоти исломӣ маълум аст, ки Ислом даъват ба адлу дод мекунад на ба ситаму ситамгарӣ.

Айнӣ – равшангари тоҷик
Дар боби ин ки Айнӣ як тоҷики маорифпарвар буд барои ҳар як айнихон пайдост ва дар инҷо овардани далелҳо ба ҷуз такрор чизе нест.Аз ҳамин рӯ танҳо бо зикри «Ёддоштҳо» ва қаҳрамонии устод Айнӣ ба ин матлаб ҳусни хотима мебахшам.


(идома дорад)


Мусоҳиб: С. ЮСУФ&#
©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97